Skip to main content

Рӯзҳои 3–4 апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон саммити байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки ин вохӯрӣ аввалин маротиба роҳбарони панҷ кишвари минтақаро бо роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо дар як ҷой ҷамъ овард. Барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ин саммит имкони таҳкими сиёсати бисёрсамта ва марҳилаи нави шарикии стратегӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, ин чорабиниро як "фурсатҳои таърихӣ" хонда, таъкид кардааст, ки он метавонад заминаи ҳамкориҳои стратегии байни ду минтақа гардад. Барои Иттиҳоди Аврупо, саммити Самарқанд дорои аҳамияти стратегӣ мебошад ва мақсадҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

а) дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии ашёи хом. Иттиҳоди Аврупо барои гузариш ба иқтисоди сабз ва пешрафти технологии худ ба ашёҳои хоме монанди литий, кобалт, уран ва ғайраҳо эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ барои таъмини он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистон ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳ мекунад. Ин тамоюл ба коҳиши вобастагии технологӣ аз Чин, Иттиҳоди Аврупоро кӯмак мекунад. Дар Осиёи Марказӣ тақрибан 40% захираҳои ҷаҳонии марганес, литий, графит ва дигар канданиҳои фоиданок мавҷуд аст. Ба гуфтаи роҳбари Комиссияи Аврупо, бархе аз бозигарони ҷаҳонӣ танҳо ба истихроҷи захираҳои минтақа манфиатдоранд, дар ҳоле ки Аврупо ба рушди саноати маҳаллӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи озмоишгоҳҳои илмӣ таваҷҷуҳ дорад.

Қазоқистон 175 намуди маҳсулотро ба Иттиҳоди Аврупо содирот мекунад. Ҳамзамон Қазоқистон 13% воридоти нафти Аврупоро тавассути лӯлаи Каспий таъмин мекунад. Ин лӯлаи гази бо дастгирии худи Иттиҳоди Аврупо устувор фаъолият мекунад, ҳамзамон Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа роҳҳои алтернативии интиқоли ашёи хомро низ дар шароити ҳозира ҷустуҷӯ дорад. Аз 34 намуди ашёи хоми аҳамияти стратегӣ дошта барои иқтисоди Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон 19 намуди онро, аз ҷумла уран, мис ва литий таъмин менамояд. Ин худ аз рушди тиҷории ду минтақа ва давлатҳои минтақа далолат медиҳад;

б) диверсификатсияи энергетика ва нақлиёт. Барои Иттиҳоди Аврупо долони нақлиётии Транскаспий (Долони миёна) аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway (Дарвозаҳои ҷаҳонӣ) барои ин масир 10 миллиард евро ҷудо карда шудааст. Ташаббуси Global Gateway-и Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як алтернатива ба ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"- и Чин арзёбӣ мешавад, аммо аз ҷиҳати миқёси молиявӣ ва сатҳи амалӣ, он то ҳол суст ташаккул ёфта истодааст. Гарчанде 10 миллиард евро маблағи бузург ба назар расад ҳам, коршиносон, ба монанди Темур Умаров (Маркази Карнегии Русия ва АвруОсиё), таъкид мекунанд, ки ин барои исботи ҷиддияти Иттиҳоди Аврупо дар минтақа кофӣ нест. Дар ҳоле, ки Чин аллакай ба бузургтарин шарики тиҷоратии минтақа табдил ёфтааст;

в) тарғиби арзишҳо. Мавзӯъҳои демократия, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон дар рӯзномаи саммит ҳатман боқӣ хоҳад монд. Инчунин масоили тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳими зистӣ, рушд додани инфрасохторҳои сайёҳӣ дар муносибатҳои дуҷониба дар авлавият қарор мегиранд;

г) шарикӣ стратегӣ. Қабули "Эъломияи Самарқанд" метавонад як гоми бузург дар ташаккули муносибатҳои сифатан нав миёни ду минтақа бошад, аммо муҳимтар аз ҳама татбиқи амалии он ба шумор меравад. Кушодашавии дафтари Бонки сармоягузории Аврупо дар Тошканд ва нақшаи баргузор кардани форуми сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон то охири сол — паёмҳои мусбате ҳастанд, ки уфуқҳои нави ҳамкории байнимитақавиро шакл медиҳад. Саммити Самарқанд танҳо як қадами рамзӣ нест, балки кӯшиши воқеии Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти мавқеи худ дар минтақа мебошад. Баромадани сатҳи ҳамкориҳо то сатҳи шарикӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба истиқлоли геосиёсӣ мушарраф гаштааст. Аз ин ҷиҳат, қудратҳои сиёсӣ, давлатҳои абарқудрат талош дорад, то ки дар минтақа нуфуз пайдо кунанд. Иттиҳоди Аврупо аз ин истисно набуда, талош дорад, ки тариқи барномаҳои гуногун бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории густурда дошта бошад;

ғ) ҷалби сармоя. Пеш аз аввалин саммити "Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо" раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен фикрҳои худро баён карда, эълон намуд, ки барои Осиёи Марказӣ чаҳорчӯби ташаббуси "Team Europe" бастаи нави сармоягузорӣ пешниҳод карда мешавад. Ин санади муҳими стратегӣ чор самти ҳамкориҳои афзалиятнокро дар бар мегирад: 1) нақлиёт; 2) захираҳои табиӣ ва аҳамияти стратегӣ дошта; 3) шабакаи рақамӣ ва рақамикунонӣ; 4) интиқоли об ва энергетика. Ёдовар бояд шуд, ки беш аз 40 фоизи ҳамаи сармоягузориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо рост меояд.

Илова бар ин, Урсула фон дер Ляйен чаҳор самти афзалиятнокро барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян кардааст:

— Долонҳои нақлиётӣ – Иттиҳоди Аврупо долонҳои нақлиётии Транскаспий, махсусан роҳҳои гузаранда тавассути Қазоқситон ва Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад;

— Ашёҳои хоми аҳамияти стратегӣ дошта – Иттиҳоди Аврупо харидорӣ ва коркарди захираҳои табиии минтақаро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ ҳамкориҳои дуҷониба мешуморад ва барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи канданиҳои фоиданоки Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ мекунад;

— Энергияи сабз – Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои тавлиди энергияи тоза, аз ҷумла энергияи бодӣ, офтобӣ ва гидроэнергетикиро маблағгузорӣ мекунад;

— Инфрасохтори рақамии ҷаҳонӣ – Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, иқтидори Осиёи Марказиро бо рушди шабакаҳои мустақили интернетӣ ва ворид кардани интернети моҳвораӣ тақвият бахшад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 3 - юми апрел ҷиҳати иштирок дар саммити "Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо" бо сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Зимни сафар бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта мулоқот анҷом дода, дар ин вохӯрӣ дурнамои таҳкими ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон ҷонибҳо қайд карданд, ки Созишнома дар бораи шарикии густаришёбанда дар марҳилаи ниҳоии мувофиқа қарор дорад. Ба истифодаи захираҳои табиӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин ба ҳамкории имконпазир дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва транзит таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаҳои НБО-и Роғун ва Норак, ҳамчун намунаи шарикии устувор эътироф шуд. Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби сармоя ва технологияҳои Аврупо дар ин бахш пайваста изҳор менамояд. Ҳамчунин рушди "иқтисоди сабз", истеҳсол ва содироти "энергияи сабз", инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва омодасозии касбӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, офатҳои экологӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли онҳо, инчунин идомаи ҳамкорӣ дар барномаҳои BOMCA ва CADAP - ро муҳокима карданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен низ мулоқот анҷом дода, густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Аврупо, имзои Созишномаи нави шарикӣ ва татбиқи "Харитаи роҳ" барои амиқсозии ҳамкориро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз гузариши муносибатҳо ба сатҳи стратегӣ истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро барои иштирок дар лоиҳаи пайвасти моҳвораии байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳор намуданд.

Ҳамзамон бо Раиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо низ вохӯрӣ анҷом дода, бар асоси ҳамкории тӯлонӣ, бонк дар Тоҷикистон 184 лоиҳаро ба маблағи беш аз $1 млрд дар бахшҳои низоми молиявӣ, бахши хусусӣ, нақлиёт ва энергетика амалӣ намудааст. Лоиҳаҳои таъминоти об ва комуналӣ низ дар мулоқоти ҷонибҳо баррасӣ шуданд. Пешвои миллат зарурати васеъ кардани ҳамкориҳо дар шароити мушкилоти иқтисодии ҷаҳонӣ, ҷалби грантҳо ва маблағгузории имтиёзнокро таъкид карда, аҳамияти лоиҳаҳои муштаракро барои рушди иқтисодӣ ва устувории Тоҷикистон зикр намуданд. Инчунин бо сарони кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон мулоқоти дуҷониба зимни сафар анҷом доданд.

Тибқи натиҷаҳои саммит, қарори таърихӣ дар бораи барқарор намудани шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул карда шуд. Ҳамзамон дар ҷараёни суханронии худ, Урсула фон дер Ляйен эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби барномаи Global Gateway (Дарвозаҳои глобалӣ) бастаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард евро омода намудааст ва ин маблағ ба самтҳои зерин равона карда мешавад: 3 миллиард барои бахши нақлиёт, 2,5 миллиард — барои ашёи хоми ҳаётан муҳим, 6,4 миллиард — ба лоиҳаҳои марбут ба энергетика ва 100 миллион — барои рушди интернети моҳвораӣ.

Тарафҳо мувофиқа карданд, ки чорабиниҳои иқтисодиро мунтазам баргузор мекунанд, аз ҷумла Форуми иқтисодии "Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо". Ҳамкории ду минтақа дар соҳаи масолеҳи хоми ҳаётан муҳим аҳамияти стратегии калон дорад. Роҳбарон тавофуқ карданд, ки эъломияи ҳамкориро дар ин соҳа амиқтар намуда, ба гузариш ба иқтисодиёти сабз ва рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ устувории иртибототи нақлиётиро ҳамчун афзалият эътироф намуда, мувофиқа карданд, ки платформаи ҳамоҳангсозӣ оид ба долони нақлиётии Транскаспӣ ва лоиҳаҳои муҳими зерсохториро дар ин масир дастгирӣ хоҳанд кард.

Роҳбарон таъкид карданд, ки мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз байнравии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист бояд фаъолтар сурат гирад. Иттиҳоди Аврупо қарори ҳамаи шарикони Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба ташаббуси глобалӣ оид ба метан (Global Methane Pledge)-ро истиқбол намуд.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи таҳияи навовариҳо дар ҳамкории обу энергетикӣ бо ҳадафи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мувофиқа карданд. Онҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки ҳамкориро барои беҳтар намудани вазъ дар тамоми ҳавзаи Баҳри Арал тақвият хоҳанд дод.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бори дигар таъкид карданд, ки пешбурд ва ҳифзи қонуният, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ — арзишҳои умумӣ ва асосӣ мебошанд.

Шарифов Искандар Иброҳимович - ходими илмии шуъбаи ИДМ,

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд. Ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардида, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин раиси Шурои Аврупо Антонио Коста ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин саммит бештар таваҷҷуҳи иштироккунандагонро ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи «сабз» ҷалб намуданд.

Иттиҳодияи Аврупо шарики калидӣ дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо роҳбарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти «Харитаи роҳ барои амиқтар намудани равобит байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо» таъкид карда, иброз намуданд, ки ин санад асоси густариши ҳамкории байниминтақавӣ гардида, барои ба ҳам омадани мамлакатҳои минтақа мусоидат хоҳад намуд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки барои Тоҷикистон соҳаи энергетика, бахусус манобеи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ҳам барои рушди дохилӣ ва ҳам барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Иттиҳоди Аврупо аллакай дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои муҳими энергетикии ҷумҳурӣ, аз ҷумла навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Себзор» ва «Қайроққум» иштироки фаъол дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар ин замина барои ҳамкории густурда дар соҳаи энергетика бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ибтикори созандаи ду ҷониб, яъне Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи энергияи офтобу шамолро дар истеҳсолоти умумӣ дар ҷумҳурӣ ба 10 фоиз хоҳем расонд: «Мо ният дорем, ки то соли 2032 дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» истеҳсоли неруи барқро аз манобеи таҷдидшаванда пурра таъмин намуда, Тоҷикистонро ба мамлакати тавлидкунандаи неруи сабз табдил диҳем».

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, ки ҳадафи Тоҷикистон ин аст, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратиро ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшад.

Пешвои миллат оид ба имкону захираҳои табиии Тоҷикистон, иқтидори бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.

Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои бузург саҳми созгор дорад ва агар дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд, ба манфиат хоҳад буд.

Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои рушди энергетика, густариши ҳамкорӣ барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба таъсиси ҷойи кор, омодасозии коргарони баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар ҷумҳурии мо ва зиёд намудани квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Аврупо, ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, ки ин самтҳо барои рушди соҳаҳои мазкур мусоидат хоҳанд намуд, ибрози андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2023 дар нишасти 19-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Люксембург тасмим гирифта шуд, ки ин нишаст моҳи апрели соли 2024 дар Самарқанд баргузор шавад. Аммо бо сабабҳои гуногун он ба соли 2025 мавқуф гузошта шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин нахустин нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аст, ки 4 апрели соли 2025 дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардид. Дар назар аст, ки ин нишаст равобити густурдаи ду минтақаро ба сатҳи баландтар бардорад.

Дар ин нишаст рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, иртиботот, амният, энергияи «сабз», рушди устувор, маориф, илм ва инноватсия дар минтақаро дар бар мегирад.

Субҳиддин ЗИЁЕВ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ

Дар солҳои охир Осиёи Марказӣ ба унвони як минтақаи калидӣ зери таваҷҷӯҳи дипломатияи байналмилалӣ ва рушди иқтисодӣ ҷаҳонӣ қарор гирифта истодааст, гарчанде ки ин ҷуғурофиё пештар бо сабабҳои манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат аз аҳамияти махсус дар канортар монда буд. Аммо имрӯз ин тамоюл ба таври назаррас тағйр меёбад, зеро дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамият бо захираҳои табиии минтақа, ҷойгиршавии стратегӣ ва аҳамияти афзояндаи геополитикӣ афзоиш меёбад. Нахустин нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Самарқанд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд, як лаҳзаи таърихӣ барои минтақа ба шумор меравад, ки ҳадафи он таҳкими равобити дипломатӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти муштарак мебошад. Барои Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ, ин ҳамоиш имкониятҳои наверо барои баланд бардоштани нақшу мақоми худ дар умури минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Аз баррасии рӯзномаи Саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бармеояд, ки як лаҳзаи муайянкунандаи манфиатҳои дуҷониба ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ буда, минбари пешниҳод ва интиқоли андешаҳо дар атрофи ҳалли мушкилоти таъхирнопазири минтақавӣ ва муайян кардани самти нави шарикии стратегӣ мебошад. Дар ҳоле, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад равобити худро бо Осиёи Марказӣ таҳким бахшад, рӯзномаи ин нишаст доираи васеи мавзуъҳоро дар бар хоҳад гирифт, ки ҳар кадоми онҳо на танҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои кишварҳои алоҳида, ба мисли Тоҷикистон, аҳамияти хос доранд. Баррасии амиқтари ин масъалаҳои калидӣ на танҳо мушкилоти муштарак, балки имкониятҳои назарраси ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаҳоеро, ки Тоҷикистон метавонад аз ин манофеъи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо шарикон баҳра барад, то ҳадде муайян мекунад. Дар Саммити мазкур масъалаҳои мубраме, баррасӣ ва арзёбӣ мегарданд, ки дар зер ҳар яки онҳоро дар муносибат бо Тоҷикистон ба таври алоҳида таҳлил кардан мумкин аст:

1. Амният ва суботи минтақавӣ-мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ

Дар меҳвари баҳсҳои саммит амнияти минтақавӣ, масъалаи муҳими ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Осиёи Марказӣ, бахусус , Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистони ҳамсоя осебпазир боқӣ мемонад, ки дар он ҷо бесуботӣ боиси афзоиши созмонҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои фаромиллӣ мегардад. Сарҳади тулонии Тоҷикистон ба ин нуқтаҳои доғ онро дар як мавқеи муҳим қарор медиҳад, ки аз баҳрабардорӣ ё саҳм гузоштан ба ҳалли амнияти минтақавӣ мусоидат намояд.

Иттиҳодияи Аврупо бо таҷрибаи бойи худ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои фаромарзӣ, талош хоҳад кард, ки шарикии худро бо Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои марбут ба амният густариш диҳад. Барои Тоҷикистон ин метавонад маънои дарёфти дастгирии зарурӣ дар бунёди зерсохтори мустаҳками амниятӣ, аз системаҳои беҳтари идоракунии сарҳад то механизмҳои мубодилаи иттилоотро дошта бошад, ки метавонанд ба ҷилавгирӣ аз гардиши ифротгароӣ ва гардиши ғайрқонунии маводи мухаддир тавассути сарҳадҳои он мусоидат кунанд. Бо дарназардошти нақши стратегии Тоҷикистон дар амнияти минтақавӣ, ин ҳамоиш имкон медиҳад, ки аз таҷрибаи аврупоӣ баҳри таҳкими иқтидори дифоъии миллӣ ва талошҳои зиддитеррористии минтақавӣ, таъмини амнияти дохилӣ ва дастаҷамъӣ истифода кунад. Технологияҳои мукаммали назорат дар баробари омӯзиши махсус барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад ба Тоҷикистон василаҳои лозимаро барои мубориза бо оқибатҳои харобиовари қочоқи маводи мухаддир, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии он ба вуҷуд меоянд, таъмин намояд. Таваҷҷуҳи нишаст ба ин масъала метавонад дарро барои сармоягузории қобили мулоҳизаи Иттиҳодияи Аврупо дар таъмини амнияти сарҳад ва талошҳои мубориза бо қочоқ ва тақвияти тавонмандии Тоҷикистон дар муқобила бо ин чолишҳои доимӣ боз кунад.

2. Ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ

Гуфтугӯи иқтисодӣ дар саммит метавонад дар атрофи густариши ҳамкориҳои бештар ва тавсеаи имконоти тиҷорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва ИА сурат бигирад. Тоҷикистон, мисли бисёре аз кишварҳои ҳамсояаш, бо мушкилии вобастагӣ аз интиқолҳои пулӣ ва кишоварзӣ рӯбарӯст. Ин ҳамоиш барои Тоҷикистон як лаҳзаи стратегӣ барои гуногунсозии (диверсификатсияи) иқтисоди худ ва ҷалби сармояи ИА ба бахшҳои муҳиме, ба монанди инфрасохтор, энергияи таҷдидшаванда ва фановариро фароҳам орад. Бо дарназардошти тааҳҳудоти ИА барои густариши робита тавассути ибтикори лоиҳаи бузурги “Даврозаи ҷаҳонӣ” “Global Gateway”, ки мавзуъи мубрами саммит маҳсуб меёбад, ба Тоҷикистон имкони хубе барои гуфтушунид оид ба дастрасии беҳтар ба бозорҳои Аврупоро фароҳам меорад. Кишвари мо аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофии роҳҳои баромад ба баҳрои ҷаҳонӣ, яъне роҳи обӣ маҳрум аст, бинобар ин, роҳҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо хароҷоти баланди нақлиётӣ ва мушкилоти логистикӣ рӯ бу рӯ мегардад. Таваҷҷуҳи Иттиҳодияи Аврупо ба рушди инфрасохтори минтақавӣ, бахусус дар доираи лоиҳаи мазкур тавассути зерлоиҳаҳо марбут ба роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, имкон медиҳад, ки шабакаҳои нақлиётӣ ва логистикии Тоҷикистонро тағйир диҳад. Чунин пешрафтҳо на танҳо тиҷоратро дар Осиёи Марказӣ ба низом меоранд, балки барои Тоҷикистон роҳҳо боз мекунад, то бо бозорҳои ҷаҳонӣ бештар ворид шавад, тавозуни тиҷорат ва суботи иқтисодии худро беҳтар созад. Аз ҷумла, иқтидори фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистонро ҳамчун як маркази муҳими энергетикӣ дар минтақа қарор медиҳад. Таваҷҷуҳи афзояндаи ИА ба энергияи таҷдидшаванда ва технологияи сабз метавонад ба лоиҳаҳои муштарак оварда расонад, ки на танҳо ба Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ, балки ба рушди устувор дар минтақа мусоидат мекунанд. Сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергияи тоза бо ҳадафҳои дарозмуддати устувории ИА мувофиқат карда, ба Тоҷикистон як роҳи иқтисодӣ пешкаш мекунад, ки ҳам ба рушд ва ҳам масъулияти экологӣ мусоидат мекунад. Тавассути баррасии дақиқи рӯзномаи ҳамоиш ва афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон мо хоҳем дид, ки ин ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо чӣ гуна метавонад ҳамчун муҳаррик барои рушди кишвар дар солҳои оянда хизмат кунад.

3. Гузариш ба энергияи сабз пайванди стратегӣ барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Яке аз самтҳои асосии рӯзномаи кори Саммити Самарқанд гузариш ба сабз ва энергетика буд, ки ҳадафи глобалии Иттиҳоди Аврупоро барои пешбурди гузариш ба сӯи ояндаи кам кардани карбон ва бунёди шарикии устувор ба иқлим таъкид мекард. Барои Осиёи Марказӣ, як минтақае, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим ба таври мутаносиб осебпазир аст, вале аз иқтидори энергияи барқароршаванда бой аст, ин рӯзнома равзанаи муҳими имкониятҳоро мекушояд. Тоҷикистон бо захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва таҷрибаи дипломатияи экологии худ дар маркази ин табодулоти гуфтушуниди стратегӣ қарор дорад. Аз гузоришу таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа бармеояд, ки Тоҷикистон беш аз 90 дарсади нерӯи барқи худро аз нерӯи обӣ тавлид мекунад ва кишвари мо дар қатори кишварҳои ҷаҳон, ки аз манобеъи таҷдидшавандаи энергетикӣ бой ҳастанд, ҷой дода шудааст. Бо вуҷуди ин, ин иқтидор аз сабаби инфрасохтори суст инкишофёфта, камбудиҳои маблағгузорӣ ва алоқаи маҳдуди минтақавӣ асосан истифоданашуда боқӣ мемонад. Дар ин замина, ташаббуси лоиҳаи “Дарвозаи ҷаҳон” ИА, ки ҳадафаш пешбурди инфрасохтори оқилона ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, барои сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон як чаҳорчӯби қобили мулоҳиза пешниҳод мекунад. Дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар робита ба навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии кӯҳна ва маблағгузории лоиҳаҳои гидротехникии аз ҷиҳати экологӣ устувор метавонад қобили мулоҳиза бошад. Тавассути барномаҳое, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, Тоҷикистон метавонад ба механизмҳои маблағгузории сабз, дастгирӣ барои ислоҳоти танзимкунанда ва эҳёи тавонмандӣ дар идоракунии энержӣ дастрасии хуб пайдо кунад. Гузашта аз ин, нақши Тоҷикистон дар ташаббусҳои фароминтақавии энергетикӣ, аз қабили лоиҳаи CASA-1000 бо ҳадафҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба гардиши фаромарзии энергияи сабз, коҳиш додани камбизоатии энергетикӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ мувофиқат мекунад.

4. Ҳадафҳои муштараки пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим

Дар саммит ҳамчунин аз ӯҳдадории муштарак ба Созишномаи Париж, ҳадафҳои коҳиш додани карбон, газҳои гулхонаӣ ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба иқлим таъкид шуд. Тоҷикистон, кишваре, ки бо хатарҳои ҷиддии обшавии пиряхҳо ва обхезӣ мувоҷеҳ аст, тули солҳои зиёде аз иқдомоти қаввӣ гардондани мубориза бо тағйирёбии иқлимро дар минбарҳои байналмилалӣ ҳимоят мекунад. Ин ташаббусҳои байналмилаии кишвар, ба монанди эълон гардидани “Соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо”, иқдомҳои ҷаҳонӣ ба мисли Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сахт дастгирӣ мешавад. Ин тамаркузи муштарак ба об, муҳити зист ва устувории экологӣ заминаи мусоидро барои амиқтар шудани ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон фароҳам меорад. Иттиҳодияи Аврупо метавонад дар идоракунии захираҳои об кӯмаки техникӣ расонад ва ба Тоҷикистон дар бунёди системаҳои огоҳкунии пешакӣ ва зерсохтори мониторинги иқлим кумак кунад. Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо метавонад дар таҳияи чаҳорчӯбҳои сиёсати сабз, пешбурди кишоварзӣ ва баланд бардоштани устувории иқлим дар деҳот калидӣ бошад. Иштироки Тоҷикистон дар форумҳои бисёрҷонибаи иқлим, дар якҷоягӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, эътимоднокии онро ҳамчун як кишвари ташаббускор ва огоҳ аз мушкилоти иқлимӣ, ки қодир аст ба сиёсати минтақавии экологӣ таъсир расонида метавонад, афзоиш медиҳад.

Хулоса масъалаҳои фавқузикр, хусусан, гузариш ба бахши энергияи сабз ки дар рӯзномаи саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Самарқанд таъкид гардид, на танҳо як ҳадафи баррасии мавзуъ, балки як имконияти стратегӣ барои азнавсозии пояҳои ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ин саммит боз ҳам бештар муайян кардани мавқеи худ ҳамчун кишвари пешгом дар соҳаи энергияи барқароршаванда, дипломатияи иқлим ва шарики минтақавӣ дар рушди устувор мебошад. Афзалияти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба он бартарии табии медиҳад, аммо ин иқтидор бояд тавассути ислоҳоти институтсионалӣ, навсозии технологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, ки ҳама бо ҳадафҳои васеътари робитаи дуҷониба бо ИА мувофиқанд, кушода шаванд. Ҳамзамон, осебпазирии муштарак аз тағирёбии иқлим барои ҳамкориҳои амиқ, бахусус дар соҳаҳое, ба монанди коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дипломатияи об ва навовариҳои эко-инноватсия асосҳои қобили мулоҳизаро эҷод мекунад. Аз ҳама муҳим он аст, ки таваҷҷуҳи ИА ба Осиёи Марказӣ аз ин доираҳо фаротар аст - он таҷдиди афзалиятҳои геополитикиро дар ҷаҳоне нишон медиҳад, ки амнияти энергетикӣ, гузариш ба иқтисоди сабз дар қиболи манфиатҳои стратегӣ ба ҳам пайвастаанд. Тоҷикистон метавонад аз чунин имкониятҳо истифода барад, то на танҳо сармоягузориро ҷалб кунад, балки худро ба барномаи сабзи ИА ҳамчун шарики боэътимод ва фаъол ворид намояд. Агар ниятҳои баёншуда дар саммити Самарқанд - Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба амали устувор, фарогир ва ба оянда нигаронидашуда табдил дода шаванд, шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо метавонад намунаи дипломатияи сабз дар минтақа гардад.

Мадимарова Гулҳаё, ходими пешбари илмии Шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Наврӯзи 2025 аз чанд ҷиҳат беназир ва таърихӣ хоҳад монд. Албатта пеш аз ҳамма аз он нуқтаи назар, ки шумораи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ нисбат ба солҳои пешин ба маротиб зиёд буд.

Нуктаи бисёр ҷолиби дигар, ки бешубҳа аҳамияти таърихӣ дорад Эъломияи сеҷонибаи Хуҷанд,- яъне Тоҷикистон, Узбекистон,Қирғизистон қабул карда шуд.

Дар ин замина як сифати махсуси Наврӯзи 2025 ин аст, ки дар арафаи ин ҷашни муборак ҳуҷати танзими сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расида буд. Ин ҳуҷҷат гуё як омодагии бисёр бузург тайёрии тару тоза ба ҷашни Наврӯз буд, ки ба монанди одати хонатаконии наврӯзӣ ҳама гарду ғубор, шикаставу рехтаи байни Тоҷикистону Қирғизистонро покизаву озода кард.

Ин тадбир,- анҷом додани танзими сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳақиқат як тадбири бисёр сахт мушкил, печида, дарҳам- барҳам, музмин буд . Ин мушкилот аз ҷумлаи мушкилоти даврони Шуравӣ ҳаст, ки айнан ба ҳамин гуна дар байни дигар ҷумҳуриҳои Шуравӣ ҳанӯз боқӣ мондааст.Аз ҷумла муноқишае ки байни Қирғизистону Узбекистон дар сарҳади Фарғона чанд сол пеш сурат гирифта буд дар хотир дорем, ки бо чӣ қурбониҳо ва сахтиҳо пушти сар шуд...

Ҳалли масъалаи сарҳадӣ барои миллатҳои тоҷику қирғиз ки воқеъан пайванду бастагиҳои зиёди хешутаборӣ, ҳамсоягӣ ва дустии дерина доранд дар натиҷаи бархурдҳои яроқноки чандсоли пештар бисёр хусусияти хатарнок гирифтаанд. Маҳз дар чунин ҳолатҳои буҳронӣ нақши давлатмардон равшан мешавад, ки дар ин раванд пештар аз ҳама суботу таҳаммулгароӣ, хирадпешагии Пешвои Муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмонро бояд бишносем ва қадр кунаем. Ин сифати барҷастаи сиёсатмадории Президенти Тоҷикистонро гармо гарм бар асари имзо кардани танзими сарҳад аз он ҷумла роҳбарияти ташкилоти Миллали Муттаҳид, Федератсияи Руссия,ОДКБ,ШОС,Иттиҳоди Аврупо Ташкилоти, Ҳамкории исломӣ, Республикаи Халқии Хитой,ШМА,Эрон Британияи Кабир, Имороти Араб, Республикаи Франсия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Озорбойҷон, Покистон ва дигар ташкилотҳои байналхалқиву давлатӣ эътироф карданд.

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба нашр расид, ки комилан бо рӯҳияи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мувофиқ аст. Аз ҷумла ӯ қайд кардааст, ки барои беҳдошти рузгори Тоҷикистону Қирғизистон суботи сиёсӣ, фароҳам сохтани шароитҳои муносибатҳои инсонӣ тамоми чорҳо дида мешаванд, ки муҳимтарини онҳо таъсис додани Комиссияи муштараки омӯзиши масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи шурои байнидавлатии тоҷикону қирғизон таъсис дода шуд ки таҳти роҳбарии раисони шурои вазироони ду давлат фаъолият хоҳанд кард.

Дар ҳамин замина як нуқтаи ҷолибе ки шоистаи қадр донистан ва ташшакур гуфтан аст ин мавқеъи мустаҳками шурои олии Қирғизистон дар раванди мустаҳкам кардани Сулҳи тоҷику қирғиз аст. Дар ҳамин раванд аз байни вакилони маҷлиси миллии Қирғизистон нафароне пайдо шуданд (аз ҷумла собиқ раиси вилояти (Боткент), ки аз шартҳои танзими сарҳад изҳори норозигӣ карданд. Боиси хушнудист ки чанд нафар аз вакилони ин маҷлис ба муқобили чунин мавқеъ баромад карданд ва сахт истодагарӣ карданд,ки дустии байни тоҷику қирғиз бояд эҳтиёт карда шавад дар ин ҷараён ҷудоиандозӣ ва нифоқ эҷод кардан сахт пешгирӣ карда шавад. Натиҷаи ҳамин буд, ки ин вакили мардумӣ афраксияи “Имон Нури” ронда шуд.

Ба назари мо рӯҳияи оптимистие,ки Президенти Муҳтарами мо дар оғози гузориши Паёми 2025 эълон карда буданд фоли нек буд. Ҳамин оптимизм, руҳбаландӣ дар тамоми ҷараёни баргузории Наврӯзи 2025 эҳсос карда мешавад.

Аз ҳамин нуқтаи назар табиист ки таъкиди ташкилотҳои байналмиллалӣ чи аз соли 2003 (Конвенсияи ҳифзи мероси маънавӣ), чи аз соли 2007 (Деклоратсияи ҳамкории тамаддунҳо, ҳусни тафоҳуми Динҳо) ва соли 2010 (Қатъномаи Асамблияи Генерали СММ) ки дар саросари ҷаҳон мавзӯъҳои калидии Наврӯзро Сулҳ,Ваҳдат, Тозакорӣ эълон карданд, исботи худро ёфт.

Назри Яздонӣ - ходими пешбари илмии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи 3 – 4 – уми апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуда истодааст. Самарқанд дар таърихи чандинасраи муносибатҳои байналхалқӣ дар минтақаи васеи Осиёи Марказӣ, Ҷанубу Шарқӣ, мавқеи махусусро ишғол мекунад. Самарқанд шаҳрест, ки дар тӯли асрҳо маркази тороват, илм ва дипломатия будааст. Бузургии ӯ дар маҳорати муттаҳид кардани фарҳангҳо, халқҳо ва ақидаҳои ӯ бунёд ёфтааст. Имрӯз он бори дигар ба платформае табдил ёфтааст, ки дар он Аврупо ва Осиёи Марказӣ метавонанд мушкилоти асосии замони моро баррасӣ кунанд. Минтақаҳои моро решаҳои амиқи таърихӣ, умумияти манфиатҳо ва майли объективии шарикии зич бо ҳам мепайвандад. Мо дар асоси таҷрибаи қариб сисолаи ҳамкорӣ дидгоҳи возеҳи рӯзномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро ташаккул додем.

Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, дар минтақаи Самарқанд тоҷикони бумӣ зиндагӣ карда, онро Мовароуннаҳр номида, пеш аз шаш қарн муқаддам бо мақсади таъмини савдои озод ва бехатар бо подшоҳони Аврупо робитаҳои фаъол доштаанд. Вақте, ки сайёҳи бузурги маҷористонӣ Арминий Вамберӣ сафари тамоми Осиёи Марказӣ дошт, Самароқандро ҳамчун “Макка”. Бухороро ҳамчун “Мадина” ва Хуҷандро “Тирози ҷаҳон” номидааст.

Дар Саммити мазкур, ки дар Самарқанд баргузор шуда истодааст, намояндагони бонуфузи Аврупо, аз ҷумла, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, раиси Шурои Аврупо Антонио Коста барои ширкат вориди Самарқанд гардиданд. Пеш аз нишасти саммити мазкур Урсула фон дер Лейен ба воситаи ахбори аммо посух дод, ки пеҳ аз ҳама масоили боҷи ИМА хоҳад буд. Ӯ иброз намуд, ки ин ҷорабинӣ як ҷузъӣ стратегияи аврупоӣ оид ба диверсификатсияи тиҷорат мегардад. Ҳамчунин гуфт, ки дар баробари захираҳои бузурги ашёи хом, кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза иқтидори зиёд доранд. Зимни суҳбат Урсула фон дер Лейен таъкид кард, ки “Аврупо дар пайи эҷоди як занҷири пурраи арзиш аст, на танҳо ашёи хом. Ин барои таъсиси ҷойҳои кории маҳаллӣ ва таъмини стандартҳои баланди экологӣ ва иҷтимоӣ муҳим аст”.

Формати ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо як платформаи беназири ҳамкориҳо буда, дар миқёс ва фарогирии институтсионалии худ монанд надорад. Иттиҳоди Аврупо, ки 27 давлат, аз ҷумла се кишвари G7 (Олмон, Фаронса ва Италия)-ро муттаҳид мекунад, бузургтарин иттиҳоди ҳамгироие мебошад, ки ҳамкориҳои системавиро бо Осиёи Марказӣ дар сатҳи байниминтақавӣ баровардаасит. Ҳамкорӣ бо ИА доираи васеи соҳаҳоро фаро мегирад – аз иқтисод ва сармоягузорӣ то рушди устувор, амният ва трансформатсияи рақамӣ – ва ба афзалиятҳои стратегии дарозмуддат асос ёфтааст.

Мавзӯъҳои аслии нишасти Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Самарқанд тиҷорат, сармоягузорӣ, энержии сабз, истихроҷ ва коркарди маъданҳо мебошад. Дар ин саммит, Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад бастаи бузурги сармоягузориро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбарӣ намояд. Самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ нақлиёт, захираҳои муҳими табиӣ, интиқоли барқ ​​ва рақамикунонӣ хоҳанд буд.

Қабили қайд аст, ки азбаски Осиёи Марказӣ дар ҷорроҳаи тамаддунҳо ҷойгирифтааст, барои ҳамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳоо ҷойгоҳи махсусро доро аст, ки минтақаро ба шарики муҳими қудратҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои пешбар дар ҷорроҳаи муҳими геополитикии масирҳои Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷануб табдил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки барои муколаи ошкоро роҳандози карда, барои ҳамкории мутақобилан ссудманд байни ҳамаи ҷонибаҳои манфиатдор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин саммит нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозии шарики стратегӣ дар рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва робитаи мутақобила самтҳои сифатан навро боз мекунад. Дар ҳафт соли охир гардиши мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо чаҳор баробар афзуда, 54 миллиард евроро ташкил додааст.

Осиёи Марказӣ метавонад шарики боэътимоди Аврупо дар таъмини суботи энергетикӣ ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ояндаи наздик гардад. Дар ин бора Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусоҳиба бо EuroNews дар шарҳи нақши минтақа дар тавозуни ҷаҳонии энергетика изҳор дошт, ки “Осиёи Марказӣ метавонад як шарики боэътимоде шавад, ки қодир аст на танҳо таъминоти устувори энергетикӣ, балки дар декарбонизатсияи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад. Потенсиали бузурги ҳамкорӣ бо лоиҳаи бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои эҷоди як долони стратегии сабз тавассути баҳри Хазар ва Баҳри Сиёҳ ба Аврупо амалӣ мешавад”.

Солҳои охир ҷаҳон босуръат тағйир меёбад: ноустувории геополитикӣ, афзояндаи хатарҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим – ҳамаи ин шаклҳои нави ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Бинобар ин Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 – ро “Соли ҳифзи пиряхҳо” номид. Чунки ин хатар дар тамоми ҷаҳони мутамаддин ва ҳамзамон дар Аврупо дида мешавад. Ҳамзамон яке аз мавзуҳои рӯзномаи саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо масоили Афғонистон ва амнияту бехатарии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Мавқеи расмии ҷониби Тоҷикистон дар Афғонистон таъсиси ҳукумати фарогир буда, дар қиболи сиёсати ҳозираи он, розӣ нест. Аҳамияти ҷалби ин кишвар дар равандҳои иқтисодии байналмилалӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикон ҷиҳати пешбурди ташаббусҳое, ки ба рушди Афғонистон мусоидат мекунанд, ҳамкориро бояд ба роҳ монд. Ба барномаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса бояд дод, зеро ба эҳё ва ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ҳам ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ба манфиати Аврупо хоҳад буд.

Яке аз натоиҷи калидии нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бояд имзои Эъломияи Самарқанд бошад, ки хоҳиши муштараки ҷонибҳоро барои роҳандозии шарикии стратегӣ инъикос мекунад. Мо интизорем, ки нишасти дар пешистода марҳалаи муҳим дар рушди муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд. Солҳои охир ҳамкориҳои мо ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Мо интизорем, ки муколамаи сиёсиро амиқтар намуда, механизмҳои нави ҳамкориро таҳия кунем, ки ҳамкориҳои моро бештар низомноктар ва ба ҳадафҳои дарозмӯҳлат равона созанд.

Ҳамин тариқ, платформаи ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо падидаи сифатан нав буда, барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин барои рушди ҳадафҳои стратегии кишвар, иқтисоди сабз, ҷалби сармоя, таъмини амнияти минтақавӣ, рақамикунонӣ афзалиятҳои стратегии дарозмуддат дошта, мислаш банзир аст.

Воҳидова Санавбарбону, - мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, профессор, доктори илмҳои таърих

Чунончи муаррихон ва пажуҳишгарони ба вижа риштаи мардумшиносию таърихнигорӣ муъайян кардаанд, ки тоҷикон дар гузашта то имрӯз ба ҳеч кишваре ё сарзамине лашкаршӣ накардаанду бо ҳеч қавму қабилае ҷангу ҷидол накардаанд. Ин натиҷа аз он шаҳодат медиҳад, ки миллате ё халқе дорои фарҳангу маданияти баланд ҳаст, ҷангу хунрезӣ аз он бегонааст ва дар андешааш ҳамин ин амали нангинро иҷоза намедиҳад, ки парвариш диҳад, аз ин ҷост, ки миллати тоҷик бо фарҳангу донишу китобофарӣ пайваста кӯшидааст бо мардуми сайёраи замин дар робитаи дӯстиву ҳамзистӣ муносибату зиндагонӣ бикунад. Далели дигари ин гуфта он аст, ки дар суннату оин ва ҷашнҳои ниёгони тоҷикон сулҳу дӯстӣ дар мақоми аввал қарор мегирад, ба мисол ҷашни Наврӯз дар гузашта то имрӯз пайғоми дӯстиро миёни қавмҳову миллатҳо тарғиб мекунад.

Дар ҳамин замина адабиёти классики форсу тоҷик низ шодзистиву дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карданро аз аъмоли накӯи инсонӣ донистаасту бузургони тоҷик дар пайравӣ ба андешаҳои наврӯзӣ осори гаронмояе офаридаанд, чӣ гунае Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Як ҳарфи суфиёна бигуям иҷозат аст?!

Эй нури дида сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ.

Аз шоҳбайти Ҳофиз бардошти инсонҳо бояд он тур бошад, ки бунёди фарҳангу ҷомеаи солим аз суҳлу дӯстӣ сарчашма мегирад ва авлотар донистани суҳл ҳам дар назар Ҳофиз ҳамин аст, ки осоиштагӣ инсонҳоро инсонтару донишу ахлоқашонро фузунтар мегардонад. Дар ҳамин росто, Мавлои Балх ҳам мефармояд:

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,

Дӯстонро шод гардон, душманонро кур кун.

Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз,

Бори дигар ғӯрахоро пухтаву ангур кун...

Ин гуна мисолҳо дар адабиёти классики тоҷик фаровон аст ва дар ҳамин руҳияву андеша миллати тоҷик ба воя расидаву тору пудаш аз ин пиндорҳову гуфторҳо сиришта гардидааст.

Бояд ёдовар шавем, ки нақш ва ҷойгоҳи Наврӯз дар сулҳандешиву сулҳхоҳии гуфтору пиндори миллати тоҷик хеле бузург аст ва ин пайғоми наврӯзист, ки тоҷик онро ба тамоми ҷаҳониён талқин мекунад.

Чи тавре, ки дар боло зикр кардем, суннату оинҳои наврӯзӣ беш аз пеш сулҳу дӯстиро дар андешаву ҳастии инсонҳо парвариш медиҳад ва ҳатто суннати наврӯзӣ ҳаст, ки агар бо касе қаҳрӣ ё кудурату душманӣ дорӣ, дар фарорасии Наврӯз он ҳамаро бахшидану дилҳоро аз меҳру муҳаббат ба як дигар лабрез гардонӣ.

Аз лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дорои баланди фарҳангу ахлоқи наврӯзӣ ҳастанд, дар ҳама баромадҳои худ, бахусус дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ аз сулҳу дӯстӣ сухан мекунанд ва кишварҳоро ҳам ба ин самт даъват мекунанд. Ҳамин иқдомҳои инсонмеҳвариву инсондӯстдории Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон бо ҳамсояҳои худ чӣ мушкилоту нофаҳмиҳое буд, бо роҳи дипломативу дӯстӣ ҳаллу фасл кард ва дастоварди бузурги таърихӣ дар риштаи дӯстии ҳамосоякишварҳо- Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳади ин се кишвар муайян гардид ва ин аз нигоҳи иқтисодиву сиёсиву фаҳангӣ ва фаробар аз ин дар ҳамсоядорӣ рӯйдоди накӯи бесобиқа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, чандин созишномаҳое дар ин замина ба имзо расид, ки ҳамаи онҳо дӯстиву сулҳу соботро дар минтақа устувортар мегардонанд.

Дар арафаи Ҷашни Наврӯз ин рӯйдоди таърихӣ рост омаданаш ҳам аз аҳамияти фарҳангиву ахлоқии тоҷикон алоқамандӣ дорад.

Аз ин рӯ, бори дигар Наврӯз исбот кард, ки ҷашнест барои башарият хушвақтиву хушрӯзи меорад ва ҷашни Наврӯз сафири сулҳу амонӣ буду ҳасту мемонад ва чунин пайкҳои шодонаи Наврӯз бештар амалӣ гарданду инсонҳо дар фазои суҳлу субот зиндагӣ бинмоянд.

Зоҳири Сайфулло, - ходими хурди илмии шуъбаи Фалсафаи фарҳанг Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар санаи 3- 4 апрели соли 2025 шаҳри Самарқанд мизбони як рӯйдоди таърихӣ гардид – Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва иштироки ӯ дар аввалин саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба вуқӯъ пайваст. Ин нишаст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, сатҳи нави ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро дар баробари рақобатҳои геополитикӣ таъйин менамояд. Ин чорабинӣ як рӯйдоди муҳими сиёсӣ маҳсуб шуда, марҳилаи навро дар муносибатҳои ин ду минтақа беҳтар хоҳад кард.

Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки дар ин ҳамоиш на танҳо Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва роҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки роҳбари сохторҳои олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта низ иштирок мекунад. Ин сафар на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки дар заминаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва энергетикӣ низ аҳамияти хоса дорад.

Мулоқоти қаблии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2022 ва 2023 дар шаҳрҳои Остона ва Чолпон-Ота асоси ташаккули ин форматро фароҳам оварданд. Ҳамзамон, баргузор гардидани ҳамоиши Самарқанд нишон медиҳад, ки ҳамкориҳо байни ин ду минтақа ба сатҳи стратегӣ расидаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз ин нишасти сатҳи олӣ ноиби президенти Комиссияи Аврупо ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кая Каллас ба Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафар кард. Санаи 27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карданд. Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳоди худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд.

Кая Каллас дар баромадаш аз ҷумла ишора мекунад, ки дар моҳи октябри соли 2023 дар Люксембург харитаи роҳи "Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ" қабул шуд. Дар мулоқот бо Каллас панҷ самти асосии амиқсозии ҳамкорӣ, аз ҷумла дурнамои рушди сармоягузорӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои рақамӣ ва нақлиётӣ дар чаҳорчӯби стратегияи “Дарвозаҳои глобалӣ” (Global Gateway) баррасӣ шуданд.

Соли гузашта дар Саммити “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” дар Тошканд сарони кишварҳои минтақа, инчунин раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел розӣ шуданд, ки барои рушди долони нақлиётии байналмилалии Транскаспий якчанд миллиард евро маблағ ҷудо карда шавад.

Кая Каллас ҳамчунон қайд кард, ки Аврупо омода аст, ки ин маблағҳоро ба рушди долони нақлиётии Транскаспий равона кунад, то робитаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо беҳтар гардад.

Дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи хосса ба тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд зоҳир гардид.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷура оид ба ин ҳамоиш дуруст қайд кардааст, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ҳамчун субъекти мустақил ва фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ амал мекунад. Дар ҳақиқат, Осиёи Марказӣ имрӯз ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ фаъолона амал мекунад. Минтақаи Осиёи Марказӣ бо мавқеи ҷуғрофии худ, ки чорроҳаи Аврупо ва Осиёро ташкил медиҳад, инчунин бо захираҳои ғании энергетикӣ ва канданиҳои фоиданок барои абарқудратони ҷаҳон аҳамияти стратегӣ дорад. Ин минтақа ҳамчун нуқтаи пайвасткунандаи роҳҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ хидмат мекунад, ки ин боиси он таваҷҷуҳи зиёд ва рақобатӣ қудратҳо барои нуфуз дар ин минтақа шудааст.

Дар шароити кунунии мураккаби байналмилалӣ, ки бо бӯҳрони энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва зарурати рушди устувор муайян мегардад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси шарикони боэътимоди Иттиҳоди Аврупо зоҳир мешаванд. Ин мулоқот метавонад заминаи амалиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетикаи сабз, логистика, иқтисоди рақамӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим фароҳам оварад. Ғайр аз ин, масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, бахусус дар робита бо вазъи Афғонистон, низ аз меҳвари муҳокимарониҳо хоҳад буд.

Сафари фон дер Ляйен ба Самарқанд нишон медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи калидӣ дар сиёсати хориҷии худ назар дорад. Қабули стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ин тамоюлро тақвият бахшида, ва саммити мазкур метавонад оғози марҳилаи нави муносибатҳо ва ҳамкорӣ байни ду минтақа гардад.

Дар маҷмӯъ, ташрифи Президенти Комиссияи Аврупо ба Самарқанд ва баргузории аввалин саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти дипломатияи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба шумор меравад. Ин як намунаи равшани сиёсати бисерҷониба аст, ки метавонад барои пешбурди субот, шукуфоӣ ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат намояд.

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ,

Мулоқоти байни роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рузи 4 апрели 2025 дар Самарқанд баргузор мешавад,таърихӣ арзёбӣ мешавад. Санаи 3 апрел ҳам Раиси шӯрои Аврупо, Антониу Кошта ва ҳам Раиси комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен (Ursula von der Leyen) барои мулоқоти дуҷониба бо сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ ба Узбекистон меоянд.

Ин аввалин ҳамоиши Иттиҳоди аврупо ва кишварҳои минтақа дар таърих аст. Намояндагони Брюссел чунин мешуморанд, ки он ягона нишаст нахоҳад буд, балки ба мулоқотҳои мунтазами байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳусни оғоз мебахшад. Мо чунин мешуморад,ки ин вохӯрии таърихии сатҳи олӣ дар раванд густариши муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ саҳифаи нав мекушояд.

Нишасти дар болозикр гардидаи сарони давлатҳо таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев бо иштироки Роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад ва таҳти шиори "Сармоягузорӣ ба оянда"номида барпо мешавад.Дар ҳошияи ин мулоқот як қатор вохӯриҳои дуҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дигар шахсони расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷониби президенти Узбекистон низ ин саммитро, ки 3-4 апрели 2025 дар Самарқанд баргузор мешавад, "воқеан таърихӣ" номид.Дар ин нишаст масъалаҳои иқтисодиёт, савдо, энергетика, нақлиет, баррасӣ хоҳанд шуд.

Чуноне ки дар боло зикр намуда будем,президенти Шӯрои Аврупо ва Президенти Комиссияи Аврупо барои иштирок дар саммити якуми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Узбекистон ташриф меоранд. Чанде пеш, Антониу Кошта, Президенти Шӯрои Аврупо қайд намудаанд ки, “мо дар ҷаҳони бесарусомонӣ ва парокандагӣ зиндагӣ мекунем.Дар ин ин қарина ягона роҳи ҳалли имконпазири Иттиҳоди Аврупо таҳкими шарикӣ ба хотири сулҳ ва шукуфоӣ мебошад. Дар ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳамкории фаъолтар ва суроғавӣ зарур аст. Саммити якуми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ӯҳдадории моро ба ҳамкорӣ ба хотири сулҳу амният ва рушди устувор бо риояи пурраи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тақвият мебахшад.»

Дар ин ҳамоиш, Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадории худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои манфиатҳои тарафайн, аз ҷумла ҳамбастагии рақамӣ, стратегӣ, иқтисод , экология, амният дар дохили минтақа тасдиқ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо дуввумин шарики тиҷоратии минтақа ва инчунин бузургтарин сармоягузор аст, ки беш аз 40% тамоми сармоягузориҳоро дар Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.

Мо бовари дорем, ки ин нишаст ба манфиати ҷонибҳо натиҷаи хуб хоҳад дод, зеро Осиёи Марказӣ имрӯзҳо мавқеи худро дар минтақа боло бурда , бо тамоми кишварҳо нишастҳо, вохуриҳову суҳбатҳо анҷом бидиҳад. Дар баробари ин нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бориз арзёби мешавад аз ҷумла дар масъалаи иқлиму об, иқтисоди сабз, таъмини амният,сармоягузори ва ғайра.

Махмедов Муҳаммадҷон, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе

Душанбе маркази фарҳанги кишвар,

Чу волияш азизи халқу роҳбар.

Барои миллати озодапарвар,

Вафои Рустамаш бигрифта дар бар.

Басе машҳури дунё гашта сад бор,

Ҷаҳони маъниро бикшода такрор...

Дониёр Сангинзода

Эълон кардани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва маърифати экологӣ дар ҷумҳурӣ ва пойтахти Тоҷикистон гувоҳӣ аз тарғиби арзишҳои олии шаҳрвандон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон, мустаҳкам намудани санадҳои ҳуқуқӣ ва муносибати эҳтиромона дар руҳияи арҷгузорӣ нисбат ба волоияти қонун ва дарки дурусти он медиҳад.

Зеро аз гузаштаи дуру наздик тоҷикон дар руҳияи бузургони адабу сиёсату фарҳанг зери шиори “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад”...ба воя расида, меҳру муҳаббати инсонӣ, эҳтирому эҳсонкорӣ, ободиву озодагӣ, ҷасорату ҷавонмардӣ ва ҳамзистиву ҳамсоягиро болотар аз ҳама дониста зиндагӣ карданду хоҳанд кард. Дар ҳақиқат ҳар миллату қавме ки дорои чунин хислатҳои некуанд ҳамеша дилсӯзу дилҷӯи инсоният буда, сарбаланду сарфароз зиндагӣ мекунанд.

Аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон– шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад, ки соли 2025 санаи мазкур ба 19 апрел рост меояд. Душанбешаҳр, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар сокини кишвар буда, арзишҳои таърихӣ ва бостонии он бо сабаби дар “Шоҳроҳи бузурги Абрешим” ва канори Ҳисори шодмон ҷойгир буданаш пайваста мақому манзалати онро боло мебарад. Душанбешаҳр чун маркази тамаддуни ҷаҳон, пайваста мизбони чандин конфронсҳои дохиливу байналмилалӣ буда, ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе - шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе- маркази тамаддуни фарҳангӣ» ба сулҳу сафову дӯстиву бародарӣ дар руҳияву раванди дипломатияи фарҳангӣ даъват менамояд. Қарори Созмони Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО аз моҳи августи соли 2004 сазовори Ҷоизаи шаҳри Сулҳ гардидани Душанбе далели пешсаф ва ободу зебо ва амнтарин дар ҷаҳон будани ин шаҳри дилрабо дарак медиҳад.

Ҳамин тариқ, Душанбешаҳр баъди истиқлолият ва эҷоди мактаби сулҳу созандагии кишвар бештару беҳтар машҳур гардид, ки муддавом ба ин шаҳри ҷавон дӯстдорони фарҳангy тамаддун меҳмон мешаванд. Ин шаҳр таърихи 2300-сола дошта, номаш соли 1676 нахустин бор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Ба ривояте мардуми атрофи Ҳисори шодмон рӯзҳои душанбе барои савдову тиҷорат ба ин маҳал меомаданд, ки дар натиҷаи он Душанбе гирифта аст. Ҳамин тариқ, Душанбе соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Шуравӣ сазовори мақоми шаҳр шуда, аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном гирифта, соли 1961 дубора Душанбе номгузорӣ шуд. Шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои дунё аз ҷумла, Лоҳуру Исломободи Покистон бародаршаҳр мебошад.

Нигорандаи сатрҳо чун як сокини Тоҷикистону Душанбешаҳри зебоманманзар аз гузаштаву имрӯз ва мардуми сулҳпарвару сарбаланд ифтихори беандоза карда, гоҳу ногоҳ ба ҷойҳои гуногуни кишвар сафар карда хислатҳои ҳамида ба мисли меҳмондӯстӣ, ҳимматбаландӣ, ҷавонмардӣ ва тозакории халқро мушоҳида карда як ҷаҳон маънавиёт мегирем.

Ҳамин хислатҳои ҳамидаи сокинони пойтахт ва мардуми атрофи он мебошад, ки пайваста дар ободиву гулгулшукфоии маҳаллаҳо, ба хусус, мактабу кӯпрук, кӯчаву каналҳо, хонаву роҳу растаҳо саҳм мегузоранд. Гузаштагони мо бо доштани донишу ҳунарҳои волои худ аз ҷумла, забону илму адаб, бофандагиву ресандагиву меъморӣ миёни мардуми ҷаҳон шуҳрат ёфтанд, ки будани шаҳру маҳалҳои бостонии таърихӣ аз рангорангии тамаддуну маданиятсозӣ онҳо дарак медиҳад, ки пайваста талош мешавад то тозаву озода нигоҳ дошта шаванд. Шоир ва файласуфи шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ адабу ҳунари тоҷиконро дар шеъре чунин тавсиф намудааст:

Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд....

Ҳамин тариқ, бо эълон гардидани “Соли экологӣ” дар ш.Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» баргузор шуд, ки аз маданияти бузург ва ҳунари волои мардумони бумии инҷо гуфоҳӣ медиҳад. Донишманди соҳа бо санаду далелҳо ишора карда, таъкид намуданд, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба як мамлакати сабз ва пойтахти он ба шаҳрҳои сабзтарини Осиёи Марказӣ табдил хоҳад ёфт.

Фасли Баҳор бо авҷи гул-гулшукуфӣ, насими накҳатовар, айни ривоҷу равнақи кор нахустин қадамашро бо истиқболи Рӯзи модар оғоз намуда, бо пайку муждаҳои Наврӯзи бостонӣ ҳамаи шаҳрвандон, ба хусус сокинони Душанбешаҳр ва мардумони маҳаллаҳои атрофи онро болидаҳол мегардонад.

Душанбешаҳр чун пойхтахт кишвар ва маркази чорабаниҳои минтақавиву фароминтақавӣ бо чаҳор дарвозаҳои вурудии худ ва мардумони атроф, аз ҷумла куҳу теппаҳои Самарқандиву Мағмуруд, дараву дарёҳои Ромиту Варзоб, қалъаву гулбоғҳои Гулбуттаву Ҳисори шодмон пайваста ҳусни тоза гирифта, рӯз ба рӯз ободтару дилработар мегардад. Мардуми Душанбешаҳр ва атрофи он баҳри ободиву оромии пойтахт ҳар шанбе ба ҳашари дастаҷамъӣ баромада маҳаллаи худро поксозӣ карда, зебову хуррам мегардонанд. Ҳама дастаҷамъона баҳри ободу зебо гардонидани ҳудуди макони зист камари ҳиммат баста, корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, кӯчаю биноҳо, ба тартиб даровардани роҳҳои байни деҳот, бунёд намудани боғҳо, шинондани дарахтону гулҳо кишту кори мавсимиро оғоз мекунанд.

Ҳамин тавр, мардумони атрофи Душанбешаҳр кор ва фаъолиятро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри амалисозии он ҳамеша талош меварзанд.

Ин ҷо бояд қайд кард, ки мардумони атрофи Душанбешаҳр чун қалъаҳои муҳофизатии пойтахт дар ободии он худро масъул дониста, бо идораҳои шаҳрдорӣ ҳамкорӣ намуда, бо донишмандону адибони мутахассисони моҳир заминаро барои сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд таҳти роҳнамоиҳои шаҳрдори ҷавони Душанбе Рустами Эмомалӣ “ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намояд”, кор гирифта, зери шиори “Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеа созгору солиму сарфароз” саҳми созанда мегузоранд.

Хулоса, корҳои ободонии дар Душанбешаҳр вусъат пайдо карда, тозакории ҷӯйбору таъмиру тармими роҳу пулҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббию синфҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишию нуқтаҳои хизматрасонӣ ва мактабу боғчаҳои замонавӣ ба ҳусни зебоии он тароват хоҳад бахшид. Ҳамин тариқ, мардуми Душанбешаҳр ҳамеша аз мактаби сулҳу созандагӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ифтихор намуда, бо ҷасорату маҳорату фаросат ва зиракии сиёсӣ Ватанро Озоду Ободу Ором нигоҳ дошта, дар гул-гулшукуфоии он зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” пайваста барои ободонии ва муҳофизати пойтахту атрофи он саҳм гузошта, меболанду менозанду мефахранд.

Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳамаи комёбиву муваффақиятҳои баъдӣ дар Тоҷикистон самараи он мебошанд. Имрӯз дар тамоми ҷанба ва дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардидаем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи қабл аз ҳама ташаббусҳои роҳбари давлат ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён аст. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмиллалӣ Тоҷикистонро як кишвари ташаббускор ва давлати дар ҳоли рушду тавсеа эътироф намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти худ таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст».

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.Дар ҳақиқат ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист. Умри инсон чанд марҳила дорад ва дар байни ин марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Зеро дар ин фасл шахс солиму нерўманд ва барнодилу болидарўҳ аст. Оре, ҷавонӣ ишқу орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагист:

Сафои ҷону дилҳоӣ, ҷавонӣ!

Навои обу гилҳоӣ, ҷавонӣ!

Суруратро муҳаббат зинда дорад,

Баҳористони гулҳоӣ, ҷавонӣ!

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омўзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рўйи кор гирифтааст. Пас, мо-ҷавононро мебояд, роҳи донишомўзиро интихоб намуда, илм омўзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хосса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Комрон Бобоев – Мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

12312312ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Вобаста ба ин узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин ибрози назар намуд:

-Таҳлилҳои геосиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки имрӯз вазъи ҷаҳони пурмоҷаро хеле нигаронкунанда мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо сарварӣ ва таъсири мардони бузурги дунёи сиёсат таҳкими давлатдорӣ ва ҳамзистии осоишта идоракунанда ба шумор меравад. Дар чунин раванд барои муътадил намудани вазъ нақши сарварони сиёсӣ ва элитаҳои сиёсӣ пурра дарк карда мешавад. Сарварони сиёсӣ ба андешаи мо, дар ин марҳилаи таърихӣ ба он қодиранд, ки ба рушди ҷомеа тағйирот ворид намуда, самти инкишофи онро дигаргун намоянд.

Аз ҷумла, Сарвари сиёсии тоҷикони ҷаҳон- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сарварони муваффақи минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар фаъолияти сиёсии давлатдориашон тавонистанд дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намоянд.

Маълум аст, ки баъди фурӯпошии Иттифоқи Шуравӣ дар низоми нави ҷаҳонӣ андешаву тағйироти куллӣ ба миён омад. Мутаассифона, замоне мавҷудияти моликияти миллӣ ҳамчун манбаи муқовиматҳо байни давлатҳо шинохта шуда буд. Аз ин рӯ, таъсири тағйирёбии қоидаҳои меъёрҳои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ парадигмаҳое ба миён овард, ки боиси баҳсҳои мухталиф гардидаанд. Дар ин марҳала баъзан идеяҳои наве дар асоси назарияҳои низоми нави ҷаҳонӣ пайдо шуданд, ки ҳато аз байн бурдани марзҳо, ҳудудҳои миллӣ ва беасос донистани ҳудудҳои назди сарҳадиро ба боқимондаи замони кӯҳна мансуб медонистанд.

Табиист, ки дар чунин ҳолат ҳалли масъалаҳои байнисарҳадӣ, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ дар ҳамсоякишварҳои минтақа ҳар яке хусусияти хос дорад. Хусусан, масъалаи ҳалли «делимитатсия» ва «демаркатсия» – и сарҳади байни давлатҳои минтақа на танҳо ба мардуме, ки дар наздикии хати сарҳад зиндагӣ доранд, балки ба сарварони сиёсӣ ва намояндагони мардумӣ низ вобастагӣ дошт.

Аз ин рӯ, тағйироти сифатии ҳалли сиёсии масъалаҳои байнисарҳадӣ, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар амал хеле мушкилиҳо ба миён оварда буданд, барои ҳамсоякишварҳо ҳамеша ниёз ба муколамаи сиёсӣ дошт. Аммо касе аз сарварони минтақавӣ инро ба дӯши худ гирифта наметавонист, зеро мероси таърихии замони Шуравӣ таъсири худро хеле жарфтар ба зеҳну тафаккури мардумони ин минтақа гузошта буд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар амалӣ гардонидани ҳамкории мутақобили судманди ҳамсоягӣ Президенти Тоҷикистон вобаста ба идеяи сулҳи пойдор нақши муҳими сиёсӣ доранд. Дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ он кас нагузоштанд, ки алангаи ҷанги бародаркуш ба ҳамсоякишварҳо гузарад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Консепсияи «Ҳамзистии осоишта» ҳамчун назария дар муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоягӣ нақши барҷаста дорад. Аммо дар амал татбиқ намудани он ба роҳбарони сиёсӣ вобаста мебошад. Масалан, имрӯз Сарвари сиёсии ҷумҳурии мо дар барқарор намудани сулҳу салоҳ, арзишҳои миллӣ, эҳёи хотираи таърихии миллати тоҷик ва дигар ташаббусҳои сатҳи воло зинаи баландтарини фаъолияти сиёсиро ишғол менамоянд. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ ва заҳмати мардуми Тоҷикистон ба даст омадаанд, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ назир надоранд.

Дар баробари ин моҳият, вазифа ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ Президенти мамлакатамонро водор намудаанд, ки ба масъалаҳои манфиатҳои ҳаётан муҳим ва дигар муносибатҳои ҳамсоякишварҳо, махсусан ба ҳамзистии осоишта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Ин аст, ки 31 марти соли равон баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Ҳамин тариқ, Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ карда шуд.

Инчунин боз якчанд санадҳои муҳими таърихӣ — Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Ин дар сиёсати геостратегии ин давлатҳо ва раванди ҳамзиштии осоишта такони ҷиддӣ мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки эътирофи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамчун Президенти сулҳпарвар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва шахсияти шинохтаи сиёсии соҳибтаҷриба эътирофи нангу номуси миллату давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз баҳогузорӣ ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд на аз рӯи эҳсосоти шахсӣ, балки аз рӯи меъёрҳои таҳқиқи амиқу дақиқи фаъолияти амалӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳо дода шавад. Албатта, андешаҳо нисбат ба ҳалли масъалаҳои марзӣ байни ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ хеле гуногунанд. Аммо пешдастӣ ва фаъолнокии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъала хеле барҷаста ва саривақтӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар сатҳи минтақавӣ мустақилона бе кумаки дигар миёнаравҳо бартараф намудани низоъҳои байнисарҳадӣ ва бо роҳи гуфтушиниди тарафайн ҳал намудани ҳудудҳои давлатӣ боиси дастгирии мардумони ин мамлакатҳо гардидааст. Албатта, нақши сарварони сиёсии ин ҷумҳуриҳоро мо бояд дар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи сиёсӣ ҳамчун намунаи ибрат қабул намоем.

Мавриди тазаккур аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ дар якҷоягӣ бо дигар сарварони сиёсии ҷумҳуриҳои ҳамсоя: муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров тавонистанд, ки дар воқеияти инкишофи муносибатҳои минтақавии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд оварда, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти мардумро дар мадди аввал гузоранд.

Президенты Таджикистана, Кыргызстана и Узбекистана подписали исторические документы по границам, провели переговоры и приняли участие в нескольких церемониях. Все это прошло в Согдийской области Таджикистана. На двусторонних переговорах решили увеличивать объемы товарооборота, развивать приграничную инфраструктуру и усилить сотрудничество в инвестиционной, водно-энергетической и аграрной сферах. Оба лидера подчеркнули: сегодня – исторический день.

В частности, президент Таджикистан Эмомали Рахмон заявил, что «наши страны и народы связывают прочные узы многолетней дружбы, добрососедства и совместного развития».

«Мы в Таджикистане высоко ценим отношения с Кыргызстаном и Узбекистаном, основанные на добрососедстве, равноправии, уважении и учете взаимных интересов», – сказал он.

Особое внимание уделено вопросам экономического сотрудничества, особенно развитию кооперации приграничных регионов.

В целях дальнейшего развития торгово-экономических связей предложено:

· Провести модернизацию и расширение таможенных пунктов на границах.

· Создать современную логистическую инфраструктуру, способствующую увеличению товарооборота.

· Рассмотреть возможность организации трехсторонней торговой площадки с постоянно действующей выставкой-ярмаркой промышленной и сельскохозяйственной продукции.

Также обсуждены вопросы транспортного сообщения. Было предложено:

· Увеличить частоту авиарейсов между странами и расширить их географию.

· Открыть новые автобусные маршруты, соединяющие города приграничных регионов.

· Развивать крупные инфраструктурные проекты в сфере «зеленой» энергетики, экологии и рационального использования водных ресурсов.

В рамках встречи была отмечена важность проведения совместных гуманитарных мероприятий, направленных на развитие межкультурного диалога. В связи с этим Президент Узбекистана Шавкат Миромонович Мирзиёев предложил:

· Ежегодно организовывать концерты и фестивали дружбы в приграничных регионах в дни празднования Навруза.

· Провести в следующем году в городе Фергане масштабные мероприятия, способствующие укреплению культурных связей и взаимопонимания между народами.

По итогам трехстороннего саммита были приняты важные решения, способствующие укреплению сотрудничества:

· Подписан исторический Договор о точке стыка государственных границ Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана.

· Принята Совместная декларация глав трех государств, направленная на дальнейшее развитие стратегического партнерства, добрососедства и укрепление безопасности в регионе.

Таким образом, встреча в Худжанде стала очередным шагом на пути к более тесному взаимодействию и гармонизации отношений между государствами Центральной Азии, заложив прочную основу для дальнейшего устойчивого развития региона. В своем выступлении на стадионе президент Таджикистана Эмомали Рахмон выразил уверенность, что границы трех стран отныне станут границами вечной дружбы, истинного добрососедства и созидательного партнерства.

Палавонова Г.А. Магистрант 2- го курса Института изучения проблем стран Азии и Европы Национальной Академии Наук Таджикистана

Subscribe to Мақолаҳо