Skip to main content

Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳими шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии он солҳо номид. Воқеан ҳам забони давлатӣ яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти давлати миллӣ буда, он пайвандгари таърихи гузаштаи миллат бо имрӯзу фардои он ва пули боэътимоди мавҷудият маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ ва ҳатто дар сахттарин солҳои ҷанги дохилӣ яке аз манфиатҳое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар аз тамоюлоту самтгириҳои иҷтимоию сиёсӣ, бо ҳам мепайваст, забон буд. Забони тоҷикӣ дар тамоми давраҳои сангини таърих вазифаи муҳими худро иҷро намуда, рамзи муттаҳидӣ, мавҷудият, ифтихор ва ҳувияту худшиносӣ гаштааст. Дар маҷмӯъ он як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст.

Лозим ба зикр аст, ки китоби пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат» рӯйи чоп омада буд, фарогири таърихи забони тоҷикӣ аст. Зимни мутолеаи он, яқин мефаҳмем, ки сарчашмаи ин ноби ширин аз куҷо пайдо шудааст. Забонишносон дар боби пайдоиши забон зиёд таҳлилу баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён намуданд.

Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат имрӯз миллати тоҷик соҳиби забон, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, урфу одат ва арзишҳои башарӣ гаштааст. Чуноне, ки Пешвои миллат ҷое зикр намуданд, «моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд». Маҳз ба ҳамин хотир аст, ки забони давлатӣ ҷузъе аз нишони волои давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Мувофиқи таҳлилҳои забоншиносон дар ҷаҳон беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ҳамчун забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни забонҳо забони модарии мо - забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оварда шудааст, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ истифодаи забони давлатӣ ба роҳ монда шавад. Мувофиқи боби зикршуда дар муносибатҳои байналмилалӣ тамоми гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, бо забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд, вале ҳангоми зарурат дар чунин муносибатҳо истифодаи дигар забонҳо маҳдуд намегардад. Инчунин дар моддаи 23-юми қонуни мазкур фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ бо забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта сурат мегирад.

Айни замон аз ҷониби СММ забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ, арабӣ, испанӣ ва фаронсавӣ ҳамчун забонҳои расмӣ эътироф гардидаанд. Амалияи шартномаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки шартномаҳои байналмилалӣ бо се забон забони давлатии тарафҳо ва яке аз забонҳои расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ муқарраргардида баста мешаванд.

Сиёсати давлатии баробарии забонҳоро Тоҷикистон пайгирӣ намуда, истифодаи дигар забонҳои халқу миллатҳои гуногунро маҳдуд намекунад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

Маврид ба қайд аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутафаккирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ- тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад. Аз ин рӯ, дар давраҳои гуногуни таърих забони тоҷикӣ диққати бисёр олимон ва нависандагони оламрро ба худ ҷалб кардааст. Ба мисоли асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшиносони маъруфи дунё - Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон.

Чуноне, ки осори оламгири Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби мутаффакир, шоир ва адабиётшиноси олмонӣ Иоганн Гёте, ки худро дилбастаи осору пайрави мардуми форсу тоҷик ва шогирди Ҳофиз иброз медошт, мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, шуҳрати беандоза пайдо намуд ва дар адабиёти мардуми Олмон мавқеи хосаро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи донишмандону мутаффакирони ҷаҳон ба омӯзиши забони форсӣ - тоҷикӣ ва осори бузурги мутаффакирони миллати тоҷик хеле зиёд аст, ки он мавқеи забони тоҷикиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор мегардонад.

Нуқтаи дигарро бояд зикр намоем, ки забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ, ба монанди Фаронса, ИМА, Исроил, Канада, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон ва ғайра омӯзонида мешавад. Дар ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ-форсӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариш ёфтани забони тоҷикӣ - форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.

Достиева Дилафрӯз - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Забон яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, воситаи асосии муошират ва омили муҳимтарини худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Забон на танҳо василаи гуфтору навиштор аст, балки тамоми арзишҳои маънавӣ, таърихӣ ва фарҳангии як миллатро таҷассум мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки бузургдошту гиромидошти забони давлатӣ барои ҳар як фарди ҷомеа вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 нахустин бор “Қонуни забон”-ро қабул намуд, ки тибқи он забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ-ро соҳиб гардид. Ин рӯйдод дар тақдири халқи мо аҳамияти сарнавиштсоз дошт, зеро забон ҳамчун рамзи асосии миллат ва пояи давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Баъдтар, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 “Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав қабул шуд. Мувофиқи он, 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ дар хеш ду ҷанбаи мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд:

«Забон рамзи ҳастии миллат ва рукни асосии давлатдории миллӣ мебошад, ҳифз ва эҳтироми он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳ аст.»

Дар Тоҷикистон забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд, тозагӣ, омӯзиш ва густариши он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ҷаҳд менамояд.

Забони тоҷикӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад, аз забонҳои қадимтарини олам ба шумор меравад, таърихи пурғановати он беш аз ҳазорсолаҳо идома дошта, осори бузургони адабу фарҳанги ҷаҳонӣ ба монанди Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва садҳо дигарон маҳз ба ҳамин забон эҷод шудаанд. Ин забони нобу шоирона на танҳо василаи муоширати тоҷикон, балки ганҷинаи тамаддуни умумибашарӣ низ маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи махсус ба забони давлатӣ зоҳир мегардад. Ба шарофати сиёсати забонпарваронаи Пешвои миллат, мақому мартабаи забони тоҷикӣ дар дохилу хориҷи кишвар афзуда истодааст. Дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии бисёре аз кишварҳо имрӯз омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст, ки ин нишонаи эътироф ва арҷгузории байналмилалӣ ба забони модарии мо мебошад. Бо вуҷуди он ки мардуми тоҷик давоми таърих мавриди ҳамлаи бодиянишинон қарор гирифта, шаҳрҳои таърихии худро аз даст дода бошад ҳам, вале забони модарии худро ҳифз кардаанд.

Ба қавли шоири тавонои тоҷик устод Бозор Собир:

Оҷ гум карду забонро гум накард,

Тоҷ гум карду забонро гум накард,

Тахт гум карду забонро гум накард,

Рахт гум карду забонро гум накард,

Бахт гум карду забонро гум накард.

Рӯзи бузургдошти забони давлатӣ ҳар сол бо шукӯҳ таҷлил мешавад, дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ, маҳфилҳо, озмунҳои шеърхонӣ, мулоқотҳо ва конфронсҳои илмӣ баргузор гардида, нақши забони давлатӣ дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ боз ҳам таъкид карда мешавад.

Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки забонро бояд аз ҳар гуна олудагӣ ҳифз намоем:

«Мо бояд забони тоҷикиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дуруст, пок ва бомаънӣ истифода кунем, онро бо эҳтиром ба наслҳои оянда мерос гузорем.»

Забон сарвати гаронбаҳо ва нишони ҳастии миллати тоҷик аст. Рӯзи бузургдошти забони давлатӣ ба мо хотиррасон мекунад, ки масъулияти асосии ҳар як шахс ҳифз ва такомули ин ганҷинаи маънавӣ мебошад. Забони тоҷикӣ чун пояи давлатдорӣ ва рамзи ваҳдати миллӣ барои таҳкими истиқлолият ва шукуфоии Тоҷикистони азиз хизмат мекунад.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистрати курси 2 - юми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Яке аз умдатарин омилҳои рушди босуботи мамлакат ваҳдату якпорчагии мардум мебошад. Ғояи миллии ваҳдат торафт ба умқи дарку фаҳми ҷомеа таъсир мерасонад. Дар тарғибу ташвиқи ғояи ваҳдат нақши забони миллӣ хеле бузург аст. Забони ягонаи миллии пурқудрат омили муҳими ваҳдати миллӣ мебошад, зеро забони ягонаи адабӣ намояндагони тамоми забонҳо, гӯишҳо ва лаҳҷаҳои Тоҷикистонро муттаҳид месозад. Забони тоҷикӣ тадриҷан ба забони муоширати байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст.

Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон, расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, қудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи истиқлол ба таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, инчунин боло рафтани сатҳи худогоҳии маърифатӣ, маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.

Илова бар ин, забон падидаи фарҳанги миллӣ мебошад, ки маҳз тавассути он миллат ҳувияти хешро таҳким бахшида, муаррифӣ месозад ва онро ҳифз менамояд. Ба ибораи дигар, забон ҳастии миллат аст. Забон ҳамчун падидаи фарҳанги миллӣ на танҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб меравад, балки вижагиҳои равонию маънавӣ ва маърифатии халқро низ инъикос менамояд. Дар забони ҳар як миллат равоншинохтии ҳамон миллат таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, забон бузургтарин ёдгории маънавию фарҳангии миллат мебошад. Маҳз тавассути забон дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон ба замони дигар, аз як давра ба давраи дигар ва аз як қарн ба қарни дигар интиқол ёфта, дастраси башарият мегарданд.

Забони миллӣ омили муҳими фарҳанг ва рушди он аст. Фарҳанги миллӣ аз бузургию шаҳомати миллат гувоҳӣ медиҳад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ яке аз муҳимтарин васоити ҳифзи ҳувият ва муаррифии миллат дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯза ба шумор меравад. Забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ду ҷузъи як падидаи ҳувиятсозӣ ва давлатсозӣ мебошанд. Ҳифзу таҳкими онҳо бар мабнои рақобатпазирӣ бо фарҳангу забонҳои дигар вазифаи умдаи давлат аст. Ҳифз ва таҳкими забон, ҳамчунин фарҳанги миллӣ, ба устувории пояҳои истиқлолияти давлатӣ мусоидат мекунанд.

Забони давлатӣ омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ низ мебошад. Ҳамчунин, он василаи муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Эътироф гардидани забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба муттаҳидшавии тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон мусоидат намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» барои расидан ба ин ҳадаф саҳми бузург гузошт. Забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ, забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад.

Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, инчунин дар устувории умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Забон дар баробари рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол омили муҳими ваҳдати миллӣ низ маҳсуб меёбад. Ҳар як давлат вазифадор аст, ки на танҳо рукнҳои соҳибистиқлолии худро мустаҳкам нигоҳ дорад, балки ҷиҳати рушди онҳо ғамхорӣ намояд, густариши онҳоро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин кунад. Забони миллӣ забони идеологияи давлатӣ мебошад ва дар татбиқи он саҳми назаррас мегузорад.

Ғояи миллии ҳар як давлат тавассути назм, адабиёт, санъат ва ҳунар ифода ёфта, дар дилу ниҳоди ҳар як фард ҷой мегирад. Соҳиби истиқлолияти комили сиёсӣ гардидани Тоҷикистон дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик давраи нави тақдирсоз буд, ки барои рушди фарҳангу забони миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, бо роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сӯи пешрафт ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад.

Барои рушди устувори иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум имкониятҳо фароҳам шудаанд. Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муайян гардида, дар ин замина корҳои бузург дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ анҷом дода шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки фарҳанги миллии тоҷик кайҳо аз доираи маҳдуди маҳаллӣ берун рафта, дар намоишгоҳу ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидааст. Забони тоҷикӣ низ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад, аз нав мақому нуфузи байналмилалӣ пайдо кард. Фарҳангу забони миллӣ заминаҳои маънавии бунёди давлатро фароҳам меоранд ва давлати миллиро дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Тоҷикон кайҳо боз чун мардуми фарҳангиву тамаддунсоз шинохта шудаанд.

Нуктаи муҳим дар асари Пешвои миллат «Забон — ҳастии миллат» моро ҳушдор медиҳад, ки ба арзишҳои таърихии офаридаҳои моддиву маънавии халқи худ дар асри имрӯза арҷ гузорем:

«Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи мардумони фарҳангсозу тамаддунсози дунёи қадим маҳсуб мешавад. Офаридаҳои моддиву маънавӣ дар як минтақаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танҳо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домани худ парваридааст. Бинобар ин, агар аз захираҳои моддиву иҷтимоиву сиёсии садаҳои охир барои мо дороии бузурге боқӣ намонда бошад ҳам, аз ҷиҳати мероси фарҳангӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии умумибашарӣ мо соҳиби сарвати нодиру камназире ҳастем, ки дар тору пуди миллат ҷой гирифтааст».

Имрӯз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва воситаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавии давлатсозӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, ҳамчунин тақвияти нуфузи байналмилалии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо назаррас ва басо ҳадафманд мебошад.

Назрӣ Офаридаев доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини ҷаҳон мебошад, ки ҳазорсолаҳо таҷрибаи таърихӣ, фарҳангӣ ва илмиро дар худ ҷамъ овардааст. Ин забон на танҳо василаи муошират, балки рукни асосии ҳувият ва ҳастии миллии тоҷикон ба шумор меравад. Таҳқиқи таърих ва равандҳои ташаккули он барои фаҳмиши рушди фарҳанг ва забоншиносии тоҷикӣ аҳамияти бузург дорад.

Забони тоҷикӣ ба хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, бахусус ба гурӯҳи забонҳои эронии ҷанубу ғарбӣ мансуб аст. Аҷдодаш забони протоэронии ориёӣ мебошад, ки тақрибан дар асрҳои VI–III пеш аз милод ҳамчун забони умумии эронитаборон истифода мешуд. Ҳуҷҷатҳо ва катибаҳои таърихӣ, аз қабили катибаи Бесутун (асри VI пеш аз милод), нишон медиҳанд, ки забони форсии бостонӣ забони расмии империяи Ҳахоманишиён буд.

Дар давраи Сосониён (асрҳои III–VII милодӣ) забони форсии миёна, ки баъдтар «паҳлавӣ» ном гирифт, забони давлатӣ ва динии Эрони Сосонӣ буд. Он сохтори синтетикӣ дошт, вале тадриҷан ба шакли аналитикӣ мегузашт.

Пас аз истилои арабҳо дар асри VII, забони форсии миёна зери таъсири арабӣ қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, он аз байн нарафт ва бо унсурҳои луғавӣ ва истилоҳии арабӣ ғанӣ шуд. Ин марҳала заминаи ташаккули форсии дарӣ — решаи мустақими забони тоҷикӣ — гардид.

Аз асрҳои VIII–IX забони форсии дарӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташаккул ёфт. Сулолаҳои маҳаллӣ, аз қабили Тоҳириён (821–873) ва Саффориён (873–903), то андозае истифодаи форсӣ ва арабиро дар муҳити маъмурӣ ва адабӣ эҳё карданд, аммо эҳёи воқеии забони форсӣ дар замони Сомониён (874–999) ба амал омад.

Сомониён забони форсии дариро забони расмии давлатӣ эълон карданд ва рушди адабиётро дар ҳамин забон ташвиқ намуданд. Дар ин давра лаҳҷаҳои Балх, Марв, Ҳирот ва Самарқанд ба шакли адабии форсӣ таъсири калон доштанд. Шоирону донишмандони бузург, мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, бо осори худ забони тоҷикиро ба сатҳи ҷаҳонӣ расонданд. Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» намунаи муҳими насри илмии форсӣ мебошад.

Баъд аз суқути давлати Сомониён забони тоҷикӣ ба зери таъсири забонҳои туркӣ ва муғулӣ афтод, вале мақоми он ҳамчун забони адабӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошта шуд. Дар асрҳои XIV–XVII, махсусан дар замони салтанатҳои Темуриён ва Ҳирот, форсии дарӣ забони расмии дарбор ва илму адаб буд.

Ҳатто дар давраҳои номуайянӣ забони тоҷикӣ ҳамчун «сипари фарҳангӣ» миллатро аз нобудӣ эмин нигоҳ дошт. Он дар ин давраҳо бо адабиёти бой ва фарҳанги ғанӣ зинда монд.

Дар давраи Шӯравӣ (1920–1991) забони тоҷикӣ марҳилаҳои тозаи рушдро аз сар гузаронд. Аз ҷумла гузариш аз алифбои арабӣ ба алифбои лотинӣ (1928) ва сипас ба кириллӣ (1940), инчунин ворид шудани истилоҳоти русӣ ва аврупоӣ ба забон.
Садриддин Айнӣ нақши калидӣ дар ташаккули забони адабии муосири тоҷикӣ гузошт. Ӯ шеваҳои мардумии водии Зарафшонро асоси забони адабӣ қарор дод ва ба устувор кардани меъёрҳои имло ва услуб мусоидат намуд.

Соли 1989 бо қабули Қонуни забон, забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ гирифт. Қонунҳои баъдӣ, аз ҷумла Қонуни забон (2009), рушди минбаъдаи забонро таъмин намуданд.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони расмии давлатӣ буда, ҳамчунин дар қисматҳое аз Афғонистон ва Ӯзбекистон истифода мешавад. Он бо забонҳои форсӣ ва дарӣ решаи муштарак дорад ва дар муҳитҳои илмӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ мақоми худро нигоҳ доштааст.

Таҷлили санаҳои бузурги таърихӣ, мисли 1100-солагии давлати Сомониён ва 1000-солагии эҷоди «Шоҳнома»и Фирдавсӣ, ба болоравии нуфузи забони тоҷикӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ мусоидат карданд.

Забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтор, балки таърихи зиндаи миллат мебошад. Он аз давраҳои пеш аз таърихӣ то имрӯз таҳаввул ёфта, ҳамаи марҳилаҳои таърихиро паси сар кардааст. Забони тоҷикӣ мероси маънавии миллӣ буда, ҳифзу рушди он масъулияти ҳар як фарди ҷомеа ва давлати тоҷикон аст.

Ишратов Шерзод - мудири шуъбаи маъмурӣ ва хоҷагидории Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Азизов Олимҷон - н.и.т., мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

123123ДУШАНБЕ, 04.10.22025. /АМИТ «Ховар»/. Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

— Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 5 октябр ҳамасола дар мамлакати мо ва берун аз он Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он дарак медиҳад. Зеро, тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад». Маҳз чунин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат аст, ки мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо хеле боло рафт ва худи забон сол аз сол рушд карда, ҳамқадами замон гардид.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал менамояд, зеро имрӯз бо ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд: «Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан бояд ҳар зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад».

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъю талош намуда, дар мамлакат барои рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.

Дар баробари ин якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ амалӣ карда шудаанд. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардида, ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамоем.

Тавре ки Пешвои миллат иброз медоранд, «барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.

Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, ки дар рушду густариши забони давлатиамон- чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдоми марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми ҷомеа амалӣ намоем. Зеро, «забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».

Бояд иброз намуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолияти босамар ва пажӯҳишҳои назаррас анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории илмии судманд ба роҳ мондаанд. Натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», лоиҳаи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

Бигузор забони давлатии мо бо миллати шарафмандаш ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи башар мондагор гардида, бо ширинию шевоӣ ва гувороӣ дар дили аҳли башар ошёни меҳру садоқат ва муҳаббату самимияти инсониро бо андарзҳои пандомезаш бунёд намояд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»: https://khovar.tj/.../zaboni-to-ik-shinosnomai-millat-ru.../

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (980–1037), ки дар Ғарб бо номи Авитсенна маъруф аст, яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ ва ҷаҳон мебошад. Вай дар соҳаҳои мухталифи илм, аз қабили тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, астрономия ва адабиёт саҳми беназир гузоштааст. Гарчанде ки Абӯалӣ ибни Сино бештар ҳамчун табиб ва файласуф машҳур аст, фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ (ҳуқуқшинос) ва асосгузори меъёрҳои ҳуқуқи тиббӣ низ дар таърих сабт шудааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар давраи Сомониён (асри X–XI) дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Падараш Абдуллоҳ, олими исмоилӣ ва мансабдори дарбори Сомониён, барои таълиму тарбияи фарзандаш шароити мусоид фароҳам оварда буд. Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони барҷастаи замон, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Нотилӣ ва Исмоили Зоҳид, илмҳои мантиқ, фалсафа ва фиқҳро омӯхт. Дар синни 14-солагӣ ӯ аз муаллимони худ пеш гузашт ва дар 17-солагӣ чун олими баркамол шуҳрат ёфт.

Давраи зиндагии Абӯалӣ ибни Сино бо нооромиҳои сиёсӣ ва фурӯпошии давлати Сомониён ҳамроҳ буд. Вай дар дарборҳои гуногуни ҳокимони Хуросон, Хоразм ва Эрон ба ҳайси табиб, вазир ва мушовир хизмат кардааст. Ин фаъолиятҳо ба ӯ имкон доданд, ки бо низоми ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ ва масъалаҳои ахлоқи касбӣ, аз ҷумла дар соҳаи тиб, аз наздик ошно шавад.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино бештар бо асарҳои тиббӣ ва фалсафии худ, ба монанди «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб» маъруф аст, вай дар соҳаи ҳуқуқ низ фаъолият доштааст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст, ки ӯ гоҳе ба сифати фақеҳ (ҳуқуқшиноси исломӣ) дар дарборҳои ҳокимон кор мекард. Нақши фақеҳ дар он замон аз донистани қонунҳои шариат, мантиқ ва ахлоқ вобаста буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамаи ин соҳаҳо маҳорати баланд дошт.

Абӯалӣ ибни Сино дар синни ҷавонӣ аз устодони худ асосҳои фиқҳро омӯхта, дар баҳсҳои ҳуқуқии дарбор ширкат меварзид. Фиқҳ дар он давра на танҳо ба масъалаҳои динӣ, балки ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ дахл дошт. Дар асарҳояш, аз ҷумла «Донишнома» ва «Китобу-ш-Шифо», ӯ ба масъалаҳои мантиқ ва ахлоқ, ки асоси ҳуқуқи исломиро ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Охирин баёнгари он аст, ки Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои адолат, ахлоқи ҳуқуқӣ ва низоми иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ додааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар чандин дарбор, аз ҷумла дарбори Оли Кокӯя дар Ҳамадон, ба ҳайси вазир кор кардааст. Вазифаи вазир дар он замон на танҳо идоракунии корҳои маъмурӣ, балки таҳияи сиёсатҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои муҳимро низ дар бар мегирифт. Фаъолияти ӯ дар ин мақом нишон медиҳад, ки вай дар масъалаҳои идораи давлатӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ таҷрибаи амалӣ доштааст.

Яке аз саҳмҳои муҳими Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи мантиқ аст, ки бевосита ба илми ҳуқуқ таъсир расонидааст. Вай асосгузори мантиқи синоӣ буда, дар асарҳояш ба таҳлили масъалаҳои мантиқии марбут ба далел ва исбот диққат додааст. Ин усулҳо дар фиқҳ барои тафсири қонунҳои шариат ва қабули қарорҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд. Масалан, дар «Китобу-ш-Шифо» ӯ ба таври муфассал ба масъалаҳои мантиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ пардохтааст, ки барои фақеҳони замон аҳамияти калон дошт.

Яке аз саҳмҳои барҷастаи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи ҳуқуқ ин таҳияи меъёрҳои ахлоқии касби табибон дар асараш «Китобу-л-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) мебошад. Ин китоб на танҳо як манбаи мукаммали тиббӣ, балки асоси ташаккули ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ ба ҳисоб меравад. Дар ин асар Абӯалӣ ибни Сино ба масъалаҳои зерин диққат додааст, ки барои ҳуқуқи тиббӣ аҳамияти бузург доранд:

1. Ахлоқи касбии табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-Қонун» меъёрҳои ахлоқии табибро муайян кардааст, ки то имрӯз асоси кодексҳои ахлоқии тиббӣ ба ҳисоб мераванд. Вай таъкид мекунад, ки табиб бояд боэътимод, бовиҷдон ва масъулиятнок бошад. Ин меъёрҳо ба ташаккули қонунҳои марбут ба масъулияти табибон ва ҳуқуқи беморон мусоидат кардаанд.

2. Ҳуқуқи бемор. Дар «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ба ҳуқуқи беморон, аз қабили эҳтиром ба шахсияти онҳо, махфияти иттилоот ва дастрасӣ ба табобати одилона, таваҷҷуҳ кардааст. Ин принсипҳо асоси ҳуқуқи муосири тиббиро ташкил медиҳанд ва дар таҳияи қонунҳои байналмилалии соҳаи тандурустӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

3. Масъулияти табиб. Абӯалӣ ибни Сино дар асараш ба масъулияти табибон дар баробари беморон ва ҷомеа таъкид карда, меъёрҳои ахлоқиро барои пешгирӣ аз хатоҳои тиббӣ ва риояи адолат муқаррар намудааст. Ин меъёрҳо дар ташаккули низоми қонунгузории тандурустӣ дар асрҳои баъдӣ нақши муҳим бозидаанд.

«Ал-Қонун» дар тӯли қариб 800 сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун манбаи асосии таълими тиб истифода шуда, ба ташаккули низоми ҳуқуқии соҳаи тиб дар ҷаҳон таъсири бузург расонидааст. Ин асар Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.

Гарчанде Абӯалӣ ибни Сино мустақиман дар таҳияи қонунҳои муосир иштирок накардааст, таъсири ӯ ба илми ҳуқуқ аз тариқи мантиқ, ахлоқ ва фалсафа эҳсос мешавад. Усулҳои мантиқии ӯ дар таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тафсири қонунҳо то имрӯз аҳамият доранд. Инчунин, меъёрҳои ахлоқии табибон, ки дар «Ал-Қонун» оварда шудаанд, дар ташаккули кодексҳои муосири тандурустӣ ва Принсипҳои ахлоқии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, нақши муҳим бозидаанд.

Абӯалӣ Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиб ва файласуфи бузург, балки олими ҳуқуқшинос ва асосгузори ҳуқуқи тиббии ҷаҳонӣ низ буд. Вай дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, идораи давлатӣ ва таҳияи меъёрҳои ахлоқии касбӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ ҳамчун фақеҳ ва вазир, инчунин таълимоти мантиқии ӯ, ба рушди илми ҳуқуқ дар асрҳои миёна мусоидат кардааст. Асарҳои ӯ, ба хусус «Китобу-ш-Шифо» ва «Ал-Қонун фи-т-тиб», на танҳо ба илми тиб, балки ба фалсафаи ҳуқуқ ва ахлоқи касбӣ низ таъсири амиқ расонида, асоси ҳуқуқи тиббии ҷаҳониро гузоштаанд. Абӯалӣ ибни Сино бо мероси ғании худ то имрӯз ҳамчун мутафаккири абадзинда дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

\Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

3123Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 5-уми октябр ҳамасола дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он гувоҳӣ медиҳад. Зеро, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад”. Маҳз, чунин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат аст, ки мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо хеле боло рафт ва худи забон сол аз сол рушд карда, ҳамқадами замон гардидааст.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст, зеро имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.

Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст, рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.”

Мусаллам аст, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъйу талош намуда, дар кишвар ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

Дар баробари ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардидаву ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.

Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.

Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, то дар рушду густариши забони давлатиамон чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ сохтаву ба роҳ монем. Зеро, «Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».

Бояд зикр намуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, лоиҳаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Дар фарҷоми сухани худ тамоми ҳамватанонамонро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, орзуи онро дорем, ки ин забон бо миллати шарафмандаш ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи башар мондагор гардида, бо ширинию шевоӣ ва гувороии худ дар дили аҳли башар ошёни меҳру садоқат ва муҳаббату самимияти инсониро бо андарзҳои пандомезаш бунёд менамояд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

(Ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

«Омӯзгор бояд на танҳо донандаи фанни худ, балки мураббии ҳақиқии инсон бошад. Зеро тарбияи насли наврас - ин тарбияи ояндаи миллат аст.» Эмомалӣ Раҳмон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии сарвари маорифпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, дар мулоқоту паёмҳои Президент шахсият ва ҷойгоҳи муаллимон пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад ва ҳифзи шахсияту мақоми онҳо бештар таъкид гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар суханони самимонаи Президенти кишвар ҳадафу мароми рисолати муқаддаси омӯзгор дар ташаккули шахсияти насли наврас ва бунёди ҷомеаи солиму созанда равшан баён гардида, ӯро бо меҳнати фидокорона, сабру таҳаммул ва масъулияти бузург дар таълиму тарбияи шогирдон ба худшиносӣ, роҳи дурусти зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва инсонӣ муҳим меҳисобад.

Омӯзгорон на танҳо таълим медиҳанд, балки бо ахлоқи накӯву шахсияти волои худ шогирдонро ба хирад, одоби ҳамида, эҳтиром ба калонсолон, ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ҳидоят мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳои худ борҳо рисолати омӯзгоронро таъкид намуда, дар паёмҳои худ ба муносибати Рӯзи омӯзгор чунин ишора кардаанд: «Мо бояд ба омӯзгорон эҳтироми хоса гузорем, зеро онҳо тарбиятгари насли фардои миллатанд».

Шахсият ва мақоми омӯзгор дар ташаккули забон ва адабу фарҳанг низ ҳамеша нақши бузург дошта, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ меноманд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад "Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, шавад тира аз бехирад рӯзгор" пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши омӯзгор мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Бо мақсади қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр, “Рӯзи омӯзгор” дар сатҳи баланд қайд мегардад. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олӣ ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар самти ба камол расонидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд. Ба назари бештари равшанфикрон барои соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани насли наврас дар қатори волидайн омӯзгорон низ вазифадор буда, ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро мекунанд.

Зимнан, Пешвои миллат иброз медоранд, ки “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, омӯзгорро зарур меояд, то пайваста дониши худро такмил диҳад, бо усулҳои муосир таълими тарбия шинос шуда, шогирдонро ба илму маърифат, эҳсону эҳтиром ҳидоят намояд. Ӯ бояд мураббии равонӣ низ бошад, ки ба шогирдон дар шинохти худ, дарки масъулият ва рушди маҳорат кӯмак расонад.

Бешак, омӯзгорон роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ буда, роҳнамои роҳи ростӣ, роҳи корбарӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, мубаллиғи илму дониш ва камолот насли инсонҳо буда, ҳар яке аз мову шумо аз илму дониш тавассути онҳо баҳравар шуда, баҳри ҳаёти хуб ва эҷоди ҷомеаи созгору маърифатнок саъю талош намудаем. Беҳуда нест, ки шоир гуфтааст:

Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор,

Мурғи иқболам баландпарвоз кард омӯзгор.

Хулосаи калом, дар таълиму тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст, забондону фарҳангпарвар омӯзгор нақши муҳим дошта, манбаи ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва рушду нумуи фикрӣ ва хазинаи маънавию илмӣ ба шумор меравад. Зеро тавассути роҳнамоиҳои дақиқу дурусти ин шахсият башар метавонад ҷаҳонро бо дониш бештар кашф кунад.

Бо сабабҳои болозикр, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврасону ҷавонони нав фаъолияти Академияи хурди илмҳоро роҳандозӣ кардааст, ки барои андешидани тадбирҳо дар самти интихоби касбу ҳунари мактаббачагон ва ҷалби онҳо ба эҷодиёти муташаккилонаи илмию техникӣ, инкишофи маърифат, малакаҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ таҳти роҳбарии олимон, устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мутахассисони иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст. Ин боргоҳи илму ҳунар бо устодону муаллимон, омӯзгорони соҳибмактаб дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм гузошта, ҳамасола сессияҳо, озмуну маҳфилҳои илмӣ барояшон ташкил менамояд. Аз миёни аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон нафарони зиёде ба илму дониш дил баста, ҳоло ҳамчун олимони варзида ва мутахассисони боистеъдод дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Бешубҳа, бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат ва арҷгузорӣ ба рисолати омӯзгор, мову шумо метавонем якҷо насли наврасро хуб таълим дода, онҳоро донишманд, ватандӯсту созанда бисозем, ки баҳри ҳифзу оромиву ободии Ватан бештару беҳтар хидмат намоянд.

Тамоми устодону омӯзгорону муаллимонро бо рӯзи гиромидошти илму маърифат ва хираду ақлу андеша, яъне “Рӯзи омӯзгор” ва таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” табрику таҳният намуда, ба ҳама саодати зиндагӣ, сарбаландӣ ва хушии рӯзгорро таманно дорем ва аз забони шоир таъкид месозем:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Шарифзода Сурайё - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ

Дар асоси меъёрҳои забони адабӣ, ки дар забоншиносии муосир муайян шудааст, шакли талаффузи овозҳои ба забони адабӣ воридшуда бояд ҳадди аксар барои тамоми соҳибони забон (ки бо лаҳҷаҳои гуногун суҳбат мекунанд) ва ҳадди ақал барои аксарияти соҳибзабонон умумӣ бошад. Яъне ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ меъёрҳои таърихие ба назар гирифта мешавад, ки дар тамоми ё қисмати бештари лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ таърихан ташаккул ёфта, хусусияти умумӣ ё фаролаҳҷавиро гирифта бошанд. Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мефармояд, ки «Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёр ва таърихи он таъмин кардан мумкин аст»[1]. Аз ин нуқтаи назар таҳаввули таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ бисёр омӯзанда аст.

Садонокҳои забони тоҷикӣ дар давраҳои тулонии таърихи забони мо тағйиру таҳаввули зиёде дида, суфта гардида то ба имрӯз расидаанд. Азбаски ҳамсадоҳои забон бештар собиту устувор буда, ба тағйироти шакливу овоӣ камтар рӯ ба рӯ мешаванд, мо садонокҳои забон ва таҳаввули онҳоро аз лиҳози таърихӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Яке аз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Забони форсии бостон, ки падарбузурги овозҳои забони тоҷикӣ ҳисоб мешавад, дар таркиби худ се ҷуфти садонокҳои одӣ (а, о, и, э, у, ӯ) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад.[2] Инкишофи минбаъдаи садонокҳо дар забони форсии миёна ва портӣ нишон медиҳанд, ки ду садонокҳои мураккаб ai ва au мутаносибан ба садонокҳои дарози ē ва ō табдил ёфтаанд, дар забони форсии миёна дар давраи оғозини инкишофи забони класикии форсӣ-тоҷикӣ шумораи садонокҳо ба шаш садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, о, ) мерасад.

Садонокҳои забони тоҷикӣ шаш садоноки ҷуфт иборат аст (а-о, у-ӯ, и-э). ин аломатҳо ва тақсимбандӣ дар грамматикаи илмии забони тоҷикӣ омадааст. Инчунин садонокҳои ҷуфт аз тарафи Абуалӣ ибни Сино ҳануз дар асри X дар «Махориҷ-у-ул-ҳуруф» зикр гардидааст. Ӯ дар ин бора чунин фармудааст: «Оид ба савтиёт (фонетика)

«Алиф»-и масавват ва хоҳари ӯ «забар», ба гумони ман, махраҷи ин ду раҳо кардани ҳавост ба равонӣ ва бемузоҳамат.

«Вов»-и мусавват ва хоҳараш «пеш», ба гумони ман, аз раҳо кардани махраҷ ва андак майле ба боло падид меояд.

«Ё»-и мусавват ва хоҳараш «зер», аз раҳо кардани ҳаво ва бо андак танг кардани махраҷ ва каме майл ба пойин ҳадис мешавад.

Амри ин се ҳарф бар ман душвор аст, аммо ин қадар ба яқин медонам, ки «алиф»-и мамдуди мусавват дар замоне бештар ё ду баробари замони забар воқеъ мешавад ва забар дар кучактарин замоне, ки дар он интиқол аз ҳарфе ба ҳарфи дигар мумкин бошад. Ва низ чунин аст нисбати «вов»-и мусавват ба «пеш» ва «ё»-и мусавват ба «зер». (Сино. Махориҷ-у-ул-ҳуруф). С.-237

Аз рӯйи гуфтаҳои алломаи бузург, сухан дар бораи ҷуфти садонокҳои имрӯзи а, о, и (устувор ва ноустувор) ва ӯ-и (устувору ноустувор) меравад. Дар бораи садонокҳои ӯ (у-и устувори дароз) ва э (и-и устувори дароз) умуман сухан намеравад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки сари таърихи овошиносии забон андеша намоем ва имлои садонокҳои забони тоҷикиро бо меъёрҳои таърихии имлои онҳо мувофиқ созем. Албатта, ин навиштаҳои мо як тарзи пешниҳодӣ аст ва ҳар як овози садоноки забонро ба тавр ҷудогона муфассал мавриди баррасии илмӣ қарор бояд дод.

Бояд гуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони Шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳ ҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд. Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кутоҳи ū – u ва i – ī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū, u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд.[3]

Абдуррауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои - С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба се ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:

Кутоҳ

у, и, а

Дароз

ӯ, ӣ, о

Ду босадои тоқа: «е, у»[4]

Вале баъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i - ī ва u - ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд.[5]

Ин анҷуман ки моҳи августи соли 1930 баргузор гардид, аз рӯйи чор масъала, забони адабии тоҷик, алифбо (алифбои лотинӣ дар назар аст), имло ва масъалаи алифбои шуғнонӣ қарорҳои махсус қабул кард, ки ду қарори Анҷуман «Қарор дар масъалаи алифбо» ва «Қарор дар бораи имлои нави тоҷикӣ» ба имлобандӣ бевосита иртибот дошта, тарзи навишти калимаҳоро ба алифбои лотинӣ муайян менамояд. Аз ҷумла, дар «Қарор дар масъалаи алифбо» оид ба муайян кардани ҳарфҳо барои овозҳои ӯ, у, у чунин омадааст: «Анҷуман тамоми масъалаҳои мубоҳисадори алифбои нави тоҷикро ҳаматарафа музокира карда, ба ин қарор меояд, ки дар қисми муҳимми шеваҳои тоҷикӣ овози (у) вов-и маҷҳул мавҷуд нест ва ин вов бо (ӯ) вови маъруф мувофиқ мебошад, барои ҳамин дар аснои таълим хондан ва навиштан душвориҳо ба миён меояд. Барои аз миён бардоштани ин душвориҳо минбаъд овозҳои (ӯ) ва (у) бо як шакл (ӯ) нишон дода шавад ва ин шаклро бо хосиятҳои шеваҳо мувофиқ карда кор фармудан мумкин хоҳад шуд. Ин ҳол дар шеваҳое, ки ин се овоз (яъне ӯ, у, у) фарқ доранд, дуруст хондан ва навиштанро осонтар карда, дар шеваҳое, ки фақат дутоии ин овозҳо ҳаст, душвории мавҷударо аз миён мебардоранд».[6]

Як нуктаи муҳими дигар бар асоси меъёрҳои таърихии забони адабӣ таҳия гардидани имло мебошад. Дар қарори мазкур дар ин бора чунин омадааст:

«Анҷуман қайд мекунад, ки дар муайян кардани қоидаҳои имлоӣ танҳо як лаҳҷаро асос гирифтан аз хусусиятҳои лаҳҷа (ё ки шева)-ҳои дигар чашм пӯшидан мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин ҳамаи лаҳҷаҳоро дар назар дошта истода қоидаҳои имлогии сарфии муштаракро муайян кардан лозим аст.

Қайд: азбаски забони адабии тоҷик то як дараҷа ҳамаи хусусиятҳои лаҳҷаҳоро ба худ акс кунонидааст, бинобар ин дар тартиби қоидаҳои имлогӣ дар ваҳлаи аввал ба забони адабии мавҷуда муроҷиат кардан зарур аст».[7]

Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки таҳиягарони имлои забони тоҷикӣ дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ тарафдори таҳияи имло дар асоси меъёрҳои таърихии грамматикӣ буда, аз «принсипи савтӣ»-и таҳияи имло сарфи назар менамоянд: Таваҷҷуҳ кунед ба иқтибоси дигар аз ҳамин қарор: «Азбаски забони тоҷик ду лаҳҷаи асосӣ ва як қатор шеваҳои дарунӣ дорад, бинобар ин имлои тоҷикиро дар асоси соф савтӣ ниҳодан мумкин нест. Бинобар ин имлои нави тоҷик дар принципи шаклӣ ниҳода мешавад»[8].

Дар солҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боз фарқ кардани i – ī ва ū – u масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳои i - ī ва ū – u аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикӣ меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: - ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пешин ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:ri kosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад.»[9] Л. Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:š, šu:š, пu:r, du:d-ро меорад.[10] Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем, ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кутоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд.

Вале баъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст.

Тарзи талаффузи овози ӯ дар вожаҳои «ду», «ту», «куҳ», «нуҳ» боз ҳам кутоҳшавии ин овозро тасдиқ мекунад. Ақидаи забоншиносон оид ба аз дарозиву устуворӣ ба кутоҳиву ноустуворӣ тағйир ёфтани овозҳои садоноки забони мо имрӯз илман тасдиқ шудааст. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h)ҳ дар калимаҳои куҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ қаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои уҳда, муҳтоҷ, мумин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус Расторгуева В.С. қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кутоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, ленинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад.»[11] Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. Ӯ таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони ӯзбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Раштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии узбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).

Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy ва ғ.»[12] (яъне у-и устувори калимаҳои дур, пур, гур ва ғ.)

Ҳамин тариқ дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тағйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмуъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд.[13]

Дар забони тоҷикӣ имрӯз баҳс бештар сари истифодаи ӯ-(у-и дароз) ва у (у-и кутоҳ) сурат мегирад. Ҳол он ки тавре дар намунаҳои боло аз ибтидои солҳои сиюм то ибтидои солҳои чилуми садаи ХХ дидем, масъалаи истифодаи и (и-и кутоҳ) ва ӣ (и-и дароз) низ мавриди мубоҳисахои тӯлонӣ карор гирифтааст. Истифодаи овози ӯ-и дароз пеш аз аломати сакта (ъ) ва овози ҳ, ки имрӯз мавриди баррасиҳои дурудароз карор гирифтааст, дар асоси маводи илмӣ ва суннати таърихии имлобандӣ пояи илмӣ надорад. Он ба таври сохта дар асоси пешниходхои сохтани забони нави адабӣ дар охири солҳои сиюм ва ибтидои солҳои чилуми садаи ХХ, ки намунааш фармони № 1 Комиссариати Халқии маорифи РСС Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ (Тоҷикистони Сурх, 25 январи соли 1939) мебошад, ба имлои соли 1941 (Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ // Газетаи муаллимон, 20 феврали соли 1941) дар шакли зерин дароварда шудааст: «Агар ҳарфи ҳ ва ё аломати сакта бо у-и пеш аз худ омадагӣ як ҳиҷои бастаро ташкил кунад, дар он вақт у не, балки ӯ навишта мешавад: сӯҳбат, мӯҳтарам, уҳда, шуъба, мӯътадил, мамнӯъ, муътабар ва м. ин».

Ин қоидаи сохта дар ду қоидаҳои имлои даврони Шӯравӣ (1955, 1972) бетағйир омад. Баъд аз ба Истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ки ба ҳайати он донишмандони мумтозе чун А. Мирзоев, Ш. Рустамов, М. Шакурӣ ва дигарон шомил буданд, ба таҳияи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шурӯъ намуданд. Ин лоиҳа, ки соли 1993 омода шуда буд, то имрӯз мукаммалтарин лоиҳаи имлои забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин лоиҳа, ки минбаъд асоси «Имлои забони тоҷикӣ» (1998) гардид, миқдори ҳарфҳои тоҷикӣ 31 ҳарф муқаррар гардида, йотбарсарҳо (е, ю, я, ё.) низ аз алифбо бароварда шуда, инчунин қоидаи сохта оид ба пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ омадани ӯ-и дароз низ ҳазф шуда буд. Дар он чунин омадааст: «г)дар ҳиxои охири калимаҳои зерин пеш аз ҳарфи ъ мувофиқи суннат ӯ навишта мешавад: мавзӯъ, мазрӯъ, мамнӯъ, марсӯъ, маснӯъ, руҷӯъ ва ғайра.

Аммо дар ҳиxои бастаи пеш аз ҳамсадои айни калимаҳои зерин мувофиқи суннат у-навишта мешавад: уъҷуба, буъд, луъбат, муъзам, муъмин, муътабар, руъб / тарс /, руъйо, суъбон / аждаҳо /, суълук / фаrир/, туъма, шуъба, шуъла ва монанди инҳо». Ин бахш дар қоидаҳои имлои соли 1998 дида намешавад. Вале ин масъала нодида гирифта шуд ва аз тарафи баъзе расонаҳои гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида то имрӯз ҳам риоя намегардад. Фақат баъд аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (4 октябри соли 2011, Қарори ҲҶТ №458) бо ташаббуси Раиси собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ ин масъала ба танзим дароварда шуд.

Баъдан бо қарори ҲҶТ аз 30 июни соли 2021. №268 ба қоидаи имло тағйирот ворид гардида он ҳамчун «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» қабул гардид. Дар ин санад бе ворид кардани аломатҳои нави ҳарфи талаффуз ва аломатҳои ҳарфии «у-и устувор», «у-и ноустувор» ва «у-и устувори дароз» ва инчунин «и-и устувор» ва «и-и ноустувор» ва «и-и устувори дароз» мушаххас гардидааст. Ин қоидаҳои дар имлои нав чунинанд:

3. Ҳарфҳои у ва у дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи у дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози у-и ноустувор: булбул, буз, бузург, шутур, сурх, умед, усто, устувор, устухон, хушк ва ғайра;

- дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна//куҳан, гуҳар, муҳр, муҳра ва ғайра;

- дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваккуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра;

- барои ифодаи овози у-и устувор: бумӣ, дуд, дур, хуб, зуд, гуна, зону, андуҳ ва ғайра;

2) ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози ӯ-и устувори дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра;

- дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯг, дурӯг, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра;

- дар калимаҳое, ки таърихан дар решаашон ҳамсадои й доранд:рӯй, сӯй, ҷӯй, шӯй, бӯй, мӯй ва ғайра.

4. Ҳарфҳои и ва ӣ дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- барои ифодаи овози и-и ноустувор: дил, китоб, шитоб, нигоҳ, нигор ва ғайра;

- барои ифодаи бандаки изофӣ: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғайра;

- дар анҷоми пешояндҳо меояд: барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғайра;

- дар охири пайвандакҳо меояд: ки, чи (чи ... чи), чунки, агарчи, азбаски, ё ин ки, ба сабаби он ки, бинобар он ки ва ғайра;

- дар охири ҷонишинҳо меояд: ҳар ки, ҳар чи ва ғайра;

- дар исмҳои хосе, ки иқтибосианд: Леонардо да Винчи, Индира Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Батуми, Миссисипи ва ғайра;

- барои ифодаи овози и-и устувор: тир, шир, пир, дид, дин, оин, низ, миз ва ғайра;

2) ҳарфи ӣ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

- дар охири калима барои ифодаи овози и-и устувори дароз: моҳӣ, шоҳӣ, шолӣ, биҳӣ, сӣ, бародарӣ, далерӣ, таксӣ, туфлӣ ва ғайра;

- дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: (ту) омадӣ, (ту) гуфтӣ, (ту) гуфтаӣ, (ту) ҳунармандӣ ва ғайра;

- дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад? чӣ шуд? ва ғайра.

Эзоҳ. Дар мавриди калимаву иборасозӣ овози ӣ бо и навишта мешавад: моҳӣ - моҳиҳо, моҳиён, моҳигир, моҳии бирён, моҳиро бо шаст гирифтан; кӣ? - киҳо?, кист?, киро?, киям?; ободӣ - ободии кишвар; сӣ - сиюм, сисола; шолӣ - шоливу гандум ва ғайра.

Ҳар як банди он бод алоҳида баррасӣ шавад. Вале дар маҷмуъ баъзе нуктаҳоро метавон хулоса кард.

Албатта «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳуҷҷати расмӣ буда, иҷрои он барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ки ба забони давлатӣ сару кор доранд, ҳатмӣ аст. Вале имло ҳам дар ҳоли тағйир аст ва дар оянда зарурати такмили он пайдо мешавад. Бинобар ин дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, Комиссияи доимамалкунандаи имлои забони тоҷикӣ фаъолият дорад ва вазифаи ин Комиссия аст, ки таҳаввулоту тағйиротро дар густариши забони адабӣ омӯзад ва онҳоро ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ дар оянда ба назар гирад.

Назарзода Сайфиддин, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ , мудири шуъбаи

фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Адабиёт

1. Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009. -С.40-41.

2. Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940, -С.39; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. -С.11-12.

3. К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.

4. Князев С.В., Пожарицкая С.К. Современный русский литературный язык: Фонетика. Орфоэпия, графика и орфография: Учебное пособие для вузов. – 2-е изд., перераб. И доп. – М.: Академический Проект; Гаудеаму, 2012. – 430 с. – (Gfudeamus). - С. 13.

5. Л. Бузургзода ва Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941, с.21; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949- С.12.

6. Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. - С. 132.

7. Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. - С. 132.

8. М.Н. Қосимова. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Қисми 1. – Душанбе, 2003.- С. 4

9. Назарзода С. Имло ва забони адабӣ. – Душанбе, «Андалеб-Р», 2015. - С.3

10. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки, М.1982. - С. 20.

11. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982. –С.42-43.

12. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.41,

13. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964. -С.38-41; Aвdul Chafar Farhadi. le persian parle en Afghanistan. Grammaire du Kaboli/ Paris. 1955;

14. Соколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954. -С. 29-36.

15. Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с. 27-29.

16. Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929; Громатович, Дмитриевский, Хашимов. Учебник таджикского языка, Ташкент, 1931; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949.-С.11.

17. 17 .Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской СССР. - Сталинабад, 1959. - С.10-11. -С.29.

18. Ҷамъбаст ва қарорҳои Анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон // Роҳбари дониш, №10, 11, 12 с. 41-42: Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва 7. масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. - С . 131.

19. Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901, 187; Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .- С. 47-48.

 

Муаллим - ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгорон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши калидӣ дар таҳкими маънавиёт, рушди зеҳнии насли наврас ва тарбияи шаҳрвандону ватандӯстони ояндаро бар дӯш доранд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз паёмҳои худ чунин баён кардаанд:

«Эҳтиром ба омӯзгор — эҳтиром ба миллат, фарҳанг ва давлатдорӣ аст. Мақоми омӯзгор бояд ба аҳамияти ӯ дар ҷомеа мувофиқ бошад.»

Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром намудан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои Пешвои миллат буда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсил барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассире ҳастанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо амалӣ мешаванд.

Омӯзгор дар Тоҷикистон — танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест. Ӯ роҳнамо, тарбиятгар ва созандаи шахсиятҳо мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба таҳкими мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд — ҳам дар сатҳи ташаббусҳои қонунгузорӣ ва ҳам дар шакли дастгирии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

Омӯзгоре, ки бо азму иродаи қавӣ рисолати худро иҷро мекунад, на танҳо илм меомӯзонад, балки наслеро ба камол мерасонад, ки бо арзишҳои инсонӣ устодаш ва Ватан содиқ мемонад. Чунин омӯзгорон меҳвари рушду пешрафти ҷомеъаанд. Суханони рӯҳбаландкунанда ва эътирофи ҷомеа нисбат ба заҳмати омӯзгор, илова бар он ки масъулияти ӯро зиёд мекунад, инчунин муҳаррики асосии фаъолияти садоқатмандона ва босифати ӯ мегардад.

Омӯзгор дар Тоҷикистон шахсияти калидӣ дар рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоии миллат мебошад. Давлат тавассути қонунгузорӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва ислоҳоти маориф кӯшиш дорад, мақому манзалати омӯзгорро баланд бардорад.

Дар ин замина, Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр таҷлил мегардад, на танҳо ҷашни касбӣ, балки рамзи арҷгузорӣ ба меҳнати пурзаҳмат ва таъйини самти сиёсати маориф мебошад. Дар шароити кунунӣ, эҳтиром ва дастгирии омӯзгорон кафолати рушди устувори ҷомеа, суботи фарҳангӣ ва амнияти миллӣ ба шумор меравад.

Давлатова Мунзифа – докторанти PhD-и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмоҳои Тоҷикистон

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги тоҷикиамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамаруза саҳмгузор бошем. Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи хуби забони модарии хеш бошад.

Ҳар к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон-ш осон гардад.

Ин буд, ки 5 октябри соли 2009, таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Мувофиқи моддаи 3, банди 2 – и ин қонун «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад». Ҳамасола 5 октябр рӯзи забони тоҷикӣ дар тамоми корхонаву идораҳо аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии рӯзи забони тоҷикӣ барои азхудкунӣ ва арҷгузори ба арзишҳои миллӣ такони ҷиддие медиҳад.

Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони точикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони у низ пойдор хоҳад буд».

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Забони модарӣ. Чӣ хел ибораи аҷибу фараҳбахш аст. Барои он забони модарӣ меномем, ки модари азизамон меҳри онро бо қатраҳои шири сафеди ҷонбахшаш ба ҷисму ҷони мо равон кардааст. Аз ин рӯ онро поку муқаддас мешуморем. Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, ӯ аввал бо забони модариаш суруди “Алла”-и Модарро мешунавад, ки бо як ҷаҳон орзую умедҳо суруда мешавад. Шахсе ки забони модариашро поку муқаддас нигоҳ медорад, ӯ модарашро, ватанашро ҳамчунин азиз нигоҳ дошта метавонад. Чуноне ки устод Лоиқ фармудаанд:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳути, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш мо тоҷикон меболем ва фахр менамоем.

Оре, забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғати худ асрҳо оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ҳатто намояндагони дигар забонҳо забони тоҷикиро арҷ гузоштаву тавассути он ба адабиёти оламшумули тоҷикон шиносои пайдо карда, аз он баҳра бардошта, ниёзҳои худро ба он мутобиқ сохтаанд. Нависанда ва шоири намоёни қазоқ Олжас Омарович Сулейменов гуфтааст: “Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форси ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кураи шеъри Рӯдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст”.

Модоме, ки дигарон забони тоҷикии моро бо як бузургии хоса ситоиш кардаанд, бояд мо барои омӯзиш, омӯзондан ва ҳифзи он пайваста кӯшиш намоем.

Ҷон фидо созам ба алфози дарӣ,

Баҳри фарҳангу забони модарӣ.

Ҳар сухан, ҳар харфи ӯ як санъат аст,

Он забони хоси аҳли ҷаннат аст.

Дороии асосии ӽар як қавму миллат забони ӯст. Ин аст, ки забонро рукни муӽимми давлатдорӣ ном мебаранд. Забон омили муҳими ташаккули миллат, баёнгари сарнавишт, мояи ифтихору сарфарозии соӽибзабонон мебошад. Таърихи ӽар халқу миллат дар забони ӯ таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, тамоми миллату халқиятӽо ба забон эӽтироми шоиста доранд. Забон дар ӽаёти инсон нақши бисёр муӽим дошта, барои рушди маънавиёти ӯ хизмат менамояд.

Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: «Забон муӽимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ӽозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад» Забон падидаи фарӽангие мебошад, ки одамонро ба ӽам муттаӽид менамояд, ба воситаи он ӽар як инсон шахсияту ӽувияти хешро мешиносад, ҷаӽонбиниашро бою ғанӣ мегардонад. Дар забон анъана, расму оин ва дигар суннатҳои ин ё он халқ ифода меёбад. Тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз намуда, ба онҳо арҷ мегузорад. Забон ганҷинаи нодиру бебаҳо ва оинаи ҳаднамои ҳар қавму миллат аст.

Имрӯз омӯзиши забон ҳамчун як роҳи пурмаҳсули тафсири фарҳанги инсон мушоҳида мегардад. Ҳар як халқу миллат дорои забони табиии худ мебошад. Дар ҳар як забон таъриху фарҳанг ва маданияту хусусиятҳои хоси ин ё он халқ таҷассум ёфтааст, ки барои забоншиносии маърифатӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти калон дорад. Забон бо пайдо шудани ҷомеаи инсонӣ дар шакли муошират (гуфтор) ба вуҷуд омадааст. Аз ин сабаб, як гурӯӽ муӽаққиқон ба он назаранд, ки ӽангоми таӽқиқи консепти «забон» пеш аз ӽама бояд ба фолклор (эҷодиёти даӽонакии халқ» рӯ овард, чунки ибтидои бунёди забон маҳз дар фолклор таҷассум ёфтааст.

Таърих гувоӽ аст, ки забонӽое, ки аз саҳнаи сиёсат дур мешаванд, қудрату тавонро аз даст дода, бемору заифу нотавон мегарданд ва оқибат муқовимату истодагариро дар баробари фишору тазйиҳи забонҳои ҳоким аз даст дода, рӯ ба нестӣ меоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забон дар паҳно ва сояи давлат қувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумуи забон муҳити мусоиди зисту амал фароҳам меорад. Дар ӽама давру замонӽо миёни забону хат, давлат ва ӽувияти миллӣ пайванди мустақил вуҷуд доштааст. Ҳар гоӽе ки ин пайванд мустаӽкам ва неруманд гардидааст, забон марӽилаи рушду такомулро дар паноӽи давлати муқтадир паймудааст ва ӽувияти миллӣ низ дар беӽтарин ваҷӽ ба зуӽур омадааст. Ва, баръакс, суст шудан ва ё аз байн рафтани пайванди мазкур боиси заъфу нотавонӣ ва ҳатто маҳву фанои забон ва ҳувияти миллӣ гардидааст»

Агар ба забон муносибати ғамхорона аз ҷониби соҳибзабонон зоҳир нагардад, барои рушду инкишофи он саъйу талош карда нашавад, баробари рушду инкишофи илму техника ва технологияи навин гом наниҳад, забон низ ба бечорагӣ нотавонӣ гирифтор шуда, аз байн меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худашонро вобаста ба рушду ташаккули забон чунин баён намудаанд: «Масъалаи ташаккули забони илм ва истилоҳот имрӯз дар ҷомеаи мо беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад, зеро дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва сели хурӯшони ҳаводиси рӯзгори пурошӯби мо танҳо забони тавонманд ва ҷавобгӯйи ниёзҳои илм ва фановарии муосир бо имконот ва собиқаю салиқаи худ метавонад дар баробари ин раванду ҳаводис устувору побарҷо монад. Баръакс, забоне, ки ҳамқадами замон нест ва соҳибону алоқамандони ин забон барои рушду густариши он дар заминаҳои мухталифи илму фан аз худ кору пайкори ҷиддии мондагор нишон намедиҳанд, маҳкум ба нобудист ва ногузир аз байн хоҳад рафт».

Забон бо ҷамъият ва бо соӽибони худ алоқаи зич дорад, зеро маӽз ба туфайли ҷамъият забон вуҷуд дорад. Ҷамъияту забон дар як вақт ба вуҷуд омада, яке аз омилӽои асосии пайдоишу рушди инсон маӽсуб меёбанд. Ба пайдо шудани равияи нави забоншиносии маърифатӣ ва фарӽангӣ диққати муӽаққиқон ба омӯзишу таӽқиқи забон ва инсон бештар гардид. Ин ҳама шарҳи он аст, ки забон калиди низоми андешаи инсон ба табиати равонии ӯ буда, барои тавсиф намудани миллат хизмат мерасонад. Маӽз дар забон, пеш аз ҳама тариқи матбуот, нодиртарин ва пурқиматтарин офаридаҳои нобиғаҳо - олимон, шоирону нависандагон, хуллас фарзандони оқилу донои халқу миллатҳои гуногун таҷассум меёбад. Аз рӯи захираи вожагон ва истилоҳҳои забон метавон дар бораи пешрафту шукуфоӣ ва ё камбудиву норасоиҳои ин ё он соҳа маълумот пайдо намуд.

Забон ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро дар худ маҳфуз медорад ва ҳастии бузурги инсон ба рӯйи аҳли олам, ба пешвози рӯйдоду воқеаҳои дирӯзу имрӯзи он дарҳои манзили худро кушода, ҳамаи онро дар бар мегирад. Барои рушди ҳам забон ва ҳам инсон заминаҳои мусоиду мувофиқи иқтисодиву иҷтимоӣ зарур мебошанд. М. Шакурӣ (Шукуров) гуфтааст: «Забон таҷассуми фикр аст, ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро ифода карда, оламҳои маънавии рӯҳро ба ҳам мепайвандад ва оламҳои наве эҷод мекунад, зеро зотан эҷодгар буда, натанҳо неруи эҷодкории инсонро афзоишу такомул медиҳад, балки ӯро тамоман дигар мекунад, фаҳми ӯро ташаккул ва ё ба куллӣ тағйир дода, одаму олами дигаре месозад. Асоси эҷодгарии забон ва моҳияти эҷодкории инсон сахт ҳамбастаи якдигаранд, аз якдигар оғоз меёбанд. Лекин, агар инсон дар ӽақиқат эҷодгар бошад, забон ӽам эҷодкору халлоқ хоӽад буд, вагарна набояд аз забон халлоқият чашм дошт. Қувваи беканори маъниофаринӣ, маънавиятпарварӣ ва инсонсозии забон ба қувваи фикру рӯӽи худи инсон вобаста аст, ба он воқеияти иҷтимоӣ вобастагӣ дорад, ки барои зиндагии инсон, барои қувватафзоӣ ва парвози фикри ӯ замина тайёр мекунад. Агар шароити иҷтимоӣ мавҷуд набошад ва инсон моӽияти эҷодгарии худро зоӽир карда натавонад, аз шукуфти табъи эҷодкории забон ҷои умед намемонад.

Тавре ки зикр намудем, забон ӽам мисли одамон дар тӯли таърих давраӽои гуногунро аз сар гузаронида, рушду нуму мекунад ва ӽамеша дар сатӽи андешаву тафаккур ва ҷаӽонбинии соӽибонаш қарор дорад. Рушди забон ба рушди миллат вобастагӣ дорад. Миллат ӽар қадар муқтадиру тавонманд гардад, забон ӽам бо ӽамон дараҷа муқтадиру тавонманд хоӽад шуд. Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: “Агар ба таърихи забонӽои ҷаӽон аз ибтидои пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ӽар миллат дар ӽамаи давраӽои таърих дар сатӽи тараққиёти тафаккуру андешаи соӽибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддиву маънавии онро инъикос мекунад. Бо ибораи дигар миллат ӽар қадар пешрафта ва созандатар бошад, забони он ӽам ба ӽамон андоза тавоно ва зояндаву поянда аст. Азбаски диалектикаи тараққиёту инкишофи ҷомеа бар пояи навҷӯйиву навоварӣ устувор аст, бинобар ин бозёфтӽо ва дастовардӽои нави моддиву маънавии халқӽои нисбатан пешрафта дер ё зуд дар байни миллатӽои дигар, пеш аз ӽама ӽамсоягон, ё ба сурати “сулӽомез” ва ё аз тариқи нуфузи сиёсиву иқтисодӣ паӽн мегардад. Дар натиҷа забони ин миллатӽо низ марзӽои сиёсиву ҷуғрофиро шикаста, кишварӽо ва гоӽӽо сарзаминӽоро “тасхир” мекунанд ва бо истилоӽи имрӯза забони байналмилалӣ мешавад”.

Раҳмонов Р.О. – доктори илмҳои химия, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

 

 

Забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ташаккули миллат ва шинохти ҳувияти миллӣ, дар тамоми давраҳои таърихӣ мақом ва ҷойгоҳи беназир доштааст. Он на танҳо воситаи муоширати байнифардӣ, балки омили муҳими интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, тамаддуни гузаштагон, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи таърихии наслҳо мебошад.

Дар ин замина, забони тоҷикӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст, дар тӯли беш аз се ҳазор сол ҳамчун яке аз забонҳои қадимаи дорои таърих, адабиёт ва фарҳанги густурда, дар Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик нақши бориз доштааст. Забони тоҷикӣ дар паҳнои таърих тавассути осори бузургони илму адаб, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Айнӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон рушд ва такомул ёфта, дар нигаҳдошти тамаддуни миллӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст.

Дар масири таърих, забони тоҷикӣ борҳо ба фишорҳои сиёсиву идеологӣ дучор гаштааст. Аз ҷумла, дар асри XIX ва асри XX дар натиҷаи сиёсати русикунонии маориф ва фарҳанг дар қаламрави Осиёи Миёна, махсусан дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ, забони тоҷикӣ мавқеи худро дар бахшҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва идоракунии давлатӣ, тадриҷан аз даст медод. Он бештар дар муоширати ғайрирасмӣ ва муҳити хонаводагӣ истифода мешуд.

Бо вуҷуди ин, дар нимаи дуюми солҳои 1980 ва дар заминаи ислоҳоти сиёсӣ (перестройка), рӯҳияи худшиносии миллӣ дар ҷомеа боло гирифт ва талошҳо ҷиҳати барқарор намудани мақоми забони тоҷикӣ афзоиш ёфт. Дар натиҷа, санаи 22 июли соли 1989, дар Иҷлосияи Шӯрои Олии ЉШС Тоҷикистон Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ) қабул гардид. Ин санад бори аввал мақоми давлатии забони модариро дар замони муосир ба расмият шинохт ва то соли 2009, санаи 22 июл ҳамчун Рӯзи забон таҷлил мешуд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сиёсати забонӣ ба марҳилаи нав ворид гардид. Қабули Конститутсияи Љумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) заминаи ҳуқуқии забони модариро ҳамчун забони давлатӣ боз ҳам таҳким бахшид. Мувофиқи моддаи 2-и Конститутсия:

«Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — забони тоҷикӣ мебошад».

Сипас, бо назардошти эҳтиёҷоти замони муосир ва зарурати таҳкими меъёрҳои ҳуқуқии истифодаи забони давлатӣ, 5 октябри соли 2009, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он истифодаи забони давлатиро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа – мақомоти давлатӣ, маориф, фарҳанг, муносибатҳои меҳнатӣ, расонаҳо ва бахши хусусӣ танзим мекунад.

Дар асоси ҳамин қонун, 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ муайян гардида, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар баробари ин, масъалаи забон, ҳифзи он, омӯзиши таъриху рушди забони тоҷикӣ ва таҳкими забони давлатӣ, ҳамеша аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Дар ин замина, асари илмӣ-таҳлилӣ ва барҷастаи Пешвои миллат таҳти унвони «Забони миллат – ҳастии миллат», ки соли 2019 ба нашр расид, саҳми назаррас дар рушди худшиносии миллӣ ва ташаккули сиёсати давлатии забон дорад.

Ин асар, ки аз муқаддима, шаш боб, зербобҳо, хулоса ва китобнома иборат аст, бо усули таҳлили илмӣ масъалаҳои забоншиносӣ, таърихи забони тоҷикӣ, таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои истифодаи забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Он дар муҳити илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар мавқеи баланди таҳлилӣ пайдо намуда, яке аз аввалин тадқиқоти фарогир доир ба забони тоҷикӣ бо назари стратегӣ арзёбӣ мешавад.

Имрӯзњо, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, яке аз воситаҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва рушди илм дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нашри осори илмӣ, тавсеаи забони меъёрии адабӣ, татбиқи қонунгузории забонӣ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, таҳкими худшиносии забонӣ дар байни ҷавонон ва омӯзиши забон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз нишондиҳандаҳои асосии рушди устувори забони миллӣ мебошад.

Сиёсати забон дар замони истиқлол, зери роҳбарии Пешвои миллат, на танҳо ҳифзи забони модариро таъмин менамояд, балки рушди онро ҳамчун забони илм, фарҳанг ва дипломатияи муосир ба як ҳадафи стратегӣ табдил додааст. Забони тоҷикӣ имрӯз як унсури таъсиргузори ҳувияти миллӣ ва василаи муассири тавсеаи тафаккури илмӣ ва маърифатӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.

Мусоев Дилшод - ходими калони илмии шӯъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ МДИ Маркази омӯзиши пиряхњои АМИТ