Чӣ гунае, ки медонем, чанде пеш дар доираи лоиҳаи Артемида 2 (Artemis II) кайҳоннавардон ба мадори Моҳ сафар карданд. Ин сафар аз 1 то 11-уми апрели соли 2026 идома карда, дар доираи он кайҳоннавардон аз фосилаи хеле наздик сатҳи Моҳро мушоҳида намуда, аз минтақаҳои гуногуни он садҳо аксҳои нодиру ҷолиб гирифтанд. Ин яке аз рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир дар самти омӯзиши кайҳон ва кайҳоннавардӣ ба шумор меравад, зеро ба шарофати он на танҳо тасвирҳои тоза ва баландсифат, балки маълумоти арзишманд барои шинохти беҳтари хусусиятҳои сатҳи Моҳ ба даст омада, дастгоҳу таҷҳизоти нави кайҳоннавардӣ санҷида шуданд.
Дар раванди сафар аз тарафи кайҳоннавардон ва дастгоҳҳои худкор аксҳои хеле зиёд гирифта шудаанд, ки дар сомонаи НАСА дастраси омма мебошанд. Ин тасвирҳо на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои ҳар шахсе, ки ба илми кайҳон, ситорашиносӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ таваҷҷуҳ дорад, манбаи бисёр арзишманд ба ҳисоб мераванд. Дар байни ин аксҳо манзараҳои гуногуни сатҳи Моҳ, аз ҷумла ҳавзаҳо, танӯраҳо, кӯҳсорҳо ва минтақаҳои дорои осори бархӯрдҳои қадима низ дида мешаванд. Барои ман, ҳамчун пажӯҳишгари тоҷик ҷолиб буд, ки оё дар аксҳои кайҳоннавардон танӯраҳое, ки ба номи донишмандони тоҷик номгузорӣ шудаанд ҳастанд ё не. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд дар акси рақами art002e012261 танӯраи Умари Хайёмро ёфтам, ки бо ранги сурх ишора шудаст. Ин акс тавассути дастгоҳи аксбардории NIKON D5 бо масофаи конунии 185 мм, рӯзи 6 апрел, соати 19:25 гирифта шудааст. Ҳарчанд, ки дар ҷомеаи мо Умари Хайём чун рубоисаро машҳур аст, вале аслан ӯ файласуфи барҷаста, риёзидони беназир ва астрономи бузург аст, ки аксаран дар бораи тақвими ӯ ва дақиқияти он шунидаанд.
Хидматҳои Умари Хайёмро дар соҳаи ахтаршиносӣ ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмилалии астрономон соли 1970 танӯраеро дар сатҳи Моҳ ба шарафи ӯ номгузорӣ кардааст. Танӯраи Умари Хайём бо қутри тақрибан 69 километр ва умқи ~2,8 километр дар канори шимолу ғарбии танӯраи калонтари Почобут ҷойгир аст. Илова бар ин, лаби шимолу-ғарбиашро танӯраи нисбатан ҷавонтар – Зигмонди пӯшонда, гӯё пайғом медиҳад, ки ин минтақа аз чанд бархӯрди калони кайҳонӣ ҳосил гаштааст. Дар наздикиҳои танӯраи Хайём танӯраҳои Каннисаро ва Эллисон ҷой доранд. Маркази ин танӯра дар координатаҳои селенографии 58°13′ арзи шимолӣ ва 102°13′ тӯли ғарбӣ қарор дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки ин танӯра тақрибан 4 млрд сол пештар пайдо шудааст.
Ҳарчанд танӯраи Умари Хайём дар қисмати нонамоёни Моҳ ҷойгир аст, вале аз сабаби ларзиши Моҳ (либратсия) дар баъзе ҳолат онро дар канори доси Моҳ мушоҳида кардан мумкин аст Шояд дар аксҳои дигари миссияи Артемида 2 низ танӯраҳои тоҷикон дида шавад, вале ҷустуҷӯ ва шиносоии онҳо вақту заҳмати зиёд талаб мекунад.
Ризои Баҳромзод
МИЗИ МУДАВВАР БО МАҚСАДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
Имрӯз, 29 май дар толори Кохи Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласса котиб ва аъзоёни шуро, мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибҷон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, муовини аввали расис Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло ишитрок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои хеш масъулин доир ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ фикру ақидаҳои хешро баён дошатанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем.
Гуфта шуд, ки бояд истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби аъзоён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардида, инчунин музокираҳо сурат гирифт. Бояд гуфт, ки дар фарҷоми ҷаласа бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт як зумра аз аъзоёни Шуро бо “Ифтихорнома”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ма
28 май дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Раиси Маҷлиси
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ таҳти садои мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Россияро пос доштанд. Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони воломақоми Шӯрои Федератсияи Федератсияи Россия ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 26 май бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамоиши илмӣ – амалӣ байналмилалӣ оид ба Ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ - амалӣ намояндагони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) низ ширкат доштанд.
Ба кори ҳамоиш Мирсаидов Илҳом – директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар бораи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон ибрози ақида намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” дар тамоми давлатҳои узви СММ эълон гардидааст ва барои дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатӣ мо олимони АМИТ вазифадорем, ки тамоми паҳлуҳои ин мавзуъро омӯзиш гузаронида, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст орем.
Дар ин силсила ташаббусҳо эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ба шарофати дипломатияи фаъол ва роҳбарияти илмии Тоҷикистон имконпазир гардид, ҷои махсусро ишғол мекунад. Қатъномаи дахлдорро Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 якдилона қабул кард. 21 март низ расман Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст, ки ҳамасола ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳифзи ин экосистемаҳои осебпазир ҳамчун манбаи асосии оби тозаро хотиррасон мекунад.
Гуфта шуд, ки дар ҳошияи иҷрои ин иқдом аз 29 то 31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷараён дорад. Яке аз ҳадафҳои конфронс таҳияи асноди стратегӣ, харитаи роҳ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳамкории мо намунаи муҳими ҳамкории самарабахши байналмилалӣ барои рушди устувор, пешрафти илм ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Бигзор ин шарикӣ таҳким ва густариш ёбад ва ҳифзи ин экосистемаҳои ноустувор, вале ҳаётан муҳимро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъмин кунад.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ СИФАТИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ИЗОТОПҲО ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО
26 майи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳо Озмоишгоҳи сифати об, санитария ва изотопҳоро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои муштараки сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ заминаи моддиву техникӣ такмил ёфта, сифати корҳои илмӣ ва натиҷаи онҳо беҳтар мешавад.
Гуфта шуд, ки дар доираи ин ҳамкорӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи PICARRO дастрас карда шуд, ки он яке аз дастгоҳи гаронарзиш ва нодир ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки яке усулҳои таҳқиқ ва муосири омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ дар Озмоишгоҳи сифати об, изотопҳо ва санитарияи Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ истифодаи таҳлили устувори изотопӣ бо истифода аз дастгоҳи лазерии PICARRO мебошад.
Бояд гуфт, ки дастгоҳи мазкур дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Ташаккули иқтидори миллӣ барои арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим” (TAD 7004, 2022-2025 бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамоҳангсозӣ Агентии байналмилалӣ нерӯи атомӣ (МАГАТЕ) дастрас шудааст.
Имрӯз, 26 май бо ишитироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону коршиносон дар Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи низоми иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки таъсиси озмоишгоҳи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 407 дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ба истиқболи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст.
Зимни ифтитоҳ ба роҳбари академия иттилоъ дода шуд, ки Озмоишгоҳи низоми миллии иттилоотии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз аксҳои моҳворагии сифати баланд ва дақиқияти боло пиряхҳо таҳқиқ намуда, масоҳати онҳоро дар давраи интихобшуда барои ҳар як ҳавзаи пиряхӣ муайян менамояд. Инчунин аз рӯи муқоиса маълумоти сарфи об ва маълумоти метеорологии боришот ва ҳарорат равандҳои ташаккулёбӣ ва таназулёбии пиряхҳо муайян карда мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳи мазкур равандҳои динамикии пиряхҳои набзонии Тоҷикистон ва кӯдҳои пиряхӣ таҳқиқ шуда, моделронии ташаккулёбии минбаъдаи онҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади дақиқ муайян кардани равандҳои криосфера бо истифода аз дастгоҳҳои худпарвозӣ бесарнишин ва таҳқиқоти саҳроӣ низ чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз, 26 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ ҳамоиши илмӣ ба муносибати таҷлили 1045- солагии фарзанди халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони “Нақши Ибни Сино дар ташаккул ва рушди илми тиб” баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷа ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёту фаъолият ва нақши Ибни сино дар рушду ташаккули илми тиб маъруза намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш изҳор доштанд, ки Шайхурраис ибни Сино яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XI мебошад, ки на танҳо дар доираи илми тиб, балки дар фалсафа, мантиқ ва илмҳои табии ба баландтарин сатҳ расидааст. Осори ӯ, аз ҷумла «Қонуни тиб» ва «Китоби Шифо», то имрӯз яке аз сарчашмаҳои бунёдӣ ва муътамади илми тиб дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Ин китобҳо бо забони арабӣ навишта шудаанд, аммо дар қалбҳои ҳазорсолаҳои насли донишмандон реша давондаанд ва барои равнақи илми тиб хазинаи гаронбаҳо ба ҳисоб мераванд.
Гуфта шуд, ки Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиби варзида ва олим буд, балки як файласуфи пурқудрат ва маърифати ниҳоят амиқ дошт. Ӯ илми тибро на ҳамчун як фан, балки ҳамчун як санъати ҳаёт ва ифодаи тамомияти инсон медид. Тиб барои ӯ ҳеҷ гоҳ танҳо ҷустуҷӯи дору ва табобат набуд, балки шинохти амиқи муносибати инсон бо муҳити атроф ва нигоҳдории саломатии ҷисму равон буд. Ин хел равиш ба тиб моро ҳоло низ вазифадор месозад, ки ба илми тиб ҳамчун санъат ва илм, ба ҳамзамон аз нигоҳи илмӣ ва инсонӣ нигоҳ кунем.
Таъкид гардид, ки вақте инсоният бо мушкилоти муосири тиббӣ ва ҷаҳонии саломатӣ, ба мисли бемориҳои сироятӣ, тағйироти генетикӣ, бемориҳои музмин ва таъсири манфии тағйирёбии муҳити зист рӯбарӯ аст, нақши мероси Ибни Сино беш аз ҳарвақта равшан мешавад. Илми тиби муосир бояд роҳҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатро бар асоси таҷриба ва хирадҳои ниёгони бузург, ба мисли Абӯалӣ ибни Сино ва бо истифода аз технологияҳои пешрафта таҳия намояд.
Муҳаққиқи маъруфи рус Сергей Фёдорович Оловников дар таҳлили осори Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: «Абӯалӣ ибни Сино, ба ҷои он ки танҳо табиби амалист, дар ҳақиқат рӯҳоният ва маърифати тиб аст. Ӯ аввалин нафарест, ки илми тибро бо усули илмӣ ва фалсафӣ якҷоя карда, онро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардааст.»
Дар Тоҷикистон, ки мероси пурғановати илмӣ ва адабӣ дорад, мақоми Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи илми тиб ва фарҳанги миллии мо басо муҳиму таърихист. Осори ӯ заминаи асосии барномаи таълимии донишгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои тадқиқотии кишвар ба шумор меравад.
Суханҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: «Таълим ва илми тиб бояд ҳамеша бо эҳтироми ҳаёт ва инсонӣ ҳамроҳ бошад, зеро бе ин арзишҳо рушди воқеии илми тиб ғайриимкон аст,» моро дар ин роҳ раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор аст, ки омӯзиши мероси Шайхурраисро ҳамчун бахши аслии таълим ва тадқиқот дар соҳаи тиб тақвият бахшад ва ҳамзамон бо роҳбарии ҳукумат ва ҳамкории байналмилалӣ барои пешрафти илми тиб дар кишвар кӯшишҳои ҷиддӣ намояд.
Дар айни замон, зарурати ворид кардани равияҳои нави тадқиқотӣ ба илми тиб — аз қабили биотехнология, геномика, тибби персоналӣ ва таҳқиқоти байнисоҳавӣ бо илми фалсафа ва ахлоқ — аз мероси ниёгони бузург бармеояд. Ин равиш моро водор месозад, ки на танҳо ба ҷустуҷӯи усулҳои муолиҷа, балки ба фарогирии тамомияти инсон ва муҳити зиндагӣ таваҷҷуҳ кунем.
Имрӯз, 23 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби мукаммали “Таронасози ватан”- и Файзалӣ Ҳасан муаррифӣ гардид.
Ба кори маҳфил президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ҳамаҷонибаи дастовардҳои илмӣ ва эҷодии олимону адибон ва аҳли ҳунар тасмим гирифтааст, ки моҳе як маротиба чунин маъракаҳои эҷодӣ ташкил намояд. Гарчанде ба ҷойи як ҷаласа мо ҳар моҳ ду ва ҳатто се ҷаласаи маҳфили “Хирад”-ро баргузор менамоем, ки фикр мекунам хуб аст. Ҳадаф аз баргузории маҳфилҳо таҳлили дастовардҳои олимон, адибону аҳли фарҳанг, арҷгузорӣ ба хизматҳо ва эҷодиёти устодон мебошад.
Гуфта шуд, ки имрӯз мақсаду муҳтаво ва мундариҷаи ҷаласаи мазкур ба эҷодиёти яке аз чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии мамлакат, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, сароянда ва оҳангсоз Файзалӣ Ҳасанов бахшида шудааст.
Таъкид гардид, ки дар олами мусиқии муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳҳо ҳунармандони асил бо созу навоҳои тоза васфи ватани азизамонро тараннум мекунанд ва дар байни онҳо нақши устод Файзалӣ Ҳасанов хеле ва хеле назаррас аст. Ин ҳунарманди номӣ имрӯз муаллифи садҳо таронаҳои тоза буда, дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯву нуфузи баланд дорад. Файзалӣ Ҳасанов тамоми марҳилаҳои эҷодиро тай намуда, имрӯз дар қуллаи волои фарҳанги муосир қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки раёсати Академияи миллии илмҳо соле қабл тасмим гирифта буд, ки дар партави амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва ҷавобан ба ғамхориҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар падидаҳои асили фарҳанги замони истиқлолро тарғиб намояд ва зимни ҳамин иқдом аз ҷониби кормандони шуъбаи санъатшиносии Раёсат китоби мукаммали “Таронасози Ватан”, ки иборат аз очерки муфассали тарҷимаҳолӣ ва нотаҳои зиёда аз 80 адад оҳангҳои эҷоднамудаи Файзалӣ Ҳасанов буда, аз ҷониби Вазорати Фарҳанги Тоҷикистон рӯйи чоп омадааст.
Дар идомаи маҳфил муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, директори МД ТВ “Сафина” ва дигарон суханронӣ намуда, аз ҳунари волои ин ситораи тобноки олами мусиқӣ ёдовар гардиданд.
Дар фарҷоми маҳфил бо суруду таронаҳои марғуб ва ватандӯстонаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан анҷом ёфт.
