Skip to main content

Қарни ХХ1 замони рушду инкишофи бесобиқаи илму технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷомеаи илмии кишварҳои мухталиф мутаассил ихтироотҳо ва кашфиётҳои гуногуни илми сурат мегирад, ки ин раванд ба рушду инкишофи ҷомеаи инсонӣ таъсири мусбат мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти масъаларо ба назар гирифта, дар паёми навбатӣ, қайд намудан, ки барои рушду инкишофи технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет чораҳои зарурӣ андешидан амри зарурист. Аз қабили, “.... , то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

-Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

-рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

-истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот”.[1]

Воқеан, мо мушоҳида менамоем, ки шабакаи интернет солҳои охир ба яке аз воситаҳои муҳими иртиботи ҷомеа табдил ёфтааст, ки ба ҳастии ҷомеа таъсири мусбату манфӣ мерасонад. Ба назари мо шабакаи умумиҷаҳонии интернет фазои фаррохи дастрасии озод ба аудиторияи бузурги одамони корафтода мебошад. Аз ин рӯ, душвории асосӣ сари он аст, ки шабакаи интернет фазои интиқоли босуръати иттилоот буда, сензура ва дигар шаклҳои назорат дар он дида нашуда, тамоми фаъолияти инсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пинҳонӣ, бе маълум кардани шахсияти одам амалӣ мешавад. [2.С.41-47] Яъне маълум набудани шахсияти инсон раванди амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолии кишвар нисбатан душвор мегардонад.

Новобаста аз ин мушоҳида мешавад, ки одамон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф намуда, ба воқеъияти виртуалӣ пура ғутавар мешаванд, ки ин омил ба шуури онҳо таъсири худро мерасонад. Дар раванди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ насли наврас ва ҷавонон бо ахбороту итиллооти мухталиф ру ба ру мешаванд, ки дар шуури онҳо нақш баста, ба муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеа, ба муҳити атрофи инсон, ба ташаккулёбии ҷаҳонбинии инсон ва иҷтимоишавии насли наврас нақши худро мегузорад. Мувофиқи ахбори Internet Word Stats 4.4 млрд ё 56,8% аҳолии кураи Замин ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст буда, ба ҳисоби миёна инсон дар як рӯз 6 соати вақти худро дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронад [3]. Дар кишвари мо аксари ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд, ки сину соли онҳо гуногун мебошад. Бо шарофати шабакаи ҷаҳонии интернет ҷавононе, ки дар шаҳрҳои дур таҳсил менамоянд бо волидайнашон пайваста дар иртибот буда, худро аз волидайн дур эҳсос наменамоянд.

Гуфтан мумкин аст, ки интернет яке аз воситаҳои самараноки иртибот байни одамон буда, имкон фароҳам меорад, ки инсон 24 соат дар алоқа бошад ва таввасути паёмрасонҳо табоддули иттилоот намояд, ки ин омил дар шароити инкишофи ҷомеаи итилоотӣ ниҳоят муҳим арзёби мешавад. Дар замони ҳозира одамон маъмулан таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо робита барқарор намуда, ҳатто ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тиҷорати молу маҳсулоти гуногунро ба роҳ мондаанд.

Вижагии дигари шабакаи ҷаҳонии интернет дар он аст, ки одамон мувофиқи таъбу завқашон ба гурӯҳҳои дилкаш ҳамроҳ шуда, фаъолият мебаранд. Ҷомеаҳои интернетӣ, ки дар раванди фаъолияти якҷояи одамон ташаккул меёбад, низоми нисбатан устувори робитаҳою муносибатҳо байни истифодабарандагони шабака ва фазои иттилоотӣ мебошад.

Шабакаи интернет барои ташаккули интернет – ҷамоатҳо имкониятҳои хубу бемаҳдуд фароҳам овардааст.

1. Пеш аз ҳама, ҷанбаи мусбии шабакаи интернет дар он зоҳир мешавад, ки ҳар як инсон мувофиқи таъбу завқаш ба интернет – ҷамоатҳо пайваст шуда, фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

2. Шиносоию муколама дар шабакаи интернет бисёр соддаю осон сурат мегирад, чунки инсон назар ба ҳаёти рӯзмарра дар фазои маҷози худро озоду роҳат ҳис мекунад.

3. Шабакаи интернет имкон фароҳам меорад, ки инсон озодона фикрашро нисбати масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳанги тавасути шабакаҳои иҷтимоӣ, видеороликҳо, китобҳои электронӣ иброз намояд.

Чи тавре маълум аст шабакаи ҷаҳонии интернет дар ҳолати рушду инкишофи бесобиқа қарор дорад ва ин раванд заминаи муҳими инкишофи шабакаҳои иҷтимоӣ гардиданд, ки мо онҳоро ҳамарӯза истифода менамоем. Вижагии шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки онҳо осон дар телефонҳои ҳушманд насб мешаванд ва ҳар хоҳишманд метавонад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ интернет – ҷамоатҳои худро ташкил намоянд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интернет – ҷамоатҳо аз қабили барномаҳои хурокпазӣ, тиб, тиҷорат, илм, сиёсат, фарҳанг ва ғайра арзи вуҷуд доранд ва пайваста тавассути роликҳои видеои ба намоиш гузошта мешаванд. Бартарии муҳими шабакаи ҷаҳонии интернет дар он ифода меёбад, ки он фарҳангу анъанаи нодири ҷомеаҳои мухталифро бо ҳам мепайвандад ва замина фароҳам меорад, ки мо ба таври маҷозӣ бошад ҳам аз фарҳангҳои дигар омӯзем ва илҳом гирем.

Сотсиолог П. Колок масъалаи мазкурро таҳқиқ карда, менависад, ки одамон дар ҷамоатҳо муттаҳид мешаванд ба хотири он ки ба якдигар ёри расонанд, мақоми иҷтимоии худро баланд бардоранд ва самаранокии кори худро зиёд гардонанд[4].

Ёри ҳамдигарӣ дар он зоҳир мешавад, ки аъзои интернет – ҷамоатҳо ба ёрии дигар аъзоён ниёз доранд ва дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки аз дигарон иттилоотҳои заруриро баҳри рушду инкишофи худ ва соҳаи фаъолияти худ ба даст оранд. П. Колок ин шакли муносибатҳоро системаи кредит ва дебет меномад.

Баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ дар он ифода меёбад, ки инсон холисона ба дигарон ёри мерасонад ва ба ин минвол мақому манзалати худро байни интернет – ҷомеа баланд мебардорад.

Эҳсоси самаранокӣ: ба назари П. Келок истифодабарандаи шабака эҳсос менамояд, ки ба интернет – ҷомеа пайваста манфиату фоида меорад ва ба ин минвол ба ҷамоат таъсир мерасонад. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки корбарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо пайравони худ дар атрофи фикру ғояи нав, молу тиҷорати нав ё ахбороти нав суҳбат намуда, фикрҳои онҳоро ҷамъоварӣ намуда, як хулосаи ниҳои пешниҳод менамоянд, ки ин ҳам як бартарии шабакаҳои иҷтимоӣ ё фазои маҷозӣ мебошад, ки онро дар ҳаёти рӯзмарра ба назар гирифтан ба фоида рушди кор мебошад. Агар интернет – ҷамоат дуруст тарҳрези шуда бошад вай ҳатман бехатар фаъолият намуда, амнияти ҳаёти шахсии дигар корбаронро ба назар хоҳад гирифт, ки маълумотҳои шахсии онҳо паҳн нашаванд.

Бартарии муҳими Интернет дар он аст, ки одамон имкон пайдо намуданд, ки маҳорати касбии худро баланд бардоранд, ба таври дистансионӣ таълим гиранд. Маълум аст, ки дониши нави замонавӣ ва иттилоот ба иҷтимоишавии ҷавонон таъсири мусбат расонида, садҳои ҷуғрофиро бартараф менамояд ва имкон фароҳам меорад, ки одамон новобаста аз макони ҷойгиршавиашон байни ҳам табодули иттиллот намоянд.

Вобаста ба масъалаи дастрасии ҷавонон ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуури ҷавонон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ соли 2018 гузаронида шудааст. Натиҷагирӣ аз ин тадқиқоти сотсиологӣ муаян намуд, ки таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуур, ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори ҷавонон мухталиф аст. Масалан тадқиқоти сотсиологӣ маълум намуд, ки 76,9% ба ин ақидаанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои саривақт дастрас намудани ахбороти зарурӣ мусоидат менамояд. 55,4% пурсидашудагон ба ин назаранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ менамояд. 50,0% ҷавоб додаанд, ки ҷавонон саривақт оид ба равандҳои мухталифи Тоҷикистон ва ҷаҳон хабардор мешаванд. 38,3 % респондентон ба ин назаранд, ки муошират байни ҳам осон шуда, дӯстони нав пайдо мешаванд. 35,2% ҷавоб додаанд, ки интернетро ҳамчун воситаи ирсолу қабули мактубҳои электронӣ истифода менамоянд[5].

Шабакаи ҷаҳонии интернет заминаи муҳими рушду инкишофи технологияҳои иттилоотӣ гардидааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ боис гардиданд, ки донишҷуён ва омӯзгорон ба маъхазҳою китобхонаҳои бузурги электронӣ, тестҳои имтиҳонӣ ва воситаҳои муосири муошират дастрасӣ пайдо намоянд, ки ин ҳолат ба ҷаҳонбинии илмии онҳо таъсири мусбат хоҳад расонид. Интернет барои ҷавонон ба як шабакаи бузурги донишҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Воқеан ҷавонон ва дигар хоҳишмандон имкон доранд, ки шабакаи интернетро ба фоидаи рушду инкишофи касбии худ истифода намоянд. Ҳамчунин шабакаҳои иҷтимоӣ раванди муоширати байни ҳамдигаррор осон намудааст. Гуфтан мумкин аст, ки шабакаи интернет бо ин вижагиаш сохтори иҷтимоии ҷомеаи муосирро таъғйир додааст. Яъне ба ин маъно интернет ба иҷтимоишавии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ паҳлуҳои манфӣ низ доранд, ки дар поён мо онҳоро таҳлилу баррасӣ хоҳем кард.

Ҷавонон қисмати фаъоли истифодабарандагони шабакаи интернетро ташкил медиҳанд. Истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ба равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад ва мо вазифадорем, ки вақти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро аз ҷониби ҷавонону насли наврас ба танзим дарорем то ки ба саломатии равонию ҷисмонии ҷавонон озори зиёд нарасад. Мушоҳида мешавад, ки истифодаи зиёди шабакаи интернет аз ҷониби ҷавонон малакаи муоширатии онҳоро низ заиф мегардонад ва ба ин минвол ба иҷтимоишавии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Мо дар замони зиндагӣ менамоем, ки як қисми фаъолияти мо дар шабакаи интернет амалӣ мешавад. Истифодаи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб шудаанд, ки як қатор одамон муошират бо атрофиёни худ, оила ва ҳамкоронро фаромӯш намуда, пура ба фазои маҷозӣ дода шудаанд. Чунин менамояд, ки одамон ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд дода шуда, назар ба дӯстони воқеъи ба дӯстони маҷозӣ зиёдтар аҳамият медиҳанд. Ин раванд яке вижагиҳои манфии шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, чунки ҷавонон зери таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, аз ҳаёти рӯзмарра канда мешаванд ва ба ин минвол ба раванди иҷтимоишавии худ дар ҷомеа халал ворид месозанд.

Онлайн – бозиҳо дар ҳаёти имрӯзаи ҷавонон чуқур реша давонидааст. Машғул шудан ба онлайн – бозиҳо вақти зиёди ва қиммати наврасон, ҷавонон ва ҳатто калонсолонро зоеъ менамояд. Хуб мешуд, агар ҷавонон вақти ба онлайн – бозиҳо сарф мекардаи худро ба муошират бо ҳамсолон ё барои аз худ кардани малакаҳои иртиботӣ сарф менамуданд. Ҳатто, мушоҳида мешавад, ки гурӯҳе аз ҷавонон чунон саргарми онлайн – бозиҳо мешаванд, ки аз аъзоёни оилаи худ дур мешаванд. Масъалаи вобастагӣ аз онлайн – бозиҳо ҳам ба ҷинси мард ва ҳам ҷинси зан дахл дорад. Масалан, дар Кореяи Ҷанубӣ оилаи дар фазои маҷозӣ ба кудакӣ виртуалии бофтаю хаёлӣ сару кор гирифта, буду боши фарзанди воқеъии худро фаромӯш кардаанд, ки дар натиҷа фарзандашон аз гушнагӣ ба ҳалокат расидааст.

Истифодаи шабакаҳои интернетӣ назорат мехоҳанд, агар мо вақти худро бемаҳдуд барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ сарфа намоем ба саломатии ҷисмонию равонии худ таъсири манфи мерасонем. Аз ин рӯ зарур аст, ки вақти худ ва фарзандонро дар фазои маҷозӣ назорат намоем, ки ин зуҳурот ба фарзандони мо таъсири манфии худро нарасонад. Маълумотҳои тибби нишон медиҳанд, ки вобастагӣ аз шабакаҳои интернетӣ ба хусусиятҳои шахсӣ, тахассуси ва иҷтимоии инсон таъсири ногувор мерасонад. Суҳбату муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад, ки суҳбат ва рафту омади зиндаро иваз кунад, чунки ҳеҷ имкон надорад, ки суҳбату муоширати одамон дар фазои маҷозӣ самимона бошад.

Ба ғайр аз ин, ҳатто муошират дар шабака метавонад ба истифодабарандагон таъсири манфӣ расонад; масалан, дар шабака наметавон эҳсосоти воқеӣ ва аксуаламали мусоҳибро пайгирӣ кард. Дар муоширати шахсӣ тамоми таомулоти номатлуб тавассути ишороти ғайрикаломӣ, ки метавонанд комилан калимотро иваз намоянд, қатъ мегардад. Зимни муошират дар шабака бо шахсе, ки дар наздикӣ ҳузур надорад, барои дарки истеҳзо ё самимияти ӯ, шумо василаҳои полоишии худро дар ихтиёр доред, ки метавонанд иттилои расидаро ба сурати зеҳнӣ тафсир кунанд. Васоили полоишии ботинии мо аз ҳолу ҳавоямон бастагӣ доранд; хамин тавр ибораи аз лиҳози маънӣ мубҳами «Не, сипосгузорам», ки онро инсон пас аз як рўзи басо душвор дар паём дарёфт мекунад, метавонад бар хилофи радди муаддабона аз ҷониби ҳамсуҳбат, беадабона ба назар расад.

Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳое, ки ба ҷомеапазирӣ (иҷтимоӣ шудан) таъсири манфӣ мерасонда, он воқеият аст, ки истифодаи беш аз ҳад аз Интернет метавонад боиси эътиёд шавад, ки мунҷар ба афсурдагӣ мегардад. Натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ муаян намуд, шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба шуур ва руҳу равони ҷавонон таъсири манфӣ низ мерасонанд. Муҳақиқони тоҷик Муродбеков М.Ҳ., Юсупов С.З. дар мақолаашон таҳти унвони “Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифода ва таъсири он ба ҷомеа”, ки дар сомонаи ravshanfikr.tj чоп шудааст қайд менамоянд, ки дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, рушду инкишофи шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дорои ҷанбаҳои манфӣ низ мебошанд, ки чунинанд: Масалан, мусоҳибон ба ин ақидаанд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси беҳуда гузаронидани вақт (72,4%), тамошои видеоҳои фаҳш (52,9%), ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои каҷрафтор (51,1%), коста шудани ахлоқ (44,6%), дур шудан аз муоширати зинда (33,5%) ва вобастагӣ пайдо шудан (26,2%) мегардад. Воқеан беназорат гузоштани насли наврас ва махсусан ҷавонон дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад, ки моро ба оқибатҳои ногувор расонад[5].

Муҳақиқони масъалаи мазкур Ҷ. Мейзер, А. М. Ледбеттер, мақолаеро интишор намуда, дар он масъалаеро мавриди пажуҳиш қарор доданд, ки чӣ гуна саргармии инфиродӣ дар Интернет ба зуҳури чунин мушкилоте, мисли афсурдагӣ ва эҳсоси танҳоӣ таъсиргузор аст.

Ҷ.Мейзер ва А.Ледбеттер дарёфтанд, ки тамоюли одамон ба иртибототи иҷтимоии онлайнӣ муҷиби он гардид, ки онҳо аз Интернет ба таври бештар васвасаомезе истифода ба амал оранд. Агар инсон дар олами воқеӣ малакаҳои заифи муошират дошта бошад, пас, ба эҳтимоли зиёд, ўро иртибототи онлайнӣ бештар ба худ ҷалб менамояд, ки ин ҳолат метавонад муҷиби афзудани истифодаи васавасаомез аз Интернет гардад.

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамоне, ки таҷрибаи кофии робитаҳои иҷтимоию иртиботӣ надоранд бисёртар ба шакли муоширати маҷозӣ руй меоранд. Ҳамчунин кушиш менамоянд, ки шиносоию равобити худро ҳатман дар муҳити маҷозии шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил намоянд. Новобаста, аз душвориҳои мавҷуда муҳаққиқон Майзер ва Ледбетер қайд менамоянд, ки одамоне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода менамоянд, аз ҳад зиёд ба афсурдаҳолӣ гирифтор мешаванд. Воқеан муошират дар фазои маҷозӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ осону дастрас аст, аммо онҳо робитаи зиндаро байни фардҳо иваз карда наметавонанд.

Хулоса шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи муҳими иртиботӣ буда, махсусан байни ҷавонон ба таври бесобиқа паҳн шудааст. Яъне дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи муҳими барқарор кардани робитаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон мебошад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба касалии вобастагӣ мувоҷеҳ месозад. Яъне ин паҳлуи масъаларо низ бояд ба назар гирем, ки ҷавонон дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ фарҳанги баланди истифодабарии шабакаи Интернетро аз худ намоянд ва вобастаи ашадии интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ нашаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ба иҷтимоишавии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, ба монанди дастраси ёфтани ҷавонон ба маводҳои порнографӣ, ифротӣ ва ғайриахлоқӣ. Мушоҳида мешавад, ки ҳатто кӯдакон ба осони ба шабакаҳои номатлуб дастраси пайдо намуда, ба ин минвол ҳолати равонии худро осебпазир менамоянд. Зарур мешуморем, ки тавасути ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳи байни насли наврас онҳоро аз паҳлуҳои ногувори шабакаҳои иҷтимоӣ ҳимоя намоем, то ки онҳо ҳамчун насли солим ба воя расанд.

Маҳмадизода Нозим Давлатмурод – Директори институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

АДАБИЁТ

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». https://prezident.tj/event/missives/36370 (санаи муроҷиат ба сомона 16.07.2025)

2. Маҳмадизода Н.Д. Тарғибу ташвиқи идеологияи ифротгароӣ(экстремистӣ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири тахрибкоронаи онҳо ба шуури ҷавонон. Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллӣ. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ (ш.Душанбе, 29-уми ноябри соли2022). С.41-47.

3. Шахов Л.М. Положительное и негативное влияние интернета на социализацию молодежи. https://elar.urfu.ru/handle/10995/78793 (дата обращения к сайту 16.07.2025)

4. Невесенко Е.Д. Социологический анализ Интернет-сообществ: новые подходы к изучению феномена. https://cyberleninka.ru/article/n/sotsiologicheskiy-analiz-internet-soobschestv-novye-podhody-k-izucheniyu-fenomena (дата обращения к сайту 16.07.2025)

5. Муродбекова М.Ҳ, Юсупов С.З. Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифода ва таъсири он ба ҷомеа. https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/shabaka-oi-i-timo-istifoda-va-ta-siri-on-ba-omea.html?tmpl=component&print=1 (санаи муроҷиат ба сомона 31.07.2025)