(дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ рӯзи 30-уми августи соли 2025 ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)
Таълим ва тарбия ҳамчун рукнҳои асосии рушди ҷомеа аз қадимулайём дар маркази таваҷҷуҳи инсоният қарор доштанд. Дар тамаддуни тоҷикон аз замони Рӯдакӣ то давраи Ибни Сино, Саъдӣ ва Кошифӣ мақоми устод ҳамчун ҳидоятгар ва парварандаи ақлу ахлоқ бо эҳтироми хос таҷассум ёфтааст. Дар замони муосир низ, ки ҷаҳонишавӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва тағйироти иҷтимоӣ босуръат густариш меёбанд, аҳаммияти таълим ва тарбия бо эҳтиром ба устод боз ҳам бештар мегардад.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки: “Масъалаи таълиму тарбия марбут ба имрӯзу ояндаи ҳар яки мост. Аз ин рӯ, дар таълиму тарбияи насли наврас бояд заррае ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, серталаб бошем ва нисбат ба тақдири ояндаи фарзандонамон бо камоли масъулият муносибат намоем. Аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман тамоми ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд кӯшиш намоянд, ки ҷинояткорӣ ва ҳама гуна қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон пешгирӣ карда шавад. Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд.”
Ба андешаи мо, таълим ва тарбия имрӯз танҳо ба омӯзиши донишҳои фаннӣ маҳдуд намешавад, балки ба ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии насли нав нигаронида шудааст. Ҷомеаи пешрафта аз мактабу донишгоҳ танҳо мутахассиси касбӣ талаб намекунад, балки инсони дорои ахлоқи нек, масъулияти иҷтимоӣ ва тафаккури созандаро интизор аст.
Устод дар замони муосир ҳамоно меъёри маърифат, ахлоқ ва тарбия мебошад. Ӯ на танҳо дониши фаннӣ меомӯзонад, балки бо хислат, рафтор ва муносибати худ ба хонанда намунаи ибрат мегардад. Аз ин рӯ, эҳтироми устод на танҳо як арзиши анъанавӣ, балки зарурати иҷтимоиву ахлоқии ҷомеаи имрӯзист.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад.”
Дар суханронии худ Пешвои миллат ҳамчун нишонаи эҳтиром ба омӯзгорон қайд намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шуда, барои баррасӣ ба парламент пешниҳод карда шудааст.
Эҳтиром ба устод – пайванди суннат ва замонавият. Дар фарҳанги тоҷикон устод «падари маънавӣ» шуморида мешавад. Бо вуҷуди тағйироти муосир ва таъсири фарҳангҳои хориҷӣ, эҳтироми устод набояд коста гардад, зеро ин меъёри маънавӣ заминаи пойдории фарҳанг ва давлатдорист.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дониш – ин омилест барои рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар, инчунин манбаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад ва маҳз таҳсилоти олӣ метавонад ҷомеаро ба кадрҳои масъул ва бо диди васеъ таъмин намояд.
Яке аз масъалаҳое, ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватнома» ба он бештар диққат додааст, ин муносибати устоду шогирд ё ба тарзи дигар дигар гӯем, рафтори байни омӯзгору талаба мебошад, ки дар шароити имрӯза ҳам андешаҳои нависанда басо арзишманданд. Нахуст «Дар баёни устод ва шароити он» мақому манзалати омӯзгорро ба ёд меорад ва ба шогирдон ва толибилмон хитоб карда чунин мегӯяд: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Аз шоҳи вилоят манқул (ишорат) аст, ки агар касе ба мартабаи кашф ва каромат расад ва корҳое аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наёяд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Бинобар ин, ҳар кӣ хоҳад ба дараҷаи камол бирасад, бояд устод дошта бошад:
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хизмат куну устод шав!
Ин ҷо нависанда ба шогирдон гӯшзад менамояд, ки хизмати устодро ба ҷо биёред, аз ӯ илму дониш омӯзед ва чун ба камол расидед, шумо ҳам устод мешавед ва соҳибном хоҳед гашт. Баъд нависанда хислатҳои устодро баён мекунад, ки ӯ кадом шарту шароитро бояд доро бошад. Якум, устод бояд покизамазҳаб бошад. Яъне дар роҳи хеш устувор бояд бошад. Дуюм, донишманд бошад ва аз илм ё фанни дарсмегуфтагиаш вукуфи комил дошта бошад. Сеюм, ахлоқи пок, рафтору кирдори накӯ дошта бошад, бо шогирдон муомилаи ҳасана карда тавонад. Чорум, ҳар хисоли арзишманде, ки дар ҳаққи футуввати ҷавонмардон арз кардем, бояд аз он бархурдор бошад. Муҳимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шогирд нагирад, ба онон баробар назар кунад.
Шогирд бояд чӣ гуна бошад? Ба назари нависанда шогирд бояд бо чунин сифатҳо ороста бошад: - назди устод бо камоли эътиқоду боварӣ ба хондан шурӯъ намояд; - ба устод содиқона хизмат кунад; - дилу забонаш рост, яъне як бошад; - њар чӣ устод гуфт, дар гӯш бигирад ва ҳар кор, ки фармуд, онро бояд содиқона сомон диҳад.
Шогирд ё талаба бояд дар назди устод чӣ гуна одоб дошта бошад?: -пеши устод (омӯзгор, муаллим) кам сухан гӯяд; - устодро эҳтиром кунад, ибтидо салом диҳад; - чун устод сухан гӯяд, хомӯш бошад ва бо камоли майлу хоҳиш ба гуфтори омӯзгор диққат диҳад; - агар суол дошта бошад, аз устод иҷозат пурсад; - дар назди устод (дар синфхона) бо касе гӯшакӣ ё сӯҳбат накунад; - эътироз ба гуфтори устод накунад; - дар назди устод ва волидайн ва калонсолон ҳамеша боодобу ботамиз бошад.
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Чунонки дидем, андешаҳои нависанда дар бораи вазифаҳои устоду шогирд имрӯз ҳам қимату арзиши худро гум накардаанд. Ҳар як хонанда бояд омӯзгорро ҳурмату эҳтиром кунад, зеро танҳо омӯзгор, муаллим дар дили шогирд шамъи илму донишро фурӯзон хоҳад кард, ӯро ба ростию покӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Аз ин нигоҳ қадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтаҳои устод амал кунад, албатта, донишу камолоташ зиёд хоҳад шуд ва, ба гуфтаи адиб, адаб чизи муқаддас аст, адаб мисли тоҷ аст, ки аз нури Худованд чило медиҳад. Ана ҳамин тоҷро бар cap куну ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав! Бешубҳа обрӯву мақому манзалат хоҳӣ ёфт.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар одоби сухан гуфтан андешаҳои судманде гуфтааст. Аз љумла, «Бидон, ки шарафи одами ба нутқ (сухан) аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барон он ки нутқ ба савоб ояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад».
Кошифӣ шаш мавриди сухан гуфтанро таъкид намудааст:
1. Дар ҳар ҷамъомад, ҳар маҷлис, ҳар нишаст ҳар фард мувофиқи ҳолаш, мақомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гуяд: «Бо ӯ бо забони ӯ сухан бояд гуфт». Бо лутфу хушрафторӣ бо касон, бо дӯстон, бо рафиқон бояд сухан гуфт, на бо дағаливу дуруштӣ.
2. Дар вақти сухан гуфтан кас бояд кушодарӯй бошад. Сухане гӯяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад, шунаванда малоли хотир нашавад, ғубори маломат ба дилаш наангезад.
3. Сухан бояд судбахшу бомағз бошад, инсонҳоро ба покиву ростӣ дар роҳи ҳақ ҳидоят намояд. То аз ӯ сухан напурсанд, сухан нагӯяд.
4. Дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад. Дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад. Яъне, ба ҳар тараф нанигарад.
5. Бо ғаразу киноя сухан нагӯяд. Аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гӯяд, то пушаймон нашавад.
6. Сухани гӯяндаро набурад. Чун суханашро ба охир расонид, он гоҳ лаб ба сухан кушояд. Сухан кӯтоҳу андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорӣ орад. «Бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст».
Ҳамин тавр, эҳтироми устод имрӯз метавонад бо шаклҳои нав – аз риояи интизом, масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор то истифодаи дурусти технологияҳои таълимӣ ифода ёбад. Дар ҷомеаи муосир мушкилоте ба монанди паст шудани сатҳи ахлоқии ҷавонон, коҳиши нуфузи устод аз сабаби паҳншавии иттилооти интернетӣ ва рақобати бозори меҳнат мушоҳида мегардад.
Барои бартараф кардани ин мушкилот ба андешаи мо зарур аст, ки мақоми устод дар ҷомеа аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ боло бурда шавад, тарғиби арзишҳои миллии «эҳтиром ба устод» дар барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори умум тақвият ёбад, ҳамкории оила, мактаб ва ҷомеа дар масъалаи тарбия пурзӯр карда шавад.
Пешвои миллат ибрози ақида намуданд, ки: “...ин вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии на танҳо аҳли маориф ва падару модарон, балки тамоми ҷомеа мебошад. Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.”
Хулоса, таълиму тарбия ва эҳтиром ба устод арзишҳоеанд, ки дар замони муосир низ на танҳо аҳаммияти худро аз даст надодаанд, балки дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ боз ҳам муҳимтар гардидаанд. Пешрафти ҷомеа ва устувории давлат аз он вобаста аст, ки насли наврас бо дониш, ахлоқ ва эҳтироми амиқ ба устодон парвариш ёбад.
Дар фарҷоми суханронӣ Пешвои миллат мардуми Тоҷикистон, шаҳрвандону фарзандони Ватанро даъват ба он намуданд, ки барои ҷашни бошукӯҳи 35-умин солгарди истиқлол тамоми нерую заҳматро сарфи ободии диёр равона намоянд.
Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор