Кашфи илмии тағйирёбии иқлим дар ибтидои асри XIX, вақте, ки давраи яхбандӣ ва дигар тағйироти табиӣ дар палеоиқлим ва таъсири гармшавии табиӣ бори аввал мушоҳида ва муайян карда шуд, оғоз ёфт. Дар охири асри XIX олимон изҳор доштанд, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ метавонанд тавозуни энергетикӣ ва иқлимии Заминро тағйир диҳанд.
Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои глобалии асри XXI ба шумор рафта, ин раванд боиси дигаргуншавии муътадилияти иқлим ва афзоиши ҳодисаҳои табиӣ мегардад, ки ба башарият ва муҳити зист таъсири манфӣ дорад. Сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим, ин афзоиши партовҳои газҳои гулхонавӣ дар натиҷаи фаъолиятҳои одамон, аз ҷумла, истихроҷи сўзишвории фоиданок, саноат, кишоварзӣ ва нобудкунии ҷангалҳо мебошад.Тоҷикистон бо пешоҳангӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии раванди тағйирёбии иқлим буда таваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷалб менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ҳамчун як мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, барфу захираҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин нуқта борҳо аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ёдовар шуда, таъкид карда шудааст, ки кам шудани оби ошомидани дар сайёра метавонад башариятро ба як фоҷеаи калон гирифтор намояд. Пешвои муазами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологӣ тадбирҳои муштарак таҳия намуда, онҳоро саривақт амалӣ намоянд.
Минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир буда, бинобар афзоиши ҳарорати ҳаво, кам шудани миқдори боришот ва тағйир ёфтани амплитудаи бузургиҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Дар муқоиса бо раванди обшавии пиряхҳои дигар навоҳии кӯҳӣ нигаронкунанда будани вазъи кунуни пиряхҳои Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ мефармоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи кӯҳи, Ванҷях дар Тоҷикистон, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пиряхи Ванҷях мӯъҷизаи беҳамтои табиати Тоҷикистон буда дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳои Точикистон ҷойгир шудааст. Ин пирях аз пайванди қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо силсилакӯҳӣ Язғулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м) маскан гирифтааст. Минтақаи ғизогирии пирях дар баландиҳои 6200 - 6300 м вале забонаи он дар водии дарёи Селдара ( шохоби Муқсу ) то баландии 2909 м паст фаромадааст. Пиряхи мазкурро соли 1876 сайёҳи рус В.Ф.Ошанин кашф намуда, онро ба хотири дӯсташ А.П. Федченко, яке аз нахустин муҳаққиқони Осиёи Миёна, номгузорӣ намуда буд. Дарозии ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км2, ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳниаш ба 3 - 5 км мерасад. Дар пирях 93,8 километри мукааб об захира шудааст. Пиряхи Ванҷях қариб 50 шоха (шохоб) дошта, калонтаринашон Бивачий, Наливкин ва ғайра буда, дар баландиҳои 2900 -7480 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Айни замон пиряхи Ванҷях соле бо суръати 10-16 м таназзул ёфта истода, дар 10 соли охир беш аз 1 км кӯтоҳ ва сатҳаш беш аз 50 м паст фаромадааст. Қариб ҳамаи шохаҳои пиряхи Федченко аз танаи асосӣ ҷудо шуда, мустақил гаштанд, ки аз таназзули умумии пирях башорат медиҳад. Аз ин хотир, омӯзиши минбаъдаи пирях аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад, зеро тағйироти баамаломада, ба реҷаи гидрологии дарёи Вахш таъсири калон мерасонад. Тағйирёбии майдони яхӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар минтақаи кӯҳии Помиру Олой, дар охирҳои асри гузашта диққати як қатор пажуҳишгаронро ҷалб намудааст. Омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ба охири асри XIX рост меояд, ки дар ин марҳила олимон - сайёҳони рус А.И. Федченко, В. Ошанин, И.В. Мушкетов, В.И. Липский ва дигар тадқиқотчиён саҳми арзандаи хешро гузошта буданд. Соли 1928 Академияи Илмҳои ИҶШС экспедитсия калонеро оид ба тадқиқи пиряхҳо ташкил намуда буд. Дар каталоге, ки аз ҷониби гидрограф ва глятсиологи машҳури советӣ профессор Н.Л. Корженевский соли 1930 тартиб дода шуда буд, майдони яхбандии Осиёи Марказӣ бидуни Помир, Олтой, Талас ва як қисми қаторкуҳи Олтой ба 8987 км2 арзёбӣ гардида буд.
Хулоса, бо дарназардошти болоравии ҳарорат, пиряхҳо бо суръат об шуда барои Ҷумҳурӣ ва кишварҳои поёноб хатари ҷиддиеро ба миён овардааст. Хатари авалиндараҷа аз меъёр зиёд серобшавии дарёҳо мебошад, ки боиси шусташавии заминҳои кишт ва зери об мондани минтақаҳои аҳолинишин мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати пешгирии ин фалокати бузург мо бояд дар якҷоягӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Меликов Хуршед – ходими хурди илмии бахши иттилооти илмӣ
ва кор бо шарикони рушди Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашр таҳти унвони «Анатомияи одам», ки аз ҷониби ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа таълиф гардидааст, ба нашр расид.