Ба истиқболи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизстон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-9 июли 2025
Минтақаи Осиё аз қораи калонтарини ҷаҳон маҳсуб ёфта, мардумони Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии он бо хусусиятҳои хосси ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва манобеъи табиии худ аз мавзеъҳои стратегӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, робитаҳои миёни мардумони ин манотиқи аз даврони бостон бо пайдо шудани Шоҳроҳи Бузурги Абрешим оғоз шуда, бо рафту омади мардумон то ба имрӯз тавсеа ёфтааст. Дертар бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолият дарёфт намуда, равобиташонро бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар асоси принсипу қонунҳои миллии худ роҳандозӣ гардид. Осиёи Марказӣ — истилоҳоти ҷуғрофие, ки дар асри XXI нисбати сарзамини имрӯзаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон истифода бурда мешавад ва ҷамъи аҳолии ин минтақа 50 млн нафар мебошад.
Дар ин зимн, Тоҷикистони навин бо эҷоди мактаби сулҳофарин ва ташаббусҳои созанда, рушду тавсеаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар заминаи Истиқлолият ва таҳкими робитаҳои байни давлатҳо шарти асосӣ дониста, барои тақвият ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд пайваста талош менамояд. Масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, санаи 23 сентябр соли 2024 дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар асоси он, ки мардумони минтақа аз қадимулайём боҳам мезистанду мегуфтанду меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстона ҳамкориро идома хоҳанд дод. 31 марти соли 2025 Эъломияи Хуҷанд бо имзои сарони се давлати ҳамсояву ҳамдину ҳамфарҳанг – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расид ва ҳадафи асосии он абадият ва пояндагии дустӣ миёни халқиятҳо мебошад. Дар доираи ин Эъломияи таърихӣ маросими имзои Шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар доир гардид, ки заминаи асосии он муносибатҳои некбинонаи ҳамсоядорӣ самараи басо муҳим арёзбӣ мегардад. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мизбон ва муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев чун меҳмони олиқадри чорабинӣ буданд, ки имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ чун “санади таърихӣ” миёни онҳо пазируфта шуд.
Ин ҷо бояд ишора кард, ки бо имзо шудани ин санади таърихӣ, албатта, ба муносибатҳои иқтисодиву фарҳангиву илму маорифу сармояву сайҳати кишварҳо ва ҳамгироии наву судмандро фароҳам хоҳад овард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни имзои ин санади таърихӣ дар суханронии хеш бар он таъкид намуд, ки “...мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пештибонӣ мекунем”.
Ҳамин тариқ, Эъломияи Хуҷанд бар он таъкид менамояд, ки дар ҳамсоягии воқеан сулҳомезу ҳамкориҳову шарикӣ кишварҳо баробар саҳмгузор буда, заминаро дар рушди сиёсиву сармоягузориву сайёҳии минтақа бештару беҳатр фароҳам хоҳанд овард.
Он боз таъкид бар дурандешии Президенти Тоҷикистон менамояд, зеро абадият ва амалияи Эъломияи Хуҷанд имрузҳо, дар ин вазъияти тезу тунди геополитикаи ҷаҳон на танҳо дар оромиву осудагии минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар созгории сулҳи ҷаҳонӣ низ мавқеъи муҳимро мебозад. Зеро дустиву ҳамдигарфаҳмӣ, чеҳраҳои кушоди сокинон ва фазои ороми минтақаву ин се кишвари ҳаммарз бо Эъломияи Хуҷанд дубора тавонист вазоиф ва рисолати минтақавию таърихии худро амалӣ намуда, ба ҷаҳониён дарси сулҳу сафову дӯстӣ биомӯзад. Ё ба қавли донишманди тоҷик Даврон Сафарзода “Имзои Эъломияи дӯстии абадӣ аз чанд ҷиҳат барои давлатҳои минтақа аҳамияти сиёсию таърихӣ дорад. Аз нигоҳи консепсияи тамаддунию ҷуғрофӣ Осиёи Марказӣ воҳиди тому ягонаи геополитикиро ташкил дода, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти он бояд дар натиҷаи ҳамгироӣ ва ҳамзистии осишта таъмин карда шавад. Яъне, давлатҳои минтақа ҳам аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳам аз нигоҳи тамаддунӣ ба ҳам вобаста мебошанд”. Ба андешаи мо низ Эъломияи мазкур якчанд баҳсҳои минтақавии марзиро, ки давоми чанд даҳсола ҳалли худро талаб мекарданд, хотима гузошта, иҷроиши Эъломия бидуни миёнарав – давлат ва ё созмони дигар имзо гардид, ки ҳолати камназир дар муносибатҳои минтақавии ҳалли баҳсу низоъ ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, бе миёнарав сурат гирифтани раванди Эъломияи дӯстии абадӣ бозгӯи он аст, ки дар доираи имзои он манфиатҳои миллии давлатҳои аъзо ва халқҳои минтақа ба инобат гирифта шуда, пайваста ҳимоя мегардад.
Ба андешаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳайдарзода Рустам муносибатҳои некуҳамсоягӣ дӯстӣ ва бародарии мардуми кишварро таҳким бахшида, қадами созанда барои ҳамзистии осоишта мебошад. Ӯ таъкид кардааст, ки созишномаи марзии баимзорасида натиҷаи талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишварҳо мебошад, ки баҳри таъмини субот, амният ва рушди ҳамсоягии нек хидмат хоҳад кард.
Барои нигорандаи сатрҳо мояи ифтихор аст, ки санаи 13-14 июни 2025 бо даъвати Донишгоҳи давлатии забонҳои шаҳри Андиҷони Узбекистон дар конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “ Рушди сайёҳӣ, роҳбаладӣ,тарҷума, меҳмоннавозӣ дар Водии Фарғона ва имкониятҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид зери мавзуи “The Fergana valley discovery is the revival of people peaceful friendship and Regional tourism” (Кашфиётҳои водии Фарғона эҳёи дӯстии осоиштаи мардум ва сайёҳии минтақавӣ) суханронӣ намуд. Чунин форумҳо баҳри сулҳу дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва сиёсати хориҷии кишвар дар шароити муносиб муҳим арзёбӣ мегардад. Форуми мазкур макони зебоманзаре бо номи Хонобод, ки он дар роҳи Бузурги Абрешим ҷойгир шуда, дар соҳили дарёи Қарадарё воқеъ мебошад, баргузор шуд. Дар конфронси мазкур меҳмонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқ, Ховари Миёна ва Қавқоз, Аврупо ва Амрико иштирок ва суханронӣ карданд.
Бояд зикр кард, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон аз он ифтихор доранд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ё ба ибораи дигар, Мовароуннаҳр дорои таърихи куҳан ва фарҳанги беназире дошта, дар саросари ҷаҳон аз чун минтақаи таъриху тамаддун шинохта ва эътироф шудааст. Ҷойҳои бостонии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла водии Зарафшон, Фарғона ва Ҳисору Қаротегину Вахш дар саросари ҷаҳон ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ шинохта шудаанд, ки барои рушди соҳаи сайёҳии кишвар заминаи хуб мегузоранд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Водии Фарғона — водиест, ки дар байни се давлати имрӯзаи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсим шудааст.
Водии Фарғона дар Осиёи Марказӣ зичии бештари аҳолӣ дошта, қисмати марказиро вилоятҳои сераҳолии Ӯзбекистон ( Фарғона, Намангон ва Андиҷон ), қисматҳои канориро — Ҷалолобод, Ӯш ва Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ишғол мекунанд. Тиқби маълумотҳо дар асрҳои XVIII—XIX водӣ маркази хонии Қӯқанд буда, баъдтар, соли 1876 ба ҳайати Империяи Русия ( вилояти Фарғона ) дохил гардида, солҳои 1920 байни кишварҳои дар боло зикршуда тақсим карда шуд.
Хулосаи калом, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистону Кирғистону Узбекистон макону водиҳо ба мисли водии Фарғона мавҷуданд, ки доштани манзараҳои нодиру номакшуф заминаи хубро барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ фароҳам меоваранд. Ҳамин тариқ, тибқи иттилооти “Ховар” дар ҳошияи ташрифи президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» сурат мегирад. Дар чорабинии фарҳангӣ, ҳамчунин мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар дошта шудааст. Дар ин зимн, барномаи консертии ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардида, меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Маҷмааи Истиқлол ва мавзеъҳои зебои дараи Варзобро тамошо хоҳанд кард. Ҳамин тавр, натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат намуда, фазои сулҳу дӯстиро беҳтар хубтар фароҳам сохта, заминаҳоро дар таҳкими равобити СИЁСӢ, САРМОЯГУЗОРӢ ВА САЙЁҲӢ дар минтақа ва ҷаҳон тақвият хоҳад бахшид.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ