Skip to main content

19 декабри соли 2025 бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикон, тоҷикият ва арзишҳои миллӣ» баргузор гардид.

Семинар дар толори Маркази пиряхшиносӣ доир гардида, дар кори он олимону муҳаққиқон, устодони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инчунин намояндагони доираҳои илмӣ фаъолона иштирок намуданд.

Семинарро директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, зимни сухани муқаддимавии худ ба аҳамияти омӯзиши илмии масъалаҳои марбут ба таърихи тоҷикон, моҳияти тоҷикият ва нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ишора намуд.

Дар идомаи кори семинар маърузаҳои илмӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад А.Н. дар мавзуи «Тоҷики тоҷиквар» сухан гуфта, ҷанбаҳои таърихӣ ва маънавии ташаккули симои тоҷиконро таҳлил намуд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Х.М. бо маърузаи худ таҳти унвони «Мафҳуми “тоҷикият” ва таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон» масъалаи ҳамбастагии арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷиконро мавриди баррасии илмӣ қарор дод.

Ҳамчунин, доктори илмҳои фалсафа, профессор Самиев Б.Ҷ. дар мавзуи «Ҳуввият ва таҳаввулли арзишҳои фарҳанги миллӣ дар давраи Истиқлол» баромад намуда, тағйирот ва равандҳои нави рушди арзишҳои миллӣ дар шароити давлати соҳибистиқлолро таҳлил кард.

Дар қисми хотимавии семинар иштирокчиён оид ба мавзуъҳои баррасишуда мулоҳизаҳои судманд иброз намуда, аҳамияти идомаи чунин чорабиниҳои илмиро барои рушди афкори миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.

Семинари илмӣ-назариявӣ дар фазои созанда ва мубодилаи афкори илмӣ баргузор гардида, барои таҳқиқи минбаъдаи масъалаҳои марбут ба тоҷикон, тоҷикият ва арзишҳои миллӣ заминаи мустаҳкам гузошт.