Skip to main content
Соли 2025 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли муҳим ва сарнавиштсоз гардид. Дар ин сол кишвар на танҳо дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба даст овард, балки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшид. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин воқеиятҳоро бо далелҳои мушаххас ва дурнамои равшан инъикос намуд.

123Яке аз рӯйдодҳои таърихии соли 2025 ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки барои таъмини сулҳу субот дар минтақа заминаи боэътимод гузошт. Инчунин, имзои шартномаҳои сеҷониба бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳури Ӯзбекистон нишонаи болоравии сатҳи эътимод ва ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, криосфера, зеҳни сунъӣ ва рушди устувор мақоми пешсафро соҳиб шуд. Қабули як қатор қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон далели эътирофи нақши созандаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.

Дар даҳ соли охир рушди устувори иқтисоди миллии Тоҷикистон ба ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ зиёда аз шаш баробар зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрӣ ба 77 сол расид. Ин натиҷаҳо самараи татбиқи пайвастаи стратегияҳои давлатӣ ва ҷалби фаъоли сармояи дохилию хориҷӣ мебошанд. Танҳо дар ин давра беш аз 670 миллиард сомонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ равона шудааст.

Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бояд ба омили асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёбанд. Ҷорӣ намудани низоми биллинги рақамӣ дар соҳаи энергетика намунаи равшани коҳиши омили инсонӣ, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мебошад. Дар оянда гузариш ба идоракунии рақамии молияи давлатӣ, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори интернет ҳамчун афзалиятҳои калидӣ муайян гардиданд.

Саноатикунонии босуръат ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар табдил ёфтааст. Танҳо дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта шуда, даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтанд. Соҳаи энергетика низ бо сармоягузории бузург рушд намуда, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ ба таври назаррас афзоиш ёфтанд.

Дар баробари ин, соҳаи кишоварзӣ сарфи назар аз тағйирёбии иқлим рушди устувор нишон дода, сатҳи амнияти озуқаворӣ то 85 фоиз баланд бардошта шуд.

Маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонанд. Ҳар сол зиёда аз 21 фоизи буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф равона мешавад. Сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихӣ омили муҳимми таҳкими ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеа на танҳо ҷамъбасти натиҷаҳо, балки барномаи равшани амал барои рушди оянда мебошад. Рушди устувор, иқтисоди рақамӣ, саноати муосир, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанги миллӣ самтҳое мебошанд, ки Тоҷикистонро ба сӯи давлати пешрафта ва зиндагии шоиста роҳнамои месозад.

Мушовири президенти АМИТ, профессор Қодирзода Ф.А.