Skip to main content
Дар илми муосири сиёсатшиносӣ ва шаҳршиносӣ (урбанистика) пойтахт на танҳо ҳамчун воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ, балки ҳамчун категорияи бисёрсамтаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мегардад. Пойтахт дар низоми давлатдорӣ нақши калидӣ дошта, ҳамчун маркази ташаккули ҳокимияти сиёсӣ, мутамарказсозии захираҳои иқтисодӣ ва инъикоси ҳувияти миллӣ хизмат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд истисно набуда, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлат дар ташаккули симои миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ нақши меҳварӣ дорад.

Таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар чаҳорумин шанбеи моҳи апрел баргузор мегардад, на танҳо як маросими рамзӣ, балки ифодаи арзишҳои миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба давлатдорӣ мебошад. Ин падида аз нуқтаи назари илмӣ ҳамчун унсури сиёсати рамзӣ ва механизми таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Пойтахт таҷассумгари оинаи давлат ва инъикоси ҳувияти миллӣ буда, дар адабиёти илмӣ пойтахт ҳамчун “оинаи давлат” маънидод мегардад, зеро дар он сатҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба таври мутамарказ таҷассум меёбад. Шаҳри Душанбе дар худ на танҳо функсияҳои маъмурӣ, балки арзишҳои таърихӣ ва тамаддунии миллатро муттаҳид сохтааст.

Аз диди таҳлили фарҳангшиносӣ, пойтахт макони истеҳсол ва бозтавлиди маъноҳои рамзӣ мебошад, ки тавассути онҳо ҳувияти миллӣ ташаккул меёбад. Дар ин замина, Душанбе ҳамчун маркази рамзии давлатдорӣ, арзишҳои ваҳдат, истиқлолият ва худшиносии миллиро таҷассум мекунад.Шаҳр дар давраи истиқлолият марҳила ба марҳила ба трансформатсияи ҷиддӣ дучор гардида, дар натиҷаи татбиқи сиёсати муназзами шаҳрсозӣ, навсозии инфрасохтор ва ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба як маркази муосири иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти стратегии миллӣ табдил ёфтааст. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иҷтимоию иқтисодиро оғоз намуд, ки дар он пойтахт ҳамчун муҳаррики асосии модернизатсия баромад намуд. Душанбе дар ин давра ба таври назаррас тағйир ёфта, ба як шаҳри муосири дорои инфрасохтори рушдёфта табдил ёфт.

Равандҳои урбанизатсия, бунёди иншооти муосир, васеъшавии шабакаҳои нақлиётӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани сифати ҳаёти аҳолӣ мусоидат намуданд. Ин равандро метавон ҳамчун намунаи муваффақи сиёсати шаҳрсозӣ ва рушди устувор арзёбӣ кард.

Нақши пойтахт дар рушди илму маориф ва фарҳанг бисёр назаррас аст. Аз нуқтаи назари институционалӣ, пойтахт маркази асосии захираҳои зеҳнӣ ва фарҳангии давлат мебошад. Дар шаҳри Душанбе муассисаҳои калидии таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, театрҳо, китобхонаҳо ва осорхонаҳо мутамарказ шудаанд, ки дар ташаккули сармояи инсонӣ ва рушди зеҳнии ҷомеа саҳми назаррас доранд.

Пойтахт инчунин ҳамчун платформаи муколамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо хизмат намуда, арзишҳои миллӣ ва умумибашариро ба ҳам мепайвандад. Ин раванд ба таҳкими дипломатияи фарҳангӣ ва баланд бардоштани имиҷи байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.

Ҷанбаҳои иқтисодии рушди пойтахт ҳамчун низоми мураккаби омилҳо ва равандҳои ба ҳам вобаста, ки ба ташаккул ва густариши иқтидори истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузории шаҳр мусоидат менамоянд, дар заминаи сиёсати иқтисодии давлатӣ, модернизатсияи инфрасохтор ва диверсификатсияи фаъолияти соҳибкорӣ тадриҷан рушд ёфта, ба баланд гардидани рақобатпазирӣ ва устувории иқтисодии пойтахт заминаи воқеӣ фароҳам овардаанд. Аз диди иқтисодӣ, пойтахт маркази асосии фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Консентратсияи корхонаҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва марказҳои тиҷоратӣ дар Душанбе ба ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва рушди бозор мусоидат менамояд.

Рушди инфрасохтор ва ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба диверсификатсияи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар замина фароҳам меорад. Ин раванд ҳамчун унсури муҳими сиёсати иқтисодии давлатӣ баррасӣ мегардад.

Пойтахт ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ. Яке аз ҷанбаҳои муҳими таҳқиқотӣ арзёбии пойтахт ҳамчун фазои иҷтимоии ҳамзистии осоишта мебошад. Пас аз таҷрибаи таърихии мураккаб, Душанбе ба маркази субот ва ваҳдати миллӣ табдил ёфт.

Имрӯз пойтахт ҳамчун муҳити бисёрмиллатӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ арзёбӣ гардида, дар он намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар асоси принсипҳои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта зиндагӣ менамоянд. Ин ҳолат нишондиҳандаи устувории низоми сиёсӣ ва самаранокии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки пойтахт дар низоми давлатдорӣ танҳо маркази маъмурӣ набуда, балки категорияи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҳувияти миллӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, муносибати масъулона ба ҳифз, рушд ва ободонии пойтахт на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки унсури муҳими сиёсати давлатӣ ва рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.

Сомон Ғоибназарзода - ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва КанадаиИнститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ