Skip to main content
Шахсияти шинохта ва олими маъруф, академик Раҳмонзода Абдуҷаббори Азиз 15-ум марти соли 1959 дар шаҳри Кулоби бостонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ мактаби миёнаи деҳаро хатм карда, соли 1978 ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1983 онро бо муваффақият хатм намуд. Устодонаш ҳануз дар солҳои донишҷӯияш ба монанди Баҳриддини Камолиддинов, Соҳиб Табаров, Худои Шарифов, Худойназар Асозода уро ҳамчун шогирди ояндадору донишманд мешумориданд.

123Академик Раҳмонзода Абдуҷаббори Азиз Солҳои 1985-1987 хизмат дар Республикаи Демократии Афғонистон намуда, баъди омадан соли 1987 ба аспирантура дохил мешавад ва соли 1991 рисолаи номзади ва соли1999 рисолаи докториашро бо муваффақият дифоъ намудааст. Раҳмонзода Абдуҷаббори Азиз дар вазифаҳои гуногуни масъули давлатӣ то ҳоло содиқонаю софдилона ифои вазифа менамояд.

Хадаф дар ин навишта академик Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз мебошад, ки тавассути муаррифии осори илмии у ҳамоҳангии илму қудратро метавон баррасӣ намуд. Номбурда баъди хатми Донишгоҳ ба илми филологӣ руйоварӣ карда, дар мухити илмии донишгоҳӣ ба таҳқиқу таҳлилҳои илми адабиётшиносии муосир пардохт. Агарчи таваҷҷуҳ ба улуми филологӣ дар ҷахони муосир кам шуда бошад, аммо дар кишвари мо бобати баррасиҳои имии адабиётшиносӣ шавқу шаҳомати он афзудааст. Суоли мараҳ низ аз ҳамин бармеояд, ки чаро дигар милал ниёзҳои худро ба баррасиҳои вижагии илми адабиётшиносӣ кам кардаанду тоҷикон ниёзҳзояшонро ба улуми мазкур афзудаанд? Ба ин пурсиш ҳангоми пажуҳиш дар афкор ва осори донишмандони тоҷиктабор посух метавон ёфт, чунки аз Рудакӣ шуруъ шуда, ба таҳқиқи кунишу вокуниши шоире мисли Шамсуддин Шоҳин анҷом мепазирад, лекин ҳар як намояндаи адаби миллӣ дар назму наср бо ҳикмат ва улуми ҷомеашиносӣ паӣванд буда, аз мушкилиҳои илми филологӣ боз фалсафа ва ҳикматро дар бар кардаасг. Бинобар ин, таваҷчуҳ ба илми адабиётшиносии ватанӣ имруз боқӣ монда, пажуҳишҳои илмӣ дар ин замир беш аз пеш мушоҳида мешавад.

Академик Раҳмонзода қариб дар ҳамаи тадқиқоти назарраси хеш ба маърифати замон паӣвасгагӣ дошта, дар пояи баррасии андешаҳои шахсиятҳои таърихӣ ба дилхоҳ мавзуъ муроҷиат кардааст. Масалан, зимни баррасии адаби асотирӣ ҳудудро як су гузошта, мавзуи заӣлро дар марзҳои беҳудуд таҳқиқ менамояд. Ин ҳадафро номбурда дар як ҷумла инъикос кардааст: “Рӯҳи миллии санъаткори ҳақиқӣ башардусгона аст (Раҳмонзода А.А. Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти точикӣ. Душанбе, 1999, сал. 115).

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ҳамосаи миллии мавсум ба “Шоҳнома”, ки ба қалами Ҳаким Фирдавсии Тусӣ тааллуқ мепазирад, дар нигоҳи Раҳмонзода А.А. арзишмандтарин нигораи ҷаҳонист ва имруз хамосаи мазкур дар ҷитъаҳои мухталиф саӣри маънавии хешро идома медихад. Оид ба пиндорҳои асотирӣ ва иртибот паӣдо кардани онҳо бо ҳақиқати таърихӣ муҳаққиқ ҷиҳати баррасии руҳи баду неки гузашта иктифо намуда, ба худ иҷоза медиҳад то ин баҳогузориро бар дигарон ироа намояд: “Аз ин пиндошти асотирӣ муносибати шоир ба гузашта ва таърихи он ошкор мегардад. Дар ин биниши асотирии Фирдавсӣ замон беҳудуд мебошад, танҳо перомуни макони бадеии “дарахти баруманд“ ҳамчун шакли рамзии Коинот ва мавчудоти кадимияти фосилаи замониро дар таркиби матни баӣт муаӣян намудан мумкин асг, ки низ арзиши асотирӣ дорад. Пас, Фирдавсӣ танҳо ба хотири эҳтироми бузурге, ки ба халқаш дорад, маӣл ба суи ҳаводиси гузашта менамояд ва беҳтарин лаҳзаҳои онро дар “Шоҳнома“-и худ ҷоӣгузин мегардонад” (Хамон ҷо, сах. 95).

Вокеъан, омили асосии рӯоварии донишмандони тоҷик ба асотир ва мероси хаттии сузонидашуда аз суи аҷнабӣ, амиқтараш ғосиб эхёи фикри миллӣ тавассути аз нав навиштани ёдгориҳои таърихии мансуб ба миллати соҳибхат аст ва Ҳаким Фирдавсӣ тафовути андеша ва тафаккурро дар баӣни мардуми бумӣ ва ғосибони бадавӣ чунин изҳор медорад:

Аз Эрону аз турку аз тозиён,

Нажоде падид ояд андар миён. На деҳқон на турку на тозӣ бувад, Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

Чунон фош гардад ғаму ранчу шӯр,

Ки шодӣ ба ҳангоми Бахроми Гӯр.

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷуянду дин андар оранд пеш.

Ҳамаи руҳдодҳову қиссанигориҳои Фирдавсӣ ба таври дақиқ дорои сарчашмаҳое мебошанд, ки дар «Авасто» ё худ дигар матнҳои зардуштӣ тасвир шудаанд. Масалан, образи Гаёмарт аз он ҷумла аст ва нест насабе дар “Шоҳнома” ки дар ”Авасто” набошад. Аммо дар замони шоир бо дарназардошти ҳамлаҳои маънавии ғосибони саҳроӣ ба мероси миллии тоҷикон ва дигар эронитаборон ин икдом қаҳрамонӣ буд, яъне тасовири замони гузашта дар давраи тамоман дигар ва муосир, ки он замони сипаришударо бо ҳар баҳона дар шуури муосирин доғдор мекунанд, ҷуз таърифи хотираи миллӣ ё ин ки лағв намудани биниши миллӣ тавассути бадномсозии ниёгон ва мероси маънавии онҳо чизе буда наметавонад. Аммо ҳамаи ин ноҷуриҳои таърихӣ ба тарзи тафаккури донишманд иртибот дорад ва агар олими адабиётшинос бинобар сатҳи пасти ҷаҳонбинии илмии хеш дар замон мадфун бимонад, пажухиши у барои як миллате ҷуз зиён дигар чизе нест. Раҳмонзода А.А. дар ин маврид менависад: “Иддае аз адабиётшиносон ва муҳаққидон хангоми таҳқиқ ва баррасии осори намояндагони адабиёти гузаштаву муосир муносибати мустақим ва ғайри мустақими худро ба дарки моҳияти устура ва корбандию истеъмоли образу сужетҳои асотирӣ иброз намудаанд. Мутаассифона, то ҳол ба истиснои чанд таҳқиқот дар бораи накши устурда ва таъсири он дар осори адабиёти садаи ХХ пажухиши комил ва дақиқ ба анҷом нарасидааст” (Ҳамон ҷо, сах. б).

Фикри академик Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бобати паӣванди асотир бо ғазалсароӣ аз манбаъе бармеояд, ки дар нигориши ғазал маъниро бо мурури замон такмил додаанд. Ғазал ба пиндори мавсуф тасовир аст ва ӯ муътакид мебошад, ки дар ғазал ормонҳои ботинии инсон инъикос мешаванд: “Ғазал бо ин ки табиатан шурангезӣ ва руҳнавозӣ дорад, боз бо мурури замон табиати худро бо тасвирҳои орифона кувват бахшида, таркиби худро боз ҳам мураккабтар ва бою ганӣ гардонид. Дар ғазал тасвири ҳолати ботинии инсон аз ҳама муҳим мебошад” (Абдуҷаббор Рахмонов. Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри ХХ. Душанбе, 2006, сц. 55).

Академик муътақид мебошад, ки анъанаи ғазалсароӣ бар асари сабки нигориш муҳтаво пазируфтааст ва сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ дар мазмуни ғазал нақшгузорӣ кардаанд. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки бархе аз муҳаққиқон ду шоири ғазалсарои Шерозро бо тасаввуф ҳамоҳанг сохта, ҳатто Хофизро аз зумраи маломатиён пиндоштаанд, дар ҳоле ки Ҳофиз ва Саъдӣ бо тарикаҳои тасаввуфи исломӣ ҳеҷ рабте надоранд. Бинобар ин, иқтибоси заӣл намунае аз ихтилофи ғазалиёт мутобиқ ба сабкнигорисг:

“Манбаъҳои таърихиву асотирӣ дар таркиби ғазал бештар ҷой гирифт. Агар онҳо бештар дар сабки хуросонӣ ҳолати равонии ошиқ ва маъшуқро баён созанд, дар сабки ироқӣ бо арзиҳои ирфонӣ паӣванд шуда, ифодагари ҳолати суфӣ ва пири у гардиданд“ (Ҳамон ҷо, саҳ. 53).

Дар тахқиқи ғазал ва дигар жанҳхои назм академик Раҳмонзода Шамсиддин Шохинро интихоб намуда, тавассути баррасии осори у назму насри охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ-ро муҳаққиқ шудаасг. Аз ҷумла, у тарзи баёни шоирро чунин шарҳ медиҳад: “Шоҳин дар замоне, ки умр ба сар мебурд, ниҳоят воқеъбинона доир ба замона сухан мегуфт ва муҳимтарин масъалаҳои даври хешро тасвир менамуд. Дар назари бадеии Шоҳин муҳити Бухоро барои тасвири воҷеият тангӣ менамуд ва у имкон надошт, барои рушан гуфтани тамоми фисқу фуҷур шароит паӣдо намояд“ (Ҳамон ҷо, саҳ. 15).

Шоҳин чун соири шуарои гузашта ва муосир аз шеъри Хофиз таъсирпазир будааст. Ба ибораи дигар, Шамсиддин Шоҳин бо таърихи илми адаб хеле хуб ошно буда, лаёқати нотакрори ғасалсароӣ дошт ва ин истеъдод ӯро ба навиштани нигораҳое чун Лаӣливу Маҷнун, Тулфаи дустон ва рисолаи насриаш “Бадоеъ-усс-саноеъ” водор сохтааст. Дар ин маврид Раҳмонзода сабақомуъзии Шоҳинро аз шуарои пешин мушоҳида карда, ба таҳқиқи он мепардозад. У мутаъқид аст, ки “Дар шеъри Шоҳин на танҳо фалсафаи мураккаби дунёи орифонаи Ҳофиз, балки мароми шоирони дигари классик низ эҳсос мешавад. Маълум мегардад, ки Шоҳин дар шинохти шеър аз осори гузаштагон сабақ омухта, аз баъзе таъбироти адибони гавҳарофар ба хубӣ истифода низ намуда будааст” (Ҳамон ҷо, саҳ. 35).

“Бадоеъ-ус-саноеъ“ аз зумраи осорџ таҳқиқии Шоҳин буда, дар он ҳамаи асрори давлатдории хонаводаи Манғитияро, ки иттилоь дошт, дар ин асари насриаш фош кардаасг. Ин навишта дар паӣравии рисолаи машҳури Аҳмади Дониш бо номи ”Наводир-ул-вақоеъ” ба қалам омада, яке аз шоҳкориҳои нимаи дувуми садаи XIX дар адабиётшиносии миллӣ мебошад. Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз зимни баррасии ин рисола чунин мегуяд: “Дар ин рисола (яъне, Бадоеъ-ус-саноеъ) дар тарзи баёни Шоҳин як навъ навҷуиҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Баъзе вокеаҳои таърихӣ дар ин рисола ранги бадеӣ гирифта, ҳадафи Шоҳин бештар бо хикояҳои хурди тамсилӣ ва иборахои кинояомез баён шуда, назари нависандаро бо замон муаӣян гардонидааст”(Ҳамон ҷо, саҳ. 41).

Тахассуси замонии нависанда ва шоир ва соири мунаққидони тоҷик ҷиҳати мансуб будани онҳо ба марзи муаӣяне, ки номаш ”замон” аст, хеле хуб баррасӣ мешавад, аммо баьзан мушоҳида мекунем, ки фарди эҷодкор аз ҳудуди замонии хеш фирор карда, ояндаи ин замонро, ки муосиронаш дар он муҳит фаъолият доранд, пешгуӣ мекунад ва осоре меофарад, ки то ҷаҳон боқист, аз хонанда маҳрум нест ва аз зумраи инчунин осор баробари ”Наводир-ул-вакоеъ“-и Аҳмади Носируддин рисолаи ”Бадоеъ-ус-саноеъ” низ аз зумраи чунин осор маҳсуб мешавад. Инчунин баҳогузориро метавон ба шуарои ҳар як сада аз замони силсилаи Оли Сомон то имруз нисбат дод, чунки дар ҳар садае нобиғаи илми адаби тоҷик зуҳур кардааст ва бешубҳа нақши тоҷикон дар инъикос ва тавзеҳи замону макон бо истифода аз назму насри бадеӣ дастоварди бузургест, ки онро ҷахониён мутолиа мекунанд. Масалан, ҳамосаи миллӣ мавсум ба ”Шохнома” дар волеънигорӣ ва ҳақбаёнӣ то ҳадди ахир ҷуръат намудааст, ки ҳеҷ мухаққиқе дар баррасии он ин авомилро фаромуш намекунад. Кутуб аз саҳни ҳастӣ нобуд карда мешаванд, ғасбкунандагони Чоҳил навиштаҳои нодирро месузонанд, аммо миллати соҳибқалам ҳамоно ба нигориши шоҳкориҳо машғул мешавад ва тохтутозҳо дар замон мисли соири бадкомиҳои мутааллик ба замона аз баӣн рафта, таваҷҷуҳ ба он низ ба як хотир идома хоҳад ёфт, ки аз руҳдоди ваҳшиёнае бехабар набошанд. Академик Раҳмонзода устурапардозиро аз ашколи худогоҳӣ пиндоштаасг: ".Устурапардозӣ дар аҳди Сомониён дар як шакл зухур наёфта, дар самтҳои мухталиф инкишоф меёфт. Самти аввал агар омузиш, ҷамъоварӣ ва дар эҷоди адабӣ истифода намудани асотир бошад, самти дигар эҷоду падид овардани устураҳои нави адабӣ мебошад, ки аз тарзи тафаккури бадеии аксари адибони ин аҳд падид омадаасг. Агар Дақиқӣ асотири қадимаро дар шеъри худ ба шакл даровардан оғоз намуда бошад, устод Рудакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Майсарӣ ва дигарон дар қолаби ривоёти асотирӣ, таърихӣ ва ахлоқиву ҳакимона мазмунҳои баланди худогоҳона эҷод мекарданд” (Абдуҷаббор Раҳмонов. Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти точикӣ, саҳ. 77).

Аввалин манзили илми адаби миллӣ иборат аз ин аст, ки мо ба ҳайси миллати воҳид чӣ касе ҳастем? Бинобар ин, омузиши осори адабии ниёгон моро водор хохад кард, ки фикри мустакил паӣдо карда, аз ғаӣри хеш таъсирпазир набошем. Шояд ҳамин омили дохилии илми адаб, ки печидигии онро бо улуми ҷомеашиносӣ тасдиқ, мекунад, таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба худ паӣдо кардааст.

Ширин Қурбонова, сарходими илмии Института омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илми таърих,