(дар ҳошияи қабул гардидани қатъномаи муҳим бо унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ”)
Дар тӯли таърих инсоният ҳамеша дар ҷустуҷӯи адолат, озодӣ ва эҳтиром ба шарафи инсон будааст, ки он борҳо дар мероси гаронбаҳои башарият ба таври кулли таҷуссум ёфтаву аз ҷониби бостоншиносону таърихнигорон борҳо мавриди баҳсҳову таҳқиқоти бунёдӣ қарор гирфтааст. Дар заминаи ин ормонҳо, ҳуқуқи башар ҳамчун асоси зиндагии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ ташаккул ёфтааст. Зеро аз қарнҳои пеш, мутафаккирони Шарқу Ғарб – аз донишмандони Юнон ва Рум то мутафаккирони Ховари Миёнаву Чин ва Ҳинд – кӯшиданд, то маънои “ҳуқуқ”, “озодӣ” ва “адолат”-ро дар қолаби ахлоқ ва сиёсат муайян созанд.
Дар ин росто, Шарқи Қадим – махсусан сарзаминҳои ориёно, ки аҷдодони тоҷикон ҳамчун меросбарони ҳақиқии марзубуми он шинохта шудаанд – дар таърихи фарҳанги ҳуқуқӣ нақши хос доранд. Мероси фарҳангии Хуросони бузург, ки аз афкори башардӯстонаи пешвоёнаш сарчашма мегирад, имрӯз низ ҳамчун яке аз пояҳои маънавии ҳуқуқи инсон арзёбӣ мегардад. Зеро аз Байнаннаҳрайн то Хутан, дар давраҳои мухталиф мутуни гуногуни бостонӣ ба даст омадаанд, ки онҳо ҳамеша дар мазмун ва мундариҷаи худ инсон ва ҳуқуқи башариро ҷойгоҳи марказӣ додаанд ва ё маллифони онҳо аз ашхосе буднад, ки инсон ва ҳуқуқи онро аз авлотарин арзишҳои башарӣ медонистанд.
Ҳуқуқи башар, дар маънои васеъ, таҷассуми орзуи деринаи инсоният барои баробарӣ ва озодӣ мебошад. Яке аз намунаҳои барҷастаи таърихии шинохти ҳуқуқи башар дар тамаддуни башарӣ Устувонаи Куруши Кабир аст – санади бостонӣ, ки тақрибан соли 539 пеш аз милод дар Бобул навишта шудааст. Ин устувон, ки бо хати мехӣ бо 45 сатр дар рӯи гили пухташуда сабт шудааст, фармони подшоҳи ориёӣ Куруши II, асосгузори сулолаи Ҳахоманишиён мебошад. Андоза максимали он дарозии 21,90-22,80 см., қутри дуҷониби он 7,80-8,20-7,90 см., ва қутри максималии он 10 см. (21,9 × 10 × 7,8-7,9 см.)-ро ташкил дода, дар шакл устувона (цилиндр) эҷод шудааст ва соли 1879 аз ҷониби Ҳурмузд Рассом аз Бобул ( Ироқи имрӯзӣ) пайдо карда шуда аст. Ин бозёфт ҳоло дар Осорхонаи Британиё (таҳти рақами BM90920) нигоҳ дошта мешавад.
Мутобиқи тарҷумаи муҳаққиқон, матн забти Бобулро аз ҷониби Куруши Кабир дар соли 539 пеш аз милод таҷассум намуда, бо нақл аз ҷониби худои бобулӣ, Мардук, оғоз меёбад, ки дар бораи ҷиноятҳои Набонид (Набонидус), охирин шоҳи бобулӣ, маълумот медиҳад. Пас аз он ҳикояти ҷустуҷӯи шоҳи шоҳи одил аз ҷониби Мардук, таъйини Куруши Кабир барои ҳукмрони тамоми ҷаҳон ва ба таслим омадани Бобул бе ягон ҷанг оварда мешавад. Дар сатрҳои минбаъда шахсият, унвонҳо ва шаҷараи Куруши Кабир аз забони худи ӯ (Куруш) оварда мешавад ва изҳор медорад, ки сулҳи кишварро кафолат додааст ва барои ин ӯ аз Мардук баракат гирифтаст. Куруш барқарор намудани адолат, ки дар замони ҳукмронии Набонид ба фаромӯшӣ гузошта шуда буд, ва иҷозат додан ба халқҳои ғулумшуда барои бозгашт ба ватани худро тасвир мекунад. Дар охир, шоҳ барқарор намудани мудофияи Бобулро сабт намуда ва қайд мекунад, ки ҳангоми кор як навиштаҷоти Ашшурбанипалро дидааст.
Ҳамин тариқ, устувонаи Куруш дорои навиштаҷоти анъанавии месопотамӣ ё бобулӣ буда, ҳамчун қисми асосии бино дар деворҳои Бобул ҷойгир шуда, Куруши Кабирро ҳамчун шоҳи одил ва барқоркунандаи адолати башарӣ ба хотираи таърих сабт намуда аст.
Яъне мундариҷаи ин ҳуҷҷат бо таърих ва рӯҳи инсондӯстии фарҳанги ориёӣ пайваста аст, ки дар он Куруши Кабир баъд аз фатҳи Бобул ба мардум озодӣ мебахшад, маъбадҳоро барқарор месозад ва ҳамаи мардуми асирро ба сарзамини худ бозмегардонад. Ӯ фармон медиҳад, ки ҳеҷ кас набояд бо зӯрӣ ё иҷбор ба дин ё одати дигарон оварда шавад. Ин санадро имрӯз бисёре аз муҳаққиқон нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар меноманд, зеро дар он бори аввал арзишҳои зерин бо шакли дақиқ изҳор шудаанд, ки хусусияти инсонмеҳварӣ доранд: 1) озодии эътиқод ва виҷдон; 2) мамнӯъияти зӯроварӣ ва ғуломдорӣ; 3) эҳтиром ба фарҳангҳо ва динҳои гуногун; 4) ҳифзи моликият ва арзишҳои маънавӣ; 5) ҳаққи бозгашт ва зиндагии осоишта барои муҳоҷирон.
Ин ғояҳо, ки аз замони қадим дар фарҳанги ориёӣ парварда шуда буданд, баъдан дар асрҳои нав дар “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ” (1948) шакли расмӣ гирифтанд.
6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд, дар ҷараёни 43-юмин Конфронси умумии ЮНЕСКО, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, қатъномаи муҳим бо унвони “Устувонаи Куруш: Эъломия ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид. Қабули ин санади муҳим дар рӯзи қаблуи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи форсизабонини олам, тоҷикону тоҷикистониён, дустдорони фарҳанги пурғановати ориёӣ, боз ҳам дар шинохти ҷойгоҳи мардуми ориёитабор дар таърихи башираият, як туҳфаи бенаизр буд.
Маҳз дар шароити бархурди тамаддунҳо, мухолифати андешаҳо доир ба тақдири башарият ва ҳифзи арзиҳои умуминсонӣ, ки ояндаи дурахшони башариятро зери суол мемонад ин санад аҳамияти таърихӣ ва маънавии Устувонаи Курушро ҳамчун як рамзи ҷаҳонии озодӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо таъкид мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, ин иқдом ифодаи ҳамон рӯҳи “рӯшанфикрӣ ва адолат” аст, ки аз аҳди қадим то имрӯз аз ҷониби мардуми ориёитабор ҳимоят мешавад. Қатъномаи мазкур на танҳо як санади рамзӣ, балки як паймони маънавӣ миёни гузашта ва имрӯз аст: он нишон медиҳад, ки мероси бостонӣ метавонад барои ҷомеаи муосир паёми умед ва ҳамдигарфаҳмӣ оварад.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо низоъҳо, бетафоҳумӣ ва чолишҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ аст, бозгашт ба арзишҳои Устувонаи Куруш аҳамияти тоза пайдо мекунад. Ин санад ба мо илқо мекунад, ки қудрати воқеӣ дар адолат ва таҳаммул аст, на дар зӯр ва таассуб.
Ҳамон тавр ки Куруш бар зӯроварӣ пирӯз шуд, ҷомеаи инсонӣ низ метавонад бо илм, маърифат ва эҳтиром ба ҳуқуқи якдигар бар ҷудоӣ ва нафрат ғолиб ояд. Устувонаи Куруши Бузург ва ғояҳои он на танҳо як ёдгории таърихӣ, балки асоси маънавии ҳуқуқи башар ва рӯҳи инсонгароии шарқӣ мебошанд. Он моро ба ҳамзистии осоишта, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва зиндагии озодона даъват мекунад.
Қабули қатъномаи ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон ва Эрон далели равшани он аст, ки арзишҳои башардӯстонаи гузашта ҳанӯз ҳам нерӯи зиндаи фарҳанг ва маърифати мо мебошанд. Ҳамон тавр, ки Устувонаи Куруш дар гили бостонӣ сабт ёфт, имрӯз бошад он дар виҷдони ҷомеаи инсонӣ ҳамчун рамзи ҷовидонаи озодӣ, адолат ва эҳтиром ба инсон нақш бастааст.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои чандинҳазорсолаи гузаштагон аз меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари азизи мо кӯшиш дорад на танҳо арзишҳои миллӣ, балки дастовардҳои умумибашариро ҳифз намояд, ки дар он ҷойгоҳи махсуси халқи тоҷик мушоҳида мешавад. Чунонки Устувонаи Куруши Кабир ҳамчун рамзи адолат, ҳифзи ҳуқуқи мардум ва эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ дар таърих пазируфта шудааст, сиёсати нексиришту куҳанбунёди кишвар низ равона бар он аст, ки ҳам арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ҳам ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ саҳми арзандаи хешро дар тарғиб ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ гузорем. Ҳукумати кишварамон дар ин раванд, дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, пайваста кӯшишҳои бунёдкорона ва арзишмандро ба харҷ медиҳанд , то мо ҳамчун ворисони аслии гузаштагон ва меросбарони фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои инсондӯстонаи гузаштагони хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем.
Адабиёт
Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. Душанбе: Эр-Граф, 2016. 364 с.
Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. М.: Наука, 1985. 319 с.
Beaulieu P. A. Reign of Nabonidus, King of Babylon (556-539 BC). Yale University Press, 1989. 284 p.
Briant P. From Cyrus to Alexander: A History of the Persian Empire. Wyona-Lake: Eisenbrauns, 2002. 1196 p.
British Museum. The Cyrus Cylinder [Online]. Object number: BM90920. - London: The British Museum. - Available at:
https://www.britishmuseum.org/col.../object/W_1880-0617-1941
(accessed: 8 November 2025).
Kuhrt A. The Cyrus Cylinder and Achaemenid Imperial Policy. Journal for the Study of the Old Testament, 1987. Vol. 8, pp. 83-97.
Kuhrt A. The Persian Empire: A Corpus of Sources from the Achaemenid Period. London; New York: Routledge, Taylor & Francis Group, 2007. 1020 p.
Schaudig H. The Magnanimous Heart of Cyrus: The Cyrus Cylinder and Its Literary Models. In: Cyrus the Great: Life and Lore. Ilex Foundation, 2019. pp. 67-91.
Waerzeggers C. Facts, Propaganda, or History? Shaping Political Memory in the Nabonidus Chronicle. In: Political Memory in and after Persian Empire. Atlanta: Society of Biblical Literature, 2015. pp. 95-124.
Wilson I. D. Yahweh's Anointed: Cyrus, Deuteronomy's Law of the King, and Yehudite Identity. In: Political Memory in and after Persian Empire. Atlanta: Society of Biblical Literature, 2015. pp. 325-361.
Пӯлотов Абдураҳмон, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон.
