Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ[1].
Дар мақолаи узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон “Баррасии тақвиятбахши иқтисоди рақамӣ” дарҷ гардидааст, ки “Сарвари давлат зимни баррасии ҳолати иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии кишвар саҳми соҳибкорони фаъолро ёдоварӣ намуда, дастур доданд, ки маърифати молиявии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупории ҳамватанон густариш ёфта, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ бобати устувории молиявӣ ва рушди иқтисодӣ тақвият дода шавад. Савол ба миён меояд, ки пардохтҳои ғайринақдӣ чист? Инсоне, ки дар ҷомеа зиндагӣ мекунад, онро мебояд, ки шароитҳои омоданамудаи давлатро, ки истифода бурд, сари вақт андозҳои муайяншударо пардохт намояд, чун пардохти саривақтии ҳама гуна андозҳо кафили бобақоии давлат ва рушду ободонӣ аст. Пардохтҳо бошад, нақдӣ ва ғайринақдӣ буданд, аммо аз санаи 1-уми августи соли 2024 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ” пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳо, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Инчунин иқдом татбиқи самараноки давлатиро дар самти андозу буҷет тақозо хоҳад кард ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба самтҳои гуногуни фаъолияти молиявӣ саривақтӣ мебошад: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”. Тибқи таҳлилҳои Сарвари давлат: “дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.
Дар мадди назари Пешвои миллат пеш аз ҳама рақамикунонии иқтисоди миллӣ истода, бобати гузариш ба иқтисоди рақамӣ фақат тадбирҳо андешидан кам мебошад. Аз ҳамин хотир, Сарвари давлат дар Паёми хеш зикр намуданд, ки такмили инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо бо дарназардошти таҳия ва ташкили махзани воҳид, бозомӯзии кадрҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ роҳандозӣ гардида, раванди электронӣ гардидани фаъолияти давлатӣ татбиқ карда шавад: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”. Гузашта аз ин, барои вусъат додани раванди инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардад.
Ба наздикӣ монографияи нави ҳаммуаллифон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назорати молиявӣ, таҳлил ва аудити Сарраёсати назорати идоракунии шаҳри Маскави Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Наталия Пласкова зери унвони «Методологияи баҳисобгирӣ ва таҳлили дороиҳои рақамии ташкилоти қарзӣ» аз чоп баромад. Ҳаммуаллифон дар ин рисола ошкор намудани асосҳои методологии омӯзиши объектҳои нави баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит – дороиҳои рақамӣ, ки муассисаҳои қарзӣ ва корхонаҳои соҳаи воқеии иқтисоди Русия ва Тоҷикистон ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва дигар мақсадҳо истифода мебаранд, баррасӣ намуда, шароити муосири рақамикунонии иқтисодро чун инқилоби рақамӣ шарҳ додаанд.
Бобати таҳқиқи масъалаи мазкур дар оғози монография чунин омадааст: «Бояд эътироф кард, ки баҳисобгирии муҳосибӣ инқилоби рақамиро аз сар гузаронида, технологияҳои пешрафтаи рақамиро фаъолона татбиқ мекунад. Қариб аксарияти кулли субъектҳои хоҷагидор тавонистанд майдони ягонаи иттилоотиро бунёд кунанд. Ташкилотҳои қарзӣ тавассути татбиқи нармафзори пешрафта ва хидматҳои рақамӣ на танҳо хароҷоти баҳисобгирии муҳосибӣ кам мекунанд, балки шаффофият ва эътимоднокии бештари маълумотро ба даст меоранд» [2, с. 13].
Дар ИМА, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда муҳосибони идоракунӣ дар коркарди мақсадноки иттилооти баҳисобгирӣ ва таҳлилие, ки ба мақсадҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқанд, банақшагирӣ ва пешгӯии буҷет, муайян намудани нуктаи муҳимми истеҳсолот ва фурӯш, идоракунии маблағҳои муомилот ва дигар масъалаҳои вобаста ба соҳаи баҳисобгирии арзиши истеҳсолот ҷалб карда мешаванд.
Ҷомеаи ҷаҳонии касбии баҳисобгирии муҳосибӣ стандартизатсияи баҳисобгирии идоракуниро танҳо ҳамчун муҳимтарин манбаи идоракунӣ мешуморад. Системаи баҳисобгирии аксар кишварҳои тараққикарда ба танзими давлатии масъалаҳои молиявӣ ва андоз нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки сарфи назар аз мавҷуд будани имкониятҳои зарурӣ, дар амалияи баҳисобгирии хоҷагидории ватанӣ то ҳол стандартҳои мавриди баррасӣ қарор гирифта омӯхта нашудаанд ва ҷиҳати роҳандозии онҳо дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ниҳода зарурати амиқ пайдо шудааст.
Дар монографияи мазкур роҳҳои электронии фоида тавассути фазои рақамии иқтисоди рақамӣ баррасӣ ёфта, таносуби объекти электронӣ ва пули нақд бар манофеи муштариёни бонкӣ матраҳ шудаанд. Масалан, дар ин самт муаллифон ин ақидаро пешниҳод намудаанд: «Амволи виртуалӣ (ё рақамӣ) объекти электронӣ мебошад, ки соҳибонаш ният доранд аз он манфиатҳои муайян ба даст оранд, тавлиди он дар фазои виртуалӣ сурат мегирад. Арзиши тиҷоратии объектҳои рақамӣ вобаста ба ниятҳои корбарони эҳтимолӣ барои анҷом додани амалиёт ва дар ниҳоят табдил додани ин объектҳо ба пули воқеӣ ташаккул меёбад. Бояд гуфт, ки дар аввал объектҳои электронӣ ҳамчун воситаи мубодила дар раванди инкишофи бозори бозиҳо бо тақсимоти шартии объектҳое пайдо шуданд, ки аз онҳо объектҳои дорои арзиши муайянро ҷудо кардан мумкин аст» [2, с. 17].
Гузашта аз ин, дар рисола низоми ҷадиди пардохти рақамӣ баррасӣ шуда, омилҳои пайдоиш ва паҳншавии он дар мисоли криптовалюта матраҳ мешавад. Бояд мутазаккир шуд, ки криптовалюта бидуни ҷалби бонкҳо пардохти рақамӣ маҳсуб мешавад, ки ба муштарӣ имкон фароҳам меорад то дар дилхоҳ мавзеъ ва дар дилхоҳ авзоъ пардохтҳоро истиқбол кунад ё фиристад. Пардохтҳои криптовалютӣ танҳо дар шакли рақамӣ дар пойгоҳи додаҳои онлайн мавҷуданд, ки транзаксияҳои мушаххасро тавсиф мекунанд. Онҳо дар муомилот қарор надоранд ва метавонанд дар ҷаҳони воқеӣ иваз карда нашаванд. Ҳангоми интиқоли маблағҳо бо криптовалюта, транзаксияҳо дар китоби давлатӣ сабт карда мешаванд. Криптовалюта дар ҳамёнҳои рақамӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ба қавли муаллифони рисола, криптовалюта аз соли 2009 инҷониб мавҷуд буда, аввалин бор дар ҷаҳон «Криптовалюта як пули рақамӣ ё маҷозӣ аст, ки барои таъмини амният криптографияро истифода мебарад ва новобаста аз бонки марказӣ фаъолият мекунад. Он як системаи ғайри марказиро дар асоси технологияи мушаххас истифода мебарад. Арзиши криптовалюта аз ҷониби талабот ва пешниҳоди бозор муайян карда мешавад, на аз ҷониби ҳукуматҳо ё муассисаҳои молиявӣ, ки онро дороии ноустувор месозад» [2, с. 18].
Бо дарназардошти тараққии технологияҳои ҷадид иқтисоди рақамӣ рушд карда, роҳҳои табодули молиявӣ тағйир ёфтанд. Айни замон одамон бобати нигаҳдории электронии маблағҳо фаъол буда, аз ҳамаи шароити мавҷуда истифода ба амал меоранд. Ширкат дар низоми рақамии табодули молиявӣ онҳоро бохабар аз техникаву технологияҳои нав менамояд.
Аз бӯҳрони соли 1998 сар карда, масъалаи эътимоднокии ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзӣ беш аз пеш аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Ва ин табиист, зеро системаи бонкии дилхоҳ кишвар дар системаи молиявии давлат ҷои пешбар ва аз бисёр ҷиҳат ҳалкунандаро ишғол мекунад. Тавре ки таҷрибаи пештараи иқтисодии ҷаҳонӣ нишон дод, ноустувории молиявии худи низоми бонкӣ аз як тараф метавонад бӯҳронро ба вуҷуд оварад ва аз тарафи дигар, падидаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла падидаҳое, ки дар натиҷаи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадаанд, метавонанд системаи бонкиро аз мувозинат берун бароранд. Ин далел корбаронро аз гузориши маълумот дар бораи вазъи воқеии молиявӣ ва сатҳи хавфҳое, ки бонк ба дӯш гирифтааст, маҳрум месозад.
Истифодабарандагони ҳисоботи молиявӣ ба маълумоте ниёз доранд, ки ба онҳо барои арзёбии вазъи молиявӣ ва фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар давраи ҷорӣ ва қабули қарорҳои дахлдори иқтисодӣ кумак мерасонанд. Системаи кунунии ҳисоботи молиявӣ қодир нест, ки ба истифодабарандагон иттилооти саривақтӣ ва босифат пешниҳод кунад, зеро на аз рӯйи мазмуни дохилии худ - сохтор ва на аз рӯйи суръати ташаккули он ба талаботи бозорҳои молиявӣ ва истифодабарандагон, аз ҷумла ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Шартҳои асосии ислоҳоти низоми ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, ки дар доираи кор таҳлил ва ба низом даровардани он анҷом дода шудаанд, инҳоро дар бар мегиранд: хусусиятҳои заифи сифати ҳисобот, шумораи зиёди шаклҳои ҳисоботӣ, риояи нопурра ба принсипҳои ҳисобот, хусусияти маҳдуди гузариш, осебпазирии татбиқи модели табдилдиҳӣ, фишори мақомоти назоратӣ ва андоз ба системаи ҳисоботӣ, ки дар ниҳоят боиси норозигии истифодабарандагони манфиатдори ҳисоботи молиявӣ мегардад.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки баҳисобгирии арзиши одилона тибқи методологияи он дар ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзӣ ноустувории ғайричашмдошт ба вуҷуд орандаро таҳқиқ намояд. Се манбаи эҳтимолӣ мавҷуданд, ки тавассути онҳо арзиши одилона метавонад ноустувориро дар ҳисоботи молиявӣ ҷорӣ кунад. Якум, ноустуворӣ аст, ки бо тағйирёбии параметрҳои асосии иқтисодӣ алоқаманд аст. Дуюм ноустуворӣ аст, ки дар натиҷаи хатогиҳои андозагирӣ ва ё тағйир додани дарки дурнамои иқтисодӣ дар тамоми давраи тиҷорат ба вуҷуд омадааст. Ва сеюм, ноустуворӣ метавонад бо модели баҳисобгирии муҳосибӣ, ки баҳисобгирии арзиши одилонаро ба баъзе асбобҳо ва баҳисобгирии арзиши фарсудашавӣ ба дигарон татбиқ мекунад, ки таъсири холисро коҳиш медиҳад.
Муаллифони китоби тозанашршуда профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва профессор Пласкова Н.С. қайд мекунанд, ки тайи чанд соли охир дар низоми муносибатҳои муосири иқтисодӣ тағийроти куллӣ ба қайд гирифта шуда, яке аз сабабҳои глобалии он рақамикунонии фаъоли ҷомеа мебошад, ки ба тавсеаи соҳаҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ ҳам барои ҳалли масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ва ҳам дар сатҳи муносибатҳо дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Таъсири ин омилҳо метавонад боиси ба истилоҳ таъсири мутаносибӣ дар илми иқтисод маълум шавад, ки нишон медиҳад, ки арзиши иқтисодӣ бо тағйирёбии иқтисодиёт чӣ гуна алоқаманд аст. Дар давраи тиҷорат ва назарияи молиявӣ ҳар як миқдори иқтисодие, ки бо вазъи умумии иқтисодиёт робитаи мусбат дорад, просиклӣ ҳисобида мешавад. Барои амиқтар омӯхтани падидаи даврӣ ва зуҳуроти амалии он дар бахши бонкӣ, маълумоти таҳлили омори вобастагии баҳодиҳии арзиши одилонаро аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ бояд баррасӣ кард.
Инчунин дар монографияи тозанашри муаллифон қайд шудааст, ки объектҳои рақамӣ дар бахши молиявӣ бештар истифода мешаванд, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд, муомилоти ҳисоббаробаркуниро суръат мебахшанд, эътимоднокӣ ва даромаднокии муносибатҳои байни ташкилотҳои қарзӣ ва миҷозони бонкиро таъмин мекунанд ва ба фаъолияти бозор маблағгузорӣ намудани бозор мусоидат мекунад.
Сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба монанди иқтисоди рақамии кишварҳои тарақикарда рушд намуда, ҳамкориҳоро дар ин самт бо кишварҳои пешрафта ба роҳ хоҳад монд. Дар шароити муосир рақамикунонӣ ба соҳаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иқтисоди рақамиро барои нигоҳ доштани маълумотҳои афзун барои идора кардани тақсимоти зуд ва захираҳо, ба даст овардани натиҷаҳои баланди иқтисодӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва нигаҳдории маълумотҳо истифода намудан мункин аст.
Ширин Қурбонова, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28.12.2024.
2. Хушвахтзода К.Х., Пласкова Н.С. Методология учета и анализа цифровых активов кредитной организации. – Душанбе: Дониш, 2025, - 131 с.
3. Хушвахтзода Қ.Х. Баррасии тақвиятбахши иқтисоди рақамӣ. –Душанбе. 2025.