Skip to main content
Маросимҳои мардумӣ-фарҳангии Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон марбут ба чаҳор фасли сол, яъне зимистон, баҳор, тобистон ва фасли заррин тирамоҳ аст, ки ҳар кадоми ин ҷашнҳо ба ҳам дар иртиботу пайвандианд ва ҳар яки инҳо барои дигаре заминагузорӣ намуда, рамз ва арзишҳои волои ҷавҳарӣ доранд. Ин маросимҳо нишондиҳандаи диди хосса ва тафаккуроту фаҳмиши баланди мардуми форснажод, яъне тоҷику форс мебошанд. Ба шарофати нури соҳибистиқлолӣ ва саъю талош ва заҳматҳои зиёди Раҳбари хирадманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маросиму ойинҳои миллӣ-мадумии бостонии тоҷикон аз нав эҳё гардиданд.

Шаби Ялдо-паёме аз нахустин шаби зимистон, аз қадимтарин маросими ҷашниест, ки аз омадани шаби аввали зимистон, яъне чилаи калон хабар медиҳад. Ба қавли дигар Ялдо – шаби чила аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми бостони эронитаборон аст, ки ин шабро тамоми мардуми форснажод бо хушҳолию шодобиҳо дар канори якдигор ҷамъ омада ҳамчун як ёдгории боарзише ҷашн мегиранд. Имрӯз мардуми тоҷик дар баробари ба даст овардани истиқлолият ва шинохти фарҳангу тамаддун ва ҳувияти миллии хеш ин нахустин шаби боарзиши зимистонро, ки пас аз рӯзи охирини тирамоҳ аст, бо умеди оқибат ба хайр шудани фасли зимистон ҷашн мегиранд. Албатта, ҷашну маросимҳои миллӣ-фарҳангӣ ва мардумӣ, ки солҳо зери пушолҳо хобида буданд, бо дастгирӣ ва заҳматҳои пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шуданд ва мардуми соҳибистиқлоли тоҷик бо ифтихору сарбаланди онҳоро ҷашн мегиранд.

Шаби Ялдо аз замони ғуруби Офтоб охирини рӯзи тирамоҳ, яъне 21-ӯми декабр шурӯъ щуда, бо тулӯъи офтоби нахустин рӯзи зимистон 22-ӯми декабр поён меёбад ва ин шаб мувофиқи пешбинии нуҷумшиносон аз тулонитарин шаби сол ба ҳисоб меравад. Ялдо ба «маънии тавлид ва зоиш» дорад, ки дар замони қадим «шаб намоди торикӣ ва табоҳӣ будааст» ва одамон саъй мекарданд, ки шабонагаҳ бо афрухтани оташ ва ё афзудани нур хона равшан бошад.

Ҷашни Сада яке аз маросимҳои фарҳангӣ-миллии мардуми тоҷику форс буда, дар таърихи дунёи бостон ҳамчун рамзи нуру маърифату тамаддуни башар ва ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ арзиши хосе дошт, ки инсонҳоро барои зиндагии солиму мубориза ба муқобили зулмоту бадӣ равона сохт. Ва ин диалетикаи устураву ривоятҳои бостонӣ то имрӯза ҳам дар дохили рӯҳу ҷисм ва зиндагии ҳар лаҳзаина мо идома дорад.

Ҷашни Сада аз бузургтарин ҷашнҳои оташ буда, бо афрӯхтани оташи дастиҷамъӣ, рамзи ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумро нишон дода, он дар фасли зимистон (30 январ) баргузор мегардад, ва намоёнгари омодабошӣ ба ин фасл ва ҳифз аз нерӯҳои баду торикӣ, ғалабаи нур бар зулмот мебошад. Расми оташафрӯзӣ ниҳоятан муждаи наздик шудан ба фасли баҳору соли нав - ҷашни Наврӯзро хабар медиҳад. Дар таърихи дунёи бостони мардуми тоҷику форс пайдоиши оташ ва ҷашнгирии бошукӯҳи онро бо номи Сада ба яке аз наберагони Каюмарс, фарзанди Сиёмак Ҳушанги Пешдодӣ нисбат медиҳанд.[1] Ҳушангшоҳ пас аз кашфи оташ нахустин касест, ки ба ихтирои фузулот, хонасозӣ, роҳсозӣ ва шаҳрсозӣ рӯй овард ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ ҷалб намуд ва ба онҳо чигуна кандани ҷӯю рӯдҳо ва дарахтшинониро ёд дод.[2] Болотар аз ҳама он аст, ки ойинҳо ниҳод ва дод густурд (адлу адлия- Т.М.) ва ба ин хотир ба ӯ лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[3]

Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву мардумии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад.

Ҷашни Сада чун дигар маросимҳои милливу фарҳангӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар айёми зимистон арзишҳои ба худ хосе дорад. Чунки ин ҷашнҳои мардумию миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ, яъне дур буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои миллӣ-фарҳангӣ мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, дӯстӣ, муҳаббату рафоқат ва ягонагӣ даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои миллӣ инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии аҳримании хеш низ ғалаба кунад.

Ҷашни Наврӯз яке аз маросимҳои хосе дар таърихи кишварҳои бостонии тоҷику форс ва тамаддуни онҳо мебошад, ки дар китобу сарчашмаҳои қадимӣ дар шакли ривояту қиссаҳо дар бораи ин ҷашни мардумӣ, иллати пайдоиш ва фалсафаи он фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Мувофиқи ривоятҳои устуравии тоҷику форс пайдоиш ва оғози ҷашни Наврӯз ва фалсафаи ҳастии онро ба Ҷамшед – чорумин подшоҳи Пешдодии тоҷикон нисбат додаанд. Ҳамин тариқ, таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз ба яке аз авлодони нажодии Каюмарс (нахустинсон) Ҷамшед, ки аз сарватмандтарин подшоҳони тоҷику форс буд, мансуб дониста шудааст. Дар «Таърихи «Ғурар ус-сияр» дар бахши «Подшоҳии Ҷамшед аз хонадони Ҳушанг» омадааст: «Номи ин подшоҳ Ҷамшед» аст, ки ба гунаи фишурда «Ҷам» низ гӯянд… Дар замони шоҳии хеш Ҷамшед ба инкишофу пешрафтӣ фалсафаи ҳастӣ - сохту сози сохтумонҳои баланду қаиқҳои баҳрию ҳавоӣ ва дигар афзорҳои дарёӣ, ҳавоӣ таваҷҷуҳи хос намуда, ба мардум дарёнавардӣ ва аз дарёҳо берун кашидани гуҳарҳои дарёӣ ва кишту кор ва дигар касбу ҳунарҳоро омӯзонда пешрафти зиндагиро ба авҷи аъло расонд.

Ба сари қудрат омадани Ҷамшед боиси нобудии неруҳои аҳриманӣ ва хушксоливу нодорӣ гардида, бори дигар хуррамию шодмонӣ ва хайру баракатро ба мардум арзонӣ дошта, дарахтҳои хушкида, аз нав сабзида ва мардум он рӯзро «Наврӯз» ё «Рӯзи навин» хонданд. Он гоҳ ҳама бо фархундагиву шодмонӣ чунин рӯзе дар таште ҷӯ(ҷав гандум) коштанду сабза рӯёнданд ва ин расм барои мардуми тоҷику форс дар айёми Наврӯз ҷовидона шуд. Ин рухдод дар нахустин рӯзи фарвардин аз нахустин моҳи баҳор пеш омад, ки оғози сол ва ҳангоми тозагии ҷаҳон ва зинда шудани замин… аст. Мардум ин рӯзро рӯзи наву ҷашни фархунда ва сарфарозӣ номиданд ва онро аз бузургтарин ҷашнҳо баргузиданд ва Наврӯзаш номиданд.

Ин аст ҳикмати ҷашни Наврӯз ва фалсафаи он, ки тавассути нияти поки Ҷамшед-шоҳи некқадами даврони бостони тоҷик, ки ба ҳастии замину мардуми он баракату раҳмат ва рушноии ҳаёту зиндагии осуда овард. Ин подшоҳи хирадманду тавоно дар таърихи тамаддуни бостон қонунҳои тараққиёту пешрафти ҳаётро дар сарзаминаш аз нигоҳи диалектикаи табиат ва тафаккуру фаҳмиши инсонӣ ҷорӣ намуд.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ҷашни миллии ниёгон аст ва аз он ба унвони рамзи муҳаббату дӯстӣ, сохтусозу киштукор, покиву озодагӣ, кошти баракату неъмат, шинондани ниҳолҳо бо умеди сарсабзию хуррамӣ, оқибат ба хайр шудани сол, сиҳативу бардамӣ, рафъи офату балоҳои осмониву заминӣ ва ғайра ёд карда, онро бо сару либоси тару тоза бо шодобию рақсу тарона ва монанди инҳо ба номи «Ҷашни бузург» ва ҷашни миллӣ-мардумӣ пешвоз мегиранд.

Тиргон ҷашнест, ки дар замони фарорасии фасли тобистон таҷлил шуда, мардуми ориёинажод аз он бо самимият истиқбол менамуданд ва маросимҳои бошукӯҳе барпо мекарданд. Дар таърихи фарҳанги ҷашнгирии Тиргон, ойинҳои ба монанди рӯзи гиромидошти камонандозии Ораши камонгир ва ситораи бороновар Тиштар, обу обпошӣ, саршурон, фоли кӯза, хӯрдани гандуми пухташуда, пошидани об ба якдигар бо рамзи расидан ба рӯшноиву покӣ, осоишу хушҳолӣ ва амсоли инҳо ёдрас шудааст.

Ҷашни Меҳргон яке аз чаҳор ҷашнҳои куҳантарини мардуми тоҷику форси даврони бостон буда, дорои таърихи қадима аст. Бар асоси матнҳои «Авесто» (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми сол ва фасли зимистон будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».

Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҷашни Меҳргон дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад. Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Меҳргон таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ аст ба монанди ситоиши неъматҳои Офаридагор, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин, парастиши меҳрубонӣ, кирдорҳои дуруст, аҳду паймонҳо ва озодихоҳии мардум.

Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳиро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шир, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус[4] боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Мардум бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурахшон мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯи он навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни инсонҳо мебошад.

Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Боиси ифтихор ва хушҳолӣ аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми ориёӣ мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Эҳё ва бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллӣ ва ваҳдату худшиносии мардуми кишварамон Тоҷикистон хоҳад буд. Ва дар охир бо суханҳои созандаву арзишманди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро ҷамъбаст хоҳам кард: «Қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла пешгузаштагони мо, тоҷикон, тавонистаанд силсилаи арзишҳои волоеро эҷод карда, барои башарият ба мерос гузоранд, ки дар давоми садсолаҳои зиёд ҳамчун дастаи нур ва гавҳари тобнок роҳи инсонҳоро ба сӯи некӣ ва покизагӣ равшан нигоҳ доштааст». (Эмомалӣ Раҳмон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ. Душанбе: «Ирфон», 2006)

Муродова Тоҷинисо – н.и. фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ