
Қодиров Ғиёсиддин соли 1941 дар ноҳияи Муъминободи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1959 ба шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1964 бо ихтисоси филолог-шарқшинос (филологияи форсӣ) тамом кардааст. Ӯ пас аз адои хидмати ҳарбӣ то охири соли 1966 устоди забони форсӣ дар мактаби рақами 14 - и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) буд.
Қодиров Ғиёсиддин соли 1969 ба сифати аспиранти Институти шарқшиносии АН ҶШС Тоҷикистон барои идомаи таҳсил ва таҳияи рисолаи номзадӣ ба Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ (ш. Маскав) фиристода мешавад. Заҳмати пайваста даст дод, ки соли 1977 рисолаи номзадии худро дар маркази шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ дар мавзуи «Достонҳои таърихии муосири форсӣ» сарбаландона дифоъ намояду ба диёр баргардад. Вай пас аз хатми аспирантурасоли 1975 дар шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти мазкур фаъолияти илмии худро идома медиҳад. Солҳои тулонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 1963-1964, 1967- 1969, 1980-1987) ва Эрон (солҳои 1971-1974) ба сифати тарҷумон кор кардааст.
Қодиров Ғиёсиддин соли 1980 муддате дар факултаи шарқшиносии ДДТ (ҳоло ДМТ) ва солҳои 1987-1988 дар Донишкадаи забони русӣ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои ба номи С. Улуғзода) устоди забони форсӣ буд. Солҳои 1988-2004 котиби илмии Шурои табъунашр ва сипас котиби илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Тоҷикистонро бар душ дошт. Номбурда аз моҳи феврали соли 2005 то апрели соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз апрели соли 2006 то соли 2020 дар Институти номбурда фаъолият кардааст. Аз Соли 2020 инҷониб дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вазифаи ходими пешбари илмӣ кору фаъолият мекард.
Қодиров Ғиёсиддин дар тули умри бобаракати худ тавонистааст асарҳои зиёдеро монанди «Персидский исторический роман Зейн Аль-Абедина Моа- тамана» «Орлиное гнездо» (1977), «Современный персидский исторический роман» (Душанбе: Дониш, 1982). «Театри Афғонисгон» (Душанбе: Дониш, 1988) таҳияи ашъори баргузидаи Шаҳриёр (Душанбе, 1982), таҳияи намунаи ҳикояҳои форсӣ бо номи «Ҳикояҳои ширин» (Душанбе: 2008) ва таҳияи намунаҳои шеъри муосири форсӣ зери унвони «Корвони гулҳо» ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмиро ба нашр расонидааст.
Дар бораи хоксорӣ ва самимияти беолоиши Ғиёсиддин Қодиров метавон саҳифаҳои зиёдеpo бахшид. Танҳо ҳаминро гуфтанием, ки муҳаббати ӯ ба одамон беандоза буд. Барои дастовардҳои илмӣ ва заҳмати пайваста дар ин ҷода бо ифтихорномаҳо ва соли 2024 ба гирифтани Ҷоизаи Академик Муҳаммад Осимӣ сазовор гаштааст.
Рӯҳатон шод ва маъвои охирататон обод бод Устоди гиромиқадр!
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй
29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.
Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” ва “Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал” то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.
Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – “Гӯсфанди зоти “ҳисорӣ” ва “Ангури навъи “тоифӣ – гулобӣ” ва ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) миннатдорӣ изҳори сипос карданд.
Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.
Бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи АМИТ тамоми шароитҳо барои таҳсил ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон омомода карда шудааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолии ватани азизамон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хосатан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани илми ватанӣ равона гардидааст.
Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар ин самт корҳоро ҷоннок намуда, ҳамарӯза аз рафти баргузории дарсҳои магистрантону докторантон дидан намуда, онҳоро роҳнамоӣ намуда истодаанд, имрӯз низ бо ин мақсад Сардори Раёсати магистратура аспирантура ва докторантураи PhD – и АМИТ Қосимзода Солеҳ ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ Саидзода Ҳалим аз рафти баргузории дарсҳо дидан намуда, бо онҳо оид ба шароитҳои баргузории дарсҳо суҳбату вохуриҳо анҷом доданд.
Дар асосӣ созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии (ҶСҒ) «Донишгоҳи Қазоқистони Ғарбӣ ба номи Махамбет Утемисова» ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон унвонҷӯ Сарманов Айбек Ертлеуович дар мавзуи «Сообщества донных беспозвоночных озёр разного генезиса западно-казахстанской области» дар назди “Институт” аз рӯи ихтисосӣ 03.02.08 – Экология ба Институт ташриф оварданд.
Айни ҳол муҳаққиқон имтиҳони минимуми худро супорида ва дар семинари байниозмоишгоҳӣ бо презинтатсия баромад намуданд. Инчунин, барои ҳимояи рисола тайёрии худро дида истодаанд.
Магистрантон ва унвонҷӯёни муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», ва «Магистранти сол» ширкат варзида соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳо гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Зарифов Маҳммадзариф Ҷамшедович дар озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамзамон барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Инчунин, Давлатова Мунзифа Шукришоевна барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии "Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон" миёни докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва барои дастоварҳо дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ва ва Буриев Умед Рустамович барои дастоварҳои дар бахши фанҳои гуманитарӣ дар самти сиёсатшиносӣ бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамзамон Султонзода Ҷасурбек магистранти курси 1- и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Қурбонов Муборакшоҳ барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2025 гардиданд.
СУХАНРОНИИ ОНЛАЙНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ "ШОҲНОМА" - И ФИРДАВСӢ ДАР БРЮССЕЛ
24 апрели соли 2025 дар китобхонаи Мунтпунти шаҳри Брюссел сафорат дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Лёвани Белгия ва Ассотсиатсияи тоҷикони Белгия “Диёр” мизи мудавварро дар мавзуи “Шоҳномаи Фирдавсӣ: осори беназири адабиёти ҷаҳон” ташкил намуд.
Доираи васеи олимон, намояндагони ниҳодҳои аврупоиву белгиягӣ, коршиносон, санъаткорон, сокинони шаҳри Брюссел, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамзабонони муқими Белгияву Нидерланд меҳмони ин маҳфил буданд.
Дар кори ин нишаст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, вакили Парлумони Аврупо Тиерӣ Марианӣ, узви Академияи аврупоии илмҳо ва санъат, профессори Донишгоҳи Лёван Ян Таверниер, профессори Донишгоҳи Лёван Элин Горрис, директори барномаҳои нашриёти “Ҷаҳони дипломатӣ” Алберто Туркстра, профессори Донишгоҳи Лювен Морган Журдайн, пажуҳишгар Офран Бадахшонӣ ва магистранти Донишгоҳи Озоди Брюссел Шоҳина Беҳзодзода суханронӣ намуданд.
Сухангуён “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон, ватандустӣ, арзишҳои инсондустиву сулҳпарварӣ, гуфтугуи тамаддунҳо ва рушди дипломатияи фарҳангӣ муҳим хонда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи чеҳраҳои мондагор ва осори таърихиву фарҳангии миллати Тоҷик, махсусан зикр карданд.
Дар бахши дигари чорабинӣ мусиқинавози ҷавон Сипанд Додбеҳ санъати волои касбӣ ва мусиқии халқиро муаррифӣ намуд.
Дар толори бошукуҳи китобхона гушаи этнографӣ ташкил гардида, асарҳои классикӣ ва навору нигораҳо бахшида ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба намоиш гузошта шуд.
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ФИЛИАЛИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АМИТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 25 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дидан намуданд. Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, бо маром идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки санаи 29 октябри соли 2024 дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз лоиҳаи бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифӣ қайд гардид, ки бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,12 садяк замин ба нақша гирифта шуд. Дар бинои мазкур сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз гардидаанд, пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки филиали мазкур бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 бо мақсади рушд додани ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Маблағгузории сохтмони бино аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷҳизотҳои дохили бино бошад аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин, имконияти баргузории машғулиятҳои дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология дар синфхонаҳои замонавиро доранд.
СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “НОИЛ ШУДАН БА ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ СММ- ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ВАФТИ МОДАРОН ”
Имрӯз (25.04.2025) бо ташабусси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон ба номи профессор Муродов М.К. ва Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори СММ- пешгирӣ намудани вафти модарон ” баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т. кушод.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода Хушвахт ҳозиринро бо баргузор намудани чунин ҳамоиш табрик намуда, саҳми илми тибби тоҷикро хуб арзёбӣ намуд. Махсусан, пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошанд. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.
Дар соҳаи илми тиб низ барои рушди илм ва ҷорӣ намудани технология муосир, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбиқи қорҳои амалӣ ва табобати беморон чораҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст.
Таҳқиқоти олимон дар самтҳои гуногуни илми тиб қарор гирифтанд, ки иҷроиши дурусти онҳо дар самтҳои гастроэнтерология, ҷарроҳии дилу раг, осебшиношӣ, акушерӣ – гинекологӣ ва ғайра нуфузи илмро боло мебардорад.
Сипас, раиси Ҷамъияти анестизологҳо ва реаниматологҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Муродов А.М. ва раиси Ассосиатсияи акушерон -геникологҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Давлатзода Г.К. баромад намуда, ҳозиринро табрик ва ба кори семинар коёбиҳо орзу намуданд.
Мудири шуъбаи илмҳои тибби клиникӣ, д.и.т., профессор Рустамова М. С. дар мавзўи “Сохтори фавти модарон ва роҳҳои паст намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи анестозология ва реаниматологияи “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиӣ”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус”, н.и.т. Жаворонок А.Н. дар мавзӯи “Чанбаҳои муосири муолиҷаи хунравӣ ва назорати сохтори гемостаз” ва д.и.т., профессор Муродов А. М. дар мавзӯи “Таъсири шушҳо ба сохтори гемостаз дар занони ҳомиладори гирифтори синдроми аворизнокии узвҳо” суханронӣ намуда, доир ба дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта ҳангоми беморихои занона андешаҳои худро баён намуданд. Махсусан, ҳозирин маърӯзаи илмии н.и.т. Жаворонок А.Н.-ро ба мароқи зиёд гӯш намуда, ба посухҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Имрӯз, 23 апрел президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид ба роҳбарияти академия иттилоъ дода шуд, ки таъмири гармхона тавассути лоиҳаи Хизматрасонӣ дар самти обу ҳаво ва иқлим (ХООИ), ки аз ҷониби Каритас Швейтсария ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд (SDC) маблағгузорӣ шудааст, дастгирӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар ин гармхона барои барқарор намудани чарогоҳи зерҳадафи ноҳияи Рашт тавассути парвариши зиёда аз 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтони ба шароити маҳал устувор парвариш карда мешавад. Тухмиҳои бутта ва дарахтони маҳаллӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои мутобиқгардонӣ дар шароити чарогоҳҳои минтақаи Рашт аз ҷониби кормандони Каритас Швейтсария ҷамъоварӣ карда шудааст.
Гармхона ҳамчун парваришгоҳи ниҳолҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Институт барои барқарор намудани чарогоҳҳои таназзулёфтаи минтақаи Рашт истифода бурда мешавад.