Skip to main content

(Бардошт ва таасурот аз иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 17.07.2025)

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи худ кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин арзишҳои конститутсионӣ заминаи идеологии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мебошанд, ки 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон таъсис ёфта, 15 декабри ҳамон сол таҳти №199 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст. Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввал роҳбарии ҳизбро ба уҳда доранд.

Дар Анҷумани IV (18 апрели 1998) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

ҲХДТ дар шароити мураккаби сиёсии солҳои 90-уми асри XX таъсис ёфт, вақте ки Тоҷикистон пас аз истиқлолият (1991) бо ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) рӯбарӯ шуд. Дар чунин вазъияти буҳронӣ, таъсиси ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як нерӯи сиёсии муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ замина гузошт.

Ҳизб аз рӯзи аввал ба арзишҳои демократӣ, аз қабили баробарҳуқуқӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият такя карда, дар таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим бозид. Дар тӯли 30 сол ҲХДТ бо дастгирии мардуми Тоҷикистон ба як қувваи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфт, ки барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ фаъолият мекунад.

Фаъолияти ҲХДТ дар асоси принсипҳои демократии зерин амалӣ мегардад:

1. Умумияти ғоявӣ ва ягонагии манфиатҳо. Ҳизб аъзоёнашро дар атрофи ҳадафҳои муштараки миллӣ муттаҳид мекунад.

2. Шаффофият ва худидоракунӣ. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мустақилона фаъолият намуда, ба нуқтаи назари аъзоён эҳтиром мегузоранд.

3. Интихобии вазифаҳои роҳбарикунанда. Ҳамаи мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб тавассути интихоботи демократӣ интихоб мешаванд.

4. Интизоми қатъии ҳизбӣ. Қарорҳои мақомоти болоии ҳизб барои мақомоти поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.

5. Роҳбарии дастҷамъона. Масъулияти шахсии аъзоён бо роҳбарии дастаҷамъона мутавозин гардидааст (Оинномаи ҲХДТ, 2025).

ҲХДТ бо ҳамаи ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятии дар доираи қонун фаъолияткунанда ҳамкорӣ намуда, ба таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ мусоидат кардааст.

ҲХДТ дар барқарорсозии сулҳи Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ нақши калидӣ бозид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997), ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, заминаи ҳуқуқии ваҳдати миллӣ гардид. ҲХДТ тавассути барномаҳои худ ба таҳкими суботи сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат кард.

Дар суханронии худ санаи 30.11.2022 Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад».

ҲХДТ тавассути ташкилотҳои ибтидоии худ, ки дар 7336 сохтори давлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳо фаъолият мекунанд, барномаҳои созандаро амалӣ намуда, ба баланд бардоштани маърифати сиёсии аҳолӣ мусоидат мекунад.

ҲХДТ дар тӯли 30 соли фаъолият бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Принсипҳои демократии ҳизб, аз қабили шаффофият, баробарҳуқуқӣ ва интизоми қатъии ҳизбӣ, заминаи устувори фаъолияти онро ташкил медиҳанд.

17 июли 2025 дар шаҳри Душанбе маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо иштироки Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин маҷлис масъалаи вусъати фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро соли муҳими сиёсӣ ва таърихӣ номиданд. Онҳо ба муваффақияти интихоботӣ дар соли 2025 ишора карда, онро нишонаи ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстии мардум арзёбӣ намуданд. Воқеан ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба масъалаҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, барномаҳои илман асоснокро татбиқ намудааст. Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифатҳои сиёсӣ, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард” ва тағйирёбии иқлим ишора карда, аъзои ҳизбро ба муносибати ҷиддӣ ва масъулиятнок даъват намуданд. Такид намудандл, ки ҳизб ҳамчун нерӯи пешбаранда дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши калидӣ дорад.

Дар ин маҷлис низомномаҳои ҳизбӣ дар таҳрири нав тасдиқ гардиданд ва дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ вазифадор шуд, ки фаъолиятро ба ин санадҳо мутобиқ созад.

Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроия дастур дод, ки:

- Худшиносии миллӣ ва ватандӯстиро тақвият бахшанд;

- Маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолиро, бахусус дар байни ҷавонон, баланд бардоранд;

- Манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, шаҳрвандонро ба раванди давлатдорӣ ҷалб кунанд;

- Корҳои ободониро ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол вусъат бахшанд.

ҲХДТ дар татбиқи чор ҳадафи стратегии давлат – истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ – саҳми муҳим гузоштааст. Ин ҳадафҳо барои расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд. Ҳизб инчунин дар беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои серфарзанд, ятимону маъюбон ва гурӯҳҳои осебпазир фаъол аст.

Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси 17.07.2025 ба мушкилоти глобалӣ, аз қабили мухолифатҳои сиёсӣ, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард” ва тағйирёбии иқлим ишора карда, таъкид намуданд, ки ин вазъият аз аъзои ҳизб масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ талаб мекунад. ҲХДТ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” нақши муҳим бозида, бо мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои гуногун (маориф, тандурустӣ, фарҳанг) ҳамкорӣ мекунад. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар деҳот ва маҳалҳо корҳои таблиғотиро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ ба роҳ мондаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 30 сол бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Маҷлиси васеи 17.07.2025 нишон дод, ки ҲХДТ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлол омода аст ва фаъолияти худро барои тақвияти худшиносии миллӣ, пешрафти иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ идома медиҳад.

Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон,

Раҳбараш Пешвои миллат - Оли Раҳмон.

Дар ҳаёти иҷтимову иқтисоду ҳам сиёсат,

Нақши боризу саодат баҳри инсон.

Бо ҳидоятҳои раҳбар аҳли кишвар,

Мекушояд роҳи иқболро саросар.

Ҳизби нерӯ, ҳизби армону навовар,

Бо дуои Сарвари мо тахти бовар.

Ҳизби Сарвар, ҳизби халқи Тоҷикистон,

Раҳбараш Пешвои миллат - Оли Раҳмон.

Дар ҳаёти иҷтимову иқтисоду ҳам сиёсат,

Нақши боризу саодат баҳри инсон.

Бо ҳидоятҳои раҳбар аҳли кишвар,

Мекушояд роҳи иқболро саросар.

Ҳизби нерӯ, ҳизби армону навовар,

Бо дуои Сарвари мо тахти бовар.

Ин ки моро Оли Раҳмон Пешвоӣ мекунад,

Ҳизби моро то Сурайё раҳнамоӣ мекунад.

Сулҳу оромӣ, суботу ваҳдати мо пойдор,

Қисмати моро ҳамеша ибтикори созгор.

Ифтихори Дониёр оромиши ҳизбу Ватан,

Дур бодо душманӣ аз эътибори анҷуман!

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор