ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ АМИТ ДАР “КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲАМГИРОИИ САНОАТ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН”
Санаи 26-28 сентябри соли 2025 дар музофоти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Донишгоҳи нақлиёти Сиан ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байланлмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири президенти Академияи миллии илмҳо профессор Қодирзода Фарҳод Анвар ва сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD, профессор Қосимзода Солеҳ Салим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияи байналмилалиро аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Қодирзода Фарҳод ифтитоҳ намуда, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо Академияи миллии илмҳо дар сатҳи баланд баҳогузорӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ аз ҷониби масъулини Академияи миллии илмҳо пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи натиҷаҳои илмии ҳарду кишвар дар истеҳсолот “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шавад. Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди мазкур пешниҳод гардид, ки гузоштани замина барои бунёди институт ва ташаккули платформаҳои ҳамкории мунтазам, вобаста ба эҳтиёҷоти тарафайн ба ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот диққати асосиро равона сохтан, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои ҳамкорӣ ҳамчун риштаи васлкунанда ба роҳ мондани табодули академӣ ва илмии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва кормандони илмӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда шавад.
Дар ҳошияи суханрониҳои мазкур профессор Қосимзода Солеҳ дар мавзуи “Намунаи нави ҳамкориҳои илмию инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин” суханронӣ намуданд.
Дар рафти конференсия намояндагони муассисаю корхонаҳо масъалаи таъсиси “Иттиҳоди ягонаи ҳамгироии байни муассисаҳои олӣ ва корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро баррасӣ намуда, ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи нақлиёти Сиан яке аз шарикони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсинӣ мебошад.
16 майи соли равон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой Чен Си ва Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчиангро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дода афзуд, ки ҳануз соли 2014 санадҳои ҳамкории байни муассисаҳои илмии ҳарду ҷониб ба имзо расида буд.
Дар асоси созишномаи имзогардида соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази татқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки ин аввалин муассисаи муштараки барҷастаи Чину Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон оид ба ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳоро тақвиат дода, барои равнақ додани илми ҳарду кишвар дар арсаи байналмилалӣ кушиш ба харҷ дод.
Дар идомаи вохурӣ, директори Инситути экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чен Си дар суханронии хеш оид ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда беҳтару хубтар ва дар низоми сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи илм ибрози андеша намуд.
Қайд гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ тибқи низомномаи ҳамкориҳо барои омода намудани олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илмӣ тадбирҳо андешем. Ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон таклиф гардид, ки Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт моҳи июни соли равон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ташриф оварда, дар намоиши Экспо Евразия 2024 (EXPO EURASIA) иштирок намояд.
ТАШРИФИ ОЛИМОНИ ХИТОЙ БА МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ЭКОЛОГИЯ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ (ДУШАНБЕ)-И АМИТ
16 майи соли равон гуруҳи калони олимони Хитой таҳти роҳбарии Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Чен Си (Chen Xi) ба Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии ин муассисисаи муштараки Тоҷикистону Хитой ташриф оварданд.
Ба ҳайати гуруҳи олимон Хитой ҳамчунин Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчианг (Wang Guangqiang), котиби генералии Ассотсиатсия Занг Чианг (Zang Qiang), директорони бахшҳои ассотсиатсия - Ванг Тингтинг (Wang Tingting), Вей Личунг (Wei Liqung), Аскар Таваккалӣ (Aisikeer Taiwakul, хонума Ши Бенгбинг (Shi Benbing) ва дигар олимони шинохта шомил буданд. Меҳмонони Хитойи бо дастовардҳои илмии Марказ шинос шуда, ба фаолияти он баҳои баланд доданд.
Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчианг изҳор дошт, ки ҳамкориҳои илмии байни ду давлати ба ҳам наздику ҳамсоя бояд рушди устувор дошта бошанд ва дар оянда ҳамкориҳои илмӣ-техникии тарфайн вусъат ёбанд.
14 майи соли равон бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 бо тартиби муқарраргардида президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви вобастаи АМИТ интихоб гардид.
Ба устоди гиромӣ дар ин ҷода барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем. Бигзор дар роҳи пешрафту муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро рӯи кор оварда, бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати илмии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногуни илмӣ, пайи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллӣ талош намоянд.
Дар асоси фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Қосимзода Солеҳ Салим доктори илмҳои филологӣ ба вазифаи Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ ва Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевич доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба вазифаи Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ таъйин гардиданд.
Ба устодони гиромӣ дар ин вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.
14 майи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаҳор ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз шуданд.
Ҳамин тариқ дар асоси қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ, Мирзораҳимзода Акобир – доктори илмҳои биологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи биологии АМИТ, Саломиён Муҳаммаддовуд – доктори илмҳои филологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа – доктори илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ таъйин гардиданд.
Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.
Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атлас ва чакан дар Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, ҳамчун матои миллии зебову шинам пазируфта шудааст, ки инҳам шаҳодат аз тамаддундориву қадимӣ будани миллати тоҷик дарак медиҳад. Имрӯз 15.05.2024 дар ҳавои мусоиди фасли зебои баҳори оламафрӯз аҳли бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои худ барои муаррифии либосҳои миллӣ ба сайру гашт ва тамошои шаҳр баромаданд.
14 майи соли равон дар толори Маркази “Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” –и Раёсати АМИТ курси омӯзишии “Зан –Сарвар” баргузор гардид. Дар ин курси омӯзишӣ масъалаҳои мубрам ва муҳим оид ба “Фаъолияти бонувон дар илм чун ҳадафи рушди устувор” аз ҷониби раиси бахши магистратура ва докторантураи АМИТ Азизхонова Р баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки имрӯз зани тоҷик натанҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.
Ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ – фарҳангӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда,то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар дида мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам тақвияти мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон ба эътидол оварда мешаванд. Дар атрофи ин мавзуҳо дар хотима Раиси занони АМИТ Маҳмадҷонова М.Т. ва иштикочиёни курси омӯзишӣ ибрози ақида намуданд.
07 майи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар толори маҷлисгоҳ Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ – и солҳои 1941 - 1945” ба муносибати Иди ғалаба баргузор гардид.
Нахуст ба кори Конференсия ноиби президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон - Саидов Абдусаттор Самадович ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд, зимни баромади хеш роҳбарияти академия афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид карданд, ки: "Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд".
Қайд гардид, ки дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.
Умуман, мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Санаи 8 майи соли 1945 дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шуравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд. Хизмати шоёни он абармардоне, ки солҳои 1941 -1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамуаддунофар фаромӯш намешавад!
Дар идома Ҳотамов Намоз, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзуи “Корнамоии фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва Ғафуров Абдулло, сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, дотсент дар мавзуи “Саҳми Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кормандони он дар ғалаба бар фашизм”., Забеҳуллои Беҳрӯз, мудири Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Нақши адабиёт ва адибони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон маълумотҳои амиқ доданд.
