Skip to main content

Ихроҷи ҷунбиши «Толибон»[1]

аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Россия ва пайомадҳои он

         Суди Олии Федератсияи Россия бо қарори худ аз 17 апрели соли 2025, дар асоси пешниҳоди Прокуратураи генералии ин кишвар, мамнуъияти фаъолияти Ҷунбиши «Толибон»-ро , ки қаблан дар феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ қарор дошт, ба ҳолати таълиқ даровард. Гарчанде  барои коршиносон ин тасмим ғайриинтизорӣ набуд ва барои қабули он аз дер боз корҳои омодагӣ ҷараён дошт, боз ҳам  дар фазои иттилоотии Россия ва берун аз он  ин қарори Суди Олӣ таваҷҷуҳи васеъро ҷалб намуд. Ҳанӯз як сол пеш, дар моҳи майи соли 2024 бо чунин пешниҳод ба Президенти ФР вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия муроҷиат карда буданд. Аммо, гуфта мешавад, ки то соли 2024 механизми ҳуқуқие, ки имкон медод «Толибон» аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ шавад, вуҷуд надошт. Ин механизм бо дохил намудани тағйирот ба қонуни федералӣ “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ба вуҷуд омад, ки мувофиқи он “мамнуъияти фаъолияти созмон аз рӯйхати террористӣ метавонад бо қарори суд боз дошта шавад, агар ба фаъолият дар самти таблиғ, ҳақ шуморидан ва дастгирии терроризм” хотима бахшад ва Кодекси ҷиноятиро  вайрон накунад”. Баъд аз қабули ин тағйирот дар қонун,31 марти соли 2025 Прокуратураи генералии Россия  ба Суди Олӣ пешниҳод ирсол намуд, ки ба фаъолияти «Толибон» дар кишвар иҷозат дода шавад.

Агар ба пешинаи муносибати Россия бо “Толибон” назар андозем, мебинем, ки муносибати Маскав бо «Толибон» аз рӯзи зуҳури расмии ин созмон фарозу нишебиҳои зиёд доштааст. Баъд аз тасарруфи шаҳри Кобул аз тарафи «Толибон» дар моҳи сентябри соли 1996  Россия чанд маротиба кӯшиш намуда буд, то  муносибати худро бо «Толибон» барқарор намояд, аммо он вақт «Толибон», ки  ҳоло пайомадҳои ҷанги Шуравиро дар Афғонистон фаромӯш накарда буданд, пешниҳодҳои намояндагони Россияро дар бораи барқарор намудани муносибатҳо напазируфтанд.

 Соли 2003, яъне баъд аз ду соли сарнагун гардидани Ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон, Суди Олии ФР «Толибон»-ро ба “рӯйхати сиёҳ –рӯйхати ягонаи  созмонҳои террористии фаъолияташон дар Россия мамнуъ дохил намуд.

Дар бахши қарор оид ба ворид намудани ҷунбиши «Толибон»  ба рӯйхати созмонҳои  террористӣ, чунин омадааст: “Ҷунбиши «Толибон»  дар соли 1994 дар Афғонистон ҳамчун як ҷунбиши тундрави исломӣ ташкил шудааст. Бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон амал мекунанд, робита дорад. Дар фаъолияти худ аз усулҳои террор истифода мекунад. Масалан, тирамоҳи соли 1995 ҳавопаймои ИЛ-76-и ширкати ҳавоии ТотористонАэростан”-ро рабуда, экипажро муддати тӯлонӣ гаравгон гирифтанд. Бо дастгирии Усома бини Лодан фурсат меҷуст, ки ҷунбишҳои исломӣ қудратро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даст гиранд”.

Аввалин тамосҳои намояндагони Россия бо «Толибон» баъд аз сарнагун гардидани низоми «Толибон» мувофиқи баъзе маълумотҳо ба соли 2006 рост меояд. Гуфта мешавад, ки ин тамосҳо бо миѐнҷигарии афсарони ҷиноҳи «Халқ»-и Ҳизби демократии халқи Афғонистон (ҲДХА), ки замоне дар Шуравӣ таҳсил карда буданд ва ҳоло дар сафи «Толибон» қарор доштанд, сурат гирифтааст.

Зуҳури созмони террористии “Вилояти Хуросони ДИИШ”[2] дар соли 2014 ва болоравии хатару таҳдидҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ин кишварро бо «Толибон» наздиктар сохт. Дар мавзеъгирии Русия ба манфиати «Толибон» ва эҷоди тарси бештар аз “Вилояти Хуросони ДИИШ” нақши собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай назаррас аст. Дар сафарҳояш ба Маскав, аз ҷумла мулоқоташ бо президенти ФР В.В. Путин ӯ тавонист раҳбарони Россияро то ҷойе қонеъ кунад, ки робитаҳояшонро бо «Толибон» бояд таҳким бахшанд, зеро ба фикри Ҳ.Карзай,  “Вилояти Хуросони ДИИШ” ба Афғонистон ҳеҷ рабте надорад, ҷангҷӯѐни он афғон нестанд ва аз тарафи хориҷиҳо барои бесубот сохтани Осиѐи Марказӣ ва дигар минтақаҳои мусулмоннишини минтақа сохта шудаанд ва гузашта аз он, танҳо «Толибон» метавонанд бо “Вилояти Хуросони ДИИШ” самаранок мубориза намояд.

Бешубҳа, нақши намояндаи хоси В.В. Путин дар умури Афғонистон Замир Кабулов дар густариши робитаҳои Маскав бо «Толибон» хеле зиёд аст. Дар ибтидо Замир Кабулов аз шинохте, ки аз «Толибон» ва мулоқоташ бо раҳбари «Толибон» Мулло Умар доштааст муътақид будки «Толибон» дар пайи ташкили  Хилофати исломӣ аст. Аммо ба тадриҷ ақидаи ӯ тағйир ёфт. З. Кабулов бо гузашти чанд сол ба ин хулоса расидааст, ки «Толибон» тағйир ѐфтаанд, зеро аз он сиёсати пешинаашон зиён дидаанд ва акнун ба ҳалли масоили дохилӣ машғул буда, бо «ҷиҳоди глобалӣ» робита надоранд. Албатта ин ақидаи З. Кобулов ба тағйири сиёсати Маскав нисбат ба «Толибон» таъсир гузоштааст.

 Аз охири соли 2016 сару садоҳо дар бораи тамосҳо ва ҳатто музокироти пинҳонии намояндагони Россия ва «Толибон» афзоиш ѐфтаанд. Сару садоҳо баъд аз чанд изҳороти намояндаи хоси президенти Россия дар умури Афғонистон Замир Кабулов, ки манфиати Россия бо «Толибон»-ро «муштарак» хонд, шиддати бештар гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҳамин давра дипломатияи Россия барои ба сари мизи музокирот кашонидани «Толибон» фаъол гардид ва ниҳоят “Формати Маскав”-и раванди сулҳ шакл гирифт, дар доираи он намояндагони баландпояи «Толибон» чандин бор ба Маскав сафар намуданд ва бо намояндагони Ҳукумати Россия мулоқот намуданд.  Гуфта мешавад Россия  аз музокироти байниафғонӣ бо он далел низ ҷонибдорӣ менамуд, ки аз идомаи ҳузури неруҳои НАТО ва махсусан эҳтимоли таъсиси пойгоҳҳои доимии низомии ИМА дар Афғонистон бисёр нигарон буд.

Баъди  дубора  зери назорат гирифтани Кобул ва  тамоми ҳудуди Афғонистон аз тарафи «Толибон»  дар моҳи августи соли 2021 то имрӯз ҳеҷ яке аз давлатҳо ҳукумати худхондаи «Толибон»-ро ба расмият нашинохтааст ва он де-юре машруъияти байналмилалӣ надорад. Бо вуҷуди ин,             бисёре аз  кишварҳо де-факто ё амалан бо «Толибон» равобит барқарор намудаанд  ва ё чуноне гуфта мешавад дар таомул қарор доранд.Сафоратҳои Афғонистон дар баъзе аз ин ин давлатҳо ба ихтиёри «Толибон» гузошта шудааст, рафту омадҳо ва музокироту ҳамкориҳо идома доранд.

 Дар маҷмуъ, дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки дар кишварҳои пешрафта усул ва қоидаҳои сиёсати зиддитеррористӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба назар гирифтани афкори омма дар ин масъала ба шиддат дар ҳоли тағйирёбӣ мебошанд. Бо баъзе аз гурӯҳҳои террористӣ на танҳо таомул, балки муомила сурат мегирад, аз гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун неруи ниёбатӣ истифода мешавад.

 Таҷрубаи Афғонистон нишон медиҳад, ки бо оғози музокироти «Толибон» ва ИМА дар Давҳа аз тариқи расонаҳо ва мусоҳибаю суханрониҳои намояндагони давлатӣ  ва баъзе аз расонаҳо  як сиёсати қабоҳатзудоӣ нисбат ба «Толибон», сохтани чеҳраи нави толиб пеш гирифта шуд. Ҳайатҳои «Толибон» акнун дар сатҳи баланд дар кишварҳои хориҷӣ пазируфта мешуданд, дар миёни ин кишварҳо барои даъвати «Толибон» ва баргузор намудани даври музокироти навбатӣ   ҳатто як навъ рақобат оғоз гардида буд. Намояндагони олирутбаи баъзе кишварҳо (ба истиснои Тоҷикистон) ба Давҳа сафар намуда, бо ҳайати «Толибон» музокира анҷом медоданд. ИМА ҳам ба таври ҷиддӣ кӯшиш накард, то музокира бо «Толибон»-ро машрут ба ҷалби ҳукумати расмии Афғонистон ба ин гуфтугӯҳои сулҳ созад- ин корро ба марҳилаи баъдӣ гузошт. Аммо бо имзои Созишномаи Давҳа ва хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон «Толибон» ба музокира бо давлати қонунии ин кишвар дигар ниёз надошт ва ба зудӣ артиши руҳиябохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро шикаст дода, тамоми ҳудуди кишварро тасарруф намуданд. Акнун «Толибон» дар бисёре аз кишварҳо дигар таҳдид маҳсуб намешаванд ва гузашта аз он«Толибон»”-ро дар мубориза бо терроризм шарики худ мехонанд. Гарчанде нигаронии ҳамсояҳо  мисли пештара боқист. Зеро даҳҳо созмони террористӣ ба шумулиВилояти Хуросони ДИИШ”, Ал-Қоида[3], Ансорулло[4] ва ғайра то имрӯз дар Афғонистон ҳузур доранд ва барои кишварҳои ҳамсоя таҳдид ҳисобида мешаванд. Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев дар ҷараёни мулоқоти “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” дар Самарқанд “бо таассуфи амиқ изҳор намуд, ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми таҳдидотеро, ки аз   Афғонистон сар мезанад дасти кам мегирад”.

Дар шароите, ки Россия бо «Толибон» дар сатҳи баланд таомулу равобитро барқарор намудааст, табодули сафиру сафорат кардаанд де-факто барои Россия он созмони террористӣ маҳсуб намешуд.  Суди Олии ФР  ҳамин де-факторо ба де-юре табдил дод, то зиддияти  ҳуқуқиро аз байн бардорад ва роҳро барои ҳамкориҳои васеътар ҳамвор созад.

Таҷрибаи баъдӣ нишон хоҳад дод, то кадом дараҷа Маскав ба ҳадафҳои стратегии худ дар самти Афғонистон ноил мегардад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки Россия бо ин иқдоми худ боз як қадами муҳим дар роҳи машруъият бахшидан ба «Толибон» гузошт ва ҳатман пайомадҳое хоҳад дошт. Ба ақидаи коршиносон, аслан вазъияти баамаломада падидаи камназири таърихӣ мебошад. «Толибон» аввалин ҷунбиши ҷиҳодие мебошад, ки на танҳо пирӯзӣ ба даст овард, балки дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ зоҳиран  эътироф гардид. Ин барои гурӯҳҳои дигари ҷиҳодӣ намуна ва дар даст ёфтан ба ҳадафҳои худ илҳом мебахшад.

Баъд аз ба қудрат расидани «Толибон» дар Афғонистон коршиносон пешгӯйи мекарданд, ки  таҷрибаи Афғонистон  гурӯҳҳои террористиро рӯҳбаланд ва ҳастаҳои хуфтаи террористиро дар дигар кишварҳо бедор хоҳад кард. Баъд аз се сол ин таҷруба дар  Сурия истифода шуд ва давлати Башор Асад сарнагун гардида, қудрати сиёсӣ ба ташкилоти Ҳайат Таҳрир аш Шом”  (ҲТШ, дар як қатор кишварҳо ташкилоти террористӣ эътироф шудааст ) бо роҳбарии Аҳмад ал-Шараа, ки бо тахаллуси Абу-Муҳаммад ал-Ҷулонӣ машҳур буд, дода шуд. Асоси ин созмонро ҷангҷӯёни  созмони дигари террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» («Ҷабҳаи ғалаба»)[5] ташкил доданд, ки ба он  Ахмад ал-Шараа  роҳбарӣ мекард. Ахмад ал-Шараа аз соли 2003 узви “Ал-Қоида” буд ва соли 2005 ба маҳбаси амрикоии «Кэмп-Букка»  афтид. Дар ҳамон ҷо бо роҳбари ояндаи Давлати исломии Ироқу Шом ( ДИИШ)[6] Абубакр ал Бағдодӣ  шинос шуд ва бо ҳидояти ӯ соли 2011  Ҷабҳат ан Нусра” –ро ташкил намудааст.

Ҳамин тавр, баъд аз Сурия эҳтимол дорад дар  кишвар  ва ё кишварҳои дигаре таҷрубаи Сурия ва Афғонистон такрор ёбад. Агар кор аз рӯйи  ин  сенария идома пайдо кунад ва манфиати абарқудратҳо тақозо намояд, дар оянда эҳтимол  муносибат ҳатто бо “Вилояти Хуросони  ДИИШ” ё баъзе дигар созмонҳои хатарноки террористӣ ҳам тағйир ёбад. Дар ин сурат кишварҳое, ки вобаста ба манфиатҳои миллии худ стратегияҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлати мубориза бо терроризм ва экстремизм  ва ё ҳифзи манфиатҳои миллии худро қабул кардаанд, дар шароити  душвор қарор мегиранд. 

 Баъд аз хатми даргириҳо дар Сурия ин интернатсионали террористӣ”, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ кам нестанд, ба ҷойи дигар интиқол дода мешавад. Ҳамин ҳоло иттилоот дар бораи пайдо шудани ячейкаҳо ҲТШ дар Афғонистон интишор мешавад. Бар асоси гузориши "Economic Times" чопи Ҳиндустон, ҳоло дар Афғонистон исломгароёни сурии зодаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар даргириҳои Сурия ширкат доштанд, шиносоӣ шудаанд ва ин мавзуъ нигарониҳои «Толибон», кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро ба бор овардааст. Ба қавли ин рӯзнома “ин исломгароён дар вилоятҳои Бадахшон, Бағлон ва Ҳирот мустақар буда, ба амнияти маҳаллӣ таҳдид мекунанд ва эҳтимол дорад, ки паёмадҳои манфии онҳо ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳинд бирасад”.                                                                                                              Дар шароити ҳозира як вазъияти зиду нақиз ба вуҷуд омадааст: ҳеҷ як кишвар «Толибон»-ро ба расмият намешиносад. Аммо танҳо дар СММ (аз соли 1999 зери таҳримҳои Шурои Амнияти СММ қарор дорад) ва дар се кишвар (Тоҷикистон, Туркия ва Канада) «Толибон» дар рӯйхати созмонҳои террористӣ боқӣ мондааст. Инчунин нисбати «Толибон» ва роҳбарону шохаҳои алоҳидаи он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва як қатор мақомоти ҳуқуқии  дигар чораҳои маҳдудкунанда андешида шудаанд. Дар рӯйхати миллии созмонҳои террористӣ қарор надоштани «Толибон» ба ҳар як кишвар имкон медиҳад, то бо вуҷуди расман эътироф накардани он, роҳи таомул ва ҳамкориро пеш  бигирад .

Дар ҷаласаи Шурои Амнияти СММ 7 феврали соли 2022 вазъияти ба вуҷуд омада дар Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифта буд. Дар ҷаласа аз ҷумла қайд гардид, ки дар гузашта низомҳои мавҷудаи таҳримӣ бо назардошти мақоми ғайриқонунии «Толибон» қобили пазириш буданд. Аммо ҳоло ғасби қудрат «Толибон»-ро  ба асоси қудрати сиёсӣ дар Афғонистон табдил додааст. Ин маънои онро дорад, ки чораҳои маҳдудкунанда алайҳи «Толибон» имрӯз, дар маҷмуъ, ба тамоми кишвар таъсир мерасонанд. Ҳама гуна муомилоти иқтисодӣ бо ин кишвари таҳти раҳбарии «Толибон» зери чораҳои васеи маҳдудкунанда қарор мегирад. Чунин вазъият метавонад тамоми робитаҳои расмии иқтисодиро бо Афғонистон  фалаҷ кунад ва онҳоро ба соҳаи ғайриқонунӣ тела диҳад. Зарари башардӯстона ба аҳолии кишвар дар баробари душвориҳои ҷанг метавонад хеле бузург бошад.

 Ин аст, ки аксари давлатҳо новобаста аз он ки ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият намешиносанд, кӯшиш доранд бо  Кобул ҳамкориҳоро ба роҳ монанд ва инро сиёсати амалгаро ё прагматикӣ меноманд. Гарчанде ба назар мерасад, бисёре аз ин давлатҳо ба хотири манофеии иқтисодии худ бо «Толибон» таомул ва ҳамкориро ба роҳ мондаанд ва барои бозорҳои Афғонистон як навъ рақобат байни ин кишварҳо ҷараён дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди надоштани равобити расмии сиёсӣ бо «Толибон» ба хотири расонидани кумаки башарӣ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти рӯзмарраи онҳо бозорҳои сарҳадиро дубора боз намуд, неруи барқ ба ин кишвар  интиқол мешавад, гузаргоҳи Панҷи Поён барои транзити молу коло боз нигоҳ дошта мешавад.

Сиёсати Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон нисбат ба ќазияи Афѓонистон њамеша сиёсати бисёр равшан, якранг, шаффоф ва устувор будааст.

            Муҳимтарин асли сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки буҳрони Афғонистон бояд ва ҳатман аз роҳи мусолиматомез ва сиёсӣ ҳал гардад. Дар тӯли ин солҳо пайваста аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дар мулоқот бо сарони кишварҳо ин андешаро баён намудааст ва имрӯз ҳам сайъ менамояд, то мушкили мавҷуд дар Афғонистон бо назардошти ҳифзи ҳуқуқи тамоми ақвоми он кишвар аз роҳи музокирот ва мусолиматомез ва ташкили ҳукумати фарогир ҳаллу фасл гардад. Пешвои миллат ҳамеша сиёсатҳои дугонаи баъзе кишварҳоро дар баробари терроризм ва экстремизм сахт интиқод ва маҳкум намуда ва даъват менамояд, ки ба масъалаи пайомадҳои фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ дар Афғонистон, таваҷчуҳи ҷиддӣ шавад.

 Қ.Искандаров, сарходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

 давлатҳои Осиё ва  Аврупои АМИТ

 

[1]  «Ҷунбиши Толибон»-ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  30 марти соли  2006 ).

[2] «Вилояти Хуросони ДИИШ»-ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  14 апрели  соли  2015 ).

[3] «Ал-Қоида» - ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  30 марти соли  2006 ).

[4] «Ҷамоати Ансорулло»- ташкилот, ки экстремистӣ ва террористӣ эътироф шудаст(қарори Суди Олии ҶТ аз 3 майи соли 2012). 

[5] «Ҷабҳат ан Нусра» ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 апрели соли  2015 ).

[6] «Давлати исломии Ироқу Шом» -ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  14 апрели соли 2015 ).