Ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти ҷиддие рӯбарӯст, ки яке аз асоситаринашон тағйирёбии иқлим ва тамомшавии тадриҷии захираҳои маъмули энергия мебошад. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти глобалист, ки оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дорад. Ин мушкил ба афзоиши ҳарорати глобалӣ, обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи баҳрҳо ва тағйироти ногаҳонӣ дар низоми обу ҳаво сабаб гардидааст.
Дар асри гузашта иқтисоди ҷаҳонӣ асосан ба нафту газ ва ангишт такя дошт, ки ин манбаъҳо ҳамчун сӯзишвории фоиданок ва арзон шинохта шудаанд. Аммо истихроҷи густурдаи ин захираҳо боиси коҳиши захираҳои табиӣ ва инчунин ба ифлосшавии муҳити зист гардид. Сӯзондани захираҳои маъмулии энергетикӣ (мисли ангишт, газ ва нафт) боиси ихроҷи моддаҳои зараровар, аз ҷумла гази карбонат (CO2), оксиди сулфур (SO2), оксиди нитроген (NOx) ва моддаҳои сахти зараровар мегардад. Аз ин моддаҳо CO2 нақши калидӣ дар гармшавии глобалӣ дорад, ки ҳамчун яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим эътироф шудааст. Ғайр аз ин, истихроҷи нафту газ боиси тағйироти геологии муҳит ва вайроншавии экосистемаҳо мегардад, ки ба коҳиши гуногунии биологӣ ва вайроншавии муҳити зист оварда мерасонад.
Бо назардошти ин омилҳо, зарурати гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия беш аз пеш равшан ва муҳим мешавад. Гузариш ба истифодаи энергияи барқароршаванда метавонад таъсири манфии фаъолияти инсон ба муҳити зистро ба таври назаррас коҳиш диҳад ва инчунин ба устувории энержетикии кишварҳо мусоидат намояд.
Манбаъҳои барқароршаванда ва энергияи сабз
Манбаъҳои барқароршавандаи энергия он манбаъҳое мебошанд, ки ҳангоми истифода тамом намешаванд ва ба таври табиӣ ва пайваста дубора барқарор мешаванд. Ба ин гурӯҳ энергияи офтобӣ, бодӣ, гидроэнергетика, биомасса ва геотермалӣ дохил мешаванд. Ҳамаи ин манбаъҳо аз лиҳози экологӣ ба муҳити атроф зарари ҷиддӣ намерасонанд.
Энергияи сабз мафҳумест, ки бештар ба манбаъҳои энергияе ишора мекунад, ки муҳити зистро ифлос намекунанд ё ифлосшавии онҳо хеле маҳдуд мебошад. Ин истилоҳ асосан ба энергияи офтоб ва бод марбут аст, зеро истифодаи онҳо таъсири экологӣ ва партоби газҳои зарароварро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Энергияи офтоб бо истифода аз панелҳои офтобӣ ё фотоэлектрикӣ истеҳсол мешавад, ки нури офтобро ба ҷараёни электрӣ табдил медиҳанд. Ин намуди энергия қобилияти баланди истеҳсолшавӣ ва нигоҳдорӣ дорад ва барои минтақаҳое, ки рӯзҳои офтобӣ зиёд доранд самаранок мебошад.
Энергияи бодӣ тавассути турбинаҳои бодӣ истеҳсол мешавад, ки аз ҷараёни шамол қувваи механикӣ гирифта, онро ба нерӯи барқ табдил медиҳанд. Турбинаҳои бодӣ дар минтақаҳое, ки шамолҳои доимӣ доранд, хеле муассир мебошанд. Афзалияти калони энергияи бодӣ дар он аст, ки вай ҳеҷ гуна ифлосшавии муҳити атрофро ба вуҷуд намеорад ва захираҳои табииро истифода намебарад.
Илова бар ин, энергияҳои барқароршаванда имкон медиҳанд, ки кишварҳо вобастагии худро аз воридоти сӯзишвории анъанавӣ коҳиш дода, ба амнияти энергетикии худ мусоидат намоянд. Ин омил дар ҷаҳони муосир, ки буҳронҳои энергетикӣ ва ноустувории бозори сӯзишворӣ зиёданд, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зарурати гузариш ба манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон
Заминаҳои ҳуқуқии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба масъалаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар сатҳи ҳукумат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Барои таъмини заминаҳои ҳуқуқии истифодаи манбаъҳои барқароршаванда, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва стандартҳои миллӣ қабул шудаанд, ки танзими тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои офтобии фотоэлектрикӣ, ҳамгироӣ ба низоми умумии энергетикӣ, шартҳои истеҳсол ва фурӯши нерӯи барқ ва дигар масъалаҳоро дар бар мегиранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» аз соли 2000 (дар таҳрири соли 2022 №1909) асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти иқтисодиро дар соҳаи энергетика муайян менамояд. Ин қонун барои танзими муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, таъмини рушди устувори он ва таъмини амнияти энергетикии кишвар заминаи муҳим мебошад.
Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардид (дар таҳрири соли 2022, №1910), ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯии энергия, коҳиши таъсири инсон ба муҳити зист ва иқлим, истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа муайян менамояд.
Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» қабул шуд (№1018), ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаи энергия ва самаранокии он ба танзим медарорад ва тартиби истифодаи захираҳои энергетикиву сӯзишвориро муайян мекунад.
Илова бар ин, «Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, амсоли энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи минбаъдаи зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015» қабул ва амалӣ гардид (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали 2007 №41).
Соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (СМР-2030) қабул шуд, ки дар он бахши энергетика яке аз қисматҳои асосии татбиқи он мебошад. Тибқи ин стратегия, рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон дар асоси консепсияи 10/10/10/10 сурат мегирад:
а) иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи кишвар ба 10 гВт расонда мешавад;
б) содироти солонаи неруи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд. кВт. соат расонида мешавад;
в) диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар ҳаҷми на камтар аз 10 фоиз таъмин карда мешавад;
г) талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% паст карда мешавад.
Интизор меравад, ки пас аз татбиқи ин стратегия сатҳи баланди эътимоднокии таъмини аҳолӣ ва бахши истеҳсолӣ бо нерӯи барқ таъмин гардида, мушкилоти мавсимии норасоии барқ ҳал мешавад.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 «Қоидаҳои пешбурди кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия» тасдиқ шуданд, ки аз кадастри энергияи манбаъҳои обӣ, энергияи офтобӣ, бодӣ, геотермалӣ ва энергияи биомасса иборат мебошад.
Соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул шуд, ки ҳаҷми маблағгузории он 21,586 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло марҳилаҳои якум ва дуюми ин стратегия (2023-2025 ва 2026-2028) амалӣ мегарданд, ки дар онҳо паҳн кардани маълумот дар бораи иқтисоди сабз, ташаккули тафаккури иқтисодиву экологӣ, татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, риояи онҳо дар қабули қарорҳо ва ҷорӣ кардани стандартҳои иқтисоди сабз дар бахши иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинӣ шудааст.
Татбиқи ин стратегия барои рушди устувор дар соҳаҳои энергетика, иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Захираҳои манбаъҳои барқароршавандаи Тоҷикистон
Низоми энергетикии Тоҷикистон ба таври анъанавӣ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат аст, ки беш аз 92% нерӯи барқи кишварро таъмин мекунанд. Ин омил боиси он мегардад, ки дар фасли зимистон, ҳангоми коҳиши сатҳи об дар дарёҳо, истеҳсоли нерӯи барқ кам шуда, дар натиҷа норасоии нерӯи барқ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҷорисозии маҳдудият ба вуҷуд меояд.
Бо тағйирёбии иқлим, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон ва алалхусус дар Тоҷикистон ба таври назаррас мушоҳида мешавад, пиряхҳои кишвар бо суръати баланд об шуда истодаанд. Ин раванд дар ояндаи наздик метавонад ба камшавии ҷиддии захираҳои обӣ оварда расонад ва ба истеҳсоли энергияи гидроэнергетикӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, гузариш ба истифодаи васеи манбаъҳои дигари барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи офтобӣ ва бодӣ, дар Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо кардааст.
Тибқи таҳқиқоти охирин, потенсиали техникии энергияи бодӣ дар Тоҷикистон 15557 МВт ва потенсиали иқтисодии он тақрибан 4485 МВт мебошад. Захираҳои энергияи офтобӣ дар кишвар назар ба бод боз ҳам бештар аст ва потенсиали техникии он ба 646850 МВт, иқтисодӣ бошад ба 369600 МВт мерасад. Бахусус дар минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон, ки рӯзҳои офтобӣ зиёдтар мебошанд, шароит барои сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ хеле мусоид арзёбӣ шудааст.
Лоиҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай чандин нерӯгоҳҳои офтобӣ сохта шудаанд, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияи Мурғоб мебошанд. , ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷойгир аст, аз рӯйи иқлими махсусан хушки баландкӯҳӣ ва зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ дар сол, яке аз беҳтарин маконҳои кишвар барои рушди энергияи офтобӣ маҳсуб меёбад. Дар ин минтақа бо дастгирии молиявӣ ва фаннии USAID ва ширкати «Pamir Energy» соли 2020 аввалин нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 кВт ба истифода дода шуд. Дар ҳоли ҳозир, лоиҳае амал мекунад, ки иқтидори ин нерӯгоҳро то 800 кВт афзоиш дода, инчунин бо батареяҳои замонавӣ бо иқтидори нигаҳдории барқ то 1,2 МВт·соат таъмин мекунад. Ғайр аз ин, сохтмони се нерӯгоҳи дигар дар деҳаҳои Аличур (иқтидори 2,8 МВт), Гулзор (450 кВт) ва Булункул (565 кВт) идома дорад. Ҳар яки ин лоиҳаҳо дорои аккумуляторҳои махсус барои захираи нерӯи барқ мебошанд, ки ин боиси таъмини барқ ба аҳолии дурдасти ин минтақаҳо дар давоми тамоми шабонарӯз мегардад.
Дар вилояти Суғд бошад, дар доираи лоиҳаи бузургтар – сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 МВт пешбинӣ шудааст. Ин нерӯгоҳ дар майдони қариб 400 гектар ҷойгир хоҳад шуд ва солона тақрибан 350 млн кВт·соат барқ истеҳсол менамояд, ки метавонад ҳиссаи назарраси талаботи энергетикии вилояти Суғдро таъмин созад.
Дар шаҳри Душанбе се неругоҳи офтобии шабакавӣ фаъолият мекунад: неругоҳи офтобии иқтидораш 120 кВт дар Беморхонаи клиникии марказӣ, неругоҳи офтобии иқтидораш 40 кВт дар Институти илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон ва неругоҳи офтобии иқтидораш 34 кВт дар Таваллудхонаи № 1.
Ба ҷуз ин лоиҳаҳое амалӣ шуда истодаанд, ки ба насби лавҳаҳои офтобӣ дар болои боми биноҳои нави баландошёна равона шудаанд.
Хулоса
Гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон на танҳо зарурат, балки як имконияти хубест, ки метавонад кишвари моро аз мушкилоти энергетикӣ раҳо кунад ва устувории энергетикии онро таъмин намояд. Татбиқи пурраи стратегияи рушди энергетикаи барқароршаванда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда на танҳо ба таъмини талаботи дохилии худ бо нерӯи барқ даст ёбад, балки ба содиркунандаи асосии энергияи сабз дар минтақа табдил гардад.
Ризои Баҳромзод - корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон