Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ тавонистанд роҳи давлатдории навинро пеш гиранд ва барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оваранд. Дар сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон, ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа ва ояндасозони кишвар ҷойгоҳи муҳим доранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ намуда, дар ободиву пешрафти Ватан саҳми назаррас мегузоранд. Бо дастгирии роҳбарияти давлат барои онҳо дар самтҳои таҳсил, илм, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ муҳайё гардидааст. 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин сана гувоҳи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба насли ҷавон мебошад.
Сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии кишвар табдил ёфтааст. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои марбут ба ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифта, барои таҳсил, илм, варзиш, ихтироъкорӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз бо ҳамин таваҷҷуҳ ҷавонон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Қадами муҳим дар сиёсати давлатии ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» буд, ки барои баланд гардидани мақому нуфузи ҷавонон дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро қабул намуд, ки ҳадаф ва самтҳои афзалиятноки рушди ҷавононро муайян мекунад. Стратегияи мазкур ба рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонон нигаронида шуда, иштироки фаъоли онҳоро дар ҳаёти ҷомеа таъмин менамояд. Дар доираи ин стратегия масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди соҳибкорӣ, ҷалби ҷавонон ба илм, технология, хизмати давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мавқеи муҳим доранд. Инчунин, таваҷҷуҳ ба ҷавонони болаёқат, таъсиси грантҳо, стипендияҳо ва имкониятҳои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин, стратегия масъалаҳои мубрами иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла бекорӣ, муҳоҷират, мушкилоти манзил ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоиро низ дар мадди назар қарор гирифтааст. Аз нигоҳи таҳлилӣ, чунин муносибати фарогир нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон танҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ маҳдуд нашуда, балки ҳамчун механизми муҳимми рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Натиҷаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои охир собит намуданд, ки ҷалби ҷавонон ба илм, технология, идоракунии давлатӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ тадриҷан афзоиш ёфта истодааст. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми назаррас мегузоранд. Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ҳамчун воситаи муҳимми ташаккули ҷомеаи муосир ва таъмини рушди устувори миллӣ арзёбӣ мешавад. Ояндаи кишвар аз сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолнокии ҷавонон вобастагии мустақим дорад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун, неруи созанда дар пешрафти кишвар саҳми арзишманд мегузоранд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои илмӣ, технологӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон воқеан идомадиҳандаи роҳи созандагиву бунёдкорӣ мебошанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохуриҳои хеш таъкид менамоянд, «Ояндаи миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагӣ дорад». Ҷавонон ояндаи давлату миллат ба шумор мераванд. Ҳар қадаре ки сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон баланд бошад, ҳамон қадар ҷомеа устувору пешрафта мегардад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дастгирии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки имрӯз ҳазорон ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар мегардидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро ҳамчун қувваи бузурги созанда арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки ояндаи кишвар аз фаъолияти босамар ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагӣ дорад. Дар ҳақиқат, имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, технология, варзиш, фарҳанг, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ фаъолона иштирок намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд бештар ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои рақамӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро пешрафти давлат дар асри XXI аз дониш, маҳорат ва иқтидори зеҳнии ҷавонон вобастагии калон дорад. Имрӯз ҷаҳон босуръат тағйир меёбад ва танҳо миллате метавонад мавқеи худро ҳифз намояд, ки ҷавонони босаводу худшинос дошта бошад. Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик бояд ҳамқадами замон бошанд, аз дастовардҳои илму техника истифода бурда, барои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ саҳмгузор гарданд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯз баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар байни ҷавонон мебошад. Ҷавонон бояд таърихи миллат, фарҳанг ва арзишҳои миллиро хуб омӯзанд ва аз давлату давлатдории тоҷикон ифтихор намоянд. Маҳз худшиносии миллӣ метавонад ҷавононро аз таъсири гурӯҳҳои ифротгаро, фарҳанги бегона ва ақидаҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад. Ҳар ҷавони кишвар бояд дарк намояд, ки ҳифзи Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва рушди ҷомеа иштироки фаъол доранд. Бунёди роҳҳо, муассисаҳо, марказҳои технологияҳои иттилоотӣ, рушди соҳибкории ҷавон ва иштироки ҷавонон дар озмунҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки неруи ҷавонон ба пешрафти Тоҷикистон равона гардидааст. Махсусан, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва соҳибкории инноватсионӣ бештар гардида, ин омил барои рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад.
Бо вуҷуди ин ҷавононро зарур аст, ки нисбат ба масъалаҳои мубрами ҷомеа бетараф набошанд. Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, нашъамандӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб вазифаи муҳимми ҷавонони соҳибмаърифат мебошад. Ҷавонон бояд бо донишу фарҳанги баланд, ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ обрӯи миллатро ҳифз намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон пайваста тадбирҳои муҳим меандешад. Қабули барномаҳои давлатӣ, дар самти дастгири ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки барои рушди неруи ҷавон нигаронида шудаанд. Ин ғамхориҳо ҷавононро водор месозанд, ки бо меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда ба Ватан хизмат намоянд.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ имрӯз ҳамчун яке аз муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар дар самти омӯзиши захираҳои об, гидроэнергетика ва экология фаъолияти назаррас дорад. Дар ин раванд саҳми олимони ҷавони Институт хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Онҳо дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, мониторинги экологӣ ва таҳлили сифати об фаъолона иштирок менамоянд. Олимони ҷавон бо истифода аз озмоишгоҳҳои муосир ва технологияҳои нав корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, натиҷаҳои тадқиқоти худро дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баромад ва муаррифӣ менамоянд, ки натиҷаҳои тадқиқоти анҷомдодаи онҳо барои рушди илм ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ нишон медиҳад, ки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба рушди неруи зеҳнӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавони рақобатпазир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Маҳз дониш, ташаббус ва фаъолнокии олимони ҷавон метавонад, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва экологияи кишвар саҳми муассир гузорад.
Мо, олимону муҳаққиқони ҷавони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷавобан ба ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу таҷриба, малака ва неруи илмии худро барои рушди илми ватанӣ, таҳқиқи масъалаҳои мубрами обу иқлим ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим равона менамоем.
Имрӯз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор дошта, ҳамчун иқдомҳои муҳимми байналмилалӣ эътироф гардидаанд. Олимону муҳаққиқони ҷавони даврони истиқлоли Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамқадами замони соҳибистиқлолӣ мебошанд, метавонанд, тавассути анҷом додани тадқиқотҳои муосир дар татбиқи ҳадафҳои глобалии марбут ба обу иқлим, таҳкими иқтидори илмии кишвар ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Алиев Ф.А. - номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Адамқулова С.С. - сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашр таҳти унвони «Анатомияи одам», ки аз ҷониби ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа таълиф гардидааст, ба нашр расид.