Skip to main content

Имрӯз, 22 сентябр дар заминаи муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” Академияи миллии миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати олимону кормандон сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ, ки аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳҳои насбкардашуда бевосита бо дастуру ҳидоятҳои илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон ва бо кӯмаки Муассиси тарафи Хитоии Марказ Институти Техникии Физика ва Химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ ҳамчун маблағи бебозгашт оварда шудаанд.

Дар марказ зиёда аз 20 адад дастгоҳҳои наву замонавии элаки ларзон (барои бехтан ва ба фраксияҳо ҷудо намудани дилхоҳ мавод), майдакунак (барои майда намудани маводҳои фаъоли биологӣ), ғурушасози хушк (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), ғурушасози намнок (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), омехтакунак (барои омехта намудани якчанд маводи фаъоли фарматсевтӣ), ҷевони хушккунии ҳавокаш (барои хушк намудани экстрактҳо), 3D – омехтакунак (барои омехта намудани ду ва зиёда ингредентҳои душворомехташаванда), дастгоҳи қурссозӣ (барои истеҳсоли қурс (таблетка)), дастгоҳи ғилофаксозӣ (барои истеҳсоли ғилофакҳо (капсула)), дастгоҳи халтачаҳои доруворӣ (барои бандубасти растаниҳои шифогӣ дар халтачаҳо), дастгоҳи бандубасти қурс (барои борҷомасозии қурсҳо), дастгоҳи руйпушкунии қурсҳо (барои руйпӯшкунии қурсҳо тавассути моеъҳои руйпушкунанда), экстрактор универсалӣ (барои истихроҷи маводи фаъоли биологӣ аз таркиби растаниҳо), ҷевони хушккунии экстрактҳо (барои хушк намудани ҷабидаҳои гиёҳӣ), дастгоҳи шарбатсозӣ (барои истеҳсоли шарбатҳои табобатӣ), дастгоҳ барои суфткунонии қурсҳо (барои тоза намудани қурсҳо аз заррачаҳо), тестер барои ҳалшавандагии курсҳо, тестер барои муайянсозии устуворӣ ва диаметри қурсҳо, тестер барои муайянсозии вазн ва андозаи қурсҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.

Мақсади асосии насби дастгоҳҳои нави дорусозӣ аз он иборат мебошад, ки дар асоси растаниҳои омухташуда таҳия ва технологияи маводҳои доруворӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки олимони марказ алакай дастгоҳҳои мазкуро ба кор андохта аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон маводҳои доруворӣ истеҳсол намудаанд, ки натиҷааш ба ҳайати роҳбарият ва олимону кормандон муаррифӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар як муддати кутоҳ бо кӯшишу заҳматҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 32 адад озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд, ки маҳз барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқон мусоидат менамояд.

Таъсиси ин сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ яке аз он иқдомҳое аст, ки дар пайрави аз сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки таъсисёбии маркази муштарак дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон оиди коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ сарчашма мегирад.