Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳадафи стратегӣ расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯӣ барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шудаанд. Роғун,ки худ иншооти аср номида шудааст манбаи адонашавандаи нур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дили пок ва бо муттаҳидии мардуми тоҷик аз ҷумла, фаъолон, зиёиён, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ҳамчунин намояндагони ташкилоту созмонҳои бонуфузи берун аз кишвар заҳматҳои шабонарузи намуда дар бунёди НБО- Роғун камари ҳиммат бастанд. Ёдовар бояд шуд, ки 26 августи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба НБО- Роғун ташриф оварда аз рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии НБО- Роғун шинос шуданд. Ҳамчуни вохурии Пешвои миллат бо як қатор кормандони НБО- Роғун доир гардида аз ҳолу аҳволи кормандон шинос шуда баҳои баланд додан ва ҳамчунин таъкид намуданд, ки заҳматҳои кормандони мазкур бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.

Дар давоми 34 соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошт. Аз бунёди роҳҳои мошингарди Кулоб-Қалъаи Хумб, Шуғнон-Зиғар, Душанбе-Чайнак-Бӯстон, Душанбе-Ваҳдат-Данғара оғоз намуда то роҳи оҳани Кӯлоб-Қурғонтеппа, нақбҳои Истиқлол, Чормағзак, Шар-шар ва ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқии Сангтуда-1, Сангтуда-2, ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург дар ин давра сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор бартариҳои назаррас дорад, ки онро як иншооти муҳими инфрасохтори энергетикии кишвар ва минтақа мегардонад:

Таъмини амнияти энергетикӣ: НБО- Роғун иқтидори тавлиди нерӯи барқи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, вобастагӣ аз воридотро коҳиш медиҳад ва таъмини устувори нерӯи барқро таъмин мекунад.

Рушди иқтисодӣ: Афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ​​ба рушди саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Содироти нерӯи барқ: Нерӯи барқи зиёдатӣ метавонад ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳатто ба Ховари Миёна содир карда шавад, ки даромад ба даст меорад ва ҳамгироии минтақавиро таҳким мебахшад.

Устувории гидроэнергетика: Истифодаи манбаи барқароршавандаи энергия неруи барқи обӣ - коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва таъсири муҳити зист мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар охир баҳри хизматҳои шабонарузи падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзу сипос ба иқдомҳои ин марди Худо гуфтаним:

Агар гӯем, шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

Агар гӯем, хидматҳои ту бемислу монанданд.

Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.

Ба маъруфии худ маъруф кардӣ халқи тоҷикро,

Чи хуш, дар созмонҳо нутқ меронӣ, ту меарзӣ.

Хати барномаат шуд барқу нақбу роҳу озуқа,

Ба кишвар аз ту шуд ин файзу арзонӣ, ту меарзӣ.

Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти Оӯзиши Масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои - АМИТ

Проблемаҳои мавҷудаи баҳамоии мардуми Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки то имрӯз таҳти роҳбарии Cарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои муайян ноил гаштааст, ҳоло низ ба пуррагӣ аз ҷониби аҳли ҳушманду зиёӣ ва мардуми одии кишвар то ба нуктаи зарурӣ ҳазми пурраи худро наёфтаанд. Зеро сару садоҳои гуногун дар фазои маҷозии интернетӣ, ҳангомаҳои ҷудогонаи иттилооти рақамӣ, рафтору кирдорҳои мухталифи тазодманди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳатто урфию одатӣ бо либоси эътиқоди ҳоло низ масъалаҳоеро матраҳ менамоянд, ки истифода ва татбиқи онҳо ногузир моро ба кӯчаҳои сарсонии дигар бурданаш эҳтимоли зиёд дорад.

Ин ҳолат дар фазои мафкураи миллии мо танҳо таҳдиди ҷиддӣ ба рушди дурусти табиати давлати миллӣ ва дунявии мо нест. Вай инчунин, дар шароити ҷаҳонишавии муноқишаи мафкураҳо ва манфиатҳо воситаи муассире дар дасти бадхоҳони миллат шуда, метавонад. Дар чунин сурат ин иллат тавассути дастовардҳои илмию технологӣ ва иттилоотии рақамӣ зарбаи муайян ба рушди мафкураи мардум ва тараққии илму техника хоҳад зад. Ин зарба аслан аз дарвозаи тамоюли тафаккур ба самти хурофот ва таассуб неру хоҳад гирифт.

Бо гузашти вақт ва ташаккули соҳибистиқлолии кишвар эҳсос мешавад, ки рӯйи харитаи сиёсии мафкураи миллат андешаҳои пароканда аз рӯйи мазмуну мундариҷаҳои мухталиф оросташуда бо ҳадафҳои гуногун то рафт мушкилиҳои фазои илмии андешаро пурра менамоянд. Дарк, ҳазм ва рафъи ин мушкилиҳо ақли собиту сайёри ҳар ватандорро то умқи сарчашмаҳои илмии назарӣ, амалӣ ва таърихӣ ҳидоят намуда, бо истифода аз ҳама донишҳои махсусотӣ, маъқулотӣ ва машҳуротӣ ҷиҳати дарёфти роҳи нисбатани озоду ороми рушди маънавӣ ва иҷтимоӣ ба андешаю фикррониҳо ҳидоят мекунад.

Мушоҳида мешавад, ки барои ҳалли ин муаммо ҳар нафаре ба ҳар мадраке ва ҳар далоили мақбуле аз самти омӯхтаю шунидааш такя мекунад. Ин лаҳзаҳо ба мо рӯҳияи илмӣ, тарбияи некӯкирдории ахлоқию эътиқодӣ ва ворастагӣ аз маҳдудиятҳою озодандешии андешаи гузаштагони номдори миллат кӯмак ва илҳом мебахшад, то ки чизе гӯем ва нисбати тақдири ояндаи фарзандонамон бетараф набошем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аҷдодони равшанфикри мо дар шароитҳои вазнини иҷтимоию иқтисодӣ ва давраҳои маҳрумӣ аз истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва маънавӣ дошта, то дараҷае озодфикр будаанд, ки дар кашфи ҳақиқат, адолат ва озодию хушбахтӣ онҳоро ҳеҷ монеае на таассуб, на хурофот ва на ҷаҳолати ҷоҳилон сад шуда наметавонист. Онҳо девори фӯлодини хурофот, ки динро воситаи маҳдуди хирад ва тафаккур медонистанд ва дар даст қудратҳои зиёди маҷбуркунӣ, тимсоли девони мӯҳтасиб, соҳиббарид, қозӣ ва ғайраро доштанд, ба онҳо монеа шуда натавонистанд. Аммо мо дар шароити давлати демократӣ, ки бо саъю кӯшиши Пешвои миллатамон либоси маънавии миллиро ҳадафи худ қарор дода, дар шароити озодиҳои эътиқодӣ эҳтироми ҳама дину адёнро дар доираи талаботи қонуни давлати дунявӣ ба мароми зиндагиамон табдил додаанд, ҳанӯз ба шаклпарастию хурофот бештар майл намуда, ҷойи илму дониш, некию накӯкорӣ ва эҳтирому қадрдонӣ аз ҳамдигар афзалият ба урфу одатҳои холӣ аз маърифату ҳикмати зиндагӣ додаем.

Пиндору гуфтор ва рафтори ҳам бо ном зиёиёну донишмандони соҳибсуханро ва ҳам донандагони улуми диниро, ки рисолати тарғиби ахлоқи ҳамидаи созанда ва ҳам таҳиякунандаи барномаи фаннии мафкураи миллиро бар дӯш доранд дар зиндагию саҳифаҳои иттилоти рақамӣ мебинӣ, ба ҳолате меафтӣ, ки қабл аз мо Умари Хайём афтида буд, вале дар муқоиса бо мо ӯ гуфта тавониста буд:

Ман ғам ба шароби якманӣ хоҳам кард,

Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард.

Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод,

Пас духтари разро ба зани хоҳам кард.

Ин ҷо роҳи озодфикрӣ дар кашфи ҳақиқат ва шикасти маҳдудаи фикрии тангназарону мутаассибон, аз ҷониби Умари Хайём инъикос ёфтааст. Вай дар шароити афзоиши неруҳои таассубовару хурофотпараст мӯътақид шуд, ки воситаҳои маъмули донишан­дӯзӣ чун хирад ва эътиқод ба ӯ дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмак нанамуданд. Аз ин рӯ, ӯ аз лаззати мадҳушкунандаи шароб рамзӣ илҳом гирифта, ба ирода ва боварӣ такя менамояд. Ӯ дар баробари ақл ва эътиқод ирода ва бовариро чун воситаи шикасти хурофот ва дастрасӣ ба ҳақиқат ва фаҳми зиндагӣ собит менамояд[1]. Ӯ ин фикр ва ин маъниро дар шароите матраҳ менамояд, ки мо тоҷикон на танҳо давлати миллии соҳибистиқлол надоштем, инчунин озодиҳо ва ҳимоятҳои қонуни давлати дунявиро соҳиб набудем. Бардошт ин аст, ки зиёии имрӯз дар масъалаҳои муқовимат бо таассубу хурофот заифтар аз ниёгони равшанфикри худ аст.

Ҳолати воқеии сатҳи мафкураи миллӣ ва тарзи ташаккули ноҳамвори онро назар намуда, месазад илова намуд, то он даме, ки меросбарони Хайём ба ислом танҳо ба хотири он рӯ оварда тоат мекунанд, ки ба дӯзах наафтанд, рӯза мегиранд, ки гуноҳони худро шӯянд ва зиндагӣ мекунанд, ки ба биҳишти тайёр ворид шаванд, ба гумон аст, ки маънӣ ва гуфтаи чунин бузургонро амиқ дарк намоянд. Албатта, орзӯ ва умеди биҳишт мақсад ва ҳадафи ҳар мусулмон аст, мо онро эътироф мекунем ва нақши тарбиявии онро қадр месозем. Вале ин мақсад набояд инсони созандаро аз дигар воситаю ангезаҳои бунёдӣ ва ҳуввиятсозе, ки расидан ба ин роҳро сабук ва дастраси доимӣ мегардонад дур намуда, ҳама арзишҳои дигарро аз мадди назар дур монад. Чунки ин рафтор, ҳамон усули маҳкумшудаи илмие аст, ки «ба хотири мақсад воситаҳои бунёдиро қурбон менамояд». Ин ба назари мо, танҳо як тарафи иллатмандии воқеияти мафкуравии замони муосир аст.

Ин ҳолат танҳо чаправии усулӣ ва илмӣ набуда, имкон дорад ба омили зоиши таассубу хурофот ҷиддӣ хизмат намояд. Он тавре, ки дар пешманзари зиёд аз рафторҳои тундравона ва хурофотпарастонаи тарғибгарони динӣ дар сомонаҳои интернетӣ эҳсос мегардад.

Иттиҳоди сиёсӣ ва миллӣ дар сурате метавонад созандаю ободкори зиндагии хеш бошад, ки агар дар кори ташкили зиндагӣ ва боварҳои бунёдиаш аз тақлиди кӯркурона ва тоати хушку холии хориҷ аз маънавиёту ҳикмати зиндагӣ худро дифоъ намояд. Аъзои ҷомеаи рушдкунанда ва холӣ аз хурофот тоату ибодати инсониро василаи ягона ва худ ба худи расидан ба биҳишти ҷовидонӣ, берун аз ҳикматҳои созандагии инсони солеҳ наҳисобида, арзишҳо ва воситаҳои саодатмандии бо ҳам тавъами ҳарду дунёро лағв нанамуда, рӯзаро на аз барои шустани гуноҳ, балки барои худдорӣ аз гуноҳ ва намозро на барои хаму рост шудан, балки бо қалби поку виҷдони тозаю амалҳои шоиста дар мулоқоти Офаридгори бузург қарор доштан, поянда медорад. Ҳамроҳ бо иҷрои аркони диниаш ҳамчун воситаи тарбияи маънавӣ ӯ худ ва ҷомеаашро аз лиҳози маънавӣ тарбия мекунад. Ба қавли Мавлонои Балхӣ:

Эй, ки масҷид меравӣ баҳри суҷуд,

Сар биҷунбад дил наҷунбад ин чи суд!?

Бузургони мо чун Абулҳасани Харақонию Аҳмади Ҷомӣ, Аттори Нишопурию Мавлонои Румӣ, Носири Қубодиёнию Низомии Ганҷавӣ, Аблдураҳмони Ҷомию Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигарон бо хирад, бо дониш, бо амалҳои неку созанда, бо эътиқод ва ҳатто иродаю боварӣ мусаллаҳ шуда, дар уқёнуси андеша ба ҷустуҷӯи ҳақиқат баромада, таассубу хурофотро илман шикаста, саодати дорайнро дар сатҳи олами ботинӣ ва хориҷиашон пайдо кардаанд. Роҳи онҳо созан­дагӣ, эҷодкорӣ ва роҳи инқилобҳои илмӣ буд. Пири Ҳирот (Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ) вақте дар танқиди зоҳидон ибодатро ба хотири биҳишт шартномаи хариду фурӯш хонд, ки вазну эътибори хилофат ҷаҳонгир буд:

Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,

Ин байъ бувад лутфу атои Ту куҷост.

Бузургони мо Худованди муттаолро бо сифатҳои офаринандагию халлоқият, ҳалимию каримӣ, созандагию бунёдкорӣ, раҳмату мағфират, илму қудрат ва адлу меҳрварзӣ шинохта ва тарғиб кардаанд. Худ ва дигаронро ҷиҳати садоқат доштан ба ин хислату сифатҳо тарғиб карда, садди роҳи ҷаҳолат ва таассубро гирифтаанд.

Шукри истиқлол, ки дар кишвари демократию дунявии мо озодиҳои динӣ ҳукмфармост. Боиси хурсандист, ки дар рӯзҳои ҷумъа масҷидҳои ҷомеи кишвари мо пур аз намозгузор аст. Ҳама ба намоз мераванд… савдогар, хизматчии давлатӣ, устоду донишҷӯ, ҳама… Ин, албатта, намои озодиҳои эътиқодии кишвари мост.

Аммо боиси таассуф аст, на ҳам онҳое, ки барои адои намоз ба масҷид мераванд рисолати асли намози дастаҷамъӣ ва ҳикмати рафтан ба масҷидро, ки дар мулоқот бо Офаридгор қарор мегиранд дуруст ҳазму дарк кардаанд. Зеро дар байни онҳое ки такрор ба такрор ба масҷид мераванд кам нестанд онҳое, ки амалҳои ношоистаро пайваста содир мекунанд…

Маъзарат мехоҳем, албатта, рафтанашон ба масҷид боиси таассуф нест, балки пас аз масҷид омадан боз ба ҳамон амал­ҳои зишт даст заданашон боиси афсӯс мегардад. Қисме аз онҳо рӯзе даҳҳо нафар мардуми бечораро фиреб мекунанду, дурӯғ мегӯянду чандин нафарро беинсофона саргардон, иддаашон ҳаққи мардум мехӯранд, бо ҳамсояашон дар кинаю адоват қарор доранд, бо бародару хоҳарашон тайи солҳо қаҳрӣ ҳастанд, ба масҷид мераванд. Баъди намоз боз ҳамон кори хешро идома медиҳанд. Мушкил аст, фаҳм намуд, ки масҷид - макони муқаддас Хонаи Худо барои тарбия, тоат ва ташаккули инсони парҳезгор, итоат ба амр, оромии рӯҳ аст ё макони ибодати мардуми мухалиф ва ё мавзеи бахшиши гуноҳи ҷинояткору ҳаннотон, аниқтараш ретседивистони ахлоқӣ - онҳое, ки гуноҳ мекунанду пас аз муддате боз такрори гуноҳ менамоянд.

Чаро касе, ки масҷид меравад, тарки амали номатлуб намекунад? Чаро аз сухани бад, дурӯғ забонашро боз намедорад? Чаро бонги азон дар гӯшаю канори шаҳр мардумро ба намоз ва масҷид мебараду бонги Худованд онҳоро аз амали зишт, номатлуб, қаллобӣ, дурӯғгӯӣ бознамедоштааст? Магар рисолати масҷид рафтан худнамоӣ, худмуаррифӣ ва ё парастидани он аст, ки иддае мераванду ислоҳ намешаванд. Мавлоно Балхӣ чи хуб гуфта буд, ки мо ҳоло гуфта наметавонем:

Ҷоҳилон таъзими Масҷид мекунанд,

Дар ҷафои аҳли дил ҷид мекунанд.

Он маҷоз аст ин ҳақиқат эй харон,

Нест масҷид, ҷуз даруни сарварон!

Масҷиде, к-он дар даруни авлиёст,

Саҷдагоҳи ҷумла аст, он ҷо Худост.

Каъбаи мардон на з-обу гил аст,

Толиби дил шав, ки Байтуллаҳ дил аст.

Магар оне, ки ба масҷид мераваду боз ба амалҳои нопок даст мезанад, оне ки ҳаҷ мекунаду боз мардумфиребӣ менамояд ва оне ки қурбонӣ мекунаду боз моли мардум мехӯрад, онҳо ҳама дар роҳи дурустанд? Алабатта, набояд, ки чунин бошад. Зеро мақсади ислом ва ҳикмтаи дини мо ин нест. Намозу закоту ҳаҷ худ барои худ ба худ не ва аз барои Худо низ нест, ин ҳама барои тарбияи инсони солеҳ аст.

Аз Абуҳурайра разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: «Ман танҳо (таваҷчуҳ шавад, ба истилоҳи “танҳо”) барои такмил ва ба камол расонидани ахлоқи некӯ фиристода шудам».[2] Бале, барои комил гардониани ахлоқӣ башар, барои ёд додани намозу ҳаҷҷу рӯзаю закот не, чунки онҳо қаблан ҳам дар шаклҳои гуногун буданд ва гузашта аз ин онҳо воситаҳои тарбияи муъмин ва рукнҳои бинои исломӣ буданд. Рисолати паёмбари ислом, тавре ҳадис ишора мекунад, ин комил гардонидани ахлоқи башар, ахлоқе, ки ҳазорсолаҳо иллат дошт, муқаррар шудааст. Ахлоқе, ки онро китобҳои муқаддаси паёмбарони қаблӣ, шоҳасарҳое чун “Ахлоқи” Арасту, ки ба фарзандаш Никомах навишта буд, қонунномаҳое чун Хамураббии бобулию ва Мануи ҳиндӣ, дастурамалҳои “Хвешкори редагон”-у “Шояст нашояст”, ки барои тарбияи фарзандони башар таҳия карда буданд, натавонистанд, ки ба нуктаи баланду зарурӣ ба таври шоиста дар сатҳи тафаккури мардум қолабрезӣ намоянд.

Маҳз ба ҳамин хотир, паёмбари ислом гуфтанд, ки бо рисолати “тамом намудани кори ахлоқи солеҳ, яъне такмили комил додани тарбия ва таълими инсони солеҳ омадаам.” Пас мақсад аз рисолат ин тарбияи инсони солеҳ аст. Намозу рӯзаву ҳаҷу закот мақсад не, балки воситаҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо инсони солеҳ тарбият меёбад ва ба мақсади арзандаю шоистаи илоҳӣ мерасад. Ин ҷо мутаасибону хурофтпарастон аз дигар нуктаи чаправии илмӣ “ба хотири усул (восита) шуда, мақсадро инкор менамоянд”. Ин ҳам роҳи хато буда, тарафи дигари воқеияти лағзиши мафкураи миллию динии моро ба сатҳи тассубу хурофот неру мебахшад.

Ҳар ду усул дар кори дарёфти саодати зиндагӣ ҳам “қурбонкунанандагони воситаҳо ба хотири ҳимояи мақсад”ва ҳам “қурбонкунандагони мақсад ба хотири воситаҳо” аз чаправони илмиеанд, дар сатҳи ақида ва шариат ба Осиёби хурофот, тундравӣ, ифрот ва таассуб об мерезанд.

Роҳи асосӣ ин муносибати илмӣ, таҳлилӣ ва тавозундори таносуби мавзуни илмии байни мақсаду воситаҳо мутобиқ ба мақсаду ҳадафҳои давлати миллӣ, арзишу ҳикматҳои бовару эътиқод ва мувофиқ ба талаботи қонунҳои давлати демократӣ ва дунявии Тоҷикистон аст. Чунин усули таҳлил ва шинохти ҳақиқати мафкуравӣ умумияти мақсадҳои неки давлату миллату эътиқоди халқро дар паҳнои саодати миллат равшан ва сазовори ҳимоя аз хурофоту тассуб рӯнамоӣ мекунад. Аз ҳама муҳимаш зиёии ватанро ба хотири ҳимояи арзишҳои бунёдии инсонсозию ватандориаш бо эътиқоди поку тинати неку ниятҳои шоиста илҳом мебахшад.

Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.

Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.

Гарчанде аз такутози ғосибон, ки сарзамини ин миллати соҳибқаламро ғасб карда, гӯё худро соҳиби ин сарзамин медонистанд, аммо миллати тоҷик бо қалам, бо дониш, бо хиради азалии худ бар муқобили ҳамаи яғмогариҳои ғосибони бодиянишин истодагарӣ намуда, худро аз чанголи он ваҳшиёни бехирад ҳифз кардааст.

Таърих, ин довари ҳақбину ҳақгӯ дар сафҳаҳои хеш дарҷ карда, ки миллати тоҷик ба ҳеч хоки бегона ба нияти тасарруф лашкар накашидааст. Ва агар рафта бошад ҳам, бо китобу фарҳанг рафта, на бо шамшеру найзаву харобкорӣ. Аз ин лиҳоз, миллати тоҷик дар фузунии ганҷинаи илму дониши башарият саҳми боризи хешро гузоштааст. Фарзандони хирадманди тоҷик дар интелектуали мардуми сайёра нақши бориз гузоштаанд. Барои далели ин гуфторамон бас аст, ки нахустин муаллими башар-Зардуштро ёдовар шавем. Мавсуф баҳри пешрафти ҳама гуна риштаҳои фаъолияти инсон нақши назаррас дорад ва хидматҳои арзанда кардааст, зеро Зардушт оид ба ҳаёти моддиву маънавии инсоният рисолаву китобҳои судманд оварда, дар пешрафти зиндагии эшон таъсири амиқ гузоштааст. Мо аз азал шинохтаем, ки ақлро бо хираду ҷисмро бо тамрин тарбият бояд кард. Далели ин гуфтор мисли офтоб дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯшан ба чашм мерасад. Имрӯз низ ворисони он бузургон- хирадпешаву донишвар будани миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки бетаъхир аз осору корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати худ ба тамом бархӯрдор бошем ва баҳри пешрафту такмили дониши худ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Барои тақвияти гуфтаҳои боло андарзе аз бузургонамон шоистаи ёдоварист:

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ,

Беханҷару бесипар барояд.

Беханҷару бесипар, валекин,

Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.

Ба ин минвол, сабақ аз гузашта гирифта, ёдовар мешавем, ки миллати соҳибфарҳангу китобдор ҳамеша соҳибистиқлол будааст. Аз ин рӯ, миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз истиқлол дошт; ба он маъно истиқлол дошт, ки андешаи озод, афкори пухта, хиради ҷаҳонгир дар худ дошт ва ҳамеша ҳама кору пайкорашро бо онҳо оғозу анҷом мебахшид. Гарчанде лаҷоми ҳукмравоиро булфузулони замон дар ихтиёр доштанд, аммо зимоми ақливу пешбарандаи ҷомеа дар дасти ин миллати донишвар буд. Барои ба мақсадҳои олӣ даст ёфтан тоҷикон ҳамеша такя ба қалам ва андешаи солим мекарданд, ки он то ба имрӯз тоҷикоронро аз ҳар хатарҳои дар амн доштааст.

Таҷрибаи таърихӣ тоҷиконро сабақ омӯзондааст, ки хоки кишварро мисли гавҳараки чашм азиз дониста, ҳифз намоянд. Чунки миллати тоҷик дар тӯли таърих аз дасти кӯчиёни биёбонӣ ранҷу кулфати зиёд дидааст, вале матиниродагияш шоистаи таҳсин аст, ки ба ҳамаи он зӯровариҳову хунрезиҳо побарҷо истодааст.

Ҳар фарди ватандӯсту миллатпараст бояд номуси ватандориро дар худ дошта бошад ва баробари ин ба дигарон талқин кунад. Танҳо ин гуна ашхосро метавон гуфт, ки соҳибватан аст. Ба андешаи мо, танҳо бо ба забон овардани вожаи Ватан инсонро ватандор ё соҳибвантан гуфтан нашояд, зеро дар забон васф кардани ватан дигару дар амал дигар аст. Тоҷикон васфи Ватанро бештар дар амал нишон додаанду медиҳанд; дар ин гуфта ҳеч тардиде набояд кард, зеро шаҳрҳову ободкориҳои гузаштаи ин миллат ба тамоми ҷаҳон шуҳратёр гардида ва дар мадди назари аҳли башар қарор гирифтааст. Ҳатто бо даъвату ҷалби ватандорони хориҷа ба кишварҳои эшон рафта, қасрҳову биноҳо сохтаву бино карданд, ки ин худ баёнгари пешрафти ақлу заковати миллати тоҷик аст. Ва дар ҷаҳони муосир, яъне имрӯза ҳам ин миллатро ба ҳамон фазилату заковати азалияш мешиносанд ва нисбаташ эҳтироми хос доранд. Имрӯз миллати тоҷик бо ҳама он таҷовузкориҳое, ки аз дасти душманону бадхоҳонаш кашида буд, аз по науфтодаву таслим нагардида, ватани худро соҳиб гардидааст.

Ҳоло мо дар рӯёрӯи ҷашни 34-солагии Истиқлоли кишвар қарор дорем, яъне 34 сол қабл мо расман истиқлоли давлати худро эълон карда будем ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон истиқбол карда, пазируфта буданду моро чун кишвари мустақил расман шинохтанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди эъломияи истиқлол дар кишвар кашмакашҳои дохилӣ сар зад. Сабабу омилҳои нофаҳмиҳо дар кишвар, бешакку шубҳа, дасти бегонагон ва чанд тан аз ҷоҳталабону мансабхоҳон будааст, чун ки дар он айёми бесару сомонӣ касе аз берун ва дар дохил мехост ба умдатарин кору пайкори давлати расман истиқлол ёфта, дахолат кунад. Чи гунае, ки дар боло зикраш рафт, ин миллат дар масири таърих бо ғосибону ватангадоён ҳамеша дар мубориза буд, имрӯз боз ҳамон дарюзаҷӯён ва душманони гузашта, хостанд моро аз истиқлоли расмӣ бенасиб кунанд, вале ин нияти нопокашон ҷомаи амал напӯшид. Мардуми шарафманди тоҷик бори дигар собит кард, ки соҳиби ақлу дониши фарогир аст ва ба ҳамдастагӣ теша бар решаи бадхоҳони миллат зад.

Дар ҳар давру замон миллат баҳри худ фарзандони оқилу бохирадро тавлид мекунад ва ба юмни он фарзандони фарзонаи худ аз марҳилае ба марҳилаи дигари таърихӣ мегузарад. Шумораи фарзонафарзандони миллати тоҷик кам нест, беҳисоб аст ва дар ин давраи таърихӣ, ки ҳассостарину тақдирсоз буд, бояд миллат он фарзанди кордону оқили худро бетаваққуф ба саҳна меовард, то аз ҳалокат наҷот ёбад. Он замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қисмату миллат ба сари ин халқи ҷафокашида ато кард; баробари ба сари Ҳукумат омадан зимоми давлатдориро ба куллӣ ба даст гирифта, роҳи имрӯзу ояндаи миллатро бо дигар фарзандони ватандӯстдори миллат муайян намуданд. Имрӯз мо ба туфайли фарзонагони миллат соҳиби ватан ва марзу буми аҷдодӣ ҳастем. Дар пеши мо ҳоло бисёр масъалаҳои мубраму ҳалталаб истодаанд, ки моро водор мекунад баҳри пиёда карданашон шабу рӯз заҳмат кашем ва биомӯзем ва ба наслҳои оянда чизи арзандае мерос гузорем.

Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ мо ба комёбиҳои зиёде ноил гардидем, аммо дар қиёс бо вақти гузашта муваффақиятҳоямон кам аст, зеро мо ҳоло ҳам идеалогияи миллиамонро ба пуррагӣ ба роҳ намондаем, агарчи дар ҳар баромади худ Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки аз гузаштаву осори ғании бузургони миллати худ биомӯзед ва дар ҳамин росто шумо метавонед ояндаи худро бисозед ва дар ин айёми ҷаҳонишавӣ аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир миллати худро ҳифз мекунед. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки ҳоло ҳам мардум, бахусус насли ҷавон, аз гузаштаву таърихи миллати худ ба таври бояду шояд огоҳӣ надорад. Ин сабаб шуда, ки ба ҳар фарҳангу оини бегона кӯр-кӯрона тақлид мекунанд ва ин амалҳои ба фарҳангу суннати мо бегона ба ояндаи дурнамои миллату давлат хатари ҷиддӣ дорад. Масъулини ниҳодҳо бояд чунин тақлидҳову амалҳои номатлубро, ки аз ҷониби ҷавонон ба назар мерасад, ҳарчи зудтар пешгирӣ кунанд ва баробари масъулин ҳар фарди кишвар низ худро бетараф нагирифта, худшиносии худро дар амал нишон диҳад, дар ин маврид миллату истиқлоли моро ҳеч хатаре таҳдид нахоҳад кард ва то ҷовидон безавол хоҳем монд! Барои мақсадҳои давлату идеалоги миллӣ ҳар фардро зарур аст, ки масъулятдор бошад ва баҳри пиёда кардани нақшаҳои дурнамо ҳар соатро ба манфиат истифода барад; аз ҳодисаву тамоилҳои ҷаҳони имрӯза бетараф набояд бошем ва ба мадди назари таҳлил кашида, ба умқаш назар афканда, хулоса ва роҳи пешгирифтани онҳоро муайян кунем, чунонки шоири бузурги миллат Лоиқ таъкид мекунад:

Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,

Фарзанди замонему надонем замон чист.

Аз ин рӯ, масъулиятҳои бар дӯшамонбуда моро водор мекунад, ки барои пойдории истиқлол масъалаҳои актуалиро баррасӣ намоем ва баробари ин, ба хатарҳову проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки имрӯз мардуми сайёраро нигарон кардааст, бетарафӣ зоҳир накунем ва ба муқобилаш муборизаҳо бибарем, то заррае ба рафъ гардидани проблемаҳои ҷаҳон нақши муассир гузорем. Барои истиқлоли худ моро ҳоло проблемаи актуалӣ ин аст, ки идеалогияи миллиро ба тамоми табақаҳои аҳолии кишвар ташфиқу тарғиб кунем ва моҳияти онро бо тамоми ҷузъиёташ ба мардум бифаҳмонем, то гузаштаву ояндаи худро дуруст бишносанд; беш аз пеш мо бояд насли ҷавонро ба омӯхтани осори бузургон раҳнамоӣ кунем. Бояд эшон бидонанд, ки «Авасто»-и Зардушт, «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и ҳаким Абурайҳони Берунӣ, «Тоҷикон» -и Б. Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих» -и Э. Раҳмон ва амсоли ин даҳҳо шоҳасару панду андарзҳои гузаштагон чи арзишу моҳият дар худ доранд, эшон бидонанд, ки аҷдодашон чи мероси гаронбаҳое ба ворисони худ мерос гузоштаанд; ҷаҳониён имрӯз аз осори бузургони миллати мо сабақ меомӯзанду дар фаъолиятҳои илмиву иҷтимоиашон корбурд мекунанд. Истиқлол ба мо имконият додааст, ки ба осори донишварони худ фарогир бошем, аммо аз чи сабаб бошад, ки мо ин имкониятро сарфи назар карда, рӯ овардаем ба фарҳангу суннати бегона? Шояд ин тамоил омилҳояш надонистани асли худу фарҳанги худ бошад? бо вуҷуди ин ҳама норасоиҳо, истиқлол ба мо имкониятҳо додаст, ки ба худшиносиву ҷавҳари мақсуди роҳи ояндаи худ дастёб гардем.

Ватанро гиромӣ дорем ва нагузорем, ки пойи бегонае ба хокаш дарояд, ҳифзи ватан ин қарзи фарзандии ҳар яки мост, беаҳмиятӣ нисбати ватан набояд зоҳир кард, ҳар шахси баномус ин гуфтаҳоро бо уҳдадории хос қабул намуда, баҳри иҷрояш камари ҳиммат хоҳад барбасд.

Мо назди ватан як умр мадюнем, бо вуҷуди он ки хидматҳо баҳраш карда бошем. Таърихро варақ бизанем ҳазорҳо фарзандони мо барои дифои ватан ҷони худро нисор кардаанд, аммо худро чун ҳамешагӣ пеши ватан қарздор донистаанд. Дар рӯи замин касе нест, ки худро мадюни ватан наҳисобида бошад, аз ин рӯ, бо камоли майл баҳри баланд бардоштани ҷаҳони хираду созандагии миллату ватан талош варзем. Шарафу шуҳрати пешинаву имрӯзаи миллати худро ҳифз намуда, ватанро аз ин бештар ободтару зеботар бигардонем.

Бо ҳазору як таманно ва ихлосмандии самимӣ ба ҳар як сокини кишвар 34- солгарди Истиқлоли кишврро муборакбод мегӯем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Истиқлолияти сиёсӣ бешубҳа саодати миллат, қудрати давлат аст. Истиқлоли сиёсӣ аз чандин таркибҳо ташшакул мешавад, ки истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли иқтисодӣ, истқлоли амният ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин рада мавқеи истиқлоли таффакур, ба назари мо аҳаммияти бунёдӣ дорад. Тамоми таркибҳои дигари истиқлолият аз ҳамин истиқлолияти таффакур нашъу намо мегиранд, истиқлолияти таффакур ба кадом андозае қавӣ коромад, бунёдгар бошад, давлату миллат ба ҳамон андоза ободу саодатманд мешавад.

Дар осори тоисломии Ориёни-тоҷикӣ, аслан мавзуи истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлоли таффакур дар назари аввал дар шакли алоҳида ё махсус баррасӣ намешавад. Натиҷаи таҳқиқи мо ин аст, ки сабаби алоҳида, махсус мавриди диққат набудани ин мавзуъ дар осори бостон ин аст: давлатдорӣ, ҳаҷми давлат густурдагии давлатҳои ориёнӣ тоҷикӣ аз Куруш то Яздигурд, чӣ пешдодиён, чи Ҳахоманишиён, чи Сосониён дар шакли як империяи бузург, ки ҳудуди тамоми кишварҳои муттамадини он замонҳоро фаро мегирифт, дар чунин як шароити ҳукумати бе шакҳу шубҳа (аз назари қудрат, аз назари рақиби имкони надоштан) як ҳақиқати мусаллам, ба ҳайси як аксиома буд.

Шароити таълиму тарбият, сохтори маърифативу давлатдорӣ ба гунае ташкил ёфта буд, ки эҳсоси истиқлолияти сиёсӣ дар раванди таълиму тарбият, аз овони тифлӣ то камолоти шаҳрвандон дар тамоми давлатдориҳои ориёнӣ-тоҷикӣ ба як шакли муназзаму баркамол таъкид карда мешуд, тарбият карда мешуд.

Дар ин осори тоисломӣ ҳама ҷо мавзуи истиқлолияти таффакур ба ҳар гуна равшан карда мешавад ва мавриди таъкид қарор гирифтааст. Гуё ба як шакли озоду табиӣ (на ба шакли таъкиду ҷабр кардан) гӯшрас карда мешавад, ки дар тӯли таърих, дар мисоли ҷамъиятҳои давлатдоиҳои ориёнӣ-тоҷикӣ, дар мисоли шахсиятҳои таърихӣ натиҷаи ин тарзи таълиму тарбияти истиқлолро равшан мушоҳида мекунем.

Муҳимтарин натиҷаи чунин тарбият эҳсоси фавқулода баланди озодӣ, озодидустӣ, озодипарастӣ аст, то ҳадде ки дар арафаи истилои араб ин миллат ба унвони “ Озодагон” машҳур буд.

Дар осори тоисломии мо хусусан дар “Динкард” таъкид ва тарбияти маънавӣ ҷойгоҳи хоссаро дорад. Дар таълимоте, ки ин китоб густурда мекунад чунин тасаввурот пайдо мешавад, ки дар тарбияти инсон хурду реза вуҷуд надорад. Аз ҷузъитарин унсури маънавиёт, аз падом (маскаи даҳонбандӣ) сар карда, то покиза нигаҳ доштани нажод ва ғайраву ғайра таълимоти муфассал мебинем. Аз ҷумла дар бораи падом меояд. Ин таълимот ҳатто имруз мубрам, актуалӣ аст. Бе муҳобо аҳаммияте, ки дар зарурату коромадии даҳонбанд гуфта мешавад фавқулода ҷолиби диққат аст. Инсоне, ки падом истифода мебарад аз дигарон фазилати баланд дорад. Дигаронро ба истилоҳи таҳқиромези “бе падом” унвон мекунад ва чунин шарҳ меояд: “Назар ба он, ки пошидани наҷосат дар об гуноҳ аст ва табаҳкорӣ ...ҷунбанда, мардум, замони сухан гуфтан низ ба наздик овардани дами худ ҳавои сокинро дар убур аз даҳон ба бинӣ наҷас мекунанд ва мо ошмуғон ба ангезаи пешгирӣ аз наҷосат аст, ки даму даҳони худро намебинанд., зеро ҳавои гузаранда, ки аз даҳон ва бинӣ мегузарад ва аз роҳи боди сокин пушти падоми палидӣ 😊 наҷосат, реманӣ) ба ҳавои гузарандаи перомун мерасад ва онро реман мекунад ва меозорад” (чӣ таъбири зебое,- озурдани ҳаво, Н.Я.) чаро марди бепадомиро накуҳиш мекунед?

Посух: ҳамоно! Баробари бадомӯзиҳои ошмуғон ки набояд пӯза (даҳон) ва биниро бо он падомӣ баст.

Бояд донист бо падомии бинӣ ва даҳон, ки ҳавое дар ҷунбиши перомун аз он мегузарад нами бинӣ аз роҳи бози даҳон ба фазои гузарандаи перомун намерасад ва ба хоҳиши муҳкаме он падоми дар баробари гушодагии фазои атроф наҷосат наметавонад оби мавҷуд дар ҳаворо биёзорад (маълум мешавад, ки Ориёни тоҷикони бостон дар таркиби ҳаво мавҷуд будани обро, унсурҳои обро медонистаанд. Н.Я), балки ҳамин бастани даҳон ва бинӣ, бо падоми ба сабаби қарор гирифтани... ва ба ангезаи муҳками падоми... ва ин пайдо аст наҷосати танг ба ҳамроҳии ремание, ки ба он ҳамроҳ аст даҳону бинӣ аз наҷосат берун пок ва нек мемонад, то мабодо аз роҳи ҳавао осоре ба он бирасад.

Ғояи покизагӣ дар андеша ва рӯзгори гузаштагони мо бо тақозои бисёр сахт риоят карда мешавад. Тоза нигоҳ доштани муҳит яке аз намунаҳои барҷастаи ҷаҳонбинии Ориёнӣ аст, ки риоя накардани он дар рузгорӣ мо ҷаҳонро ба ҳатто фалокатҳои экологӣ овардааст... Покиза нигоҳ доштани муҳит дар ин таълимот баробари покиза нигоҳ даоштани нажод таъкид мешавад.

Ин таъкид ҳаргиз тобиши нажодпарастӣ надорад, балки бештар ҷанбаи тарбияти ахлоқи ҳамидаро мемонад, чунончи дар кардаи панҷум, пурсиши ҳафтум меояд. Ин пурсиш, аз ҷониби рақибони Маздоиён сурат мегирад. Рақиби маздои (ошмуғ яъне ғайри дин, бадкор, бадахлоқ пурсид): Аз он ҷое ки саркуб (вааниидан)-и озшаҳват ва хашм ва рашку дигар гуноҳ гаравиҳо ва саркуби дуруҷ бартарин андарзи дини биҳӣ аст, пас дармони гуноҳгараии мардумон ба гунаи густарда бар иштирок (пайвандишн) - и сарват ва зан ва муҷоз донистани қонунии зан дар иштироки ҳамагон мебошад, ки аз роҳи он (зан ва хоста анбозӣ) озу шаҳват ва рашку нанг ва низ басе бадиҳои дигар, ки ҳамма бархоста аз гуноҳгаравии мардум аст шикаст хоҳанд хурд ва қавонини задормену (табоҳи хоҳад пазируфт)”. Баъдан рақиби мубади маздои аз танқиди маздоиён тарзи зисту зиндагии ғайридинро шикоят мекунад ва шарҳ талаб мекунад. Шарҳе, ки мубади маздои медиҳад бурҳонӣ аст агар шарҳи мухтасар бигуем ин аст, ки мубад таъсири бади шаҳват, рашк ҳарисӣ, бухлро равшан мекунад ва ба ҷое мерасад, ки мегӯяд: “Каж андарзҳои шумо геҳонро ба суйи вайрони бурдан аст, ки сабаби дарҳаму барҳамии нажодӣ (абаайдаг пайвандӣ) якояки мардуми ҷаҳон, ки бар омади заношуйии мухталит, табоҳӣ ва дарҳаму барҳамии нажоди нажодагон ва дасти нопайдотухмагон хоҳанд буд. Ва ҳамкорҳои мардум сар ба гусаст ва нокоромади мегузорад ва ошуфтакори баҳраи якояки мардум хоҳад шуд ва эҳмол – саҳлангорӣ ва нобуди ба дороҳиҳои вижагон мерасад. Шоҳакнишинӣ ва ҷойгоҳои табақотии мардум бар хоҳад афтод ва пайомади ин қавводасолорӣ-вайронкории ҷаҳон ва руҳ ба костигузории дороии касон нажода ва сазовори сарварӣ хоҳад буд...

Дар ин пора сабабу натиҷаи дарҳам барҳамшудаи сохтору низоми муназами ҷомеаи инсонӣ аз унсурҳои содатарини маишӣ то низоми давлатдориву миллатпарварӣ пайгирӣ карда мешавад ва риоят накардани ин сохтори муназзам таъкид мешавад, ки ба харобии давлат равнақу ривоҷ густариши вайронкорӣ, бадкорӣ меорад.

Ҷаҳонбинии бостонӣ Ориёнӣ-тоҷикӣ дар боби ташаккули шахсият ҷанбаҳои минуӣ ва дунявии сиришти инсон як консепсияи мукаммал сохтааст, ки унсурҳои муҳимми он онро аз он ҷумла дар натиҷаҳои зерин мушоҳида кардан мумкин аст:

- инсон як ҷузви комилан зинда, яъне бо пайванди зинда бо табиат аст. Беҳдошти инсон, беҳбуди инсон комилан вобаста ба он аст, ки инсон робитаи худро бо табиат, бо муҳити зиндаи атроф чӣ гуна танзим мекунад. Шарти аввали ин танзим он аст, ки инсон бояд бо табиат дар муносибати қавомӣ (гармоничный) бошад;

- инсон агар чи як ҷузви пайванди зиндаи табиат ас,т як сифати минуи (ба истилоҳи исломи сифати илоҳӣ) дорад. Ин хосияти инсон дар осори бостони ориёӣ мавридҳои тавсири равшан ҳам дорад;

- яке аз сифатҳое, ки дар осори бостон дар ин маврид таъкид мешавад ин аст, ки инсон бояд дар зиндагии заминиаш ободкор бошад. Ин нукта бисёр равшан дар “Авасто” ба такрор омадааст, аз ҷумла вақте Аҳуро-маздо ба Ҷамшед мегӯяд, ки рисолати пайғамбариро ба уҳда бигирад Ҷамшед ин рисолатро ба зиммаи худ намегаирад Аҳуро-маздо ба ӯ мегуяд пас ту замини маро сарсабз кун ва равшан кун ва Ҷамшед ҳам ин масъулияти ин заминии муҳимро иҷро мекунад. Сарзаминҳои ориёноро обёрӣ мекунад, ҷуйҳову каналҳо месозад, боғҳову киштаҳо сабз мекунад, рустоҳову шарҳо обод мекунад, яъне хонаву рустову шаҳр ки бунёд шуд онҳо чароғон мешаванд. Хуллас заминро сабзу равшан мекунад.

Дар аёми муосир ин нукта ҳам муҳим аст, ки баъд аз сарсабзу чароғон кардани кишварҳои ориёнӣ хитоб ба Аҳуро-маздо мегӯяд, ки ман замини туро сабзу чароғон кардам” Аҳуро-Маздо мегӯяд: “Акнун ба ҷониби Нимрӯз (яъне Ғ­­­­арб) ҳаракат кун ва он заминҳоро ҳам сарсабзу чароғон кун.

Барои рӯзгори мо муҳим будани ин нукта иборат аз он аст, ки рӯз ба рӯз кашфиётҳои археологӣ тадқиқоти бостоншиносии чӣ ғарбӣ ва чӣ шарқӣ исбот мекунанд, ки нишонаҳои тамаддауни Ориёнӣ дар сарзаминҳои Уралу Волга пайдо шуда буданд, чунин бозёфтҳо дар даҳсолаи охир дар сарзаминҳои скандинавия ва қисматҳои олмонинишини Аврупо пайдо шуданд...

Дар ин консепсияҳо мавқеъи махсус ташаккули ҷаҳони менуии маънавии, инсон аст. Дар ин таълимоти инсонсозӣ ҷанбаи истиқлоли андешаву тафакури Ориёниҳо мавқеъи махсусу муҳим дорад. Ин истиқлолияти андешаи инсон ҷаҳони маънавӣ ва модии ӯро равшан мекунад. Таълимоти диалектикии Ориёнии ҳамзистии нур ва зулмат, муборизаи бе танафуси нур ва зулмат дар мавриди тарбияту ташаккули инсон гӯё ба нуқтаи тақдирсозӣ зиндагӣ мерасад. Ин таълимот баъд аз асри VIII- и мелодӣ чӣ дар фалосафа, чӣ дар адабиёт ҳамеша дар ҳолати тадқиқу ба камол расидан буд.

Дар осори бузургони исломӣ мо мушоҳида мекунем ки чӣ гуна эҳсоси ифтихори ориёнӣ бо эҳсоси мусулмонии онҳо дар як набарди дар назари аввал ноаён ҳамеша давом доштааст. Аз он ҷумла ин эҳсоси шадид ва мушки яъне ҳам Ориёнӣ будан ва ҳам мусулмон будан дар тафаккури эъҷодиёти онҳо як санаи омехтаи драмма ва фоҷеа аст. Ин эҳсоси фоҷиаборро равшантар аз ҳама мо дар осори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва шигифт он аст, ки дар яке аз саромадони ислому тасаввуф Шайх Маҷдуддини Саноӣ мебинем.

Алқиссаа ин масъала дар заҳматҳои фидокоронаи Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ, ки то ба қатл расид, аммо аз ин ғурури ориёиаш барнагашт “дар Ҳикмати ишроқи ӯ мебинем”.

Таќдири фалсафаи нур дар аҳди Сосониён ба мушкилоти бунёди рӯ ба рӯ шуд. Дар ин давра муъбадони маздоясноӣ бо сиёсатмадорони Сомонӣ, иттифоқ карда, таълимоти Зардуштро дар хидмати сиёсат гузоштанд ба манфиати ғановати худ ва сиёсатмадорон истифода бурданд ва ҳатто пайравони Зардушт, шаҳрвандони ин империяи бузургро мавриди истисмори ақидавӣ ва молиявӣ қарор доданд.

Бунёди ҷаҳонбинии маздоиён, ки аз нури беканора (зарвона акерона) буд мавриди таҳриф қарор гирифт. Ин таҳрифро профессори донишгоҳи Калифорния Эдмон Барду Зекели хуб шарҳ додаст. Ӯ дар мавриди ниёшиҳои пайравони Зардушт ба монанди ниёши модари зиндагӣ, ниёши оби зиндагӣ, ниёши падари зиндагӣ, ниёши нафаси зиндагӣ. Ниёши оташи зиндагӣ, ниёши бародардарахт (яъне шинохти инсон ҳамчун як узви табиат), ниёши нурӣ зиндагӣ, ниёши зиндагии ҷовидон андеша ироа мекунад ва мегӯяд: «Аз вижатарин ниёшҳои Авастоӣ, ниёши оташи зиндагӣ аст. Ин унвон дар забони занди бостон (Авасто) ба таври дақиқ ҳамон маъноро дорост, ки мо аз вожаи муракаби нерӯи зист дарк мекунем». Он чӣ ки воқеан дарднок, ғамангез ва дар айни замон таасуфангез аст, дарёфтҳо ва тафсирҳое ба шумор меравад, ки порсиён ва зардуштиён аз оташ карданд. Мафҳуми ростӣ ва аслии ин истолоҳ ба хотир ва зеҳни ҳеҷ аз номбурдагон роҳ наёфтааст.

Ишорае бисёр муҳим ва шоёни таваҷуҳ дар Авасто ин баён аст, ки пайравони динни Ҳурмуз, бояд оташи зиндагиро ба холистарин аносир (кирдори нек, дарёфти шинохт, дониш ва огоҳӣ) равшан ва фурӯзон нигоҳ доранд. Ҳар гоҳ мехоҳанд, ки шӯълае биафрӯзанд ҳар гоҳ аз чубҳои хушк, Хушбӯ, ки бе дуд месӯзанд истифода кунанд. Ба маздоясно таклиф аст, ки бояд ҳарӯза оташи зиндагиро ба ҳушёрӣ ва хушсӯз, рӯшан барқарор доранд.

Аз ин ишора нависандагони Юнон бардошти зоҳирӣ бар эшон зоҳир шуд, ки Зардушт пайравони худро мулзим бар он кардааст, ки ба унвони як расми ибодати ҳарӯза бо чубҳои хушк ва хубсӯзу хушбӯ оташ биафрӯзанд ва аз сари содалавҳи аз ин шаҳр ба он шаҳр дар фосилаи садҳо фарсанг, аз як оташкада микдори оташ баргирифта ва бар ҷои дигар оташ афрӯзанд, бар он ифтихор, ки ин оташи кӯҳан ва қадими афрӯхташуда дар ҳоле, ки дар мавриди анвои оташҳо волотаринашон, ки бидуни дуд месӯзад ва хушбӯю муаттар аст.

Бинобар ин, Авасто оташе аст, ки дар даруни одамӣ месӯзад ва зидагиро давом, мебахшад. Ҳамон оташе, ки Зардушт мегӯяд дар толеъи ман равшан шуд ва ба дарунам русурхӣ ёфт, ҳамон оташе, ки нерӯи таҳарруки ҳастӣ ва нумӯ аст, ки ба муҷиби авасто гуфта мешавад, оташро ақсаме аст ва қисмати он оташ аст, ки даруни гуёҳ вуҷуд дораду муҷиби нумӯъ ва рӯиш мешавад. Ба пайравӣ аз ин мутақаддимони юнону-румӣ, бархе аз ховаршиносони номӣ низ дар осорашон ҳамин талақӣ ва бардоштро навиштаанд. Ва порсиён ва зардуштиён низ дар рӯзгорони дароз бо васвос дар баробари оташдонҳо паном баста, замзама карда чӯб дар оташ ниҳоданд. То бар дигарон дар бозгӯи ақволи мутақадимои бо шоҳид пофишори кунанд.

Ин амал он қадар аз омӯзишҳои ростини зардушт дар Авасто бар дур аст, ки калисоҳои кунунӣ аз хулус ва соддагии таълимоти Исо фосила дорад. Аз рӯи матнҳои аслии «Авасто», ки охирин иқтишофҳои бостоншиносии онҳоро таъин мекунад, маншури Зардушт аз оташи зиндагӣ нерӯи зист будан на як моддаи хориҷӣ,-яъне оташ. Ҳангоме, ки дар Авасто мехонем: «Оташи зиндагиро бо чубҳои пок бар подор» - бaр ин маънист, ки мо бояд ҷараёнҳои ҳаётии танро фақат бо хӯрокҳои табиӣ, ки пеш аз он барои неруи зисти инсон муносибат дошта ва шоиста буда бипарварем. (ба зеҳн ва андеша ва дарёфтҳои волои фикриро чунон, ки Зардушт худ ба вузуҳ мегӯяд аз нури холис ва оташи беғаш борвар созем. Ҳар гоҳ касе ба каҷандешӣ ва бероҳагӣ андар шавад фарри Яздон ё нур ва фуруғи Яздони вайро тарк мекунад, чунон ки Ҷамшедро тарк гуфт, Ардавонро тарк гуфт ва ба касе ки шоиста аст дарун шуда мепайвандад, чунон, ки ба зардушт андар шуд ва ба Ардашер расид) оташ киноя намод ва нишонвораи покӣ ва нишонвораи одамист».

Дар мавриди нерӯи зиндагӣ, яъне оташе, ки дар вуҷуди одам ҳаст ба истилоҳ энергияи зинда будани одам як нукта, ки аз забони Шаҳразурӣ нақл шудааст ба ёд овардан муҳим аст: Зардушт гуфтааст: нур дар ман даромад... (ин ҷо манзур меъроҷи Зардушт аст) ва нафаси манн иқтидор пайдо кард ба муноҷоти нури холис...

Дар идома Зардушт мегӯяд: ин нур пайваста аз дуртарин рӯзгор тофта ва дурахшиши он барои мо мумкин месозад, ки ҳамаи дороӣ ва таҷориби наслҳои гузаштаро дар ихтиёр дошта ва аз он бархӯрдор шавем бидуни ниёз бар ин, ки он чиро, ки онҳо пеш аз ин дар тӯли ҳазорон сол кӯшиш кардаанд ва собит намудаанд муҷададан бо сарфи замон ва неру таҷриба намоем.

Ба муҷиби омӯзишҳое, ки аз «Авасто» мустафот мешавад бар ҳама зарур аст ба нури зиндагӣ, ки намояндаи кули арзишҳои осори бузург, ҳамаи асъор ва миллату ақвом аст эҳтиром бигзоранд ва ин корро метавон ба воситаи мутолеа, интишор дарёфт. Тафаккур тарҷумаи осор ва омӯзиш анҷом ёфт. Аз дидгоҳи Зардушт бузургтарин ва нобахшидатарин гуноҳе, ки ба хотири он метавон мақсуд буд ғафлат аст. Ғафлат аз нури зиндагӣ ва маҳдуд кардани он танҳо ба чанд шуои нур. Дар сурате, ки бояд дар фарогири ашоъаи кулли он кӯшиш карда шавад.

Чуноне, ки мебинем принсипи ворисияти умумибашарӣ доштани илм ва маърифат дар он замонҳои дури таърихӣ аз ҷониби Зардушт таъкид шудааст. Характери умумибашари доштани маърифат риоя мешудааст. Маҳдуд кардани доираи илму маърифат дар ҳудуди қавму миллат мазҳаб нописандида дониста шудааст. Аз мавқеи як пешвои мазҳабӣ ғафлат, бе баҳра мондан аз маърифат дар масири тарбияти камолоти инсон хуб нест.

Раҳматуллоев Н.- ходими пешбари шуъбаи фалсафаи фарҳанги

ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Истиқлолият яке аз мафҳумҳои бузургу муқаддас барои ҳар як миллат ва давлат ба шумор меравад. Маҳз истиқлолият ба халқҳо имконият медиҳад, ки соҳибихтиёр бошанд, сарнавишти худро худашон муайян намоянд ва бо ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузоранд. Барои мардуми тоҷик, ки таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ дошта, борҳо таҳти истилои қудратҳои бегона қарор гирифтааст, истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва заминаи рушди давлати миллӣ мебошад.

Аз нигоҳи сиёсӣ, истиқлолият маънои соҳибихтиёрӣ ва озодии давлатро дорад, яъне давлат метавонад мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пеш барад, қонунгузории миллӣ дошта бошад ва манфиатҳои халқи худро дар мадди аввал қарор диҳад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, истиқлолият рамзи баробарҳуқуқӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад, зеро танҳо дар шароити истиқлолият миллат метавонад арзишҳои фарҳангӣ ва анъанавии худро эҳё ва ҳифз намояд.

Халқи тоҷик пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, 9 сентябри соли 1991 бо роҳи расмӣ истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин сана дар таърихи навини миллат ҳамчун оғози марҳилаи нав ва муҳим сабт гардидааст. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон басо сангин буданд: ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) ҷомеаро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор сохт. Бо вуҷуди ин, бо талошу ҷасорати Пешвои миллат ва иродаи қавии мардум сулҳу субот барқарор ва давлатдории миллӣ эҳё гардид.

Истиқлолият на танҳо шароити давлатсозӣ, балки заминаи таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Бо истиқлолият миллати тоҷик тавонист таърих, забон ва фарҳанги худро боз ҳам равшантар муаррифӣ кунад. Баргузории ҷашнҳои миллӣ, эҳёи Наврӯз, арҷгузорӣ ба мероси илмии фарзандони бузург, ба монанди Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ ва дигарон аз ҳамин истиқлолият сарчашма мегирад.

Тоҷикистони азизи мо давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд. Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиклол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.

Акрамзода Рустами Ҷурахон - котиби илмии МД

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Ҳамасола 9-уми сентябр мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин сана марҳалаи таърихии хеле муҳим буда, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва бақои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо талошу заҳмати фарзандони шуҷои кишвар давлатдории миллӣ барқарор гардида, замина барои рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо фароҳам омад. Хушбахтона, дар солҳои 90-уми асри ХХ орзую ормони ҳазорсолаи ниёгони тоҷик амалӣ гардид ва миллати мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр шуд, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад.

9-уми сентябри соли 1991 бо қабули Декларатсия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ пояи давлатдории навини Тоҷикистон гузошта шуд. Ин давра дар шароити бисёр душвори пасошӯравӣ ва дигаргуниҳои ҷиддии ҷаҳонӣ сурат гирифт. Ҳамзамон кишвар ба буҳрони сиёсиву ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хатари аз даст рафтани истиқлолиятро ба миён овард. Дар ҳамин шароит роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихиро ба зимма гирифта, мардумро ба сулҳу ваҳдат ва созиш даъват намуд. Сиёсати оқилона ва сулҳҷӯёнаи ӯ имкон дод, ки субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардад.

Баъди Истиқлолият Тоҷикистон узви як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 1991 кишвари мо ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваст. Дар соли 1992 бошад, Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳ шуд. Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд.

Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки имконияти воқеии ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният ва рушди устувори давлат аст. Тоҷикистон дар тӯли 34 соли Истиқлолият ҳамчун субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Аммо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари мо тавонист мавқеи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ устувор гардонад.

Мардуми тоҷик дар тӯли таърих аз таҷрибаи давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ ва анъанаҳои миллӣ баҳра гирифтааст. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, рамзҳои муқаддаси миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон, барои ҳифзи сарҳадот ва амнияти кишвар Артиши миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Тоҷикистон бо такя ба манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардум роҳи созмондиҳии давлати ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифт.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ асоси қуввату нерӯи Тоҷикистони навин ба ҳисоб мераванд. Ҳамин омилҳо заминаи сулҳу субот, рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фароҳам оварданд. Пешрафти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ бо заҳмати халқи бошуур ва роҳнамоии оқилонаи Пешвои миллат ба даст омада, имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст.

Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор ташаббусҳои муҳим ва дорои аҳамияти ҷаҳониро дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об пешбарӣ намуда, мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кард.

Соли байналмилалии оби тоза (2003)

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015)

Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028)

Ташаббуси байналмилалӣ оид ба эълон намудани Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Ин ташаббусҳо аҳамияти бузурги Тоҷикистонро дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо собит намуданд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо такя ба Истиқлолият ва ҳидояти оқилонаи роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар роҳи тараққӣ, шукуфоӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ устуворона қадам мегузорад. Фардои дурахшон ва саодати миллат танҳо дар ҳифзу таҳкими истиқлолият ва ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъули он ҳастем, ки ин неъмати бузургро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем, барои пешрафти кишвар саҳм гузорем ва Тоҷикистонро ба ояндаи нуронӣ ва обод расонем.

Боқиев Мулобарот - ходими хурди илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва

тадқиқоти саҳроии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

9 сентябр соли 1991 ҳамчун саҳифаи тиллоӣ дар таърихи миллати тоҷик сабт гардидааст. Дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо орзуву ормони деринаро амалӣ намуда, тақдири худро ба дасти худ гирифт. Имсол мо сарбаландона 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро бо ифтихору шукуҳи хосса таҷлил менамоем.

АЗ ОЗМОИШҲОИ АВВАЛ ТО СУЛҲУ СУБОТ

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони ҷавон сахту пурталотум буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро ба миён овард, иқтисод хароб гашт ва ҳазорон ҳамватанони мо аз макони зисти худ гуреза шуданд. Аммо бо иродаи қавии мардуми тоҷик сиёсати хирадмандонаву меҳандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар сулҳу суботи комилу сартосарӣ барқарор шуд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, роҳи рушди устувори давлатро таъмин намуд ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард.

ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо дар самтҳои гуногун ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст:

1. СИЁСАТ ВА ДАВЛАТДОРӢ:

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994), ки асоси давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро муайян намуд;

Таҳкими пояҳои ҳокимияти давлатӣ ва рушди ниҳодҳои қонунгузориву судӣ.

2. ИҚТИСОД ВА ИНФРАСОХТОР:

Сохтмони садҳо километр роҳу пулҳои муҳими байналмилалӣ, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа мепайванданд.

Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқӣ («Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2») ва оғози сохтмони НБО “Роғун”, ки ҳамчун лоиҳаи аср маъруф аст.

Рушди бахшҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, густариши бозори дохилӣ ва хориҷӣ.

3. ИЛМ, МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ:

Сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ ва таҷдиди инфрасохтори мактабиву донишгоҳӣ.

Густариши барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон ва рушди илму технология.

Сохтмони бемористонҳои муосир ва марказҳои ташхиси тиббӣ дар тамоми кишвар.

4. СИЁСАТИ ХОРИҶӢ:

Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Пешниҳод ва қабули Чор ташаббуси бузурги ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

5. ФАРҲАНГ ВА ХУДШИНОСӢ:

Эътирофи ҷаҳонӣ ёфтани «Шашмақом», «Фалак» ва «Оши палав» ҳамчун мероси ғайримоддии ЮНЕСКО.

Ҷашн гирифтани санаҳои бузурги миллӣ: 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кулоб, 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор, ки худшиносии миллиро таҳким бахшиданд.

ҶАВОНОН – ТАКЯГОҲИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Истиқлолият заминаи фарох барои ташаккул ва рушду парвариши насли наврас ва ҷавон фароҳам овард. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои илм, варзиш, фарҳанг ва ихтироъгарӣ парчами Ватанро баланд бардоштаанд. Онҳо идомадиҳандагони ҳақиқии роҳи ободкоронаи давлат мебошанд.

34 соли Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 34 соли сабақ ва рушд, мубориза ва дастовардҳо мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба тараққӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Ҳифзу посдорӣ ва рушду такомули истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Маҳз истиқлолият омили асосии пойдории давлат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлолият — ин калима барои ҳар як тоҷик маънои амиқи таърихӣ ва миллиро дорад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну фарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард.

Таърихи миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки дар ин муддат тоҷикон борҳо шоҳиди бунёди давлатҳои бузург ва ҳамчунин, шикасти онҳо шудаанд. Дар асрҳои миёна, давлатдории тоҷикон бо империяи Сомониён ба авҷи худ расид, ки ин ҳам барои мо як намунаи давлатдории миллист. Аммо баъд аз суқути он, миллати мо то даврони Шӯравӣ давлати мутамаркази худро аз даст дод.

Дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба унвони Ҷумҳурии сотсиалистӣ дар доираи низоми сиёсии марказӣ қарор дошт. Дар ин давра, гарчанде ки саноат, маориф ва илм пешрафт карданд, маҳдудиятҳои зиёде барои рушди забон, фарҳанг ва ташаккули давлатдории миллӣ вуҷуд доштанд.

Эълони истиқлолият як ҳодисаи таърихӣ буд, ки дар он лаҳза барои мардуми мо умеди фардои дурахшонро бахшид. Аммо мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Бар асари таҳмили идеологияҳои бегона ва манфиатҳои гурӯҳӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги таҳмиллӣ, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар хисороти ҷиддӣ расонид. Ҳазорон нафар қурбон шуданд, модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар, кӯдакон ятим гашта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар хоки давлати ҳамсоя умр ба сар мебурданд. Мардум паси сангарҳои гуногун нишаста буданд, сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, хонаҳои холию, сухтаю валангори мардуми тоҷик як манзараи дахшатборро мемонд.

Ин давраи пурмашаққат барои мардуми тоҷик як имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале дар лаҳзаҳои душвортарин, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳдӯстии миллат тавонист, давлати тоҷиконро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ва бунёди давлати навини тоҷикон эълон кард.Тамоми гурезагон ба ватан баргаштанд, мардум ба ҳаёти осоишта ва маҷрои муқаррарии зиндагӣ баргаштанд, тарсу ҳарос ах дили мардум берун рафт.

Мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шуд.

Баъди барқарории сулҳ ва ваҳдат, ки ба бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият табдил ёфт, Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо асоси рушди устувори кишварро ташкил доданд:

-Амнияти энергетикӣ: Бо дарки вобастагӣ ба манбаъҳои беруна, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз захираҳои обии худ ба таври самаранок истифода барад. Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, махсусан Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ба кишвар имкон дод, ки аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо ёбад ва ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.

-Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ: Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меовард. Бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир, ки кишварро бо роҳҳои байналмилалӣ мепайванданд, имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад. Нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" имрӯз на танҳо алоқаи байни минтақаҳоро осон карданд, балки рамзи интихоби дурусти стратегӣ гардиданд.

- Амнияти озуқаворӣ: Бо мақсади коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ, Ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса дод.

- Саноатикунонии босуръати кишвар: Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба наздикӣ эълон шуд, барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Эҳёи фарҳанг ва забони миллӣ: Даврони истиқлолият ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ имкони эҳё ва густаришро бахшид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра, расман эътироф ва ҷашн гирифта шуданд. Ин дастовардҳо ба худшиносии миллӣ мусоидат карданд ва миллати тоҷикро бо таъриху фарҳанги бузурги худ аз нав пайваст намуд.

Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, балки дар сиёсати хориҷӣ низ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.Тоҷикистон ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтанд, ба баланд бардоштани об ҳамчун як масъалаи ҷиддии глобалӣ мусоидат карданд.

Ҳамин тариқ истиқлолият — ин рамзи озодӣ, ифтихор ва ояндаи ободи Ватан аст. Ин дастоварди бузург ба миллат имкон дод, ки бори дигар худшиносии миллии худро эҳё кунад, ба фарҳанг ва забони аслии худ арҷ гузорад ва дар роҳи созандагӣ ва рушд қадамҳои устувор гузорад. Вазифаи мо, ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва таҳкими он буда, дар ин давраи пурҳассос ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки душманони миллат теша бар пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ зананд.

Саидзода Муҳаббат Шералӣ - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшинос

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм