Перейти к основному содержанию

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент як қатор иншоотро, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохта шудаанд, ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба истифода дод.

Аз ҷумла, дар маҳаллаи нави деҳаи Навобод, ки дар канори сойи селрави Заврон ҷойгир аст, пули мошингузар мавриди истифода қарор гирифт. Ин пул бо саҳмгузории сокинони маҳалла ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд карда шудааст. Зимни ифтитоҳ барои тоза кардани сой, ки аз болои он пул сохта шудааст, ба масъулон дастур дода шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин дар деҳаи Ғезани болои деҳоти Моғиён майдочаи варзишӣ ва дар деҳаи Саври деҳоти Халифа Ҳасан бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншоот низ бо саҳмгузории сокинони деҳаҳо сохта шудаанд.