Перейти к основному содержанию
Дар мақолаи мазкур нақши меҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ баён гардидааст. Муаллиф марҳилаҳои асосии гузариш ба технологияҳои рақамӣ, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташаббусҳои стратегии Сарвари давлатро дар ин самт аз нигоҳи илмӣ таҳлил намудааст.

123Дар ибтидои асри XXI ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави рушд - инқилоби чоруми саноатӣ ворид гардид, ки дар маркази он рақамикунонии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа қарор дорад. Барои Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ягона қарор дорад, ин худ тақозои замон ва омили муҳими ташаккули иқтисоди рақобатпазир дар раванди геоиқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи таҳаввулоти ҷаҳонӣ, ҳамчун меъмори воқеии миллии асри рақамӣ дар кишвар, заминаҳои бунёдии ин соҳаро гузошта, иродаи сиёсии худро эълон доштаанд.

Оғози асри рақамӣ дар Тоҷикистон бо имзои «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 ноябри соли 2003, №1174) алоқаманд аст. Ин ҳуҷҷат самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ муайян намуда, санади мазкур яке аз асноди ҳуқуқӣ ва меъёрие мебошад, ки заминаи ҳуқуқӣ ва стратегии давраи аввали рақамикунонии кишварро гузоштааст. Он бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ қабул гардида, тайи 23 соли охир марҳила ба марҳила ва бо тадриҷ дар ҳаёти илмӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа амалӣ мешавад. Самтҳои асосии ин ҳуҷҷати стратегӣ аз такмили қонунгузорӣ, яъне таҳия ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва техникӣ дар соҳаи ТИК, рушди инфрасохторҳо, яъне бунёд ва навсозии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот, ҳукумати электронӣ ва ба ибораи дигар, яъне такмили идораи давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани ТИК ва таъсиси низоми электронии мубодилаи маълумот, маориф ва илм, истифодаи ТИК дар раванди таълим ва омода кардани мутахассисони баландихтисос, амнияти иттилоотӣ, таъмини ҳифзи захираҳои иттилоотии миллӣ ва мубориза бо таҳдидҳои киберӣ, иқтисодиёт ва бонкдорӣ, рушди тиҷорати электронӣ ва автоматикунонии системаҳои бонкӣ равона гардидааст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки барои назорат ва ҳамоҳангсозии иҷрои стратегия дар соли 2006 Шурои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар заминаи ин стратегия тайи даҳсолаи гузашта як қатор барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла барои солҳои 2014-2017 ва 2018-2020 таҳия ва амалӣ гаштанд. Дар марҳилаҳои минбаъда бо ташаббуси Сарвари давлат санадҳои муҳими зерин қабул шуданд. 1). Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ барои солҳои (2012-2020); 2). Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642, ки нақшаи гузариш ба низоми нави иқтисодиро то соли 2040-ро муайян мекунад ва инчунин Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 мебошанд.

Барои маълумоти бештар роҷеъ ба ин се санади муҳим маълумоти бештар матраҳ карда мешавад. Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумат аз 30 декабри соли 2011, №643 тасдиқ шуда, давраи солҳои 2012–2020-ро фаро мегирифт. Ин ҳуҷҷат марҳилаи муҳим дар гузариш аз идораи анъанавии коғазӣ ба шакли муосири рақамӣ гардид.

Ҳадафи асосии консепсия, ин баланд бардоштани самаранокӣ, оптимизатсияи фаъолияти мақомоти давлатӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳо, осон намудани раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон, шаффофият, таъмини дастрасии озод ба базаҳои иттилоотии мақомоти иҷроия ва коҳиш додани сатҳи коррупсия, ҳуҷҷатгузории электронӣ, таъсиси низоми мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни вазоратҳо ва идораҳо мебошад.

Консепсия аз се марҳилаи асосӣ иборат буда, марҳилаи аввал - таъсиси сомонаҳои расмӣ барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, марҳилаи дуюм - ташаккули порталҳои соҳавӣ ва оғози пешниҳоди хизматрасониҳои интерактивӣ ва марҳилаи сеюм - пайвастшавии пурраи идораҳо ба шабакаи ягона ва гузариш ба хизматрасониҳои транзаксионӣ, яъне пардохтҳои электронӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст.

Дар доираи ин консепсия порталҳои муҳими давлатӣ ба монанди e-tax.tj (барои супоридани эъломияҳои андоз), e-hujjat.tj ва Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (my.gov.tj ё egov.tj) ба фаъолият оғоз карданд. Алакай охири соли 2022 зиёда аз 50 вазорату идора ба шабакаи ҳукумати электронӣ пайваст карда шуданд. «Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» идомаи мантиқии ин консепсия мебошад.

“Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумат аз 30 декабри соли 2019, №642 тасдиқ шудааст, санади стратегиест, ки роҳҳои гузариши кишварро ба шакли муосири хоҷагидорӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ муайян мекунад.Ин санад ҳамчун замина барои таҳияи «Стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» хизмат кард.

Мақсади асосии Консепсия ин эҷоди шароит барои рушди босуръати иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди миллӣ мебошад.

Самтҳои афзалиятноки Консепсия инфрасохтори рақамӣ, тавсеаи дастрасӣ ба интернети баландсуръат (4G/5G) дар тамоми ҳудуди кишвар ва сохтмони марказҳои коркарди маълумот, рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, яънеҷорӣ кардани ТИК дар саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика (масалан, системаҳои "шабакаҳои ҳушманд"), молия ва бонкдорӣ, рушди низомҳои пардохтии ғайринақдӣ, пули рақамӣ ва сармояи инсонӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи IT ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва таъмини амнияти инфрасохтори иттилоотии давлатӣ иборат мебошанд.

Консепсияи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи 1 ин омодасозии заминаи ҳуқуқӣ ва таҳлили ҳолати мавҷуда, марҳилаи 2 ин татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва идораи давлатӣ ва марҳилаи 3 ин ташаккули пурраи ҷомеаи рақамӣ ва ворид шудан ба қатори кишварҳои дорои иқтисоди рақамии пешрафта мебошанд.

Аҳамияти санад аз он иборат аст, ки ин консепсия бори аввал «иқтисоди рақамӣ»-ро на танҳо ҳамчун соҳаи алоҳида, балки ҳамчун як муҳаррики нави рушди тамоми иқтисодиёти Тоҷикистон муаррифӣ кард.“Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки бо фармони Президенти кишвар аз 30 сентябри соли 2022, №447 тасдиқ шудааст, яке аз санадҳои пешқадамтарин ба шумор меравад. Тоҷикистон аввалин кишвар дар Осиёи Марказӣ гардид, ки чунин стратегияи дарозмуддатро қабул кард. Ин санад роҳи истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъиро барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муайян мекунад.

Ҳадафҳои асосии Стратегия аз идоракунии давлатӣ, автоматикунонии равандҳои қабули қарор ва пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тавассути алгоритмҳои ҳушманд, иқтисодиёт, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика (барои сарфаи барқ) ва кишоварзӣ, маориф ва илм, таъсиси лабораторияҳои таҳқиқотӣ ва омода кардани мутахассисони соҳаи AI ва таҳлили додаҳои калон, тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои ташхиси дақиқи бемориҳо ва мониторинги саломатии аҳолӣ, амният, яъне таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберӣ бо истифода аз технологияҳои муосир иборат мебошад.

Ин стратегия низ аз се марҳала иборат буда, марҳилаи аввали он ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, таъсиси Маркази зеҳни сунъӣ ва оғози лоиҳаҳои пилотӣ, давраи дуюм ҷорӣ намудани технологияҳои AI дар соҳаҳои калидии иқтисод ва баланд бардоштани саводнокии рақамии мардум ва давраи сеюм табдил ёфтани Тоҷикистон ба кишваре, ки дар он зеҳни сунъӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёт ва иқтисодиёт мебошад.

Нуқтаи авҷи ибтикороти Пешвои миллат дар ин самт эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар кишвар мебошад. Ин иқдом ба мақсади суръатбахшии равандҳои рақамикунонӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, кишоварзӣ, маориф ва тиб роҳандозӣ шудааст.Хосатан бояд зикр сохт, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар кишвар як қатор марказҳои муҳими технологӣ таъсис ёфтанд, ки инҳо IT Park Dushanbe аст, ки барои дастгирии стартапҳо ва рушди технологияҳои муосир мебошад. Шабакаи ягонаи алоқа низ бунёди хатҳои нурию нахӣ ва гузариш ба шабакаҳои насли нав (5G) ҳамчун афзалияти стратегӣ муайян гардидааст. Рақамикунонии молия бошад ин ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва шаффофияти амалиётҳои молиявиро дар бар мегирад.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки бе мутахассисони баландихтисос гузариш ба асри рақамӣ ғайриимкон аст. Бояд гуфт, ки «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» заминаи зеҳнии асри рақамиро густариш хоҳад дод.

Ҳамин тариқ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳнамои сиёсӣ, балки меъмори асосии низоми нави технологии Тоҷикистон мебошанд. Ташаббусҳои Президенти кишвар имкон медиҳад, ки кишвар бо тадриҷ аз як давлати аграрӣ-индустриалӣ ба сӯйи ҷомеаи иттилоотии муосир ва иқтисоди рақамӣ қадамҳои устувор гузорад.

Зиёев Субҳиддин Насриевич – номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон