Перейти к основному содержанию

Май 3, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба омӯзишу пажӯҳиш ва тарғибу ташвиқи мавзуъҳои марбут ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дигар мушкилоти экологӣ таҳти унвони «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» китоби нави мудири озмоишгоҳи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Номвар Қурбон ба нашр расид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, китоб оид ба фаъолияти муштараки илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия гардида, зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода таълиф ёфтааст.

Дар китоб мавзуъҳое, чун ҳадафҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили об, иқлим ва экология, инъикоси мушкилоти глобалии обу иқлим дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон, форумҳои ҷаҳонии об ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар онҳо, Тоҷикистон ва конфронсҳои иқлимии Созмони Милали Муттаҳид, саҳми Тоҷикистон дар пешбурди ҳадафи шашуми рушди устувор, нақши зеҳни сунъӣ дар таъмини Ҳадафҳои рушди устувор, саҳми Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти экологии минтақа, ташаббуси шашуми Тоҷикистон – таҷассумгари буҳрони криосферӣ, аҳамияти ҷаҳонии «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», раванди обшавии пиряхҳо ва робитаи он бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар минтақаҳои кӯҳсор, аҳамияти ташаббуси Сарвари давлат барои қитъаи Осиё ва Раванди оби Душанбе ҳамчун арсаи амал дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об инъикос ёфтаанд.

Боиси ифтихор ва саодатманист, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори идеяҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд. Аз интиҳои солҳои 90-уми асри пор ташаббусҳои зерини Сарвари давлати мо таҳти унвонҳои «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (солҳои 2025-2034», «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» (соли 2025) ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» (соли 2025) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Албатта, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод мегардад, дар асоси биниши жарф, таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбии амиқу илмии мушкилоти мавҷуда рӯйи кор меояд. Аз ин ҷост, ки онҳо бо иттифоқи оро қабул мегарданд ва дар заминаи ташаббусу пешниҳодҳои Сарвари давлати мо Созмони Милали Муттаҳид беш аз 15 қатънома қабул намудааст.

Дар маҷмуъ, китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» таҳқиқоти комили илмӣ буда, дар он ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва масоили экологӣ дар асоси далел ва қонунияти метеорологӣ, климатологӣ, гидрологӣ ва глятсиоло́гӣ таҳлилу арзёбӣ гардидаанд.