Истиқлолият ҳамчун олитарин арзиши сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳар як миллату давлат, пояи асосии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир, истиқлолият на танҳо нишонаи соҳибихтиёрии давлат, балки заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки давлатҳое, ки истиқлолияти худро ҳифз ва таҳким бахшидаанд, тавонистаанд мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуда, рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро ба роҳ монанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки пояи эҳёи миллӣ, таҳкими ҳувияти сиёсӣ ва рушди мустақили миллӣ гардид. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти геополитикии муосир масъалаи ҳифз ва таҳкими истиқлолият аҳамияти бештар касб менамояд.
Истиқлолият дар маънои сиёсӣ маънои соҳибихтиёрии давлат, мустақилияти қабули қарорҳо ва озодии муайян намудани самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ифода мекунад. Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, истиқлолият механизми таъмини субъектияти байналмилалии давлат мебошад, ки ба он имконият медиҳад дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун воҳиди мустақил амал намояд.
Моҳияти истиқлолият дар он зоҳир мегардад, ки давлат мустақилона сарнавишти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро муайян менамояд. Истиқлолият заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад.
Бақои давлат пеш аз ҳама ба устувории сохтори сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва қобилияти муқовимат ба таҳдидҳои дохилию хориҷӣ вобаста мебошад. Дар ин замина, истиқлолият ҳамчун шарти муҳими бақои давлат баромад мекунад.Аввалан, истиқлолият имконият медиҳад, ки давлат сиёсати мустақили худро амалӣ намояд. Ҳар як давлат дар шароити истиқлол метавонад стратегияҳои миллии рушди худро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ таҳия намояд.
Дуюм, истиқлолият омили асосии ҳифзи амнияти миллӣ мебошад. Давлати мустақил метавонад низоми амниятии худро таҳким бахшида, аз таҳдидҳои геополитикӣ ва амниятӣ ҳифз шавад.
Сеюм, истиқлолият ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Танҳо дар шароити соҳибихтиёрӣ давлат метавонад сиёсати иқтисодии мустақилро роҳандозӣ намуда, захираҳои миллиро ба манфиати рушди ҷомеа истифода барад.
Чорум, истиқлолият заминаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ мебошад. Давлатҳои мустақил метавонанд арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва анъанаҳои худро ҳифз ва рушди онҳоро таъмин намоянд.
Барои Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ба даст омад. Солҳои аввали истиқлолият бо буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ гардиданд, ки ба давлатдории ҷавони тоҷик таҳдид мекарданд. Бо вуҷуди ин, тавассути сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ Тоҷикистон тавонист истиқлолияти худро ҳифз намояд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 марҳилаи нави таҳкими давлатдориро оғоз намуд.
Дар давраи истиқлол Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат тавонист низоми идоракунии давлатӣ ва институтҳои сиёсиро таҳким бахшад,сиёсати хориҷии мустақилро роҳандозӣ намояд, амнияти миллӣ ва суботи сиёсиро таъмин кунад, иқтисоди миллӣ ва инфрасохтори стратегиро рушд диҳад ва дар ниҳоят мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият барои Тоҷикистон на танҳо арзиши сиёсӣ, балки шарти асосии бақои давлат мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ истиқлолияти давлатҳо бо як қатор таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мегардад. Аз ҷумла, дар давраи муосир таҳдидҳои геополитикӣ яке аз мушкилтарин масъалаҳо ба ҳисоб рафта, рақобати қудратҳои бузург барои нуфуз дар минтақаҳо метавонад ба сиёсати мустақили давлатҳо таъсир расонад. Дигар ин мушкилии терроризм ва экстремизм аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатҳо таҳдид мекунанд. Дар ин қатор солҳои охир ҷангҳои иттилоотӣ авҷ гирифтанд, ки фазои иттилоотиро ба майдони муборизаи сиёсӣ табдил доданд ва метавонад ба истиқлолияти маънавӣ ва сиёсӣ таъсир расонад. Вобастагии иқтисодӣ, низ метавонад имкониятҳои сиёсати мустақилро маҳдуд созад.
Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолият танҳо масъалаи сиёсӣ набуда, масъалаи стратегӣ ва миллӣ мебошад.Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа дар таҳкими истиқлолият нақши муҳим доранд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон омили муҳими ҳифзи давлатдорӣ мебошад.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлолият дастоварди таърихӣ буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушди иқтисодӣ, илм, технология ва сиёсат метавонад заминаи таҳкими давлатро таъмин намояд.
Истиқлолият барои рушди устувори давлат заминаи муҳим фароҳам меорад. Давлати мустақил метавонад стратегияи рушди дарозмуддати худро таҳия намуда, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ амалӣ созад.
Рушди устувори давлат дар шароити истиқлолият ба омилҳои зерин вобаста аст, аввалан ин суботи сиёсӣ ва амнияти миллист, дар ин радиф иқтисоди рақобатпазир, рушди захираҳои инсонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳиммтарин шинохта мешаванд.
Истиқлолият бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихии ҳар миллат мебошад. Он на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки шарти муҳимми бақои давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки танҳо дар шароити истиқлолият давлат метавонад роҳу самти рушди худро мустақилона муайян намуда, суботу амният ва пешрафти ҷомеаро таъмин созад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддаси давлат ва ҳар як шаҳрванди ҷомеа фаҳмида мешавад.
Дар шароити таҳаввулоти муосири ҷаҳонӣ, таҳкими истиқлолият бояд ҳамчун самти стратегии сиёсати давлатӣ боқӣ монад, зеро бақои давлат, ҳифзи миллат ва рушди ҷомеа бевосита ба устувории истиқлолияти давлатӣ вобастагӣ дорад.
Бедилзода Ҳ - мудири шӯъбаи масоили сиёсии муносибатҳои
байналмилалии ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
