Имрӯз, 14 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳаммияти хоссаи ин самти афзалиятнок дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал табиқ гардида истодааст. Бо мақсади рушду инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таваҷҷуҳ ба илм беш аз ҳар вақт аҳаммияти муҳим пайдо намудааст.
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон чораҳои зарурӣ меандешанд, зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат мањсуб меёбад.
Қайд гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин муассисаи илмии кишвар дар 35 соли замони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.
Бояд зикр намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик - Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёсати дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.
Гуфта шуд, ки соли 1996 мулоқоти аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳо баргузор гардид. Дар мулоқот бо олимон Сарвари давлат таъкид намуд, ки бе инкишофи илму фарҳанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест. Дар асоси хулосаҳои ин мулоқот ва вобаста ба талаботи нав дар шароити истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба Академияи илмҳо бештар гардид. Худи ҳамин сол амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсилоти рӯзона ба тасвиб расид. Ин иқдомҳои саривақтӣ ҳавасмандии олимонро ба фаъолияти пурсамар афзун намуда, ҷавононро барои машғул шудан ба корҳои илмӣ дилгарм сохт.
Зикр гардид, ки шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди ба даст овардани Истиқлол дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамуд. Бештар аз 300 санади меъёрии ҳуқуқии муҳимме, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илм қабул шуданд, барои пешрафти минбаъдаи илмиву техникӣ, такмили сохтори муассисаҳои илмӣ, маблағгузории таҳқиқотҳои илмӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони илмӣ ва амсоли инҳо равона гардида буданд.
Дар идомаи ҳамоиш мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода баромад намуда, таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо нақши илм дар таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Қайд гардид, ки татбиқи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад заминаи устувори рушди минбаъдаи кишварро таъмин намоед.
Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода қайд намуд, ки рушди соҳаи илму маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои таъмини пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Зикр намуд, ки дар шароити муосир баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими пояҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълиму тарбия аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар ин замина тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва рушди таҳқиқоти бунёдиву амалӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими соҳа мебошанд.
Дар идомаи ҳамоиш як зумра аз олимон дар соли 2026 соҳиби ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста гардида, зимни чорабинӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин, супоридани медали 50-солагии фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кормандони Академия, ҳамзамон тақдими дипломҳо ба олимони ҷавоне, ки дар соли 2026 соҳиби ҷоизаҳои АМИТ гардидаанд, инчунин супоридани ифтихорномаҳо ба олимони муассисаҳои илмӣ ва тақдими сипосномаҳо ба як қатор рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ дар фазои тантанавӣ ва бо арҷгузории баланд ба заҳмати онҳо баргузор гардид.








