(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 26-27 марти соли 2026)
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро на танҳо сарҳадҳои муштарак, балки таърихи ғанӣ, фарҳанги ҳамсон, арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои деринаи ҳамсоягӣ ба ҳам мепайванданд. Дар тӯли солҳои истиқлолият муносибатҳои ду кишвар марҳилаҳои гуногунро паси сар карданд. Аммо бо ташаббуси роҳбарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар солҳои охир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ин давра бо кушода шудани сарҳадҳо, барқарор гардидани хатсайрҳои нақлиётӣ ва афзоиши назарраси гардиши молӣ тавсиф мешавад.
Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар рӯзҳои Наврӯз як иқдоми муҳими дипломатӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи сафар хеле пурмӯҳтаво буда, дар доираи он мулоқотҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла нахустин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор гардид. Ин ниҳод ба таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар заминаи устувор мегузорад.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуда, маҷмӯи муҳими санадҳо ба имзо расиданд, ки асоси ҳуқуқии густариши минбаъдаи муносибатҳоро таъмин менамоянд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд. Баргузории форуми соҳибкорӣ имконият фароҳам овард, ки масоили рушди тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт баррасӣ гарданд. Таҳкими ин равандҳо ба афзоиши гардиши мол, ҳамгироии бозорҳо ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Махсусан, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ дорои аҳамияти стратегии минтақавӣ мебошад.
Ин сафар дар остонаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифта, як навъ ҷамъбасти дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр нишон дод, ки омода аст муносибатҳои шарикии мутақобилан судмандро бо ҳамсоягони худ боз ҳам рушд диҳад.
Сафари мазкур на танҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат кард, балки дурнамои нави шарикии стратегиро муайян намуд. Идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва татбиқи санадҳои имзошуда заминаи рушди устувор ва шукуфоии халқҳои ду кишварро фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, ин сафар намунаи равшани «дипломатияи наврӯзӣ» гардид. Интихоби айёми Наврӯз-ҷашни эҳёи табиат ва рамзи сулҳу оштӣ-дорои маънои амиқи сиёсиву фарҳангӣ мебошад. Иштироки роҳбарони ду давлат дар тантанаҳои наврӯзӣ нишон дод, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба самти сулҳ, субот ва ҳамгироӣ ҳаракат мекунад.
Дар доираи сафар, инчунин, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ӯзбекистон боз як далели устувории пайвандҳои маънавии ду халқ гардид.
Муҳимтарин натиҷаи сиёсӣ тақвияти эътимод ва гузариш ба сатҳи нави шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мебошад. Нахустин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатӣ механизми муассири ҳамоҳангсозии сиёсиро ба вуҷуд овард ва заминаи рушди минбаъдаи муносибатҳоро таҳким бахшид.
Бо назардошти натиҷаҳои сафар метавон бо итминон гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба марҳилаи нави ҳамкории гуногунҷанба ворид шудаанд. Ин раванд на танҳо ба манфиати ду кишвар, балки ба субот ва рушди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 26 - 27 марти соли 2026 баргузор гардид, дорои аҳамияти бузурги таърихӣ ва сиёсӣ мебошад. Ин сафар ҳамчун идомаи равандҳои нави ҳамкории дӯстона ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ мегардад.
Пеш аз ҳама, аҳамияти таърихии ин сафар дар он ифода меёбад, ки он марҳилаи нави рушди муносибатҳои байнидавлатиро мустаҳкам намуд. Дар солҳои гузашта муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон давраҳои гуногунро аз сар гузаронида буданд, аммо дар солҳои охир, махсусан бо сиёсати кушода ва ҳамсоягии нек, ҳамкориҳо ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Сафари мазкур идомаи мантиқии ҳамин раванд буда, нишон дод, ки ҳар ду кишвар барои таҳкими сулҳу субот ва рушди муштарак омодаанд.
Аз нигоҳи сиёсӣ, ин сафар ба таҳкими эътимоди байни роҳбарияти ду давлат мусоидат намуд. Мулоқотҳои сатҳи олӣ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев фазои нави ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангиро ба вуҷуд оварданд. Ин гуна мулоқотҳо имконият медиҳанд, ки масъалаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла амният, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва ҳамкориҳои сиёсӣ бо роҳҳои осоишта ҳал карда шаванд.
Аз ҷиҳати иқтисодӣ, сафари мазкур аҳамияти хоса дорад. Дар доираи он як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди савдо, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои муҳим равона шудаанд. Ин созишномаҳо метавонанд ба афзоиши гардиши савдо байни ду кишвар ва таъсиси лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ мусоидат намоянд. Ҳамин тариқ, сафари мазкур заминаи устувор барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардумро фароҳам овард.
Аз таҳлилҳо бар меояд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоякишварҳо равона гардида аст. Ин равиш ба таъмини сулҳу субот ва ташаккули рушди устувор дар минтақа мусоидат мекунад. Пӯшида нест, ки Ӯзбекистон низ ҳамчун шарики боэътимод дар пешбурди ин сиёсат баромад мекунад.
Дар умум метавон гуфт, ки сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рӯзҳои 26-27 марти соли 2026 як рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки ин сафар на танҳо муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав бардошт, балки заминаи устувор барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Ҳамзамон ин сафари давлатию таърихӣ ҳамчун падидаи нек дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни ду миллат қарнҳо боқӣ хоҳад монд.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

