Перейти к основному содержанию
123

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу амонӣ, тандурустӣ, файзу баракат, рӯзгори обод ва саодати зиндагиро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр аз ҷумлаи ҷашнҳои пурфайзу пурбаракати мардуми мусулмон ба шумор рафта, таҷассумгари арзишҳои волои инсондӯстӣ, хайру саховат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебошад. Ин иди муборак мардумро ба накӯкорӣ, дастгирии якдигар, таҳкими робитаҳои дӯстона ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқию маънавӣ раҳнамун месозад.

Боиси сарфарозист, ки ин ҷашни муқаддас дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистони азиз таҷлил мегардад. Маҳз чунин муҳити орому осуда имкон фароҳам меорад, ки ҷомеаи мо бо эҳтиром ба арзишҳои динию фарҳангӣ суннатҳои неки миллиро пос дошта, барои таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ саҳм гузорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, арзишҳои динии мардуми мо ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва оромии ҷомеа нақши арзанда доранд. Иди саиди Фитр низ мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои зиндагӣ ва анҷом додани амалҳои хайр ҳидоят менамояд.

Дар ин айёми муборак дасти мадад дароз кардан ба ятимону ниёзмандон, аёдати беморон ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа аз ҷумлаи амалҳои неку писандида ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зарур аст, ки ҷашни фархундаи Фитр бо риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо камоли хирадмандӣ ва бидуни исрофкорӣ таҷлил гардад.

Бо боварии комил изҳор медорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб ва ҳифзу таҳкими арзишҳои миллию маънавии худ минбаъд низ талошҳои созанда анҷом медиҳанд.

Бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, бахту саодат ва баракати зиндагиро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!