Перейти к основному содержанию
Наврӯз ё ин ки рӯзи нав яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи бештар аз 5-6 ҳазор соларо дорост. Бо талошу сайъу кушиши зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди аҷдодии мо – Наврӯз Иди байналмилалӣ эълон гашт ва ҳоло дар тамоми дунё он ҷашн гирифта мешавад. Имсол олимони Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин иди аҷдодиро дар рӯҳияи баланди илмию эҷодӣ пешвоз хоҳанд гирифт.

Чӣ тавре, ки доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов иттилло медиҳад, … «Наврӯзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рӯзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Болотар аз ин, ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархӯрдор аст. Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накӯдошт ва посдорӣ аз муҳити зист бино ёфтааст. Мувофиқи нишондодҳои таърихӣ калимаи Наврӯз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи «навсард» ё «нувсард» пайвандӣ дошта, маънои он «Соли нав» аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи «Сарзе» бо маънои «Соли хуршедӣ» омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, асли паҳлавии ин калима «нук руҷ» ва ё «нӯг рӯз» мебошад. Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврӯз андешаҳо хело бисёранд. Ба қавли баъзе аз муаррихон дар охирин рӯзи соли кабиса Ҷамшед, подшоҳи пешдодӣ баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ бар тахти заррин нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рӯз тай менамояд, ки он рӯз «ҳурмуздрӯз»-и аз фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рӯзи сари сол ҷашн гирифта шуда, ба он «Наврӯз» номгузорӣ мекунанд.

Ба андешаи Абӯрайҳони Берунӣ, Наврӯз «нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Инчунин, Умар Ибни Иброҳими Хайём низ дар «Наврӯзнома» таъкид месозад, ки «сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, боз мегардад. Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матнҳои кӯҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин оинро дар байни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд.

Шаби аввали сол бояд ҳама хонаҳо бо шамъ равшан карда мешуданд ва чанд соат қабл аз гусели Соли куҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода ва дар маҷмӯъ мардум саропо либоси нав мепӯшиданд ва дар атрофи «суфра» ё «хонча», ки дар даврони Сосониён бо номи суфраи ҳафтшин шуҳрат дошт, ҷамъ меомаданд. Ба ҷумлаи ҳафтшин инҳо дохил мешуданд: шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат ва шақоиқ. Ҳафт хӯрок, ки дар хони наврӯзӣ мениҳоданд, дар зарфҳои чинӣ, ки аз Хитой ворид мегаштанд, чида мешуданд. Ба ҳамин сабаб суфраи наврӯзиро дар баъзе ҳолатҳо «ҳафтчин» низ мегуфтанд.

Падару модар ба фарзандон ва хидматгорон тӯҳфаҳои идонаи худро тақдим мекарданд. Аз хӯрокиҳо дар ин рӯз палавмоҳӣ, мурғпалав, риштапалав ва ё оши бурида пӯхта мешуд.

Ва аз забони шоир, ки ба Наврӯзи аҷам бахшида шудааст, гуфтаниеро пешкаши ҳамдиёрон менамоем:

Наврузи Аҷам омад, мо шукри Худо гуем,
Табрики ҳама дустон, бо ҳамду сано гуем.
Ид асту муборакбод, бар руи ҳама бодо,
Дар базму тарабхона, мо созу наво гуем.

Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қатори кашфиётҳои нодири хеш дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, инчунин биологҳо дар бахши кишоварзии кишвар, алалхусус дар самти ба даст овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил, аз қабили гандум, пахта, картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, помидор, лӯбиёгиҳо, сабзавотиҳо, топинамбур, хӯроки чорво ва ғайраҳо низ саҳми босазои хешро мегузоранд. Ин дастоварҳои олимон дар таъмини озӯқвории мамлакат аҳамияти хоса дошта, дар арафаи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ба дастархони кишоварзон пешниҳод мегарданд.

Шуъбаи илмҳои биология ва олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мардуми меҳнатқарини кишварро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, тинҷиву оромӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори корҳоро дар зиндагӣ орзӯманданд. Олимони тоҷик таманои онро доранд, ки хонадони ҳар як тоҷик аз Офтоби наврӯзӣ ҳамеша гарму нуронӣ бошаду Тоҷикистону Наврӯзи аҷами аҷдодии тоҷикон зиндаву ҷовид поянда монад!

МИРЗОРАҲИМЗОДА А.К. - доктори илмҳои биологӣ,

ПАРТОЕВ Қ. - доктори илмҳои кишоварзӣ