Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 12 март дар ҳошияи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси миллии илмӣ-амалӣ зери унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ», бахшида ба “21 март — Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони масоили обу иқлим, намояндагони як қатор созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Конфронс бо суханони ифтитоҳии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Франциска Фёгтли – муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Виктор Лутиенко – Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Кишвар Абдулалишоев – Директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ оғоз гардид. Дар суханрониҳо таъкид карда шуд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, мониторинги захираҳои обӣ ва пиряхҳо, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишвари пешсаф дар дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.

Дар ҷараёни конфронс дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ ва техникӣ як қатор мавзӯъҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба «Ташаббуси миллии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера: Харитаи роҳ барои татбиқ», «Ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон: маълумоти илмӣ ва хатарҳои асосӣ», «Лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии таҳқиқоти криосфера», «Аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг дар низоми “Пиряхҳо – захираҳои обӣ – қабули қарорҳо”» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо муҳокима гардиданд.

Ҳадафи асосии конфронс ҳамоҳангсозии кӯшишҳои илмӣ, институтсионалӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Ҳамзамон дар доираи он афзалиятҳои татбиқи ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи криосфера муайян гардида, натиҷаҳои конфронс барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи тавсияҳо дар самти ҳифзи пиряҳо ва омӯзиши криосфера ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» заминаи мусоид фароҳам меоранд.