Перейти к основному содержанию

Оё медонед, ки дар кайҳон ситора ба номи Кова ва сайёраи он Ковиён номгузорӣ шудаанд?

Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ асари мондагори на танҳо миллати мо, балки китоби таъсиргузор барои тамоми башарият аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо эътирофи Фирдавсии бузург ва шоҳасари ӯ дар ҷаҳон мебошад. Ҷолиб он аст, ки ин эҳтиром танҳо дар адабиёт маҳдуд намешавад, балки ба илми муосир, аз ҷумла астрономия низ роҳ ёфтааст. Чанде пеш дар бораи танӯраи Фирдавсӣ дар Уторид навишта будам, акнун мехоҳам, ки дар бораи як ситора ва сайёраи он маълумот диҳам, ки ба шарафи қаҳрамони Шоҳнома – Коваи оҳангар номгузорӣ шудаанд.

Ситораи Кова (Kaveh, HD 175541) ситораи зарду бузург буда, дар масофаи тақрибан 420 соли рӯшноӣ аз мо дар бурҷи Мор (Ҳайя) қарор дорад. Массааш аз Офтоб 1,45 маротиба бештар буда, қутраш 4 маротиба зиёдтар аст. Қадри мутлақи ситоравии он 2,54 буда, ҳарорати сатҳи он бештар аз 5 ҳазор дараҷаи Келвин мебошад. Нисбат ба Офтоб 10 маротиба равшантар аст. Ин ситора тақрибан 1,9 миллиард сол умр дорад.

10 апрели 2007 ахтаршиносони расадхонаҳои Лик ва Кек бо роҳбарии ситорашиноси амрикоӣ Ҷон Ашер Ҷонсон аз кашфи сайёраи бузурге хабар доданд, ки дар атрофи ситораи HD 175541 давр мезанад. Ин сайёра, ки бо рақами HD 175541 b ишора мешавад бо усули андозагирии суръати радиалӣ кашф шудаасту дар атрофи ситораи худ дар 298 шабонарӯз як бор давр мезанад. Нимтири калони он тақрибан ба 1 воҳиди астрономӣ баробар аст. Қутри ин сайёра бештар аз 176 ҳазор км аст. Массаш 0,6 массаи Муштариро ташкил медиҳад. Аз рӯйи ин нишондиҳандаҳо, Ковиён ба гурӯҳи сайёраҳои газии азим (муштаримонанд) тааллуқ дорад ва барои зиндагии инсон қобили зист нест, аммо барои омӯзиши ташаккул ва эволютсияи низомҳои сайёравӣ аҳаммияти калон дорад.

Иттиҳоди байналмиллалии астрономон 17 декабри 2019 дар доираи лоиҳаи IAU100 NameExoWorlds дар асоси пешниҳоди ахтаршиносони эронӣ ба ситораи HD 175541 Кова ва ба сайёраи он Ковиён ном гузошт. Ин иқдом рамзи ворид шудани образҳои фарҳангии форсиву тоҷикӣ ба харитаи расмии кайҳонии ҷаҳон мебошад. Қаҳрамони «Шоҳнома» Коваи оҳангар ҳамчун рамзи адолат, мубориза бо зулм ва бедории иҷтимоӣ маъруф аст ва интихоби ин ном барои ҷирмҳои кайҳонӣ маънои рамзӣ ва фарҳангии амиқ дорад.

Ҳарчанд, ки ба ҷирмҳои зиёди Низоми офтобӣ номҳои форсии тоҷикӣ гузошта шудаанд, вале ин бори аввал аст, ки як объекти берун аз ин низом дар доираи вожаҳои тамаддуни мо номгузорӣ гардид.

Ҷолиби диққат аст, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар асоси пешниҳоди Покистон ситораи HD99109 Шамъ ва сайёраи он Парвона ном гирифт, ки ин ҳам аз ганҷинаи адабиёти бузурги форсиву тоҷикӣ сарчашма мегирад.

Ин гуна номгузориҳо нишон медиҳанд, ки адабиёт, таърих ва фарҳанги мо моли гузашта набуда, метавонанд бо илми муосир пайванданд ва дар тамаддуни имрӯзаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика