Ҳар як давлати соҳибистиқлол барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии ҳудудӣ ва суботи иҷтимоӣ дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. Дар ин замина, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ баромад намуда, мавҷудияти он шарти ҳатмии бақои давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти махсус дошта, он дар шароити ниҳоят мураккаб ва ноороми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ амалӣ гардид.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол бо буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин вазъият, кишвар на танҳо аз заминаи моддиву техникии низомӣ маҳрум буд, балки норасоии шадиди кадрҳои касбии ҳарбиро низ эҳсос менамуд. Ба ибораи дигар, Артиши миллии Тоҷикистон дар шароити амалан «аз сифр» ва дар фазои пур аз таҳдидҳои амниятӣ таъсис ёфт.
Қадами сарнавиштсоз дар самти ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ 18 декабри соли 1992 гузошта шуд, вақте ки бо қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санади меъёрии ҳуқуқии «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Қувваҳои Мусаллаҳ дар заминаи Фронти халқӣ ва неруҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ менамуданд, таъсис дода шуданд. 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардида, ин сана расман ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоти шадиди иқтисодиву молиявӣ, аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ ба бунёд ва таҷдиди инфрасохтори ҳарбӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмини онҳо бо техника ва таҷҳизоти низомии муосир ва ҳамзамон ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дод. Дар солҳои муқовимати дохилӣ (1992–1997) афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва безараргардонии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нақши ҳалкунанда бозиданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ — Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буданд. Дар баробари ин, дар тобеияти Вазорати мудофиа як қатор сохторҳои махсус, аз ҷумла Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои таъминотӣ ва дигар воҳидҳои низомӣ фаъолият менамоянд. Ин ниҳодҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ дар иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Раванди ислоҳоти низомӣ, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида буд, то имрӯз идома дорад. Дар натиҷаи ин ислоҳот Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид карда шуданд, Коллеҷи олии низомӣ ба Донишкадаи ҳарбӣ табдил ёфт ва бо дарназардошти таҳдидҳои ҷаҳонии муосир Қӯшунҳои зудамал ҳамчун навъи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис дода шуданд.
Аз соли 1999 инҷониб дар Қувваҳои Мусаллаҳ машқҳои мунтазами ҳарбӣ, тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, машғулиятҳои амалиётӣ-тактикӣ ва ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор мегарданд. Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешаванд, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва сайқали малакаи касбии ҳайати шахсӣ мусоидат менамоянд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, имрӯз ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида ва касбӣ шинохта мешаванд. Ба андешаи коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ, Артиши миллии Тоҷикистон бинобар таҷрибаи амалиётӣ ва омодагии ҷангӣ аз ҷумлаи неруҳои қобили эътибори минтақа маҳсуб меёбад.
Асоси ҳуқуқии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «ҳимояи Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад». Ин меъёр мавқеи Қувваҳои Мусаллаҳро ҳамчун кафили истиқлолият ва амнияти миллӣ таъкид менамояд.
Бо шарофати сиёсати пайгирона ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таҳти назорати доимӣ қарор доранд. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ дар шароити таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ пайваста таъкид мегардад.
Дар натиҷа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли беш аз се даҳсола ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ, мардонагӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтаанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ нишонаи олии масъулияти шаҳрвандӣ буда, ҳифзи давлат, миллат ва марзу буми Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ходими калони илмии шӯъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ
МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ Мусоев Дилшод








