Банда ҳамчун як шаҳрванди қатории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола беинтизорона интизори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мешавам ва пас аз истимои он аз забони Пешво (воқеан, беҳтарин шеваи гуфтори тоҷикӣ пазируфта шудани лаҳн, оҳанг ва баёни Пешво ҳақиқати маҳз аст) боз чанд ва чандин бори дигар ба шакли хаттии он муроҷиат мекунам. Бар замми ин, то ҳадди имкон ва дастрасӣ камина ба шарҳу тафсири Паём, ки аз ҷониби қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва намояндагони касбу кори гуногун анҷом мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир мекунам. Бояд иқрор шуд, ки дар ин самт аз ҷониби масъулин ва гурӯҳҳои корӣ фаъолиятҳои зиёд анҷом мегарданд, аммо боз ҳам дар шарҳи мазмун, муҳтаво ва паёми Паём ҷанбаҳои зарурат ба таҳким мавҷуданд. Аз ҷумла, камтар шореҳонеро дар ин ҷода пайдо намудан мумкин аст, ки хосту дархости соҳибпаёмро ба таври жарф дарк кардаву ба мардум расонда бошанд. Аксар такрори худи ҷумлаҳо, ибораҳо ва параграфҳои Паём аст.
Дуруст аст, ки болотар аз суханони Паём сухани дигари мувофиқ ва олиро дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат пайдо намудан мушкил аст, аммо вазифаи мост то ба умқи Паёми Президент ғӯта занем, ҳазоруяк паҳлӯи онро санҷида бинем ва аз ҳама муҳим, дар тавозуни фаҳмиш, вазифа ва масъулияти ҳар як қишри ҷомеа онро муаррифӣ намоем. Дар ҳар сурат, ин масъала бояд дар оянда бознигарӣ шавад ва масъулони кор роҷеъ ба он нақшаву андешаҳои мушаххас бояд дошта бошанд. Дар ҳоли ҳозир мо роҷеъ ба мантиқи ду масъалаи муҳим дар Паёми Пешвои миллат тамаркуз мекунем, ки ба ҳамдигар алоқаи мустақим доранд. Дар воқеъ, набояд фаромӯш кард, ки Паём аз лиҳози иртиботи мантиқии ҳар як масъала ва ҳар як қисмати таҳлили вазъ аз олитарин ҳуҷҷат маҳсуб мегардад ва зарур аст ташреҳи ҳар масъалаи баёншуда аз лиҳози ҳадафи дохилӣ ва алоқаи мантиқӣ бо масъалаҳову қисматҳои баъдинаву пешина анҷом гардад.
Соҳаи маориф ва рушди он аз муҳимтарин соҳаҳои рушди ояндаи мамалакат аст ва он натанҳо дар паёмҳои ҳарсола, балки дар тамоми фаъолияти роҳбари Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус дорад. Худи Пешво низ ин матлабро ҳамеша иброз менамояд ва дар ин Паём низ таъкид карданд, чунончи: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Дар давоми ин тасдиқ, Пешво ҳадафи таваҷҷуҳашонро ба ин масъала изҳор медорад, зеро хуб медонад, “ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”. Боз ҳам, Пешво ҳадафи масъаларо барои мустамеъон, яъне ҳамватанонашон ба ибораи содатар, вале нишонрас ба таъкид мегирад: “Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.
Ҳар яки мо шоҳиди пешрафти ниҳоят босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҳастем, вале инчунин шоҳиди ҳолем, ки ҳамаи ин пешравиҳо ҳанӯз Пешвои миллати моро қаноат намекунонанд. Сабаб ин аст, ки мо ҳамагон имрӯзро мебинем, аммо Сарвари давлат фардо ва пасфардои миллатро фикр мекунанд, ояндаи наслро андеша менамоянд, “ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат” -ро мехоҳанд имрӯз бинанд. Аз ин лиҳоз санги бунлоди бақои ояндаи миллат бояд мустаҳкам ва барҷо бошад. Маориф маҳз ҳамин санги бунлод аст, бунлоди ояндаи насл ва наслҳо.
Пешвои миллат аз ибтикорот ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими маорифи мамлакат ёдовар шуда, бо санадҳои дақиқ маблағгузории соҳа ва сохта шудани иншоотҳои замонавӣ барои пешбурди дурусти маорифи кишвар ва албатта, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси ҷавобгӯ ба талаботи маорифи муосир иттило медиҳанд. Пешво аз дастандаркорон, яъне вазорату муассисаҳои дахлдор талаб мекунад, то онҳо таълиму тарбияи наслҳоро мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Ҳадаф ин аст, ки таълиму маорифи тоҷикон, ки замоне пешсафи замон ва ҷаҳон буд, боз бояд ба ҳамон дараҷа расад ва ин натанҳо ормон, балки ҳадафи Президенти мост.
Вале оё ҳамаи он чи ки танҳо Ҳукумати мамлакат барои соҳа мекунад барои расидан ба ҳадафи ниоҳӣ басанда аст? Собит аст, ки Ҳукумати мамалакат тамоми имкониятҳояшро барои рушди соҳа дар хизмат гузоштааст, вале ин ҳоло басанда нест. Чаро? Зеро миёни ҳукумат ва ҷомеа бояд дар ин самт иттиҳод, қавл ва амали якҷояву якхела вуҷуд дошта бошад. Аз ин хотир, Пешвои миллат ба волидайн, омӯзгорон ва кулли аҳли ҷомеа муроҷиат мекунанд: “Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд”.
Муроҷиати болояшонро Президенти муҳтарами мо бо хотирнишон намудани рукнҳое, ки ояндаи давлату миллатро бақо мебахшанд, идома дода гуфтанд: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Аз як сухани дигари Пешво, ки дар қиболи гуфтаҳои боло омадаанд, иқтибос мекунем, ки низ бояд овезаи гӯши ҳар яки мо бошад: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Шакку шубҳае дар ин таъкиди Пешво нест!
Акнун ба қисмати дигари Паём, ки мустақиман пас аз баррасиҳои соҳаи маориф ва хизматҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода ироа гардида буд, муроҷиат менамоем ва алоқаи мантиқии онро бо қисмати пешин баррасӣ мекунем.
Пешвои миллат ба аҳли толор ва тавассути онҳо ба кулли ҳамватанон муроҷиат карда мегӯянд:
“Ҳозирини арҷманд!
Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”.
Хотира ё ҳофизаи таърихӣ, ин яъне қобилияти нигоҳ доштан ва аз нав тасаввур кардани таассуроти пештара, маҷмуи таассуроти дар тасаввур, дар ёд нигоҳ дошташуда аст. Ин хотираро бедор кардан ба чӣ маъност ва бо кадом роҳҳо он бедор мегардад – ин аст он муаммое, ки бар сари он тафаккур бояд кард.
Аммо боз ҳам, Пешво ин корро ҳам барои сомеъинашон осон гардонданд, зеро пас аз пешниҳоди теъдоди интишооти соҳаи фарҳанг, сохта шудани бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ бо шароиту имкониятҳои муосир сохташудаистода дар пойтахти кишвар, ба теъдоди номгӯйи адабиёти бадеиву бачагонаи нашр ва тақсимшуда, ба бо дастури Роҳбари давлат ба аҳолӣ тақсим гардидани миллион-миллион нусхаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ишора мекунанд.
Ҳамаи ин ба хотири бедор намудани ҳофизаи таърихии имрӯзиён аст ва хосса насли наврасу ҷавон, ки бояд ва ҳатман аз гузаштаи пурифтихори худ бохабар бошад, онро мутолиаву муқоиса намояд ва аз он сабақ гирад. Танҳо бар мабнои ҳаёти гузаштаи хеш метавон арзишҳои имрӯз ва ояндаро муайян намуд ва бо онҳо зист. Аз ин ҷо Пешво мегӯяд: “Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад” ва пешниҳод менамояд, то дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд бошад.
Сарвари давлат аз он 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидан, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027-ро далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ зикр мекунад ва ҳанӯз ҳам ба таъкид мегирад: “Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”.
Аз Борбади Мавразӣ, ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ мегӯяд, аз Наврӯз ҳамчун ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстонаи гузаштагони некноми мо – ориёиҳо, аз Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва аз анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёӣ ҳарф зада ва дар ин замина ду вазифаи фавқулода муҳимро барои бедор намудани ҳофизаи таърихии ҷомеа пешниҳод мекунанд, ки яке бунёд намудани Конуни ориёӣ ва дигаре Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Ватан мебошанд. Ҷолиб он аст, ки Пешвои миллат Конунро ҳамчун “Маркази тамаддуни ориёӣ” сохтан супориш медиҳанд ва Маркази байналмилалии Наврӯзро бинобар доштани фалсафаю ҳикмати ҷовидона ва суннату анъанаҳои башардӯстона барои сохтан ҳидоят мекунанд. Ҳадафи сохтани ҳар дуяшро барои “истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда” муайян мекунад ва ин ҳамоно барои бедор намудани хотираи таърихии ҳар як насл маънӣ дорад.
Конун ё оташкад, озаркадаи ориёӣ, ки баъдтар барои зардуштиён ба муқаддастарин ҷойи ибодату иродат табдил ёфта буд, тамоми фалсафаи ҳаёти гузаштагони моро дар бар мегирифт. Меҳвари ҳаёти онҳоро ду чиз фароҳам оварда буд: хирадмеҳварӣ ва инсонмеҳварӣ. Интишор намудани “Шоҳнома” миёни хонаводаҳои тоҷик низ ҳамин маъноро дорад, яъне то мардум омӯзад ва бар мабнои хирад зиндагии худро ба роҳ мондан тавонад.
Барои мо маълум аст, ки эҳёи тамаддун ва фалсафаи ориёӣ дар замони муосир мушкилоти худро дорад, вале ибтикороти наҷиби Президенти мо муносибати ҷаҳониёнро нисбат ба ин мафҳум дигар сохт. Сарвари давлат тавонист ҷаҳонбинии хирадгароӣ ва инсонмеҳварии ниёгони моро барои ҷаҳониён муаррифӣ созад ва кулли ҷомеаро моил ба дигаршинохти ориёиҳо ва тамаддуну ҷаҳонбинии онҳо созад.
Акнун, бар мост, яъне бар волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаи кунунӣ аст, то аз ин воситаҳои бедоркунандаи ҳофизаи таърихӣ истифода кунем ва насли навро барои сохтани фардои инсонмеҳвар, ки талоши ҳамешагии Сарвари давлат аст, омода намоем. Маориф дар ин раванди фавқулода муҳими таърихӣ нақши муассир ва масъулияти аз ҳад бешро бар дӯш дорад.
Варқа ОХОННИЁЗОВ - доктори илмҳои филологӣ,
сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ








