Перейти к основному содержанию
Ироаи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар соли сипаришаванда аз муҳимтарин иқдомҳои созандаву бунёдкорона ва раҳанамунсози Сарвари давлат дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.

213Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дар анҷоми соли 2025 ва оғози соли 2026 дар замоне ироа гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳон номусоид боқӣ монда, ихтилофҳои байни кишварҳои абарқудрат боз ҳам бештар афзуда, ҳаёти иҷтимоии одамон дар баъзе кишварҳои олам ҳам аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати суботу амният ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида истодааст.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва тамоми мардуми кишварро ба ин самт равона сохта, мавқеи Тоҷикистонро дар чунин вазъи ногувори ҷаҳон мусбат арзёбӣ намуда, аз дастовардҳои комёбшуда зимни ҳалли масоили сарҳадӣ ва имзои Шартномаи дӯстии абадӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узекистон ёддоварӣ карданд. Ин иқдоми Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои таъмини оромию осоиштагӣ ва суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, барои таҳкими муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мардумони ин ҳудуди ҷуғрофӣ заминаҳои ҳамкориҳои бештареро фароҳам сохт. Бо эълони ин шартномаи тақдирсоз, ки дар таърих бо номи Эъломияи Хуҷанд сабт шудааст, аҳли олам бори дигар дарк намуд, ки мардуми тоҷик бо Сарвари бохираду дурандеш ва инсондӯсту башарпарвараш ҳамеша ҷонибдори сулҳ, суботи сиёсӣ ва амнияту осудагӣ дар тамоми олам аст. Ҳалли масоили сарҳадӣ бо роҳи осоишта ва гуфтушуниду музокираҳои ду ва сеҷонибаи кишварҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, бори дигар ба оламиён таҷрибаи мусолиҳатомези ҳалли ҳамагуна мушкилотро собит сохт.

Зимни ироаи паём Пешвои миллат ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли 2025 дар самти обу иқлим, пиряхшиносиву криосфера, нақши зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва аз ҷониби Маҷмааи СММ пазируфта шудаи қатъномаҳо доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»-ро бо ифтихор таъкид карда, зикр намуданд, ки ин дастовардҳои бузург далели он аст, ки Тоҷикистон дар низоми сиёсати ҷаҳон мақоми шоистаеро касб карда истодааст.

Бояд зикр кард, ки паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ҷанбаҳои хеле қавии таҳлилӣ ва илмӣ дорад. Маҳз ҳамин вижагии паём аст, ки ҳар як бахши таҳлилшуда дар асоси методологияи муайяни илмию пажуҳишӣ таҳлилу таҳқиқ гардида, самараҳои ба дастомадаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсати муваффақонаи хориҷии кишвар бо асноду далелҳои муътамад асоснок гардидааст.

Дар ин росто, саҳми олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои илмию таълимии кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз тавассути таҳқиқ ва иҷрои корҳои назариявию амалӣ Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар қадаме ба пеш гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва дастгирии Академияи миллии илмҳо таваҷҷуҳи хосе зоҳир карда, ба олимону пажуҳишгарони ин ниҳоди илмӣ боварии комили худро изҳор намуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҷанбаи суханронии Сарвари давлат, доир ба истифодаи мафҳуми илм ва ва робитаи он бо дигар мафҳуму истилоҳот инҷониб таҳлили оморие гузаронид. Аз ин таҳлил бармеяод, ки Пешвои муаззами миллат дар раванди ироаи паём дар баробари дигар сохторҳо 4 маротиба номи Академияи миллии илмҳоро ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти илму таҳқиқ дар баробари дигар вазорату идораҳо зикр карда, дар 14 мавриди дигар мафҳуми илм дар иртибот бо мафҳуму истилоҳоти маориф, таълим, техника, технология, дониш, савод ва ғайраро мавриди истифода қарор доданд, ки ин далели илммеҳвар будани паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат омӯзишу пажуҳишро дар самти илми бостоншиносӣ хеле муҳим арзёбӣ намуда, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангиро аз муҳимтарин омилҳои худшиносии миллӣ барои имрӯзиёну фардоиёни кишвар номида, чунин таъкид намуданд:”Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”. Албатта, ин ҳидоятҳои раҳнамунсоз моро водор менамояд, ки дар самти таҳқиқу омӯзиши осори бостонии минтақаҳои гуногун, забонҳои бостонӣ, осори хаттӣ ва корнамоиҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик, ки дар саҳифаҳои таърих бо фидокориву ҷоннисориҳо марзу буми ватани худро аз ҳамагуна газандҳои аҷнабиён ҳифз кардаанд, асарҳои илмию бадеии олимону адибони варзидаро, ки бо эҷодашон машҳури ҷаҳон гаштаанд ва ҳунармандону меъмороне, ки дар бунёди коху қасрҳо ва шаҳрсозиҳову бунёди тамаддунҳои муҳташаме саҳму нақши мондагор гузоштаанд, пажуҳишу ковиш ва таҳлилу таҳқиқи бештаре карда, барои муаррифии арзишҳои миллию фарҳангӣ саҳму нақши муҳимми худро гузорем. Зеро насли наврасону ҷавонони тоҷик дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ, рушди техникаву технологияи иттилоотӣ, заҳни сунъӣ ба донистани таърих, забон, адабу фарҳанг ва илму пажуҳиш ниёзе бештаре пайдо кардааст.

Дар ҳамин замина, бо пешниҳоду ташаббуси фарҳангу таърихпарваронаи Пешвои миллат бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилаии Наврӯз дар шаҳри Душанбе низ аз аркони муҳимми паём шуморида мешавад.

Ба андешаи Сарвари давлат, миллате, ки шиори он дар тамоми раванди рушди таърихӣ “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буд, имрӯз бояд ифтихор аз он кунад, ки соҳиби тамаддуни куҳан, забони шевову ширин ва шоираи тоҷикӣ, адабиёти бадеии оламшумумул, расму ойинҳои мардумӣ ва ҷашнҳои инсону башарпарварона дар олами мутамаддин мебошад.

Ҳамаи ин дастоварду комёбиҳои миллати тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ дубора эҳё гардида, мондагории онҳо тавассути сиёсати худшиносиву хештаншиносонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли имрӯзу фардои кишвар таъмин хоҳад гашт.

Роҳбари давлат, зимни пешниҳоди бунёди ин ду конуни муҳимми аҳаммияти таърихию фарҳангидошта, пеш аз ҳама, ба неруи илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бовар ҳосил намуда, дастур додаанд, ки олимони аз ҷониби ин ниҳоди илмӣ таҳия карда шавад. Дар ин росто, олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Пешвои миллат зикршуда, тамоми неруи зеҳнии худро равона сохта, барои амалӣ намудани онҳо таҳқиқу таҳлилҳои муфидеро ба хотири рушди ҷомеа ба анҷом хоҳанд расонд.

Саломиён Муҳаммаддовуд - доктори илмҳои филология, профессори

ДМТ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон