Имрӯз, 13 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар радифи инъикоси дигар дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз талошҳо баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Сарвари давлат масъалаҳои марбут ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён мебошад.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «... бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд». Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи марказҳои зикршударо дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Гуфта шуд, ки ташкили Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфтани мо тоҷикон мебошад. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад. Муҳаққиқону донишмандони Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки дар робита ба ин дастури Пешвои миллат дар заминаи пажуҳишҳои илмӣ асарҳои бунёдӣ таълиф намоянд, то махзани марказҳои мазкурро боз ҳам ғанӣ гардонад. Ҳадафи меҳварии ин дастури Пешвои миллат агар аз як ҷониб муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва меросбари аслии ориёиҳо бошад, аз ҷониби дигар тезонидани суръати таҳқиқоту пажуҳиҳои илмӣ дар робита ба таърихи тамаддуни ориёиҳо ва унсурҳои он, махсусан Наврӯз мебошад.
Зикр гардид, ки ташкили Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад. Ин марказҳо саҳми тоҷиконро дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста инъикос намуда, таваҷҷуҳи миллионҳо ҳаводорони таъриху тамаддуни моро ҷалб менамояд. Акнун моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқшавии ин ташаббус неруи зеҳнии хешро самаранок ва шоиста ба кор барем, то наслҳои ояндаи мо аз тоҷик будани хеш шарафманду сарбаланд бошанд.
Дигар аз нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат ин таъкиди қабули ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки танҳо санаи 12 декабри соли ҷорӣ ду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони миллали Муттаҳид пазируфта шуд, ки аз ин эътирофу шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои кишварамон дарак медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар ин самт қатъномаи “Ҳифзи пиряхҳо ва крисофера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ ” ва қаътномаи махсуси дигар “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардиданд.
Дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ соли ҷорӣ конференсияи байналмилалии сатҳи баланди илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки Тоҷикистон мизбони садҳо олимону муҳаққиқони сатҳи ҷаҳонии соҳаи ҳифзи пиряхҳо буд.
Дар иртибот ба ин ташаббусҳо ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дар сатҳи зарурӣ мавриди омӯзиш қарор додани илмҳои криосфера Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Дар идомаи ҳамоиш дар баромадҳои пурмуҳтавои олимону муҳаққиқон ба масъалаҳои афзалиятноки рушди илм, таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ, тақвияти амнияти иҷтимоӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди рақамикунонӣ, инчунин нақши илм дар ҳалли мушкилоти замони муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид намуданд, ки ҷомеаи илмӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона саҳмгузор бошад.
