Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16.12.2025)

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва таѓйироти босуръати иҷтимоӣ масъалаи мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин раванд шинохти вазифаи аслӣ ва масъулияти иҷтимоии занон, ки дар раванди иҷтимоишавӣ ва воридшавии фаъоли онҳо ба ҳаёти ҷомеа ташаккул меёбад, хеле муҳим буда, он боиси ривоҷу равнақи мақоми занон ва беҳбуди вазъияти имрўзаи онҳо дар ҷомеа мегардад. Инро дарк карда Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи занон дар робита ба рушди устувори ҷомеа, таҳкими сармояи инсонӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ баррасӣ шуда, ин масъала на танҳо ҳамчун мушкили иҷтимоӣ, балки ҳамчун масъалаи стратегии давлатӣ ва омили пешрафти миллӣ маънидод гардидааст. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд карданд, «Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем». Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат занонро ҳамчун неруи созанда, тарбиятгар ва идоракунандаи равандҳои иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, нақши онҳоро дар пойдории давлат ва ҷомеа калидӣ мешуморад.

Бояд гуфт, ки сиёсати давлатӣ нисбат ба занон бар пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ ташаккул ёфтааст. Дар сиёсати давлатӣ баробарҳуқуқии зану мард яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи демократӣ эътироф шуда, давлат вазифадор аст шароити мусоиди иштироки занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намояд.

Яке аз бахшҳои муҳими Паёми имсоларо масъалаи оила ва нигоҳдорандаи арзишҳои миллӣ муаррифӣ гардида, дастгирии модарону кӯдакон, ҳифзи саломатии занон ва беҳтарсозии шароити иҷтимоии оилаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ мешавад. Президенти кишвар таъкид менамояд, ки рушди ҷомеа бе ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқии миллӣ номумкин аст ва зан дар интиқоли ин арзишҳо нақши ҳалкунанда дорад. Чуноне, ки дар матни Паём омадааст, «Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки занон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».

Дар ҳақиқат ин таъкидҳои Пешвои миллат, аз як тараф ба баланд гардидани масъулиятнокии занону бонувон, боло бурдани мақоми иҷтимоӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа боис гардад, аз тарафи дигар он метавонанд ба ташаккули арзишҳои маънавӣ, миллӣ, ахлоқию оилавӣ мусоидат намояд. Зеро зан натанҳо объекти сиёсати иҷтимоӣ, балки субъекти фаъоли рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, дар интиқоли ин арзишҳо ба фарзандону наслҳои минбаъда нақши ҳалкунанда дорад.

Сафарова Бону Қурбоновна - ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ