Перейти к основному содержанию

Шумораи обуначиёни саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба 20,000 нафар расид. Ин дастоварди муҳим шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангии Академия дар байни ҷомеа ва олимон ба таври васеъ пазируфта шудааст.

Саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Фейсбук ҳамчун майдони иттилоотӣ ва таҳлилӣ барои паҳн кардани хабарҳо, натиҷаҳои илмӣ, дастовардҳои олимон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Ба ҳисоби миёна, хабарҳо ва маводи муфид дар ин саҳифа таваҷҷӯҳи ҳазорҳо нафарро ҷалб намуда, имконияти муоширати мустақим бо олимон ва коршиносонро фароҳам меоранд.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба қадрдонӣ ва эҳтироми ҳар яки обуначиёни саҳифа таъкид намуда, изҳор медорад, ки дастгирии Шумо барои пешбурди фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии Академия нақши ҳалкунанда дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ бештар густариш диҳад ва барои обуначиёни худ маводҳои арзишманд ва муфид пешниҳод намояд.

https://www.amit.tj/

https://www.facebook.com/groups/amit.tj

https://t.me/akademia55

https://www.tiktok.com/@www.amit.tj?_t=8s5czgjfiz3&_r=1

https://www.instagram.com/amit_tj_55/

https://www.youtube.com/@amit_tj