Перейти к основному содержанию
Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ ва барномавии давлату ҳукумат маҳсуб мешавад. Ин санад пеш аз ҳама самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаҳои мубрами саноат, фарҳанг ва тарбияи насли ҷавонро дар саросари кишвар муайян менамояд. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи давлату Ҳукумати кишварро фаро мегирад, балки ҳамчун як дастурамал ва барномаи мукаммал барои солҳои минбаъда ба шумор меравад.

2123Таклифоту пешниҳодоти навину тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани даҳсолаи “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера (солҳои 2025- 2034)” ва «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, худ аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ гувоҳӣ медиҳанд. Пештар низ, аз ҷониби СММ як қатор қатъномаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро марбут ба об қабул намуда буд. Аз ҷумла, эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028), “соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ҳамасола қайд намудани 21-уми март - Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ва дигар иқдому пешниҳодҳо худ далелу инъикосгари равшани нақши пешсафи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳамаи ин боиси ифтихору сарфарозист.

Дар Паёми имсолаи худ, чун Паёми соли гузашта, Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзиш ва истихроҷи металлҳои нодир фикру назари хешро баён доштанд. Воқеан, ин масъала дар Стратегияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афзун намудани базаи захираҳои ашёи минералии кишвар бо назардошти Барномаи давлатии омӯзиш ва баҳодиҳии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 ва “Барномаи тараққиёти илм, технология ва инноватсия барои солҳои 2021-2030” хело хуб дарҷ гардидааст.

Самти афзалиятноки тараққиёти соҳаи геология ва технологияи кишвар дар Стратегияи чаҳоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати давлат, ки бе азхудкунии захираҳои ашёи минералии сарзаминамон аз имкон дур аст, хуб инъикос ёфтааст.

Тоҷикистони азизи мо дорои захираҳои зиёди сарватҳои табиӣ мебошад, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва нодир.

Дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходимони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ тамоми кӯшишу малака ва тавони худро ба он равона карда истодаанд, ки дар омӯзишу ошкор ва дарёфти падидаҳову конҳои нав ба нави металлҳои нодир дар манотиқи гуногуни кишвар саҳми босазо гузоранд. Натиҷаи ин заҳматҳо аст, ки тайи соли ҷорӣ ходимони илмии Институт (Ғафуров Ф.Г., Абдуллоҳзода Ф.А., Куканбеков З.А. ва диг.) бо ҳамкорӣ бо КВД “Экспедитсияи геологӣ-кофтуковии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ”-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони маъдании Назарайлоқ (мавзеи Ёсуман, қаторкӯҳҳои Туркистону Олой) чанд падидаҳои металлҳои нодирро ошкор карданд, ки дар онҳо захираи бойи металлҳои нодир – бериллийу литий, танталу ниобий, стронсийу барий муайян карда шуданд (расми 1). Ғайр аз он, олимони Институт дар мавзеҳои Дараи Пиёз, Девонасу,Тутак низ дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронидани корҳои саҳроӣ баҳри дарёфти ин маъданҳо таҳқиқот гузаронида истодаанд.

Яке аз самтҳои калидии Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Президенти кишвар қайд намуданд, ки саноат омили асосии рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аст. Дар ин замина, сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ инчунин ворид намудани технологияҳои муосир вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд. Саноатикунонӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ табдил ёбад.

Дар миёни ин соҳаҳо, соҳаи геология ва истифодаи захираҳои табиӣ мавқеи махсус дошта, ҳамчун пояи пешрафту ташаккули саноат, энергетика ва иқтисоди миллӣ баррасӣ мегардад. Тоҷикистон бо доро будани захираҳои ғании зеризаминӣ, дорои имкониятҳои бузург барои рушди соҳаи геология мебошад.

Дар Паёми худ инчунин Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, перомуни масоили истифодаи дуруст ва самараноки сарватҳои табиӣ назари нек ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки омӯзиши амиқи геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нави канданиҳои фоиданок яке аз вазифаҳои калидӣ ва муҳими давлатӣ ба шумор меравад. Ин самт на танҳо барои рушди саноати кӯҳӣ, балки барои таъмини соҳибистиқлолии комили иқтисоди кишвар аҳамияти беандоза калон дорад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ буда, дар қаламрави он конҳои тилло, нуқра, сурб, руҳ, мис, сурма, симоб, висмут, волфрам, молибден, оҳан, арзиз, ангишт, нефт ва газ, инчунин сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ мавҷуданд. Дар Паёми имсола зарурати истифодаи пурраи ин захираҳо бо роҳи ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва коркарди амиқи ашёи хом таъкид карда шуд.

Айни замон, дар партави Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ду озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар доираи лоиҳаҳои аз буҷаи давалат маблағгузоришаванда доир ба омӯзиши падидаҳо ва конҳои металлҳои нодири кишварамон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома дода доранд. Месазад қайд намуд, ки онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, ки аксари дастовардҳои илмии онҳо ҳам дар маҷаллаҳои бонуфузи дохили кишвар ва ҳам дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ рӯи чоп омаданд.

Дар рафти омӯзишу пажуҳиши падидаҳои металлҳои камёфту нодир, мавзеҳои комплексҳои ишқорӣ ва магматикии турш (расми 2) дар мавзеҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир аз ҷониби олимони лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ (Одинаев Ш.А., Ашуралиев С.Б. ва диг.), ки мудириашро доктори илмҳои геология ва минералогия Ғафуров Ф.Г. бар душ дорад, ошкор карда шуд, ки спектрҳои унсурҳои нодирзаминӣ дар диоритҳои кварсӣ ва гранодиоритҳои комплекси Понғозҷилга ба ҳам монанд буда, бо дараҷаи муътадили дифференсиатсия ва аномалияи манфии равшани Eu тавсиф мешаванд (расми 3). Консентратсияи умумии УНЗ (РЗЭ) 95–126 г/т-ро ташкил медиҳад. Каҷхатҳои тақсимшавӣ шакли ҳамвор доранд: таносуби (La/Yb)n каме дигаргун шуда, аз 4,2 то 5,5-ро дар бар мегирад.

Соли ҷорӣ инчунин дар мавзеи Дункелдики Помири Шарқӣ, аз ҷониби кормандони илмии ИГСЗТС АМИТ (Шодибеков М.А. ва диг.) дар карбонатитҳои аз стронсий ғании ин мавзе абраки сегонаоктаэдрии камдучоршавандаи литий-магний-тайниолит ошкор карда шуд (расми 4). Эҳтимол меравад, ки ин нахустин бозёфти минерали литийдор дар Дункелдик бошад. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ минерал ниҳоят фтордор буда, қариб миқдори ҳадди аксари литийро (3.65 мас.%) дар бар мегирад.

Кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, он супоришу дустурҳое, ки аз Паём ба ин соҳаи муҳими мамлакат бармеоянд, тамоми кӯшишу талошҳои худро барои иҷро ва амалӣ гаштани онҳо равона мекунанд ва ба ин васила дар соҳибистиқлолии комили иқтисодӣ ва рушду нумуи илми геологияи кишвар саҳмгузор мегарданд.

Сафарализода Н.С.– директори ИГСЗТС АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералоги