Перейти к основному содержанию
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 на танҳо ҳисоботи сиёсиву иҷтимоӣ-иқтисодӣ, балки як харитаи роҳ барои ояндаи кишвар аст. Аз рӯи нуктаҳои Паём равшан эҳсос мешавад, ки дар зеҳни роҳбарияти давлат илму маориф ҳамчун «соҳаи иловагӣ» нестанд, балки меҳвари рушди устувор, пояи давлатдории муосир ва кафолати амнияти иҷтимоӣ дониста мешаванд. Ин мавқеъ аз ҷумла дар он таъкид меёбад, ки Роҳбари давлат дастгирӣ ва рушди илму маорифро дар тӯли беш аз се даҳсола самти афзалиятнок эълон карда, онро «сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат» мешуморад.

Дар Паём мафҳуми калидӣ ин аст: рушди ҳамаи соҳаҳо аз илму маорифи пешрафта вобаста аст. Яъне сухан дар бораи як назари муҳимми сиёсӣ меравад: агар давлат мехоҳад иқтисоди рақобатпазир, саноатикунонии босуръат, энергетикаи устувор, идоракунии самаранок ва амнияти миллӣ дошта бошад, аввал бояд сарвати асосӣ, яъне сармояи инсониро парвариш диҳад. Ин фикр дар заминаи воқеияти таърихӣ ҳам меояд: дар Паём таъкид мешавад, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ум «тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт». Ин ибора як ишораи муҳим ва ҷиддӣ аст: сулҳу субот ва волоияти қонун шарти аввалини рушди маориф ва илм аст, зеро илм дар муҳити ноамн рушд намекунад.

Аз нуктаҳои муҳимтарини Паём ин афзоиши мунтазами маблағгузории соҳаҳои маориф ва илм аст. Гуфта мешавад, ки ҳар сол ҳаҷми умумии маблағгузории ин соҳаҳо беш аз 21 дарсади хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз зиёд ва нисбат ба соли 2015 панҷуним баробар бештар мебошад.

Паём танҳо ба зиёд кардани маблағ қонеъ намешавад; дар он масъалаи самаранокӣ пеш гузошта мешавад. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки барои мутобиқсозии маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, бозбинии низоми маблағгузорӣ ва гузариш ба низоми сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ тақозои замон аст.

Бояд таъкид кард, ки ин нуқта дар асл як пешниҳоди сиёсати муосир аст: маблағ бояд ба натиҷа, сифати таълим, талаботи бозори меҳнат ва самаранокии идоракунӣ пайваст шавад. Ҳадаф он аст, ки донишгоҳу коллеҷ кадрҳои воқеан зарур барои иқтисоди миллӣ омода кунад, на танҳо шумораи хатмкунандагонро зиёд намояд.

Паём ба ташаббуси соли 2019 бозмегардад: солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон шуда буд. Дар соли 2025 аллакай шаш сол сипарӣ гардид, бинобар ин Президенти кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки натиҷаҳо ҳамаҷониба таҳлил шуда, камбудиву монеаҳо бартараф гарданд.

Дар Паём яке аз равшантарин намунаҳои сиёсати илмӣ-байналмилалӣ масъалаи пиряхҳо, криосфера ва иқлим аст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи СММ аз «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи илмҳои криосфера (2025–2034)» ёд мешавад. Ин нишон медиҳад, ки илм танҳо кори дохилӣ нест: он метавонад мавқеи кишварро дар ҷаҳон баланд бардорад, шариконро ҷалб кунад ва Тоҷикистонро ба маркази минтақавии дониш дар масъалаҳои обу иқлим табдил диҳад.

Пешниҳоди табдил додани «Маркази омӯзиши пиряхҳо» ба «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера» низ рамзӣ аст: давлат мехоҳад ин соҳа аз як воҳиди тадқиқотӣ ба як ниҳоди пуриқтидори илмӣ табдил ёбад, ки ҳам тадқиқот, ҳам омодасозии кадр, ҳам ҳамкориҳои байналмилалиро пеш мебарад.

Дар Паём илму маориф на танҳо масъалаи иқтисод, балки масъалаи ҷомеа ва амнияти маънавӣ низ ҳаст. Таъкид мегардад, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад. Пас маориф ҳамчун сипари фарҳангӣ бар зидди ифротгароӣ ва бегонапарастӣ низ маънидод мегардад.

Ҳамзамон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бедор намудани хотираи таърихӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, китобу китобхонӣ ва бунёди марказҳои фарҳангӣ аҳаммият медиҳад. Ин ҷо ҳам илм ва маориф як рисолати бузург доранд, ки пайвастани илми муосир бо ҳувияти миллӣ мебошад.

Саидов Давлатёр Маҳмадсалимович – Ив Мудири Шуъбаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имом Мираҳмади Шарофиддин-Сармутахассиси Шуъбаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон