Терроризм ва экстримизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқи мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.Агар воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрўзаро таҳлил намоем собит мегардад, ки проблемаи терроризми байналмилалӣ ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рўз боқӣ мондааст ва пешгирии он натанҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.
Экстремизм- аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremus” гирифта шуда , маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ , фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан буда, экстремист- шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сўи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.
Таҳқиқи истилоҳи терроризм яке аз масъалаҳои мураккабу печидаи илми ҷаҳонӣ мебошад. Маълум аст, ки зиёда аз дусад таърифи терроризм вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ яке аз ин таърифҳо умуми эътирофшуда нест. Ин аз он дарак медиҳад, ки зуҳуроти терроризм гуногунҷабҳа,мураккаб ва бисёрчеҳра мебошад. Аз нуқтаи назари равиши методологӣ сухан сари он меравад, ки оё системаҳои иҷтимоӣ, қобилияти худинкишофёбӣ ва ҳамоҳангшавиро доранд ё не? Дар раванди амали намудани ин мақсад мо бояд аз идеяи фавқулодагии миллату давлат, даст кашем ва ба иттифоқу сулҳ, муколамаи зинда бо дигар халқу миллатҳо кўшиш намоем ва фалсафаи ғайризуровариро дар саргаҳи муносибатҳои худ ҷойгир намоем.
Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб бари рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоди илмие аст, ки ба баланд бардоштани самаранокии мубориза таҳдидҳои замони муосир нигаронида шудааст. Дар ин раванд Агентӣ нақши пешбарандаро ба уҳда гирифта, барномаҳои фарогири омодасозӣ ва такмили ихтисоси сохторҳои қудратии мамлакатро амалӣ менамояд.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар фаъолияти Агентӣ ба гузаронидани даврҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва конфронсҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудааст. Ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маҳорат дар ошкор, пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ истифода мешаванд, равона шудаанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омодасозии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мебошад. Татбиқи даврҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва конфронсҳо ба баланд бардоштани малакаи кормандони соҳа ва пешгирии ин таҳдидҳо мусоидат менамояд.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби грантҳои байналмилалӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла детекторҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва таҷҳизоти алоқа таъмин менамояд. Илова бар ин дар чаҳорчӯби барномаи таҳкими марз ба таҷдид ва таҷҳизи гузаргоҳҳои марзӣ дар хати сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марз ва вуруди унсурҳои ифротӣ муҳим аст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад. Ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби грантҳо дар татбиқи ин вазифаҳо нақши асосӣ бозида, намунаи муваффақонаи муттаҳид шудани қувваҳоро дар муқовимат бар зидди баъзе мушкилоти ҷиддии замони муосир нишон медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизм, дар симпозиюму конфренсияҳои байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ карда,ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд.
Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паём 26 декабри соли 2019 таъкид доштанд :“Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”. Ин таъкиди Президенти кишвар бояд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа бошад. Зеро иқдомҳои мантиқии якҷоя дар самти мубориза ва пешгирии ифротгароӣ кафилӣ минбаъдаи ҷомеаи осудаи кишвари мо хоҳад буд.
Хулоса, аҳли ҷомеа, ба хусус, ҷавононро аз амалу ниятҳои нопоки ифротгароён огоҳ сохта, дар ҷамъомаду чорабиниҳое, ки ба ин мақсад гузаронида мешаванд, намояндагони шӯъбаи амният ё ВКД, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон даъват карда шаванд. Аҳолӣ, бахусус, ҷавононро ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба амалҳои ношоистаи террористону иғвоангезон бохабар созанд.
Бобоев К.О –Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

