Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, шоми 1 декабри соли равон ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Меҳмононро дар Регистони Қалъаи Ҳисор раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Ҳамчунин, дар остонаи даромадгоҳи қалъа сокинони шаҳр меҳмонони олиқадрро тибқи таомули аҷдодӣ бо нону намак ва таҳти садои сурнаю карнай, хуш истиқбол гирифта, масъулони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор онҳоро бо Арк, Қасри Ҳоким, Аскархона, растаи дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии Мамнуъгоҳ ва таърихи гузаштаву имрӯзаи Ҳисори бостон шинос намуданд.
