(тақриз ба монографияи Сангинзода Д.Ш., Мансурӣ Ш.Ҷ., Маҳмашарифзода А.М. Ҳуқуқи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2025. – 344 с.)
Монографияи мазкур нахустин пажуҳиши илмии ҳамаҷониба дар бораи ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар заминаи таърихии рушди кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад. Аз нуқтаи назари таърихӣ Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ (9 сентябри соли 1991) марҳилаҳои мураккаби гузариш аз иқтисодиёти марказонидашуда ба иқтисоди бозории озодро аз сар гузаронида, ҳоло дар давраи нав – рақамикунонии иқтисод – қарор дорад. Монографияи муаллифон ин равандро аз ҷанбаи ҳуқуқӣ таҳлил карда, ба таърихи муосири Тоҷикистон саҳми арзишмандро гузоштаанд.
Мубрамияти мавзӯъ дар он аст, ки солҳои 2025-2030 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон шуда, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 зикр гардидааст, ки идомаи мантиқии ин сиёсати давлат аз Паёми соли 2018 оғоз ёфта буд. Дар он паём, Пешвои миллат ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъкид карда, аз нуқтаи назари таърихӣ, ин равандҳо ба таърихи рушди иқтисодии Тоҷикистон пайвастааст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ва барқарорсозии сулҳ, ҳоло ба марҳилаи навовариҳои технологӣ ворид мешавад. Монографияи муаллифон ин марҳилаи гузаришро бо таҳлили ҳуқуқӣ ғанӣ гардонида, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро нишон додаанд.
Муаллифон – Сангинзода Дониёр Шомаҳмад (доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор), Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент) ва Маҳмашарифзода Абдулло Маҳмашариф (унвонҷӯ) – ҳамчун мутахассисони соҳа, асарро дар ҳаҷми 344 саҳифа таҳия карда, нахустин пажуҳиши илмӣ дар ин самт мебошад, ки дар заминаи таҳлили назариявӣ ва амалӣ анҷом ёфтааст. Муаллифон мушкилоти ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, аз қабили танзими савдои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, киберамният ва идоракунии давлатии рақамиро баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод намудаанд. Аз нуқтаи назари таърихӣ, ин асар ба таърихи ҳуқуқи Тоҷикистон навгонӣ меорад, зеро ҳуқуқи рақамӣ ҳамчун падидаи нав дар таърихи муосири кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.
Сохтори монография хеле мантиқӣ ва ҳамаҷониба аст. Асар аз муқаддима оғоз ёфта, ба 12 боб тақсим шудааст, ки ҳар кадоме масъалаҳои мушаххасро фаро мегирад. Дар муқаддима муаллифон аҳаммияти иқтисоди рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва ҳукумати электрониро таъкид кардаанд, ки ин ба сиёсати давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамӣ (2019) ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мувофиқ аст. Аз нуқтаи назари таърихӣ, ин санадҳо идомаи ислоҳоти иқтисодии солҳои 2000-ум ҳастанд, ки баъд аз барқарорсозии иқтисодиёт пас аз ҷанг оғоз шуда буд.
Дар боби 1, ки "Асосҳои ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон моҳият ва мафҳуми иқтисоди рақамӣ, нақши ҳуқуқ дар он, манбаъҳо, принсипҳо ва хусусиятҳои миллиро баррасӣ кардаанд, ки аз ҷанбаи таърихӣ ҷолиб мебошанд, зеро муаллифон иқтисоди рақамиро ҳамчун марҳилаи нав дар таърихи иқтисодии Тоҷикистон муайян карда, ба паҳншавии интернет ва технологияҳои мобилӣ дар солҳои 2010-ум ишора намудаанд. Таҳлили қонунгузории миллӣ, аз ҷумла Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ" (2018) ва Қонуни ҶТ "Дар бораи савдои электронӣ", бо таҷрибаи байналмилалӣ (ЮНСИТРАЛ, ЮНКТАД) муқоиса шудааст, ки ин навоварӣ мебошад.
Дар боби 2, ки "Маърифати рақамӣ" номгузорӣ шудааст, ба аҳаммияти маърифати рақамӣ дар замони муосир, таъсири он ба ҷомеа ва роҳҳои рушди он бахшида шудааст. Аз нуқтаи назари таърихӣ, маърифати рақамӣ ҳамчун идомаи маърифати миллӣ дар солҳои истиқлол дида мешавад, ки барои омодагии аҳолӣ ба тағйиротҳои технологӣ хело муҳим мебошад. Муаллифон пешниҳодҳои амалии худро барои рушди ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ овардаанд, ки ба омӯзиши таърихии равандҳои иҷтимоӣ мувофиқанд.
Дар боби 3, ки "Мафҳум ва мавзуи ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, мавзуъ, танзими муносибатҳо, объектҳо ва аҳаммияти ҳуқуқи рақамиро таҳлил кардаанд, ки ба таърихи ташаккули ҳуқуқи рақамӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон ишора мекунанд, Тоҷикистон низ дар ин замина ҷойгоҳи хоси худро доро мебошад. Таҳлили мушкилоти бастани шартномаҳои электронӣ ва ҳамгироӣ ба фазои рақамии ҷаҳонӣ, бо истинод ба Конвенсияи СММ оид ба паёмҳои электронӣ (2005), арзишманд аст.
Дар боби 4, ки "Танзими савдои электронӣ" номгузорӣ шудааст, ба мафҳум, қонунгузорӣ, шартномаҳо, ҳимояи истеъмолкунандагон ва таҳдидҳо бахшида мешавад, ки муаллифон рушди савдои электрониро дар Тоҷикистон аз солҳои 2010-ум баррасӣ карда, ба афзоиши талабот ба танзими ҳуқуқӣ таъкид намудаанд. Ин боб барои мутахассисони соҳаи иқтисод ва ҳуқуқ лозим мебошад, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти амалиро пешниҳод кардаанд.
Дар боби 5, ки "Ҳифзи маълумоти шахсӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, асосҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳо, тартиби назорат ва ҳифзи таҳдидҳоро баррасӣ карда, аз нуқтаи назари таърихӣ, ҳифзи маълумот ҳамчун падидаи нав пас аз паҳншавии интернет дар солҳои 2000-ум, ки зуҳур кардааст бо қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ муқоиса кардаанд.
Дар боби 6, ки "Киберамният" номгузорӣ шудааст ба мафҳум, қонунгузорӣ, таҳдидҳо, воситаҳои ҳифз ва нақши давлат ба ин самт бахшида шудааст, ки афзоиши ҳамлаҳои киберӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон (аз солҳои 2015-ум) мушоҳида мешавад. Муаллифон пешниҳодҳои амалӣ барои пешгирии таҳдидҳо овардаанд, ки ба сиёсати давлат мувофиқ мебошад.
Дар боби 7, ки "Пардохтҳои электронӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, танзим, воситаҳо, амният ва таҳдидҳои пардохтҳои электрониро таҳлил карда, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро аз ҷанбаи таърихиву ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад.
Дар боби 8, ки "Танзими криптоактивҳо" номгузорӣ шудааст, ба мафҳум, вазъи ҳуқуқӣ, таҳдидҳо, имкониятҳо ва нақши байналмилалии криптоактивҳо бахшида шудааст. Аз нуқтаи назари таърихӣ криптоактивҳо ҳамчун падидаи нав (аз солҳои 2010-ум) дар Тоҷикистон омӯхта мешаванд ва муаллифон зарурати танзими ҳуқуқиро таъкид намудаанд.
Дар боби 9, ки "Зеҳни сунъӣ ва ҳуқуқ" номгузорӣ шудаааст, муаллифон мафҳум, танзим, масъулият, ахлоқ ва дурнамои зеҳни сунъиро баррасӣ карда, нишон додаанд, ки зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар таърихи Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад, муаллифон ба таҷрибаи ҷаҳонӣ такя карда, навовариро дар асар ҷорӣ намудаанд.
Дар боби 10, ки "Ҳамкории байналмилалӣ дар иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, ба аҳаммият, созмонҳо, шартномаҳо, таҷрибаи хориҷӣ ва дурнамо бахшида шудааст, ки ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ИДМ) идомаи сиёсати хориҷии пас аз истиқлоли миллии мо мебошад.
Дар боби 11, ки "Идоракунии давлатии рақамӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, асосҳои ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои электронӣ, таҳдидҳо ва дурнаморо таҳлил карда, Консепсияи ҳукумати электронӣ (2011) ва рушди идоракуниро аз ҷанбаи таърихӣ баррасӣ мекунанд.
Ниҳоят, дар боби 12, ки "Ахлоқ ва масъулият дар иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, ба мафҳум, масъулияти ҳуқуқӣ, таҳдидҳои ахлоқӣ, нақши таълим ва натиҷаҳо бахшида шуда, аҳаммияти ахлоқиро дар таърихи муосири ҷомеаи рақамӣ таъкид мекунад.
Навгонӣ ва арзиши илмии монография дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон нахустин бор ҳуқуқи иқтисоди рақамиро дар заминаи таърихии Тоҷикистон таҳлил кардаанд. Асар бо истинодҳои зиёд ба адабиёти илмӣ (корҳои У.А. Меликов "Правовой режим объектов гражданских прав в Интернете" (2017), З.М. Майнусова дар бораи савдои фосилавии мол (2021), В.П. Талимончик оид ба танзими байналмилалӣ (2013), А. Абдуҷалилов дар бораи шартномаҳои интернетӣ (2024), М.А. Ермаков дар бораи савдои электронии Чин (2017) ва дигарон) ва санадҳои ҳуқуқӣ (Қонунҳои ҶТ, қарорҳои Ҳукумати ҶТ) ғанӣ аст. Аз нуқтаи назари таърихӣ, ин асар ба таърихи ҳуқуқи муосири Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад, зеро мушкилоти рақамиро бо равандҳои таърихӣ (аз гузариш ба иқтисоди бозоргонии озод пас аз истиқлол то ҳамгироӣ ба фазои рақамии ҷаҳонӣ имрӯз) пайваст мекунад. Муаллифон хусусиятҳои миллиро (фарҳанг, анъанаҳо, вазъи иқтисодӣ) бо таҷрибаи кишварҳои пешрафта (Чин, давлатҳои ИДМ) муқоиса карда, пешниҳодҳои амалӣ барои бартараф кардани монеаҳо (маҳдудияти инфрасохтор, камбудии кадрҳо, таҳдидҳои киберӣ) овардаанд. Ин таҳлилҳо на танҳо назариявӣ, балки амалӣ буда, ба рушди устувори иқтисодӣ ва пешгирии кибертаҳдидҳо мусоидат мекунад.
Аз ҷанбаи амалӣ монография барои донишҷӯён, унвонҷӯён, олимон, омӯзгорон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ тавсия карда мешавад, ки ба омодагии мутахассисон барои фаъолият дар шароити "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" (2025-2030) мусоидат мекунад. Асар механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои миллӣ, афзоиши шаффофият дар идоракунӣ ва рушди навовариҳоро пешниҳод мекунад. Муаллифон зарурати такмили қонунгузорӣ, омӯзиши кадрҳои баландихтисос ва ҳамкории байналмилалиро таъкид карда, дурнамои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафтаи рақамӣ то соли 2030 тасвир намудаанд. Ин асар на танҳо ба таҳкими заминаи ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, балки ба амалисозии ҳадафҳои Стратегияи милии рушди Тоҷикистон саҳми беназир мегузорад.
Умедворам, ки монографияи мазкур ҳамчун манбаи асосӣ дар омӯзиши ҳуқуқи рақамӣ хизмат карда, ба рушди илми тоҷик ва амалии соҳа дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Он нахустин қадами муҳим дар ташаккули низоми ҳуқуқии муосири рақамӣ буда, барои наслҳои оянда роҳнамо хоҳад шуд.
ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

