Перейти к основному содержанию

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши муносибатҳои илмӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ, профессор Саидмуқим Ибодзода ва бо иштироки сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии АМИТ, профессор Қурбонов Қ.Ш., аз 13 то 16 ноябри соли равон дар Конфронси байналмилалии мубодилаи истеъдодҳо (CQITEC 2025) дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок намуд.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби ноиби Президенти Академияи илмҳо ва технологияҳои Чунсин, Ҷен Сюн Бо, самимона пазироӣ гардид. Ҷонибҳо дар мулоқоти расмиву корӣ масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва муҳаққиқон, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, инчунин баргузории форумҳо ва чорабиниҳои илмии дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳайати илмии АМИТ ҳамчунин аз Клиникаи илмию амалии «Хайфу» боздид ба амал овард. Клиника бо истифода аз технологияҳои муосири лазерӣ ва ултрасадо табобати бемориҳои гуногуни инсонро, аз ҷумла бемориҳои саратонӣ, эхинококкии ҷигар, эндометриози бачадон ва дигар патологияҳоро ба роҳ мондааст. Олимони тоҷик бо имкониятҳои клиника, таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои муосири ташхису табобат шинос гардиданд.

Сафари мазкур дар самти тавсеаи робитаҳои илмӣ ва тиббӣ миёни Тоҷикистону Чин қадами муҳими нав ба шумор рафта, заминаҳои тоза барои ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои таҳқиқотӣ, клиникӣ ва инноватсионӣ фароҳам меорад.