Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва калидии таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз дидгоҳи илмӣ ва таърихӣ, ин иҷлосия на танҳо қадами муҳиме дар самти барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ буд, балки оғози давраи нави ташаккули низоми сиёсии муосири Тоҷикистонро ифода намуд.
Дар заминаи буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилии соли 1992, ки суботи сиёсӣ ва якпорчагии миллӣ зери хатар қарор дошт, баргузории иҷлосия ба унвони иқдоми наҷотбахши миллӣ маънидод мешавад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Иҷлосияи XVI ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш ва аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиашро барқарор намуд».
Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, иҷлосияи мазкур ба сифати механизми институтсионализатсияи қудрат ва барқарорсозии легитимияти давлатдорӣ баромад намуд. Моҳи октябри соли 1992 Шӯрои Олӣ қарор кард, ки иҷлосияи навбатиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намояд. Ин иқдом ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз парокандагии идораҳои марказӣ равона гардид.
Ҷомеашиносон ва таърихнигорон бар онанд, ки ин иҷлосия нуқтаи ибтидои сулҳи шаҳрвандӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин давра, ҷомеаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи раҳбари қавӣ ва дорои ҷаҳонбинии созанда қарор дошт. Маҳз дар ҳамин марҳала Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ бо иродаи устувор ва тафаккури давлатсоз ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардид. Дар суханронии нахустини худ ӯ таъкид намуд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Ин суханон ҳамчун барномаи сиёсӣ ва идеологияи ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пазируфта шуданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар иҷлосия як силсила санадҳои муҳим қабул гардид, ки онҳо пояҳои давлатдориро аз нав эҳё намуданд. Аз ҷумла, Қонуни «Дар бораи гурезаҳо», ки кафолати бозгашти даҳҳо ҳазор ҳамватанонро таъмин намуд, ифодагари сиёсати инсондӯстонаи давлат гардид. Ин қонун ҳамчун намунаи амалии сиёсати бахшандагӣ ва ҳамбастагии миллӣ арзёбӣ мешавад.
Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ, иҷлосияи мазкур марњилаи гузариш аз фалаҷи институтсионалӣ ба давлатдории фаъол ба ҳисоб меравад. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ сохторҳои амниятӣ ва идораҳои давлатӣ аз нав ташкил ёфтанд. Барқарории Артиши миллӣ, нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти сарҳадбонӣ ба таъсиси асосҳои қудрати давлатӣ мусоидат намуд.
Бо таҳлили илмии равандҳо метавон хулоса кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба сифати нуқтаи гардиши стратегӣ дар давлатдории миллӣ баромад намуд. Он на танҳо роҳбарияти нави сиёсиро интихоб кард, балки сохтори конститутсиониро барқарор сохта, хатари парокандагии миллӣ ва таназзули давлатиро бартараф намуд.
Аз назари таърихшиносӣ, ин иҷлосия оғози давраи нави қонунгузорӣ ва сиёсатгузории миллӣ гардид, ки дар он пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гузошта шуданд. Бо шарофати ҳамин иҷлосия Тоҷикистон аз марҳалаи буҳрон ба марҳалаи субот, сулҳ ва рушди устувор гузашт.
Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат таъкид кардааст: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро мустаҳкам намуда, аркони давлатдориро эҳё намоем».
Аз нигоҳи назарияи сиёсӣ, иҷлосияи Хуҷанд модели нодири созиши миллӣ ва дигаргунсозии элитаи сиёсӣ мебошад, ки тавассути он арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба сифати устухони асосии сиёсат ва мафкураи миллӣ ҷой гирифтанд.
Бо ҷамъбасти таҳлил метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки падидаи илмию таърихӣ аст, ки механизми эҳёи давлатдорӣ ва тавозуни иҷтимоиро таъмин намуд. Он асоси ташаккули давлатдории муосири тоҷиконро гузошта, нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари миллӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ тасдиқ кард.
Ба таври умум, Иҷлосияи XVI — наҷотбахши миллат, оғозгари сулҳ ва поягузори давлатдории навини тоҷикон мебошад.
Юнусова Фарзона - ходими хурди илмии МДИ «Марказаи омӯзиши пиряхҳои АМИТ

