Имрӯз, 11 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби тозанашри академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони “Абармарди таърихсоз” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки маҳфили илмию адабии «Хирад», ки тули солҳои охир дар Академияи миллии илмҳо бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла олимони варзидаи соҳаи табиатшиносию риёзӣ, дақиқ, гуманитарӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ баргузор мегардад, фазои озодест, ки ҳар як олим, шоир, эҷодкор ва ихтироъкор дастоварди илмию эҷодии хешро, ки тули фаъолияти пурсамар ба даст овардааст, муаррифӣ намуда, ҳозирину иштирокдорон аз ин маҳфил дар баробари касби таҷриба ҳамчунин, ғизои маънавӣ гирифта, аз пайроҳаи тайнамудаи илмию эҷодии олим огаҳ мешаванд. Академияи миллии илмҳо ин имкониятро барои олимони варзидаи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин маҳфили пуршукуҳро доранд, фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки маҳфили имрӯзаи «Хирад» ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва сиёсию роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Фарҳод Раҳимӣ ва китоби арзишманди устод «Абармарди таърихсоз» бахшида мешавад. Академик Фарҳод Раҳимӣ аз зумраи шахсиятҳои маъруфи илмию фарҳангӣ, ходимони илмию сиёсие маҳсуб мегардад, ки тавассути фаъолияти пурмаҳсулу фидокоронаи илмию ҷамъиятӣ ба мартабаҳои баланди илмию саёсӣ ва роҳбарӣ расидаанд.
Гуфта шуд, ки роҳи тайкардаи устод дар ҷодаи илм аз давраи донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ибтидо гирифта, дар ин роҳи пурпечутоб мардона гом зада, то ба дараҷаи доктори илмҳои физикаю математика ва профессорию академикӣ расидаанд. Монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва маводи таълимии тайёркардаи академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз аз ҷониби олимону донишҷӯён ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунин, дар омода кардани мутахассисони варзида хизмати арзанда намуда, бо ширкат дар конфронсу симпозиумҳои дараҷаҳои гуногун дар кишварҳои мухталиф обрӯи илми тоҷикро ба арсаи баланд бардоштаанд.
Қайд гардид, ки имрӯз муаррифию рунамоии китоби тозанашри дуҷилдаи академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони “Абармарди таърихсоз” сурат мегирад, ин китоб арзиши баланди илмию таърихӣ ва сиёсию таҳқиқотӣ дошта, дар маҷмуъ аз 1842 саҳифа иборат аст ва бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудааст. Китоб ба рушди соҳаҳои калидии ҷомеа-илму маорифи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули ҳама соҳаҳои давлатдорӣ бахшида шудааст.
Зикр гардид, ки китоби “Абармарди таърихсоз” дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир беҳтарин раҳнамо баҳри ҷавонон ҷиҳати омӯзиши ҳифзу муаррифии давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳидоят ба худшиносии миллӣ, таҳаввули тафаккури миллӣ, тақвияти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ифтихори миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию илмӣ бахшида шудааст. Хулоса китоби мазкур аҳаммияти густурдаи илмию сиёсӣ дошта, барои муҳаққиқон, олимон, ходимони сиёсию ҷамъятӣ, коршиносон ва унвонҷӯёну докторантон маводи илмию омӯзишии манфиатовар мебошад, ки имрӯз аз ҷониби олимон муфассалатар муаррифӣ мешавад. Умедворем, ки муаллиф иқдоми шоистаи худро дар оянда низ идома медиҳанд.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқон доир ба муҳтавои китоб баромад намуда, нақши онро дар таҳкими донишҳои таърихӣ ва маънавии ҷомеа, инчунин саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Таъкид карданд, ки китоби “Абармарди таърихсоз” барои омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ манбаи арзишманд мебошад.

