Ба истиқболи Рӯзи милитсияи тоҷиқ, ки ҳамасола дар санаи 10-уми ноябр таҷлил мегардад, бахшида мешавад
Милитсия ё худ милиса аз вожаи лотинии militia иборат буда, дар асли пайдоиш ба маънии лашкар далолат мекунад. Дар замони муосир бо ин вожа мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ номгузорӣ мешавад. Ворид шудани истилоҳи милитсия дар забони тоҷикии мо ба давраи Шӯравӣ иртибот дошта, то кунун дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ вожаи милитсияро чун мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд ва таҳкимбахши суботу оромии кишвар мешиносанд. Ҳамин тариқ, милитсия зодаи давраи Шӯравист. Соли 1917 бо ғалабаи инқилоби Октябр политсия ба милитсияи халқӣ мубаддал гашт. Асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин моҳи марти соли 1917 дар асари худ “Мактубҳо аз дур» оид ба милитсия андешаҳои худро чунин навишта буд: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад”.
Генерал-майори милитсия Абдулҳаким Розиқзода таҳқиқоти ҷолибе диҳати таърихи таъсисёбии милитсия андом додааст. Номбурда дар рисолаи илмӣ ин ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Соли 1924 баъд аз тақсимоти ҳудудию миллии Осиёи Миёна дар ҳудуди собиқ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро якчанд ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуданд. Моҳи декабри соли 1924 Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис ёфта, аллакай то 20 декабри соли 1924 комиссари халқии корҳои дохилӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Комиссариат, аз думла, сардори милитсия Ф.Я. Ижевский ба вазифаҳо таъйин шуданд, ки онҳо мутахассис ва донандаи якчанд забонҳо буданд”.
Истилоҳи “милитсия” мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ дар ҳудуди кишвари мо ба солҳои 1916 ва 1917 рост омада, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ин вожа истифода шудааст. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ибораи дигар яке аз дастовардҳои замони истиқлол ҳамин милитсияи тоҷик аст, ки бинобар тағйирёбии шаклу ҳадафҳои сиёсии кишвар дубора тавлид шуд ва имрӯз бо гузашти зиёда аз сӣ сол тадриҷан густариш меёбад.
Милитсия дар кишвари мо бо ташаббуси коргардон-таҳиягари синамо Комил Ёрматов таъсис ёфтааст. 10-уми ноябри соли 1918 номбурда дар ноҳияи Конибодом барои таъсиси милитсияи халқӣ ибтикор аз худ нишон дод ва ин сана рӯзи тавлиди милитсияи тоҷик дониста мешавад. Нахустин коммисари халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Абдулло Ёрмуҳаммадов аст, ки соли 1924 ба ин вазифа таъин шудааст.
Аз соли таъсисёбӣ то кунун милитсияи тоҷик бисёр корҳоро анҷом додааст, ки аз бурду бохтҳои ин ниҳод гувоҳӣ медиҳанд. Айни замон ниҳоди мазкур дар ҳоли густариш қарор дорад ва пайваста бархе аз кормандонаш аз худ намунаҳои олии ватандӯстиро нишон медиҳанд.
Корманди ҳақиқии ин ниҳоди давлатӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати таъмини тартибот ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷоннисорӣ кунад ва нагузорад, ки содиркунандагони ҷиноят дар озодӣ гашта, гузашта аз ин, боз ба конуншиканни пай дар пай машғул шавад.
Таъмини субот ва амнияти шаҳрванд аз сатҳи тахассусии кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста мебошад. Чунки либоси милитсияро ба бар кардан ин аллакай ифтихор аст ва ҳар кӣ бо либосу пӯшиши милитсия байни мардум меравад, бояд донад, ки масъули тартибот буда, ҳамоҳангӣ бо ҷинояткорон хиёнат ба худ маҳсуб мешавад.
Таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик ба санаи 6-уми феврали соли 1925 рост меояд, чунки дар ин таърих Комиссариати умури дохилии Ҷумҳурии худмухтори шӯравии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кардааст.
Саҳми милитсия чун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мамлакат ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа дар он ифода меёбад, ки ҳамаи шаклҳои содиршавии ҷиноят ва бетартибиҳо мавриди тафтишу баррасӣ қарор гирифта, новобаста аз муҳтавои худ зудтар бояд ошкор гарданд.
Президенти Ҷумуурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик тазаккур дод: “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи омодагии касбӣ ва сифатҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад”.
Ҳар як инсони ватандӯст бояд дар мубориза бар муқобили ҷинояткорӣ нақше аз худ гузошта, бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамдаму ҳаммаром бояд бошад, лекин аксари шаҳрвандон содир шудани ҷиноятро мебинанду алоқа барпо карданро бо кормандони милитсия барои худ муносиб намебинанд ва фикр менамоянд, ки ашхоси бо мақомот иртиботдошта аз зумраи хабарбароне ҳастанду дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи хешро надоранд. Бо ҳамин тафаккур онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андозаро нигаҳ дошта, дар аксар ҳодисаҳои нохуш кормандони ин ниҳодро гунаҳкор медонанд ва ҳатто боре ҳам мулоҳиза намекунанд, ки дар аксар ҷиноятҳо бо иллати воқиф накардани масъулини ҳифзи тартибот шарик мебошанд. Аз ҳамин хотир, мақомоти умури дохилии кишварро зарур аст, ки дар ҳамоҳангӣ бо шаҳрвандон фаъолият намуда, зимни содир кардани ҷиноят аз алоқа ва саҳми оммаи васеи мардум истифода кунад, вагарна бе иштироки васеи шаҳрвандон ошкор сохтани ҷиноят тӯл мекашад ва имкон дорад, ки ҷинояткорӣ дар озодӣ қарордошта ҷинояти навбатии худро содир намояд.
Дар бораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зарурати фаъолияти онҳо дар ҳама ҳолат чеҳраҳои машҳури таърихи инсоният андешаронӣ намудаанд. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ҳукуматҳо меоянд ва мераванд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ новобаста аз тағйирхӯриҳои сиёсӣ боқӣ мемонад.
Ҳамчунин бояд таъкид намуд,ки саҳми роҳбарияти милитисияи тоҷик дар таҳкими субот дар ҷомеа хеле назаррас аст. Вазири корҳои дохили Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар омодагии шароити мусоид барои кормандон саҳмгузор буда, нисбат ба кору фаъолияти зердастон бетафоввут намебошад. Аз ҳамин хотир, бо гузашти айём милитсияи тоҷик пурра ташаккул ёфта, вазифаҳои он боз ҳам васеътар мегарданд. Аз фурсат истифода карда, ҳамаи посдорони тартиботи ҷамъятиро бо фарораси “Рӯзи милисияи тоҷиқ” табрик гуфта, ба онҳо тандрусти ва хонаободи тамано дорам.
ҚУРБОНОВА Ширин, сарходими илмии
Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
