Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 27 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Италия бо ҳайати ниҳоди байналмилалӣ – Ҳамоҳангсози махсуси Осиёи Марказӣ – Италия, ҷаноби Федерико Фаилла мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои муштараки илмиро баррасӣ намуданд. Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид доштанд, ки рушди илму технология омили муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мебошад ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Италия ҳамкориҳои судманд ба роҳ монад.

Ҷаноби Федерико Фаилла низ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда бо ҷалби олимон ва марказҳои илмии ду кишвар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, семинару конфронсҳои илмӣ ва табодули донишмандон роҳандозӣ мегарданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар самтҳои энергетика, экология, астрономия, геология, зилзиласанҷӣ ва илми биотехнология муҳокима намуданд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои густариши робитаҳо миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҳар ду кишвар меморандуми нави ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.

Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои илмӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Италия изҳор намуданд.

Type
fa-picture-o