Ҳар сол дар моҳи сентябр Донишгоҳи Стенфорд, яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ (World's Top 2% Scientists)-ро тартиб медиҳад. Муаллифи ин рейтинг профессор Ҷон П. А. Иоаннидис шуруъ аз соли 2019 ҳар сол нишондиҳандаҳои илмсанҷии олимонро таҳлил карда, номи олимоне, ки соҳаи худ аз ҳама бештар иқтибос мешаванд муайян мекунад. Ба ин рейтинг бештар аз 100 ҳазор нафар донишманд ворид мешаванд. Дар соли 2025 танҳо ду нафар тоҷикистонӣ тавонистанд, ки ба ин рӯйхат ворид шаванд: профессорон Махсуд Саидаминов ва Фарух Шаропов, ки каме поёнтар дар бораашон маълумот хоҳем дод.
Методологияи таҳияи рейтинг
Рейтинги мазкур дар асоси додаҳои пойгоҳи Scopus (Elsevier) таҳияшуда, аз сафҳаҳои корбарии ҳар як муаллиф барои лаҳзаи то 1 августи соли 2025 маълумоти илмсанҷӣ аз қабили миқдори мақолаҳо, миқдори ҳаммуаллифон, адади иқтибосҳо, солҳои нашр гирифта мешаванд.
Олимон ба 22 соҳаи асосии илм ва 174 зерсоҳаҳои илмӣ мувофиқи таснифоти Science-Metrix ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, дар асоси ду нишондиҳанда баҳогузорӣ мешаванд: career-long (тамоми солҳои фаъолияти илмӣ) ва single-year (иқтибосҳо дар як соли муайян).
Ҳангоми тартиб додани рейтинг чунин нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд:
-
Nc (non-self citations) – шумораи иқтибосҳо ба мақолаҳои олим, бе ҳисоби худиқтибосоварӣ.
-
h-index, яъне шохиси Ҳирши олим дар асоси маълумоти Scopus.
-
Нишондиҳандаҳои омехта (composite indicators / c-score) – ин нишондиҳандаҳое аст, ки якчанд қисм (мисли иқтибосҳо, нақши муаллифӣ (authorship position), ҳаммуаллифӣ ва дигар омилҳо)-ро муттаҳид мекунад, ки бо мақсади муайян намудани таъсири илмии олим истифода мешавад.
-
Нақши омилҳои ҳаммуаллифӣ (co-authorship adjustment): ба мақолаҳое, ки бо шумораи зиёди ҳаммуаллифон навишта шудаанд, саҳми ҳар як олим бар асоси мақоми ӯ дар рӯйхат (яъне аввалин, охирин ва ғайра) ва шумораи ҳаммуаллифон ба ҳисоб гирифта мешавад.
-
Ҳангоми таҳияи рейтинг, вариантҳои “бо ва бе худиқтибосоварӣ” (with self-citations / excluding self-citations) низ дида мешаванд, то таъсири иқтибосҳои худӣ ё манфии оморӣ кам карда шавад.
Пас аз ҳисоб ва тартиб додан, олимон бо роҳи зерин ба гурӯҳи Top 2 % дохил карда мешаванд:
1. Аввал, олимон бо Composite c-score (бо ва бе иқтибосҳои худ) ба тартиб оварда мешаванд ва 100,000 олим бо баландтарин c-score – бурҷи аввалин – интихоб мешаванд.
2. Дар зерсоҳаҳои хурд, олимоне, ки дар 2 %-и пеш (percentile ≥ 98 %) қарор доранд, «Top 2 %» эътироф мешаванд.
3. Дар натиҷа, рӯйхати 2 дарсади беҳтарин олимон дар ду шакл таҳия карда мешавад: career-long ва single-year.
4. Дар ин рӯйхат махсусан ба он олимоне, ки дар ҳар давраи фаъолияташон нишондиҳандаҳои баланд доранд ва таъсири бештар ба илм расонидаанд бештар аҳамият дода мешавад.
Бартарӣ ва норасоиҳои рейтинг
Ин рейтинг низ ба мисли рейтингҳои дигар ҷанбаъҳои мусбат ва манфии худро дорад. Бартариҳои он дар он аст, ки олимони тамоми соҳаҳои асосӣ ва зерсоҳаҳои илм фаро гирифта шудаанд. Дар ин рейтинг хулосабарорӣ дар асоси нишондиҳандаҳои зиёд таҳия мешавад ва ҳар як олим бо олимони соҳаи худ муқоиса мешавад. Ҳамчунин, методологияи он шаффоф буда, ҳар нафар ба он дастрасӣ дорад ва мустақилона натиҷаҳоро санҷида метавонад.
Ҷанбаи манфии рейтинг дар он аст, ки дар он адади иқтибосҳо яке аз нишондиҳандаҳои муҳим аст, вале на ҳамеша иқтибос маънои муҳим будани натиҷаи илмиро дорад. Ҳамчунин, олимоне ҳастанд, ки барои ба даст овардани иқтибоси зиёд ба тақаллуб даст мезананд, ё худиқтибосоварии зиёд доранд, ё аз дӯстону ҳамкорон хоҳиш мекунанд, ки аз кори онҳо иқтибос оранд. Ба ҷуз ин нобаробарии муқоиса байни олимони ҷавону калонсол вуҷуд дорад, зеро иқтибосҳо давоми солҳои зиёд ҷамъ мешаванд ва дар рейтинг бештар олимоне ворид мешаванд, ки солҳои зиёд таҳқиқот анҷом дода, маводди илмӣ нашр кардаанд. Норасоии дигари рейтинг манбаи ягона (Scopus) доштани он аст. Яъне таҳқиқоту пажӯҳише, ки дар маҷаллаҳои ин пойгоҳ нашр нашуда бошанд ба назар гирифта намешаванд.
Мақоми рейтинг дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ
Рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ (World's Top 2% Scientists) яке аз нишондиҳандаи бонуфуз ва машҳури арзёбии фаъолияти олимон буда, дар кишварҳои ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ чун нишони эътибор ва эътироф дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Хабарҳое, ки байди нашри рейтинг дар сомонаҳои муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо нашр мешаванд гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Олимон дар сомонаҳои шахсии худ ва дар маълумотномаҳо натиҷаҳои ин рейтингро меоранд, ки нишонаи муваффақияти онҳо ва саҳмашон дар илм ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҳангоми ба кор қабул кардан, додани грант ё ҷоизаҳо ин нишондиҳанда ба назар гирифта мешавад.
Тоҷикон дар рейтинги беҳтарин олимони ҷаҳонӣ
Хушбахтона, дар ин рейтинг ду нафар донишманди тоҷик дар соҳаи химия ворид шудаанд, ки яке аз онҳо Фарух Шаропов корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.
Шаропов Фарух Сафолбекович 6 июни соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1998 факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз руйи ихтисоси кимиёгар-муҳандис бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1999-2002 дар аспирантураи Института химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 2002 рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Равғани атрии Hyssopus seravshanicus ва ҷазби он дар гилхокҳои бентонитии Тоҷикистон" аз рӯйи ихтисоси 02.00.04 - Химияи физикӣ таҳти роҳбарии д.и.х., профессор Куканиев М.А. ва д.и. фарм., профессор Халифаев Д.Р. ҳимоя намудааст. Солҳои 2003-2005 дар вазифаи ходими калони илмй ва солҳои 2005-2012 ҳамчун ходими пешбари илмии Института химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2018 дар кафедраи техналогияи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то ҳол дар вазифаи ходими калони илмии Муассисаи илмию тадқиқотии"Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулотҳои табий"-и Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. 2 октябри соли 2025 дар мавзуи «Омӯзиши химиявии метаболитҳои дуюмаи растаниҳои равғаниатридор тавассути усули хроматографияи газӣ - масс спектрометрӣ» аз рӯйи ихтисоси 02.00.03 — Химияи органикӣ рисоли доктори ҳимоя кардааст.
Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus ба ҳолати 14.10.2025 Шаропов Фарух муаллифи 105 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 6881 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 40 баробар аст.
Ӯ дар рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ аз соли 2021 ворид шуда, дар ин муддат мавқеаш аз 338 657 то ба 169 165 дар соҳаи химия боло рафтааст.
Дар зерсоҳаи химияи доруворӣ ва биомолекулавӣ бе назардошти худиқтибософарӣ дар мақоми 692 қарор дорад. Маълумоти бештар доир ба нишондиҳандаҳои дигар дар ин пайванд вуҷуд доранд: https://topresearcherslist.com/Home/Profile/1098119
Саидаминов Махсуд Исматбоевич соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи профессор Исматбой Саидаминов ба дунё омада, дастпарвари Литсейи №1-и шаҳри Исфара мебошад, ки бо номи Абдулҳафиз Азизов машҳур аст. Ӯ роҳбари илмии Canada Research Chair Tier II дар самти маводи функсионалии пешрафта ва устоди кафедраи кимиёи Донишгоҳи Викторияи Канада буда, хатмкардаи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав (ҳам маълумоти олӣ дар солҳои 2005-2010 ва ҳам аспирантура, 2010-2013), солҳои гуногун постдоктор дар KAUST ва олими даъватӣ дар Massachusetts Institute of Technology ва устоди Донишгоҳи Торонто буд. Махсуд Саидаминов чандин бор аз тарафи Clarivate Analytics ҳамчун олими сериқтибостарин ва аз тарафи Research.com ситораи тулӯъкунандаи илм эътироф гаштааст.
Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus ба ҳолати 14.10.2025 Махсуд Саидаминов муаллифи 170 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 24 886 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 69 баробар аст.
Ӯ дар рейтинги 2 дарсади беҳтарин олимони ҷаҳонӣ аз соли 2020 ворид шуда, дар ин муддат мавқеаш аз 38 158 то ба 18 750 дар соҳаи технологияҳои стратегӣ боло рафтааст.
Дар зерсоҳаи илми нано ва нанотехнология бе назардошти худиқтибософарӣ дар мақоми 630 қарор дорад. Маълумоти бештар доир ба нишондиҳандаҳои дигар дар ин пайванд вуҷуд доранд: https://topresearcherslist.com/Home/Profile/993802
Хулоса
Илм хусусияти ҷаҳонӣ дорад ва бо як ё ду кишвару муассиса маҳдуд намешавад. Бинобар ин олимони моро зарур аст, ки таҳқиқоти худро дар маҷаллаҳои бонуфуз ва эътирофшуда нашр кунанд, то дигарон аз онҳо бохабар шаванд, истифода кунанд ва иқтибос орнад. Ин кор мавқеи кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурда, имкон медиҳад, ки сафи олимони мо дар рейтингҳои гуногуни ҷаҳонӣ афзоиш ёбад.
Ризои Баҳромзод, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон