Перейти к основному содержанию

9 октябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор шуд.

Дар макони чорабинӣ - Кохи ҳамоишҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро як-як гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд.

Қабл аз оғози ҳамоиш маросими аксбардории хотиравӣ доир шуд.

Сипас, дар толори бошукуҳи Саразм Ҳамоиши дуюми Осиёи Марказӣ - Русия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.

Нахуст, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон - меҳмонони воломақомро самимона ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ - Русия мусоидат менамояд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад.

Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ - Русия замина мегузорад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад.

Дар идома ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар идомаи ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои иштирокдор сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами матраҳ изҳори андеша карданд.

Дар фарҷом кори Ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба иштирокдорони он барои кори созандаву судманд изҳори сипос намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.

https://president.tj/event/news/53125